Оинномаи муассисаи давлатии телевизиони мусиқии Тоҷикистон "Шаҳнавоз" аз 30 июни соли 2021, № 272

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "30" июни соли 2021, № 272

Оинномаи муассисаи давлатии телевизиони мусиқии Тоҷикистон "Шаҳнавоз"

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Оинномаи муассисаи давлатии телевизиони мусиқии Тоҷикистон "Шаҳнавоз" (минбаъд - Оинномаи мазкур) асосҳои фаъолияти ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фаъолияти дигари муассисаи давлатии телевизиони мусиқии Тоҷикистон "Шаҳнавоз"-ро (минбаъд - телевизиони "Шаҳнавоз") муайян менамояд.

2. Муассиси телевизиони "Шаҳнавоз" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

3. Телевизиони "Шаҳнавоз" фаъолияти худро мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи реклама", санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур ба роҳ мемонад.

4. Телевизиони "Шаҳнавоз" барномаҳои худро бо забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ пахш менамояд.

5. Телевизиони "Шаҳнавоз" аз лаҳзаи бақайдгирии давлатӣ шахси ҳуқуқӣ ба ҳисоб меравад.

6. Телевизиони "Шаҳнавоз" дорои молу мулк бо ҳуқуқи идоракунии оперативӣ буда, дар сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои суратҳисоб, инчунин харҷнома, тавозуни мустақил, муҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи муассиса бо забони давлатӣ, бланк, нишона, аломатҳои нашрӣ мебошад.

7. Телевизиони "Шаҳнавоз" ҳуқуқ дорад аз номи худ шартномаҳо (қарордодҳо) ба имзо расонад, ҳуқуқҳои молумулкӣ ва шахсии ғайримолумулкиро ба даст оварда, татбиқ намояд, уҳдадорӣ гирад, дар суд ба сифати даъвогар ва ҷавобгар баромад намояд.

8. Телевизиони "Шаҳнавоз" аз лиҳози эҷодӣ мустақил буда, дар назди муассис ҳисоботдиҳанда аст.

9. Суроғаи ҳуқуқии телевизиони "Шаҳнавоз": Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи ____________________

2. МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ АСОСӢ

10. Мақсадҳои асосии телевизиони "Шаҳнавоз" аз инҳо иборат мебошанд:

- таъмини аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хабару гузоришҳои вобаста ба соҳаҳои фарҳанг ва мусиқӣ, барномаҳои фарҳангию мусиқӣ, барномаҳо оид ба дастовардҳои соҳаи мусиқӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ва дигар чорабиниҳое, ки дар ҷумҳурӣ ва берун аз он доир мегарданд;

- ташкил намудани барномаҳои телевизионӣ вобаста ба рушди соҳаи мусиқӣ, тарғиби ҳунари асил ва ҳунармандони касбӣ, мусоидат ба рушди фарҳанг ва мусиқӣ тавассути таҳияи барномаҳо ва хабару гузоришҳои баландмазмуни телевизионӣ;

- тарғиби дастовардҳо ва муваффақиятҳо дар соҳаи фарҳанг ва мусиқӣ;

- тарғиби фарҳанг, мусиқии миллӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ва ҳунаромӯзӣ дар соҳаи мусиқии касбӣ;

- мусоидат ба рушди фарҳанг ва мусиқӣ, дастгирии ташаббусҳое, ки ба рушди мусиқӣ, дӯстиву ҳамкории ҳамаи миллату халқиятҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагидошта равона шудаанд.

11. Барои амалисозии мақсадҳои зикршуда телевизиони "Шаҳнавоз" вазифаҳои зеринро анҷом медиҳад:

- тавассути барномаҳои мусиқӣ ва фарҳангию мусиқӣ баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии аҳолӣ ва тарғиби сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фарҳанг, мусиқӣ ва ҳунаромӯзӣ;

- таҳия намудани барномаҳо оид ба фарҳангу мусиқӣ, аз ҷумла навъҳои гуногуни мусиқии миллӣ ва ҷаҳонӣ;

- бо иштирок ва ҷалби мутахассисони мақомоти ваколатдори давлатӣ, иттифоқҳои эҷодӣ ва вазорату идораҳои дахлдори дигар таҳия намудани барномаҳои фарҳангию мусиқӣ;

- тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсол, фурӯш ва паҳн намудани маҳсулоти аудиовизуалӣ, филмҳои фармоишӣ ва рекламавӣ вобаста ба рушди фарҳанг ва мусиқӣ;

- пешниҳоди хизматрасонии дизайни телевизионӣ;

- ташкили бойгониҳои аудио ва видео (филмотека, видеотека, фонотека);

- дар асоси шартнома амалӣ намудани ҳамкории бисёрҷонибаи эҷодӣ, истеҳсолӣ ва тиҷоратӣ бо ташкилотҳои телевизион ва радио;

- амалӣ намудани намудҳои дигари фаъолияти истеҳсолӣ, тиҷоратӣ ва молиявие, ки ба мақсаду вазифаҳои телевизиони "Шаҳнавоз" мувофиқанд ва бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ нагардидаанд.

3. ҲУҚУҚ ВА УҲДАДОРИҲО

12. Телевизиони "Шаҳнавоз" ҳуқуқ дорад:

- дар дохил ва хориҷи кишвар бо тартиби муқарраршуда нуқтаҳои мухбирии худро таъсис диҳад;

- дар асоси барномаҳои тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ фаъолияти рекламавиро ба амал бароварда, даромадҳоро аз ин намуди фаъолият барои рушди телевизиони "Шаҳнавоз" равона созад;

- барнома ва маҳсулоти аудиовизуалии худро дар ҳудуди ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар паҳн намояд, эълону рекламаҳои корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои дигари ватанию хориҷиро пахш кунад ва муомилоти дигарро, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур мухолиф нестанд, амалӣ гардонад;

- иттиҳодияҳои нави эҷодиро дар телевизиони "Шаҳнавоз" таъсис диҳад.

