Тартиби адои хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ аз 30 июли соли 2021, № 299

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замима

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 июли соли 2021, №299

тасдиқ шудааст

Тартиби адои хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.12.2024 № 683)
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Тартиби адои хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ (минбаъдТартиби мазкур) раванди адо кардани хизмати ҳарбиро аз ҷониби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ муайян менамояд.

2. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҷинси мард) бо синни даъватӣ, ки ҳуқуқи ба таъхир гузоштани муҳлати даъват ё озод шудан аз даъватро надоранд, метавонанд хизмати ҳарбиро тариқи ихтиёрӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ адо намоянд.

3. Хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ бо супоридани маблағи пулӣ ва иштирок дар ҷамъомади якмоҳаи ҳарбӣ адо карда мешавад.

4. Ҷамъомадҳои ҳарбӣ бо усули минтақавӣ дар пойгоҳҳои қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва гузаронида мешаванд.

5. Дар давраи иштирок дар ҷамъомадҳои якмоҳаи ҳарбӣ вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ мегузаранд, ба вазъи ҳуқуқии сарбозон ва сержантҳое, ки хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнокро адо менамоянд, баробар буда, кафолати иҷтимоии бо қонунгузорӣ пешбинишуда нисбат ба онҳо паҳн мегардад.

6. Шаҳрвандон пас аз адои хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ ба ҳайати эҳтиёти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд.

7. Шаҳрвандон баъди пурра пардохт намудани маблағи пулӣ ба хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ қабул карда мешаванд.

8. Хизматрасонии маблағҳои пулии супоридаи шахсони ба хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ қабулгашта тавассути суратҳисоби махсуси Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - суратҳисоби махсус), ки дар хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кушода мешавад, амалӣ карда мешаванд.

9. Ташаккул, баҳисобгирии даромаду хароҷот ва ҳисоботдиҳӣ оид ба маблағҳои махсус, ки аз ҳисоби шахсони ба хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ қабулгардида ворид шудаанд, бо тартиби пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хазинадорӣ", Дастурамал оиди баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳии маблағҳои махсуси ташкилоту муассисаҳои буҷети давлатӣ, ки бо фармоиши Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 феврали соли 2010, №16 тасдиқ гардидааст, амалӣ карда мешавад.

10. Нишондиҳандаҳои асосии хароҷоти маблағҳои пулии аз ҳисоби хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ воридшуда, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад, ҳангоми таҳияи лоиҳаи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли молиявии навбатӣ ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегарданд.

2. ҚАБУЛ БА ХИЗМАТ ДАР ҲАЙАТИ ЗАХИРАҲОИ ДАЪВАТИ САФАРБАРӢ, СУПОРИДАНИ МАБЛАҒ ВА ТАРТИБИ ГУЗАШТАНИ ХИЗМАТ

11. Шаҳрвандоне, ки ихтиёран хоҳиши адои хизмати ҳарбиро дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ доранд, бо ариза ба комиссариати ҳарбии маҳалли истиқомат муроҷиат менамоянд.

12. Комиссариатҳои ҳарбии ноҳияҳо (шаҳрҳо) рӯйхати шаҳрвандонеро, ки бо ариза барои қабул шудан ба хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ муроҷиат намудаанд (минбаъд - рӯйхат), тартиб медиҳанд.

13. Шаҳрвандон баъди пурра тариқи ғайринақдӣ пардохт намудани маблағҳои пулии пешбинишуда ба суратҳисоби махсус тибқи навбат аз рўи санаи бақайдгирии ариза ба рўйхат ворид карда мешаванд.

14. Маълумот оид ба пардохти маблағҳои пулии пешбинишуда ва ё нусхаи расиди электронии он дар муҳлати 5 рӯзи корӣ баъд аз қабули ариза ба комиссариатҳои ҳарбии ноҳиявӣ (шаҳрӣ) тариқи худкор ирсол мегардад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.12.2024 № 683).

