ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи таъсис додани филиалҳои Муассисаи давлатии "Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон" дар вилоятҳои Хатлон ва Суғд
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.01.2022 № 17, аз 27.02.2024 № 104)
Мутобиқи моддаи 32 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Филиалҳои Муассисаи давлатии "Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон" дар вилоятҳои Хатлон ва Суғд таъсис дода шаванд .
2. Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати ду моҳ бо тартиби муқарраргардида масъалаҳои бо бино, воситаҳои нақлиёт, таҷҳизот ва дигар воситаҳои зарурӣ таъмин намудани филиалҳои навтаъсисро ҳаллу фасл намояд.
3. Маблағгузорӣ ва нигоҳдории филиалҳои Муассисаи давлатии "Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон" аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ва дигар маблағҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда шавад .
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 30 июли соли 2021, № 301
ш. Душанбе