13. Телевизиони "Шаҳнавоз" уҳдадор аст:

- талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи воситаҳои ахбори омма риоя намояд;

- бо тартиби муқарраргардида супоришу дастурҳои муассисро иҷро намояд;

- аз рӯйи уҳдадориҳои худ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар бошад;

- сабт ва намоиши барномаҳои консертии тамоми ансамблҳо, инчунин ҳунармандони алоҳидаро дар асоси бастани шартномаи дуҷониба амалӣ намояд;

- ҳангоми истифодаи восита ва маводи аудиовизуалӣ қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи моликияти зеҳниро, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, риоя намояд.

4. ИДОРАКУНӢ

14. Идоракунии телевизиони "Шаҳнавоз" мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур амалӣ карда мешавад.

15. Муассис дорои ваколатҳои зерин мебошад:

- Оиннома ва сохтори муассисаи давлатии телевизиони мусиқии Тоҷикистон "Шаҳнавоз"-ро тасдиқ менамояд ва дар ҳолати зарурӣ ба он тағйиру иловаҳо ворид мекунад;

- масъалаҳои азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии телевизиони "Шаҳнавоз"-ро ҳал менамояд;

- директори муассисаро ба манcаб таъин ва аз мансаб озод менамояд;

- таъминоти моддию техникӣ, инчунин маблағгузории телевизиони "Шаҳнавоз"-ро амалӣ менамояд.

16. Мақоми олии идоракунии телевизиони "Шаҳнавоз" шӯрои маъмурӣ мебошад, ки ба ҳайати он директор, муовини якум ва муовини директор, инчунин роҳбарони воҳидҳои сохтории он дохил мешаванд. Ҳайати шӯрои маъмурӣ бо пешниҳоди директор аз ҷониби раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян ва тасдиқ карда мешаванд.

17. Роҳбари телевизиони "Шаҳнавоз" директор аст, ки ӯ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешавад.

18. Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- ба фаъолияти касбии телевизиони "Шаҳнавоз" мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ ва назорат мекунад;

- бо пешниҳоди директор муовини якум ва муовини ӯро ба мансаб таъин ва аз мансаб озод мекунад.

19. Шӯрои маъмурӣ тибқи ваколатҳои ба зиммааш гузошташуда вазифаҳои зеринро иҷро мекунад:

- таклифҳоро оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Оинномаи мазкур пешниҳод менамояд;

- масъалаҳои музди меҳнат, мукофотпулӣ ва иловапулиҳои кормандонро тибқи қонунгузории меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ менамояд;

- функсияҳои дигареро амалӣ менамояд, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур манъ нагардидаанд.

20. Қарорҳои шӯрои маъмурӣ бо фармоиши раиси шӯродиректори телевизиони "Шаҳнавоз" ба расмият дароварда мешаванд.

21. Директор:

- дар муносибат бо муассис ва мақомоти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин дар суд ва дигар ҳолатҳо аз номи телевизиони "Шаҳнавоз" намояндагӣ мекунад;

- шартномаҳо ва созишномаҳои меҳнатӣ мебандад, ваколатномаҳо медиҳад, молу мулки дар ихтиёрдоштаро идора мекунад, ҷадвали воҳидҳои кориро тасдиқ мекунад, фармоишҳо мебарорад;

- ба кори шӯрои маъмурӣ ва фаъолияти ҳамарӯзаи кормандон роҳбарӣ мекунад;

- иҷрои нақшаҳои ҷорӣ ва дурнамо ва фармоишҳои худро таъмин менамояд;

- тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандонро ба мансаб таъин ва аз мансаб озод мекунад;

- дар назди муассис оид ба натиҷаҳои фаъолияти телевизиони "Шаҳнавоз" масъулияти шахсӣ дорад.

5. МОЛУ МУЛК

22. Молу мулки телевизиони "Шаҳнавоз"-ро фондҳои асосӣ ва дигар объектҳои моликияти давлатӣ ташкил медиҳанд. Арзиши молу мулки телевизиони "Шаҳнавоз" дар тавозуни мустақили он нишон дода мешавад.

6. АЗНАВТАШКИЛДИҲӢ ВА БАРҲАМДИҲӢ

23. Азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии телевизиони "Шаҳнавоз" тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Замимаи 2

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 июни соли 2021, № 272

Сохтори муассисаи давлатии телевизиони мусиқии Тоҷикистон "Шаҳнавоз"

1. Дастгоҳи марказӣ:

Директор

Муовини якуми директор

Муовини директор оид ба масъалаҳои техникӣ

Бахши иқтисод, баҳисобгирии муҳосибӣ ва тиҷорат

Бахши кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ ва коргузорӣ

2. Ҳайати эҷодӣ:

Раёсати филмҳо ва барномаҳои мусиқӣ

Раёсати барномаҳои муаллифӣ

Шуъбаи сабти студиявӣ

Шуъбаи наворбардорон ва коргардонҳо

Бахши танзими барномаҳо

3. Ҳайати техникӣ:

Маҷмааи таҷҳизоти студиявӣ

Бахши танзимгарӣ ва дизайн

Бахши таъмини барқ ва равшанидиҳӣ

Бахши пардозгарон ва ороиши саҳна

Бахши нақлиёт

Шуъбаи хоҷагидорӣ ва хизматрасонӣ