15. Дар ҳолати дар муҳлати муқарраршуда пешниҳод нагардидани маълумот оид ба пардохти маблағи пешбинишуда ва ё нусхаи расиди электронии он, шахси барои қабул ба хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ муроҷиатнамуда ба рӯйхат ворид карда намешавад ва барои адои хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок сафарбар мегардад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.12.2024 № 683).

16. Рӯйхат ва илова ба он аз ҷониби комиссияи даъватии ноҳиявӣ (шаҳрӣ) тасдиқ мегардад. Нусхаи якуми рӯйхат дар комиссариатҳои ҳарбии ноҳияҳо (шаҳрҳо) нигоҳ дошта мешавад. Нусхаи дуюм аз рӯи тобеият ба комиссияи даъватии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои назорат равон гардида, мутаносибан дар комиссариатҳои ҳарбии дахлдор нигоҳ дошта мешавад.

17. Қабули шаҳрвандон барои хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ аз ҷониби комиссияҳои даъватии ноҳиявӣ (шаҳрӣ) тибқи рӯйхати тасдиқгардида, аз рӯи навбат дар давраи даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок дар 1 сол ду маротиба аз 1 апрел то 31 май ва аз 1 октябр то 30 ноябр амалӣ карда мешавад.

18. Ҳангоми қабули шаҳрвандон вазъи саломатӣ ва қобил будани онҳо ба хизмати ҳарбӣ ба инобат гирифта мешавад.

19. Қабули шаҳрвандон дар доираи квотаи муқарраргардида амалӣ мегардад. Шаҳрвандоне, ки дар рӯйхат қарор дошта, дар муҳлати дар банди 17 Тартиби мазкур дарҷгардида тибқи квота ба хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ қабул карда нашудаанд, дар рӯйхат нигоҳ дошта шуда, қабули онҳо аз рӯи навбат дар давраҳои минбаъда амалӣ карда мешавад.

20. Хулосаи комиссияи даъватӣ ба шахси муроҷиатнамуда эълон гардида, бо қарори дахлдори комиссия тасдиқ мегардад.

21. Дар ҳолати то оғози ҷамъомадҳои якмоҳаи ҳарбӣ ғайри қобили хизмати ҳарбӣ эътироф шудан ё фавти шахсе, ки барои адои хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ муроҷиат намудааст, инчунин ҳангоми ба амал омадани асосҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ барои озод намудан аз даъват ба хизмати ҳарбӣ, маблағҳои пулии пардохтнамудаи ӯ мутобиқи қонунгузорӣ аз ҷониби Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи ғайринақдӣ бозпас гардонида мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.12.2024 № 683).

22. Дар ҳолатҳои дигар маблағҳои ба суратҳисоби махсус пардохтшуда баргардонида намешаванд.

23. Шахсони ба хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ қабулшуда аз ҷониби комиссариатҳои ҳарбӣ дар ҳайати дастаҳо (командаҳо) ва мутобиқи нақшаи муайяншудаи гузаронидани омодагии ҳарбӣ ба ҷойҳои гузаронидани ҷамъомадҳои ҳарбӣ сафарбар карда мешаванд.

24. Оғози ҷамъомади ҳарбӣ рӯзи ворид намудани шаҳрванд ба рӯйхати ҳайати ивазшавандаи қисми ҳарбӣ ва анҷоми ҷамъомади ҳарбӣ рӯзи хориҷ намудани ӯ аз ҳамин рӯйхати ҳайати ивазшавандаи қисми ҳарбӣ, ки бо фармоиши командири қисми ҳарбӣ муайян мегарданд, ҳисоб мешавад.

25. Шахсони ба ҷамъомади ҳарбӣ ҷалбшуда хизмати ҳарбиро дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ тибқи Низомномаи тартиби адои хизмати ҳарбӣ, талаботи оинномаҳои умумиҳарбӣ ва амру фармоишҳои вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои хизматчиёни ҳарбии хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнокро адокунанда муқаррар гардидаанд, адо менамоянд.

