Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "30" июни соли 2021, № 267
Низомномаи шурои диссертатсионӣ
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023 № 295)
1. Низомномаи Шурои диссертатсионӣ (минбаъд-Низомнома) тартиби ташкил ва фаъолияти шуроҳои диссертатсионӣ (минбаъд-Шуро)-и назди муассисаҳои давлатии илмӣ, таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ (минбаъд-Муассиса) оид ба дарёфти дараҷаҳои илмии номзади илм, доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯйи ихтисос, доктори илм ва доктори ҳабилитат, гузаронидани маҷлисҳои Шуро, қоидаҳои қабули диссертатсияҳо барои ҳимоя ва экспертизаи аввалия, экспертизаи муқарризони расмӣ ва муассисаи пешбар, ҳимояи ошкорои диссертатсияҳо, маҳрум ва барқарор кардани дараҷаҳои илмӣ ва инчунин таъминоти моддю техникӣ ва назорати фаъолияти Шуроро муқаррар менамояд
2. Шуро фаъолияти худро тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузории амалкунанда, инчунин Тартиби додани дараҷаҳои илмӣ ва Низомномаи мазкур ба роҳ мемонад.
3. Шуро талаботи ягонаро нисбат ба довталаби дараҷаи илмӣ ва диссертатсияи ӯ таъмин намуда, таҳлили муҳтавои диссертатсияро ба роҳ монда, ба диссертатсияҳои ба ҳимоя пешниҳодшуда баҳои илмӣ медиҳад.
4. Баррасии диссертатсияҳо дар Шуро давраҳои зеринро дар бар мегирад:
- экспертизаи аввалия;
- экспертизаи муқарризони расмӣ ва муассисаи пешбар;
- ҳимояи ошкорои диссертатсия.
5. Аз рӯи натиҷаҳои ҳимояи ошкорои диссертатсия Шуро барои додани дараҷаи илмии номзади илм, доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯи ихтисос, доктори илм ва доктори ҳабилитат қарор қабул намуда, фаъолияти зеринро анҷом медиҳад:
- ба Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Комиссия) оид ба додани дараҷаи илмии номзади илм, доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯи ихтисос, доктори илм ва доктори ҳабилитат дархост пешниҳод мекунад;
- ба диссертатсияе, ки дар Шурои дигари наздик аз рӯи самти илм ҳимоя шудааст, хулосаи иловагӣ медиҳад;
- дар бораи натиҷаҳои баррасии шикоятҳо оид ба масъалаи додани дараҷаҳои илмӣ дар мавриди риоя накардани тартиби пешниҳод намудан ба ҳимоя ва ҳимояи диссертатсияҳо хулоса медиҳад;
- ҳар сол фаъолияти худро (бо дарназардошти муҳтавои диссертатсияҳои ҳимояшуда ва пешниҳоди интишороти аъзои шуро дар давраи ҳисоботӣ) таҳлил намуда, оид ба натиҷаҳои он ба Комиссия ҳисобот пешниҳод менамояд;
- ваколатҳои дигарро тибқи муқаррароти Тартиби додани дараҷаҳои илмӣ амалӣ менамояд.
6. Шуро барои мувофиқати диссертатсияҳо ба ихтисосҳо ва самтҳои пешниҳодшуда, воқеӣ будани сифати экспертизаи онҳо, асоснок будани қарорҳои дахлдори нисбат ба онҳо қабулшуда, мувофиқати онҳо ба муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи мазкур ва Тартиби додани дараҷаҳои илмӣ масъул мебошад. Шуро вазифадор аст, ки ба дархости Комиссия тавзеҳоти зарурӣ диҳад ва барои гузаронидани экспертиза ва ҳимояи диссертатсия маводи дахлдорро пешниҳод намояд.
