Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
26 феврали соли 2021 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 1062
Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
26 феврали соли 2021 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 1062
ҚАРОРИ РАЁСАТИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Дастурамали №243 "Оид ба иҷозатномадиҳии ташкилотҳои қарзӣ"
070.170.010
Мутобиқи қисми 6 моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти бонкӣ" Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон
қ а р о р м е к у н а д:
1. Дастурамали №243 "Оид ба иҷозатномадиҳии ташкилотҳои қарзӣ" тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Қарори мазкур бо тартиби муқарраршуда ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бақайдгирии давлатӣ пешниҳод карда шуда, пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
3. Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон "Дар бораи тасдиқи Тартиб оид ба иҷозатномадиҳии ташкилотҳои қарзӣ" аз 25 декабри соли 2019, №163 аз эътибор соқит дониста шавад.
4. Департаменти назорати бонкӣ ваколатдор карда шавад, ки ҳангоми бақайдгирии давлатии қарори мазкур дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зарурӣ ба матни замимаи он тағйиру иловаҳои дорои хусусияти таҳририро, ки мазмуни онро тағйир намедиҳанд, ворид намояд.
5. Иҷрои банди 2 қарори мазкур ба зиммаи котиби Раёсат, департаменти назорати бонкӣ, шуъбаи ҳуқуқ ва шуъбаи матбуот вогузор карда шавад.
6. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Накҳатзода Моҳбону Киромиддин гузошта шавад.
...