26. Ба шахсоне, ки ба хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ қабул гардидаанд, баъд аз гузаштани ҷамъомади ҳарбӣ билети ҳарбӣ дода мешавад.

3. ОМОДАГИИ ҲАРБӢ ДАР ҲАЙАТИ ЗАХИРАҲОИ ДАЪВАТИ САФАРБАРӢ

27. Ҷамъомадҳои ҳарбӣ бо шахсони ба хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ ҷалбшуда дар асоси барномаи омодагии ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ, ки аз ҷониби сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳмуовини якуми вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, амалӣ карда мешавад.

28. Омодагии ҳарбии шахсони ба хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ ҷалбшуда мутобиқи нақшаи солонаи гузаронидани омодагии ҳарбӣ, ки аз ҷониби Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст, ташкил карда мешавад.

29. Дар нақшаи гузаронидани омодагии ҳарбӣ ба хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ муайян карда мешаванд:

- теъдоди умумии шаҳрвандоне, ки бояд барои гузаштан аз ҷамъомадҳо дар давоми як сол бо тақсимбандии ноҳияҳо, шаҳрҳо ва вилоятҳо ҷалб шаванд;

- қисмҳои ҳарбие, ки дар онҳо ҷамъомадҳои ҳарбӣ ташкил карда мешаванд, бо нишон додани теъдоди шаҳрвандони ба ҷамъомадҳои ҳарбӣ фиристонидашаванда, муҳлати гузаронидани ҷамъомадҳо, инчунин дигар чорабиниҳо вобаста ба ташкил ва гузаронидани ҷамъомадҳо.

4. ВАЗИФАҲОИ ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА МАҚОМОТИ ИДОРАКУНИИ ҲАРБӢ ОИД БА ТАШКИЛИ ХИЗМАТ ДАР ҲАЙАТИ ЗАХИРАҲОИ ДАЪВАТИ САФАРБАРӢ

30. Роҳбарии умумии ташкили хизмати ҳарбиро дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд. Ба зиммаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои зерин вогузор карда мешавад:

- ташкил ва ҳамоҳангсозии фаъолият дар қабул намудани шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ ва омодагии ҳарбии онҳо;

- банақшагирии молиявӣ ва таҳияи харҷнома оид ба ташкили чорабиниҳо вобаста ба адои хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ;

- истифодаи мақсадноки маблағҳои аз ҳисоби хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ воридшуда;

- ташкили таъминоти моддию техникии хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ адо менамоянд;

- ташкили қабул ба хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ, баҳисобгирӣ ва омодагии ҳарбии шахсоне, ки ба хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ қабул гардидаанд;

- роҳбарии бевосита назорати ташкил ва гузаронидани омодагии ҳарбӣ, таъсиси пойгоҳи моддию техникии таълимӣ ҷиҳати омодагии ҳарбӣ бо шахсоне, ки ба хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ қабул гаштаанд;

- пешниҳоди ҳамасолаи ҳисобот ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои чорабиниҳо вобаста ба рафти адои хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ.

31. Ба комиссариатҳои ҳарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, шаҳр ва ноҳияҳо вазифаҳои зерин вогузор карда мешаванд:

- гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ байни ҷавонон дар бораи хусусият ва намудҳои хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ;

- ташкили омӯзиш ва барӯйхатгирии шаҳрвандон барои қабул ба хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ;

- бақайдгирии шахсоне, ки ба хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ қабул гардидаанд;

- назорат оид ба сари вақт ва бо тартиби пешбининамудаи банди 13 Тартиби мазкур пардохт намудани маблағҳо аз ҷониби шахсоне, ки барои қабул ба хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ муроҷиат намудаанд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.12.2024 № 683);

- ташкили баҳисобгирӣ ва ба ҷамъомадҳои ҳарбӣ фиристодани шаҳрвандони ба хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ қабулшуда, инчунин бозпаси онҳо ба нуқтаҳои ҷамъоварӣ;

- омода кардан ва супоридани билети ҳарбӣ ба шахсоне, ки ҷамъомадҳои ҳарбиро тибқи барномаи омодагии ҳарбӣ дар захираҳои даъвати сафарбарӣ гузаштаанд;

- пешниҳод намудани маълумот ба Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пардохт намудани маблағҳо аз ҷониби шаҳрвандон ба суратҳисоби махсус ва теъдоди шахсоне, ки ҷамъомадҳои ҳарбиро гузаштаанд.