7. Агар дар давоми сол се қарори Шуро оид ба додани дараҷаи илмӣ бинобар риоя нагардидани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа бекор карда шавад, фаъолияти Шуро боздошт ва ё қатъ карда мешавад. Дар мавриди боздоштани фаъолияти Шуро такроран ба фаъолият шуруъ кардани он бо бозбинии ҳайат сурат мегирад.
8. Агар дар натиҷаи экспертизаи ҳуҷҷатҳои парвандаи аттестатсионӣ дар Комиссия вайрон карда шудани талабот оид ба қоидаҳои ҳимоя аз ҷониби Шуро ошкор шуда бошад, Комиссия ҳуқуқ дорад, ки диссертатсияи ҳимояшударо барои ҳимояи такрорӣ ба Шурои мазкур баргардонад. Агар ҳангоми баррасии парвандаи аттестатсионӣ ва диссертатсия содиршавии рафтори ношоями илмӣ ошкор гардад, Комиссия метавонад бо ҳуҷҷатҳои аввалияи довталаби дарёфти дараҷаи илмӣ шинос шавад
9. Шуро ба довталаби дараҷаи илмӣ дар масъалаҳои вобаста ба ҳимояи диссертатсия ёрии амалию методӣ мерасонад.
10. Муассиса уҳдадор аст матни пурраи диссертатсия, автореферати он ва маводи иттилоотиро тибқи талаботи Тартиби додани дараҷаҳои илмӣ дар сомонаи расмии худ дар шабакаи иттилоотию телекоммуникатсионии интернет (минбаъд-сомонаи Муассиса) ҷойгир карда, сабти аудиоӣ ва видеоии маҷлисҳои Шуроро ба роҳ монад. Дар мавридҳои зарурӣ реҷаи онлайнии маҷлиси Шуроро бо мақсади ошкорбаёнии фаъолияти он таъмин намояд .
11. Муассиса хароҷоти муқарризони расмӣ ва хароҷоти дигари вобаста ба ҳимояи диссертатсияро пардохт мекунад. Ҳар гуна хароҷоти вобаста ба баррасӣ ва ҳимояи диссертатсияҳо дар Шуро (ба истиснои шаҳрвандони хориҷӣ, агар тибқи созишномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дар асоси шартномаи баимзорасидаи байни довталаби дараҷаи илмӣ ва муассисаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар муқаррар нашуда бошад) аз ҳисоби довталаби дарёфти дараҷаи илмӣ қатъиян манъ аст.
12. Роҳбари Муассиса барои мутобиқати ҳайат ва фаъолияти Шуро мувофиқи талаботи Низомномаи мазкур ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи аттестатсияи давлатии кормандони илмӣ ва (ё) илмию техникии тахассуси олӣ масъул мебошад.
13. Шуро диссертатсияи шахсони мансабдори давлатии ҳокимияти давлатӣ ва хизмати давлатиро тибқи тартиби тасдиқнамудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳимоя қабул менамояд.
14. Шуро диссертатсияҳои шаҳрвандони хориҷиро ба ҳимоя дар сурате қабул карда метавонад, ки агар байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлати марбут дар ин бобат шартномаи дуҷониба ё бисёрҷониба мавҷуд бошад ё довталаб бо тартиби муқарраргардида бо муассисаи таълимӣ (илмӣ)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон шартнома (қарордод) ҷиҳати тайёр кардани кадрҳои илмиро ба имзо расонида, инчунин хароҷоти ҳимояи диссертатсия ва экспертизаи онро пурра пардохт намуда бошад, агар дар шартномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар муқаррар нашуда бошад.
2. ТАРТИБИ ТАЪСИСИ ШУРО
15. Шуро барои баррасӣ ва ҳимояи диссертатсияҳо оид ба дарёфти дараҷаҳои илмии номзади илм, доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯи ихтисос, доктори илм ва доктори ҳабилитат таъсис дода мешавад. Шуро бо қарори Комиссия дар заминаи муассисае, ки бо кадрҳои илмии дорои тахассуси олӣ таъмин буда, дорои дастовардҳои бузурги илмӣ мебошад ва дар самтҳои дахлдори илм таҳқиқоти илмиро фаъолона амалӣ менамояд, инчунин, кормандони илмии тахассуси олиро дар аспирантура (адъюнктура) ва докторантура аз рӯи ихтисос, докторантура, постдокторантура ва ба тариқи унвонҷӯӣ тайёр мекунад, таъсис дода мешавад.
