Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
25 феврали соли 2021 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 559 "ғ"
ҚАРОРИ РАЁСАТИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Тартиби таъсиси воҳидҳои сохторӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва филиалҳои онҳо
070.170.010
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон
қ а р о р м е к у н а д:
1. Ба Тартиби таъсиси воҳидҳои сохторӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва филиалҳои онҳо, ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 29 майи соли 2019, №58 тасдиқ гардида, дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 июни соли 2019, №559 "г" ба қайд гирифта шудааст, тағйиру иловаҳо ворид карда шавад (замима мегардад).
2. Қарори мазкур бо тартиби муқарраршуда ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бақайдгирии давлатӣ пешниҳод карда шуда, пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
3. Департаменти назорати бонкӣ ваколатдор карда шавад, ки ҳангоми бақайдгирии давлатии қарори мазкур дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зарурӣ ба матни замимаи он тағйиру иловаҳои дорои хусусияти таҳририро, ки мазмуни онро тағйир намедиҳанд, ворид намояд.
4. Иҷрои банди 2 қарори мазкур ба зиммаи котиби Раёсат, департаменти назорати бонкӣ, шуъбаи ҳуқуқ ва шуъбаи матбуот вогузор карда шавад.
5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Накҳатзода Моҳбону Киромиддин гузошта шавад.
Раиси
Раёсат Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло
аз 19 январи соли 2021 № 7
ш. Душанбе
Замима
ба қарори Раёсати
Бонки миллии Тоҷикистон
аз 19 январи соли 2021, №7
Тағйиру иловаҳо ба Тартиби таъсиси воҳидҳои сохторӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва филиалҳои онҳо
Ба Тартиби таъсиси воҳидҳои сохторӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва филиалҳои онҳо тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар банди 1:
- сархати панҷум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"- маркази хизматрасонии бонкӣ - воҳиди сохтории бонкҳо, бонкҳои исломӣ, ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ ва ташкилотҳои қарзии ғайрибонкии исломӣ, ки вобаста ба намуди ташкилотҳои мазкур метавонад баъзе ё ҳамаи амалиёти бонкӣ ва хизматрасониҳои дар Тартиби мазкур пешбинишударо иҷро намояд;";
- сархати шашум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"- маркази хизматрасонии маблағгузории хурд - воҳиди сохтории ташкилотҳои маблағгузории хурд ё ташкилотҳои маблағгузории хурди исломӣ, ки вобаста ба намуди ташкилотҳои мазкур метавонад баъзе ё ҳамаи амалиёти бонкӣ ва хизматрасониҳои дар Тартиби мазкур пешбинишударо иҷро намояд;".
2. Дар банди 2 пас аз калимаҳои "хизматрасонии бонкӣ" аломат ва калимаҳои ", марказҳои хизматрасонии маблағгузории хурд" илова карда шаванд.
3. Ҷумлаи дуюми банди 10 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Марказҳои хизматрасонии бонкӣ ва марказҳои хизматрасонии маблағгузории хурд метавонанд шабонарӯзӣ фаъолият намоянд.".
4. Дар номи боби 3 пас аз калимаи "БОНКӢ" калимаҳои "ВА МАРКАЗҲОИ ХИЗМАТРАСОНИИ МАБЛАҒГУЗОРИИ ХУРД" илова карда шаванд.
5. Дар банди 17 калимаи "бонкиро" ба калимаҳои "бонкӣ ё марказҳои хизматрасонии маблағгузории хурдро" иваз карда шаванд.
6. Дар банди 20 калимаҳои "як, якчанд" ба калимаи "баъзе" иваз карда шавад.
7. Дар банди 22 пас аз калимаи "намегардад" аломат ва калимаҳои ", агар мавқеи ҷойгиршавии онҳо иваз нашавад" илова карда шаванд.