Замима

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 июли соли 2021, №299

тасдиқ шудааст

Тартиби адои хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Тартиби адои хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ (минбаъдТартиби мазкур) раванди адо кардани хизмати ҳарбиро аз ҷониби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ муайян менамояд.

2. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҷинси мард) бо синни даъватӣ, ки ҳуқуқи ба таъхир гузоштани муҳлати даъват ё озод шудан аз даъватро надоранд, метавонанд хизмати ҳарбиро тариқи ихтиёрӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ адо намоянд.

3. Хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ бо супоридани маблағи пулӣ ва иштирок дар ҷамъомади якмоҳаи ҳарбӣ адо карда мешавад.

4. Ҷамъомадҳои ҳарбӣ бо усули минтақавӣ дар пойгоҳҳои қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва гузаронида мешаванд.

5. Дар давраи иштирок дар ҷамъомадҳои якмоҳаи ҳарбӣ вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ мегузаранд, ба вазъи ҳуқуқии сарбозон ва сержантҳое, ки хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнокро адо менамоянд, баробар буда, кафолати иҷтимоии бо қонунгузорӣ пешбинишуда нисбат ба онҳо паҳн мегардад.

6. Шаҳрвандон пас аз адои хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ ба ҳайати эҳтиёти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд.

7. Шаҳрвандон баъди пурра пардохт намудани маблағи пулӣ ба хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ қабул карда мешаванд.

8. Хизматрасонии маблағҳои пулии супоридаи шахсони ба хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ қабулгашта тавассути суратҳисоби махсуси Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - суратҳисоби махсус), ки дар хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кушода мешавад, амалӣ карда мешаванд.

9. Ташаккул, баҳисобгирии даромаду хароҷот ва ҳисоботдиҳӣ оид ба маблағҳои махсус, ки аз ҳисоби шахсони ба хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ қабулгардида ворид шудаанд, бо тартиби пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хазинадорӣ", Дастурамал оиди баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳии маблағҳои махсуси ташкилоту муассисаҳои буҷети давлатӣ, ки бо фармоиши Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 феврали соли 2010, №16 тасдиқ гардидааст, амалӣ карда мешавад.

10. Нишондиҳандаҳои асосии хароҷоти маблағҳои пулии аз ҳисоби хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ воридшуда, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад, ҳангоми таҳияи лоиҳаи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли молиявии навбатӣ ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегарданд.

2. ҚАБУЛ БА ХИЗМАТ ДАР ҲАЙАТИ ЗАХИРАҲОИ ДАЪВАТИ САФАРБАРӢ, СУПОРИДАНИ МАБЛАҒ ВА ТАРТИБИ ГУЗАШТАНИ ХИЗМАТ

11. Шаҳрвандоне, ки ихтиёран хоҳиши адои хизмати ҳарбиро дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ доранд, бо ариза ба комиссариати ҳарбии маҳалли истиқомат муроҷиат менамоянд.

12. Комиссариатҳои ҳарбии ноҳияҳо (шаҳрҳо) рӯйхати шаҳрвандонеро, ки бо ариза барои қабул шудан ба хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ муроҷиат намудаанд (минбаъд - рӯйхат), тартиб медиҳанд.

13. Шаҳрвандон баъди пардохти пурраи маблағҳои пулии пешбинишуда ба суратҳисоби махсус тавассути Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" тибқи навбат аз рӯи санаи бақайдгирии ариза ба рӯйхат ворид карда мешаванд.