16. Номгӯйи ҳуҷҷатҳо оид ба таъсиси шурои диссертатсионӣ тибқи замимаи 1 Низомномаи мазкур ба Комиссия пешниҳод мегардад.
17. Ҳангоми зарурат то 3 Муассиса метавонанд Шурои муштарак ташкил намояд.
18. Шурои муштарак дар асоси созишномаи байни муассисаҳо дар заминаи муассисае, ки бо дастовардҳои бузурги илмиаш дар соҳаи муайяни илм маъруф аст ва ба талаботи бандҳои 19-31 Низомномаи мазкур мувофиқат мекунад, таъсис дода мешавад (замимаи 2).
19. Комиссия на зиёда аз 3 ихтисоси ба ҳам наздикро аз рӯи як ё ду соҳаи илм муайян карда, ба Шуро ҳуқуқи қабул ва баррасии диссертатсияҳоро вогузор менамояд.
20. Ба ҳайати Шуро докторони илм, докторони ҳабилитат ва ба таври истисно номзадони илм ё докторони фалсафа (PhD)-докторон аз рӯйи ихтисосе дохил шуда метавонанд, ки дар муддати 5 соли охир аз рӯйи ихтисоси соҳаи илми дархостшаванда дар маҷаллаҳои тақризшавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷа тибқи Феҳристи Комиссия на кам аз 3 мақолаи илмӣ дошта бошанд. Мутобиқати аъзои Шуро ба ихтисосҳои дархостшуда бо дипломи дараҷаи илмӣ ва (ё) бо интишороти илмии онҳо тасдиқ карда мешавад.
21. Шумораи ҳайати Шуро аз 9 то 16 нафарро ташкил медиҳад. Шуро дар ҳайати 9 нафар аз рӯйи як ихтисос, дар ҳайати 11 нафар аз рӯйи ду ихтисос ва дар ҳайати 16 нафар аз рӯйи се ихтисос ташкил карда мешавад. Ҳайати Шуро барои дарёфти дараҷаи илмии доктори ҳабилитат ё доктори илм аз рӯйи як ихтисос дар ҳайати 8 доктори илм ва 1 номзади илм, аз рӯйи ду ихтисос 10 доктори илм ва 1 номзади илм ва аз рӯйи се ихтисос 15 доктори илм ва 1 номзади илм (котиби илмии Шуро) муқаррар карда шавад. Ба ҳайати Шуро мутахассисон аз муассисаҳои дигари илмӣ ва таълимӣ дохил карда мешаванд, ки шумораи онҳо бояд на зиёда аз нисфи ҳайати умумии Шуро бошад. Узвият дар Шуро дар асосҳои фаъолияти ҷамъиятӣ ба роҳ монда мешавад
22. Шуро дар ҳайати раис, муовин, котиби илмӣ ва аъзои Шуро ба муҳлати то 5 сол таъсис дода мешавад .
23. Раиси Шуро бояд доктори илм ё доктори ҳабилитат аз рӯйи яке аз ихтисосҳои дархостшаванда ва бо дастовардҳои илмии худ маъруф бошад (барои ихтисосҳои нодир доктори илм ё доктори ҳабилитат аз рӯйи интишороти илмӣ метавонад раиси Шуро таин шавад).
