Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 июни соли 2021, №271
Оинномаи муассисаи давлатии телевизиони "Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ"
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Оинномаи муассисаи давлатии телевизиони "Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" (минбаъд - Оинномаи мазкур) асосҳои фаъолияти ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фаъолияти дигари муассисаи давлатии телевизиони "Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" (минбаъд - телевизиони "Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ")ро муайян менамояд.
2. Муассиси телевизиони "Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
3. Телевизиони "Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" фаъолияти худро тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи реклама", дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур ба роҳ мемонад.
4. Телевизиони "Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" барномаҳои худро бо забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ пахш менамояд.
5. Телевизиони "Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" аз лаҳзаи бақайдгирии давлатӣ шахси ҳуқуқӣ ба ҳисоб меравад.
6. Телевизиони "Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" дорои молу мулки таҳти ҳуқуқи идоракунии оперативӣ буда, дар сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон суратҳисоб, инчунин дорои харҷнома, тавозуни мустақил, муҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи муассиса ба забони давлатӣ, бланк, нишона ва аломатҳои нашрӣ мебошад.
7. Телевизиони "Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" ҳуқуқ дорад, ки аз номи худ шартномаҳо бандад, ҳуқуқҳои молумулкӣ ва шахсии ғайримолумулкиро ба даст оварад, татбиқ намояд, уҳдадорӣ гирад, дар суд ба ҳайси даъвогар ва ҷавобгар баромад намояд.
8. Телевизиони "Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" аз лиҳози эҷодӣ мустақил буда, дар назди муассис ҳисоботдиҳанда мебошад.
9. Суроғаи ҳуқуқии телевизиони "Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ": Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи__________
2. МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ АСОСӢ
10. Мақсади асосии телевизиони "Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" аз инҳо иборат аст:
- таъмини аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хабару гузоришҳои муҳим, барномаҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва чорабиниҳои дигаре, ки дар ҷумҳурӣ ва берун аз он доир мегарданд;
- ташкил намудани барномаҳои телевизионӣ ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ташаккули талаботи аҳолӣ ба ҳунарҳои мардумӣ, бедор кардани шавқи ҷомеа ба он, фароҳам овардани шароити зарурии моддию техникӣ, ки барои баланд бардоштани рушди сайёҳӣ ва ҷалби сайёҳони хориҷӣ равона карда шудаанд;
- тарғиби шаклҳои дастаҷамъонаи ҳунарҳои мардумӣ ва барномаҳои давлатии рушди соҳаи сайёҳӣ;
- ҷалби васеи табақаҳои гуногуни ҷомеа ба рушди ҳунарҳои мардумӣ ва ҷалби сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ;
- тарғиби ҳунарҳои мардумӣ оид ба касбу кори гуногун;
- тарғиби самтҳои асосии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои сайёҳӣ, илм, фарҳанг, инчунин усулҳои татбиқи онҳо дар асоси такмили фаъолияти касбӣ ва хоҷагидорӣ;
- мусоидат ба эҳёи анъанаҳои суннатӣ ва ҳифзи онҳо дар шароити ҷаҳонишавӣ;
- баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии аҳолӣ доир ба рушди сайёҳӣ;
- тарғибу ташвиқи намудҳои сайёҳӣ, хизматрасониҳо, инъикоси самтҳои фаъолият, таҳияи видеороликҳои тарғиботӣ дар бораи маҷмааҳои сайёҳӣ, истироҳатгоҳҳо, осоишгоҳҳо, нуқтаҳои саёҳат дар сафар, мағозаҳои армуғонҳо барои сайёҳон;
- тарғибу ташвиқи бренди маҳсулоти сайёҳӣ;
- дар ҳамкорӣ бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ таҳия ва пешкаши барномаҳои махсуси телевизионӣ;
- ташкили саҳифа ва ё сомонаи телевизиони "Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" дар шабакаҳои интернетӣ.