14. Расид оид ба пардохти маблағҳои пулии пешбинишуда дар муҳлати 5 рӯзи корӣ баъд аз қабули ариза ба комиссариатҳои ҳарбии ноҳиявӣ (шаҳрӣ) пешниҳод мегардад.

15. Дар ҳолати дар муҳлати муқарраршуда пешниҳод нагардидани расид оид ба пардохти маблағи пешбинишуда, шахси барои қабул ба хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ муроҷиатнамуда ба рӯйхат ворид карда намешавад ва барои адои хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок сафарбар мегардад.

16. Рӯйхат ва илова ба он аз ҷониби комиссияи даъватии ноҳиявӣ (шаҳрӣ) тасдиқ мегардад. Нусхаи якуми рӯйхат дар комиссариатҳои ҳарбии ноҳияҳо (шаҳрҳо) нигоҳ дошта мешавад. Нусхаи дуюм аз рӯи тобеият ба комиссияи даъватии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои назорат равон гардида, мутаносибан дар комиссариатҳои ҳарбии дахлдор нигоҳ дошта мешавад.

17. Қабули шаҳрвандон барои хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ аз ҷониби комиссияҳои даъватии ноҳиявӣ (шаҳрӣ) тибқи рӯйхати тасдиқгардида, аз рӯи навбат дар давраи даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок дар 1 сол ду маротиба аз 1 апрел то 31 май ва аз 1 октябр то 30 ноябр амалӣ карда мешавад.

18. Ҳангоми қабули шаҳрвандон вазъи саломатӣ ва қобил будани онҳо ба хизмати ҳарбӣ ба инобат гирифта мешавад.

19. Қабули шаҳрвандон дар доираи квотаи муқарраргардида амалӣ мегардад. Шаҳрвандоне, ки дар рӯйхат қарор дошта, дар муҳлати дар банди 17 Тартиби мазкур дарҷгардида тибқи квота ба хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ қабул карда нашудаанд, дар рӯйхат нигоҳ дошта шуда, қабули онҳо аз рӯи навбат дар давраҳои минбаъда амалӣ карда мешавад.

20. Хулосаи комиссияи даъватӣ ба шахси муроҷиатнамуда эълон гардида, бо қарори дахлдори комиссия тасдиқ мегардад.

21. Дар ҳолати то оғози ҷамъомадҳои якмоҳаи ҳарбӣ ғайри қобили хизмати ҳарбӣ эътироф шудан ё фавти шахсе, ки барои адои хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ муроҷиат намудааст, инчунин ҳангоми ба амал омадани асосҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ барои озод намудан аз даъват ба хизмати ҳарбӣ, маблағҳои пулии пардохтнамудаи ӯ мутобиқи қонунгузорӣ аз ҷониби Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бозпас гардонида мешаванд.

22. Дар ҳолатҳои дигар маблағҳои ба суратҳисоби махсус пардохтшуда баргардонида намешаванд.

23. Шахсони ба хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ қабулшуда аз ҷониби комиссариатҳои ҳарбӣ дар ҳайати дастаҳо (командаҳо) ва мутобиқи нақшаи муайяншудаи гузаронидани омодагии ҳарбӣ ба ҷойҳои гузаронидани ҷамъомадҳои ҳарбӣ сафарбар карда мешаванд.

24. Оғози ҷамъомади ҳарбӣ рӯзи ворид намудани шаҳрванд ба рӯйхати ҳайати ивазшавандаи қисми ҳарбӣ ва анҷоми ҷамъомади ҳарбӣ рӯзи хориҷ намудани ӯ аз ҳамин рӯйхати ҳайати ивазшавандаи қисми ҳарбӣ, ки бо фармоиши командири қисми ҳарбӣ муайян мегарданд, ҳисоб мешавад.