24. Муовини раиси Шуро бояд доктори илм ё доктори ҳабилитат аз рӯйи яке аз ихтисосҳои дархостшаванда бошад (барои ихтисосҳои нодир доктори илм ё доктори ҳабилитат аз рӯйи интишороти илмӣ метавонад муовини раиси Шуро таин шавад)
25. Котиби илмии Шуро бояд доктори илм, доктори ҳабилитат, номзади илм ва ё доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯи ихтисос аз рӯи яке аз ихтисосҳои дархостшаванда ва корманди доимии Муассиса бошад.
26. Раис, муовини раис ва котиби илмии Шурои муштарак кормандони доимии муассисаҳои гуногуни иштирокчии созишнома мебошанд.
27. Барои таъсиси Шуро ҷиҳати дарёфти дараҷаи илмии доктори илм ва доктори ҳабилитат дар Тоҷикистон вуҷуд доштани 5 мутахассиси дорои дараҷаи илмии доктори илм ва доктори ҳабилитат аз рӯи ихтисоси дархостшаванда зарур аст, ки 2 нафари онҳо бояд корманди басти доимии ҳамин муассиса бошанд.
28. Барои таъсиси Шуро ҷиҳати дарёфти дараҷаи илмии номзади илм ва доктори фаласафа (PhD)-доктор аз рӯи ихтисос зарур аст, ки дар Тоҷикистон 5 мутахассиси дорои дараҷаи илмии ихтисоси дархостшаванда мавҷуд бошанд, ки на кам аз 3 нафари онҳо доктори илм ё доктори ҳабилитат ва 2 нафари онҳо корманди басти доимии ин Муассиса бошанд.
29. Талабот ба ҳайати Шуро барои ихтисосҳои нодир (тибқи Феҳристи ихтисосҳо):
- барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илм ё доктори ҳабилитат на кам аз 5 мутахассиси дорои дараҷаи илмии доктори илм ё доктори ҳабилитат (2 доктори илм ё доктори ҳабилитат аз рӯйи ихтисоси дархостшаванда ва 3 доктори илм ё доктори ҳабилитат аз рӯйи интишорот);
- барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илм ё доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯйи ихтисос на кам аз 5 мутахассиси дорои дараҷаи илмӣ (1 доктори илм ё доктори ҳабилитат аз рӯйи ихтисоси дархостшаванда ва 4 номзади илм ё доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯйи ихтисос аз рӯйи интишорот)
30. Дар ҳолати дар Ҷумҳурии Тоҷикистон набудани шумораи кофии мутахассисон барои таъсиси Шуро, ба тариқи истисно ба ҳайати он мутахассисон аз кишварҳои хориҷӣ (на зиёда аз ду нафар аз рӯи ҳар як ихтисос) шомил шуда метавонанд. Дар ин сурат хароҷоти даъвати мутахассисони аз хориҷи кишвар ҷалбшуда ба зиммаи Муассиса вогузор мегардад.
31. Шумораи аъзо, ҳайати шахсӣ, муҳлати ваколати Шуро ва феҳристи ихтисосҳои соҳаи илме, ки аз рӯи онҳо ҳимояи диссертатсияҳо баргузор мегарданд, дар асоси дархости Муассиса бо қарори Раёсати Комиссия тасдиқ карда мешавад. Дархост бояд фарогири иттилоот дар бораи дастовардҳои илмии Муассиса дар соҳаи дахлдори илм, шумораи докторони илм, докторони ҳабилитат, номзадҳои илм ва докторони фаласафа (PhD)-докторон аз рӯи ихтисос, мавҷуд будани аспирантура, докторантура, докторантура аз рӯи ихтисос, постдокторантура ва ниҳоди (институти) унвонҷӯӣ бошад. Дар сурати мавҷуд набудани шиносномаи ихтисосҳое, ки аз рӯи онҳо Шуро таъсис дода мешавад, Муассиса ба дархост лоиҳаи шиносномаи ин ихтисосҳоро илова менамояд.