11. Барои амалисозии мақсадҳои зикршуда телевизиони "Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" вазифаҳои зеринро анҷом медиҳад:
- баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии аҳолӣ тавассути пахши барномаҳо дар самти сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, инчунин татбиқи сиёсати сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дар назар доштани анъанаҳои миллӣ;
- бо ҷалби мутахассисони мақомоти ваколатдори давлатӣ, кумитаҳои рушди сайёҳӣ, ҷавонон ва варзиш ва мутахассисони дигар вазорату идораҳо таҳия намудани барномаҳои телевизионӣ дар бораи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ;
- истеҳсол, фурӯш ва паҳн намудани маҳсулоти аудиовизуалӣ, филмҳои фармоишӣ ва рекламавӣ вобаста ба рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ тибқи меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- пешниҳоди хизматрасонии дизайнерии телевизионӣ;
- ташкили бойгонии аудио ва видео (филмотека, видеотека, фонотека); - дар асоси шартнома амалӣ намудани ҳамкории мутақобилаи (бисёрҷонибаи) эҷодӣ, истеҳсолӣ ва тиҷоратӣ бо ташкилотҳои телевизион ва радио;
- амалӣ намудани дигар намудҳои фаъолияти истеҳсолӣ, тиҷоратӣ, молиявие, ки ба мақсаду вазифаҳои телевизиони "Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" мувофиқанд ва бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ нагардидаанд;
- ташкили барномаҳои махсус ҷиҳати муаррифии дастовардҳои соҳибкорони соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ.
3. ҲУҚУҚ ВА УҲДАДОРИҲО
12. Телевизиони "Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" ҳуқуқ дорад:
- дар дохил ва хориҷи кишвар бо тартиби муқарраршуда нуқтаҳои мухбирии худро таъсис диҳад;
- дар асоси барномаҳои тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ фаъолияти рекламавиро ба амал бароварда, даромадҳоро аз ин намуди фаъолият барои рушди телевизиони "Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" равона созад;
- барнома ва маҳсулоти аудиовизуалии худро дар ҳудуди ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар паҳн намояд, эълону рекламаҳои корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои ватанию хориҷиро пахш кунад ва муомилоти дигарро, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур мухолиф нестанд, амалӣ гардонад;
- иттиҳодияҳои нави эҷодиро дар телевизиони "Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" таъсис диҳад.
13. Телевизиони "Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" уҳдадор аст:
- талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи воситаҳои ахбори омма риоя намояд;
- супоришу дастурҳои муассис ва мақоми ваколатдори давлатиро бо тартиби муқарраршуда иҷро намояд;
- аз рӯи уҳдадори тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошад;
- ҳангоми истифодаи восита ва маводи аудиовизуалӣ қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи моликияти зеҳниро, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, риоя намояд.
4. ИДОРАКУНӢ
14. Идоракунии телевизиони "Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур амалӣ карда мешавад.
15. Муассис дорои ваколатҳои зерин мебошад:
- сохтор ва Оинномаи муассисаи давлатии телевизиони "Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ"-ро тасдиқ ва дар ҳолати зарурӣ ба он тағйиру иловаҳо ворид мекунад;
- масъалаҳои азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии телевизиони "Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ"-ро ҳал менамояд;
- директорро ба мансаб таъин ва аз мансаб озод мекунад;
- таъминоти моддӣ-техникӣ, инчунин маблағгузории телевизиони "Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ"-ро ба роҳ мемонад.
16. Мақоми олии идоракунии телевизиони "Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" шӯрои маъмурӣ мебошад, ки ба ҳайати он директор, муовини якум ва муовини ӯ (аз рӯи мансаб), инчунин роҳбарони воҳидҳои сохтории он дохил мешаванд. Шумора ва аъзои шӯрои маъмурӣ бо пешниҳоди директор аз ҷониби раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян ва тасдиқ мегардад.
17. Роҳбари телевизиони "Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" директор аст, ки ӯ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешавад.
18. Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- ба фаъолияти касбии телевизиони "Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ ва назорат мекунад;
- бо пешниҳоди директор муовини якум ва муовини ӯро ба мансаб таъин ва аз мансаб озод менамояд;
- аъзои шӯрои маъмурии телевизиони "Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ"-ро бо пешниҳоди директор тасдиқ мекунад.
19. Шӯрои маъмурӣ тибқи ваколатҳои ба зиммааш гузошташуда вазифаҳои зеринро иҷро мекунад:
- оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Оинномаи муассисаи давлатии телевизиони "Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" ба мақоми ваколатдори давлатӣ пешниҳодҳо манзур менамояд;
- масъалаи музди меҳнат, мукофотпулӣ ва иловапулиҳои кормандонро тибқи қонунгузории меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ мекунад;
- вазифаҳои дигареро амалӣ менамояд, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур манъ нагардидаанд.
20. Қарорҳои шӯрои маъмурӣ бо фармоиши раиси шӯродиректори телевизиони "Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" ба расмият дароварда мешаванд.
21. Директор:
- дар муносибат бо муассис ва мақомоти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин, дар суд ва дигар ҳолатҳо аз номи телевизиони "Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" намояндагӣ мекунад;
- қародод ва шартномаҳои меҳнатӣ мебандад, ваколатномаҳо медиҳад, молу мулки дар ихтиёрдоштаро идора мекунад, ҷадвали воҳидҳои кориро тасдиқ мекунад, фармоишҳо мебарорад;
- ба кори шӯрои маъмурӣ ва фаъолияти ҳамарӯзаи кормандон роҳбарӣ мекунад;
- иҷрои нақшаҳои ҷориву дурнамо ва фармоишҳои худро таъмин менамояд;
- тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандонро ба мансаб таъин ва аз мансаб озод мекунад;
- дар назди муассис оид ба натиҷаҳои фаъолияти телевизиони "Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" масъулияти шахсӣ дорад.
5. МОЛУ МУЛК
22. Молу мулки телевизиони "Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ"ро фондҳои асосӣ ва дигар объектҳои моликияти давлатӣ ташкил медиҳанд.
Арзиши молу мулки телевизиони "Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" дар тавозуни алоҳидаи мустақили он дарҷ мегардад.
6. АЗНАВТАШКИЛДИҲӢ ВА БАРҲАМДИҲӢ
23. Азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии телевизиони "Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Замимаи 2
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 июни соли 2021, №271
Сохтори муассисаи давлатии телевизиони "Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ"
1. Дастгоҳи марказӣ
Директор Муовини якуми директор
Муовини директор оид ба масъалаҳои техникӣ
Бахши иқтисод ва баҳисобгирии муҳосибавӣ
Бахши кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ ва коргузорӣ
Бахши тиҷорат ва реклама
2. Ҳайати эҷодӣ
Раёсати барномаҳои иттилоотӣ
Раёсати барномаҳои таҳлилӣ
Раёсати гузоришҳо ва пахши мустақим
Раёсати филмҳои видеоӣ ва барномаҳои мусиқӣ
Раёсати муносибатҳои байналмилалӣ
Шуъбаи тарҷума ва дубляж
Шуъбаи мухбирони минтақавӣ
Шуъбаи наворбардорони синамо ва телевизион
Шуъбаи танзими пахши барномаҳо
Бахши коргардонҳои овоз
Бахши барномаҳои сайёҳӣ
Бахши барномаҳои ҳунармандӣ
3. Ҳайати техникӣ
Маҷмааи таҷҳизоти студиявӣ ва сайёри телевизионӣ
Шуъбаи танзимгарӣ ва дизайн
Шуъбаи таъмини барқ ва рӯшноидиҳӣ
Шуъбаи ороиши саҳна ва грим
Шуъбаи нақлиёт
Шуъбаи хоҷагидорӣ ва хизматрасонӣ