ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи таъсиси муассисаи давлатии телевизиони "Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ"
Мутобиқи моддаҳои 52 ва 132 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Муассисаи давлатии телевизиони "Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" таъсис дода шавад.
2. Оиннома ва сохтори муассисаи давлатии телевизиони "Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).
3. Шумораи ниҳоии кормандони муассисаи давлатии телевизиони "Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" ба миқдори 143 воҳид бо дар назар доштани ҳайати хизматрасони техникӣ муқаррар карда шавад.
4. Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати як моҳ тибқи тартиби муқарраргардида масъалаҳои бо бино, воситаҳои нақлиёт, таҷҳизот ва дигар ашёи зарурӣ таъмин намудани муассисаи давлатии телевизиони "Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ"-ро ҳал намояд.
5. Маблағгузории муассисаи давлатии телевизиони "Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва маблағҳои махсус дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шавад.
6. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохти хароҷоти нигоҳдории (пардохти музди меҳнат ва суғуртаи иҷтимоӣ) 143 воҳиди кориро дар соли 2021 аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ таъмин карда, дар солҳои минбаъда тибқи тартиби муқарраргардида ба ин мақсад маблағҳои заруриро дар буҷет пешбинӣ намояд.
7. Ба замимаи 4 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июли соли 2020, №428 "Дар бораи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" сархати шашум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Муассисаи давлатии телевизиони "Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 30 июни соли 2021, № 271
ш. Душанбе