32. Доктори илм, доктори ҳабилитат, номзади илм ё доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯйи ихтисос дар як Шуро танҳо як ихтисосро намояндагӣ мекунад. Як мутахассис бо дараҷаи илмии доктори илм ё доктори ҳабилитат метавонад ба ҳайати на зиёда аз 3 Шуро дохил шавад. Мутахассиси дорои дараҷаи илмии номзади илм ё доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯи ихтисос метавонад ба ҳайати на зиёда аз 2 Шуро дохил шавад. Кормандони басти кории Комиссия, узви Раёсати Комиссия ва аъзои шурои экспертии Комиссия наметавонанд аъзои Шуро бошанд (.
33. Роҳбар ва муовини роҳбари мақоми давлатӣ, инчунин узви Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шуро, муовини ӯ ва котиби илмӣ шуда наметавонанд.
34. Тағйири ҳайати Шуро, иваз намудани раис, муовини ӯ ва котиби илмии Шуро дар асоси дархости Муассиса бо қарори Раёсати Комиссия сурат мегирад. Тағйири ҳайати Шуро, аз ҷумла иваз намудани раис, муовини ӯ ва котиби илмии Шуро метавонад бо ташаббуси Комиссия амалӣ гардад. Агар узви Шуро бе сабабҳои узрнок дар 3 ҷаласаи Шуро иштирок накунад, аз ҳайати Шуро хориҷ карда мешавад
35. Ҳангоми тағйири феҳристи ихтисосҳо ва соҳаҳои илме, ки аз рӯи он Шуро таъсис дода мешавад ва дар мавриди тамдиди ваколати он барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо ба ҳамон тартибе, ки барои таъсис додани Шурои нав муайян шудааст, сурат мегирад.
36. Шуро метавонад бо иҷозати Комиссия барои ҳимояи диссертатсияҳое, ки ба тахассуси он қаробат доранд, ҳимояи якдафъаина ташкил намояд.
37. Дар мавриди ташкили ҳимояи якдафъаина ба ҳайати шурои амалкунанда, барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илм ва ё доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯйи ихтисос на кам аз 5 мутахассиси соҳа аз рӯйи ихтисоси дархостшаванда ворид карда мешаванд (2 доктори илм ё доктори ҳабилитат ва 3 номзади илм ё доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯйи ихтисос). Барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илм ва ё доктори ҳабилитат номзадони илм ва доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯйи ихтисос аз ҳайати Шуро, ки барои гузаронидани ҳимояи якдафъаина ташкил мешавад, бароварда шуда, ба ҳайати шурои амалкунанда аз рӯйи ихтисоси дархостшаванда на кам аз 5 доктори илм ё доктори ҳабилитат ворид карда мешаванд
38. хориҷ карда шуд .
39. Роҳбари муассиса ё раиси Шуро барои ташкили ҳимояи якдафъаина ҷиҳати дохил намудани аъзои иловагӣ ба Комиссия дархост ирсол менамояд. Ба дархост ҳамаи ҳуҷҷатҳоеро, ки барои аъзои Шуро Низомномаи мазкур муқаррар кардааст, замима менамояд.
40. Ҳангоми ба охир расидани муҳлати фаъолияти Шуро Муассиса бо дархост ҷиҳати тамдиди фаъолияти он ба Комиссия муроҷиат намуда, ҳуҷҷатҳои заруриро тибқи талаботи Низомномаи мазкур замима менамояд (замимаи 3). Дар ин сурат Шуро вазифадор аст, ки 2 моҳ пеш аз ба охир расидани муҳлати фаъолияти худ ҳуҷҷатҳои лозимаро ба Комиссия пешниҳод намояд. Қабул, баррасӣ ва ҳимояи диссертатсия пас аз анҷоми фаъолияти Шуро то тамдиди он, қатъиян манъ аст.
41. Муҳлати баррасии дархости Муассиса оид ба таъсиси Шуро дар Комиссия аз лаҳзаи воридшавии ҳуҷҷатҳои зарурӣ то 3 моҳ муқаррар мегардад .