25. Шахсони ба ҷамъомади ҳарбӣ ҷалбшуда хизмати ҳарбиро дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ тибқи Низомномаи тартиби адои хизмати ҳарбӣ, талаботи оинномаҳои умумиҳарбӣ ва амру фармоишҳои вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои хизматчиёни ҳарбии хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнокро адокунанда муқаррар гардидаанд, адо менамоянд.

26. Ба шахсоне, ки ба хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ қабул гардидаанд, баъд аз гузаштани ҷамъомади ҳарбӣ билети ҳарбӣ дода мешавад.

3. ОМОДАГИИ ҲАРБӢ ДАР ҲАЙАТИ ЗАХИРАҲОИ ДАЪВАТИ САФАРБАРӢ

27. Ҷамъомадҳои ҳарбӣ бо шахсони ба хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ ҷалбшуда дар асоси барномаи омодагии ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ, ки аз ҷониби сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳмуовини якуми вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, амалӣ карда мешавад.

28. Омодагии ҳарбии шахсони ба хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ ҷалбшуда мутобиқи нақшаи солонаи гузаронидани омодагии ҳарбӣ, ки аз ҷониби Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст, ташкил карда мешавад.

29. Дар нақшаи гузаронидани омодагии ҳарбӣ ба хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ муайян карда мешаванд:

- теъдоди умумии шаҳрвандоне, ки бояд барои гузаштан аз ҷамъомадҳо дар давоми як сол бо тақсимбандии ноҳияҳо, шаҳрҳо ва вилоятҳо ҷалб шаванд;

- қисмҳои ҳарбие, ки дар онҳо ҷамъомадҳои ҳарбӣ ташкил карда мешаванд, бо нишон додани теъдоди шаҳрвандони ба ҷамъомадҳои ҳарбӣ фиристонидашаванда, муҳлати гузаронидани ҷамъомадҳо, инчунин дигар чорабиниҳо вобаста ба ташкил ва гузаронидани ҷамъомадҳо.

4. ВАЗИФАҲОИ ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА МАҚОМОТИ ИДОРАКУНИИ ҲАРБӢ ОИД БА ТАШКИЛИ ХИЗМАТ ДАР ҲАЙАТИ ЗАХИРАҲОИ ДАЪВАТИ САФАРБАРӢ

30. Роҳбарии умумии ташкили хизмати ҳарбиро дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд. Ба зиммаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои зерин вогузор карда мешавад:

- ташкил ва ҳамоҳангсозии фаъолият дар қабул намудани шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ ва омодагии ҳарбии онҳо;

- банақшагирии молиявӣ ва таҳияи харҷнома оид ба ташкили чорабиниҳо вобаста ба адои хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ;

- истифодаи мақсадноки маблағҳои аз ҳисоби хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ воридшуда;

- ташкили таъминоти моддию техникии хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ адо менамоянд;

- ташкили қабул ба хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ, баҳисобгирӣ ва омодагии ҳарбии шахсоне, ки ба хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ қабул гардидаанд;

- роҳбарии бевосита назорати ташкил ва гузаронидани омодагии ҳарбӣ, таъсиси пойгоҳи моддию техникии таълимӣ ҷиҳати омодагии ҳарбӣ бо шахсоне, ки ба хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ қабул гаштаанд;

- пешниҳоди ҳамасолаи ҳисобот ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои чорабиниҳо вобаста ба рафти адои хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ.

31. Ба комиссариатҳои ҳарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, шаҳр ва ноҳияҳо вазифаҳои зерин вогузор карда мешаванд:

- гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ байни ҷавонон дар бораи хусусият ва намудҳои хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ;

- ташкили омӯзиш ва барӯйхатгирии шаҳрвандон барои қабул ба хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ;

- бақайдгирии шахсоне, ки ба хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ қабул гардидаанд;

- назорат оид ба сари вақт пардохт намудани маблағҳо аз ҷониби шахсоне, ки барои қабул ба хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ муроҷиат намудаанд;