Низомномаи таъин намудани Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июли соли 2021, № 298

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замима

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 июли соли 2021, №298

Низомномаи таъин намудани Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Низомномаи таъин намудани Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъдНизомнома) тартиби таъин ва пардохти Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Стипендия) муайян менамояд.

2. Стипендия ба донишҷӯёни шуъбаи рӯзонаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ки дар давраи таҳсил ва фаъолияти таълимӣ ва илмӣ дастовардҳои назаррас доранд ва шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, таъин карда мешавад.

3. Андозаи Стипендия аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

2. ТАРТИБИ ТАЪИН НАМУДАНИ СТИПЕНДИЯ

4. Донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбие, ки нақша ва барномаҳои таълимиро бо натиҷаҳои баланд (дар шакли баҳогузории аъло (A, А-) ҷамъбаст менамоянд, дар маҳфилҳои фаннӣ, таҳқиқоти илмӣ - инноватсионӣ, чорабиниҳои таълимӣ, илмӣ ва дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок мекунанд, довталабони Стипендия шуда метавонанд.

5. Стипендия барои як соли таҳсил (аз 1 сентябр то 30 июн) таъин карда мешавад.

6. Муассисаи таҳсилоти олии касбӣ рӯйхати довталабонро барои таъин намудани Стипендия аз ҳисоби донишҷӯёни аълохон бо ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи зерин ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон то 10 август пешниҳод менамояд:

- нусха аз қарори шурои олимони муассисаи таҳсилоти олии касбӣ;

- маълумотномаи академӣ (транскрипт) дар бораи фаъолияти таълимии донишҷӯ;

- нусха аз дастовардҳои илмӣ-тадқиқотӣ (мақола, патент, шаҳодатномаи ихтироъ ва ғайра);

- тавсифномаи донишҷӯ аз ҷои таҳсил.

7. Рӯйхати гирандагони Стипендия аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси нақшаи гирандагони Стипендия барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ки аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон тақсим ва пешниҳод мегардад, тасдиқ карда мешавад.

8. Донишҷӯи гирандаи Стипендия дар ҳолатҳои зерин аз гирифтани Стипендия маҳрум карда мешавад, агар:

- рухсатии академӣ гирад;

- аз як ихтисос ба ихтисоси дигар, аз як шуъба ба шуъбаи дигар (рӯзона ба шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ), аз як муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ба муассисаи таҳсилоти олии касбии дигар гузаронида шавад;

- хориҷ карда шавад;

- қарзи академӣ дошта бошад.

9. Донишҷӯ метавонад такроран дар солҳои таҳсили оянда баъди баргаштан аз рухсатии академӣ ва ё барқарор гардидан тибқи тартиби муқарраргардидаи Низомномаи мазкур довталаби Стипендия шавад.

10. Стипендия аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ вобаста ба шумораи гирандагони он ҳамасола барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба нақша гирифта мешавад.

3. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

11. Дар ҳолати риоя накардани талаботи Низомномаи мазкур тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба шахсони масъул чораҳои дахлдори ҳуқуқӣ андешида мешаванд.

12. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ барои тарғибу ташвиқи Стипендия дар байни донишҷӯён чораҳои дахлдор меандешанд.