3. ТАШКИЛИ КОРИ ШУРО
42. Шакли асосии фаъолияти Шуро маҷлис мебошад. Маҷлиси Шуро дар сурате босалоҳият ҳисобида мешавад, ки агар на кам аз се ду ҳиссаи шумораи умумии аъзои он иштирок намоянд. Салоҳиятнокии маҷлис бо нишон додани ному насаби иштироккунанда аз рӯи варақаи ҳузурӣ бо имзои раис ва котиби илмӣ муайян карда мешавад. Ҳангоми ҳимояи диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илм ва доктори фалсафа (РhD)-доктор аз рӯи ихтисос иштироки на кам аз 3 доктори илм ё доктори ҳабилитат ва 2 номзади илм ё доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯи ихтисос, ки аз рӯи ихтисоси илмии диссертатсия мутахассис ба ҳисоб мераванд, ҳатмӣ мебошад. Барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илм ва доктори ҳабилитат иштироки на кам аз 5 доктори илм ё доктори ҳабилитат зарур мебошад. Узви Шурои аз хориҷа даъватшуда, ки дар маҷлиси Шуро бо тариқи ҳузурӣ имконияти иштирок карданро надорад, метавонад ба таври маҷозӣ (онлайн) иштирок кунад. Дар ҳолати истисноӣ бо сабабҳои узрнок (беморӣ, сафари хизматӣ ва дигар сабабҳо) то се узви Шуро метавонанд ба таври маҷозӣ дар маҷлис иштирок намоянд
43. Қарори Шуро оид ба масъалаи додани дараҷаи илмӣ дар сурате қабулшуда ҳисобида мешавад, ки агар ба тарафдории он на кам аз се ду ҳиссаи аъзои дар маҷлис иштирокдоштаи Шуро овоз дода бошанд. Ҳузури аъзои Шуро дар маҷлис дар пайнавис (стенограмма) ва сабти аудио-видеоӣ дарҷ карда мешавад.
44. Ба маҷлиси Шуро раиси Шуро роҳбарӣ мекунад. Ҳангоми бо сабабҳои узрнок ҳузур надоштани ӯ, вазифаи раис ба уҳдаи муовини ӯ вогузор мегардад. Агар раиси Шуро ё муовини ӯ роҳбар (мушовир)-и илмӣ ва ё хешованди наздики довталаби дараҷаи илмӣ бошад, ҳуқуқи роҳбарии маҷлисро надорад. Дар мавриди имконнопазир будани иҷрои вазифа аз тарафи раис ва муовини раиси Шуро маҷлис ба вақти дигар ба муҳлати на кам аз 10 рӯз гузаронида мешавад. Дар ин хусус қарори Шуро ба парвандаи аттестатсионӣ замима мегардад. Дар сурати ба миён омадани ҳолатҳои фавқулодда бо сабабҳои беморӣ, эпидемия, ҳодисаҳои техногенӣ ва ғайра, ки ҳузури раис ва муовини ӯро дар кори Шуро зиёда аз як моҳ истисно менамояд, бо қарори Шуро баъди гирифтани иҷозати Комиссия вазифаи раисикунанда мумкин аст ба уҳдаи яке аз аъзои собиқадори ботаҷрибаи он вогузор гардад .
45. Дар мавриди дар маҷлис ҳузур надоштани котиби илмии Шуро ва роҳбари илмӣ (мушовир), ё хешу табори наздики довталаб, ё роҳбари илми (мушовир)-и ӯ будан бо овоздиҳии ошкоро иҷрои вазифаи котиби илмӣ ба уҳдаи яке аз аъзои Шуро вогузор мегардад. Котиби илмии Шуро, чун қоида, бояд корманди басти доимии Муассиса бошад. Агар ҳамзамон раис, муовини раис ва котиби илмӣ вазифаҳои худро иҷро карда натавонанд, маҷлиси Шуро гузаронида намешавад.
46. Шуро метавонад дар як рӯзи корӣ на зиёда аз 2 маҷлис баргузор намояд. Дар як маҷлис ҳимояи як диссертатсия иҷозат дода мешавад. Ба таври илова дар маҷлис Шуро метавонад масъалаи қабули диссертатсия ба ҳимоя ва масъалаҳои дигари ташкилиро баррасӣ намояд.
47. Протоколи маҷлиси Шуро дар асоси пайнавис (стенограмма) ва сабти аудио-видеоӣ мураттаб ва ба расмият дароварда шуда, аз тарафи раис ва котиби илмӣ имзо карда мешавад. Дар протоколи Шуро оғоз ва анҷоми маҷлис, ҳузури аъзо, аз ҷумла аъзо аз рӯи ихтисоси ҳимояшаванда ва мутахассисон аз рӯи ҳимояи якдафъаина қайд карда мешаванд.
48. Дар протоколи маҷлиси Шуро бояд ҷараёни кори он, саволу ҷавоб бо довталаб, суханронии муқарризони расмӣ ва ғайрирасмӣ, баҳсу мунозираҳо доир ба диссертатсия, натиҷаи овоздиҳӣ ва раванди тасдиқи протоколи овоздиҳии пинҳонӣ бояд пурра инъикос карда шаванд. Дар ҳолати вайрон шудани қоидаҳои овоздиҳии пинҳонӣ ҳайати комиссияи ҳисоб иваз карда шуда, овоздиҳии такрорӣ гузаронида мешавад.
49. Протоколи маҷлиси Шуро бо овоздиҳии ошкоро бо тарафдории аксарияти аъзои Шуро тасдиқ карда мешавад.
50. Пайнавис (стенограмма) ва навори видеоии ба протоколи маҷлиси Шуро замимагардида ба Комиссия ирсол карда шуда, нусхаи он муддати як сол дар Шуро нигоҳ дошта мешаванд.
4. ҚАБУЛИ ДИССЕРТАТСИЯ ВА ЭКСПЕРТИЗАИ ОН
51. Шуро барои баррасӣ диссертатсияеро қабул мекунад, ки ба он Муассисаи мавзӯъ ва роҳбари илмии довталабро тасдиқнамуда хулосаи мусбат дода бошад. Диссертатсия бояд ба ихтисосҳо ва соҳаи илме, ки аз рӯи онҳо ба Шуро ҳуқуқи гузаронидани ҳимоя дода шудааст, мутобиқ бошад.
52. Довталаби дараҷаи илмӣ, ки диссертатсияи ӯ аз тарафи Муассиса ба ҳимоя тавсия шудааст, ба Шуро ҳуҷҷатҳо ва маводи заруриро тибқи банди 57 Тартиби додани дараҷаҳои илмӣ пешниҳод менамояд.
53. Диссертатсия ба Шуро тибқи муқаррароти Комиссия дар шакли дастнависи компютерии бо барномаи антиплагиат санҷидашуда пешниҳод карда мешавад.
54. Баъди аз ҷониби Шуро ба ҳимоя қабул шудани диссертатсия ворид намудани тағйиру иловаҳо ба матни он, инчунин ворид намудани тағйиру иловаҳо ба матни автореферати диссертатсия манъ аст. Довталаб метавонад ба матни диссертатсия ва автореферати он тағйиру иловаҳо ворид намояд, агар диссертатсияро бо тартиби муқарраргардида аз ҳимоя бозхонд намуда бошад.
55. Котиби илмии Шуро парвандаи аттестатсионии пешниҳодгардидаро тибқи талаботи муқарраршуда санҷида, дар дафтари сабт ба қайд мегирад.
56. Дар мавриди мутобиқати ҳуҷҷатҳо ба талаботи муқарраршуда Шуро дар бораи гузаронидани экспертизаи диссертатсия ва таъйини комиссияи экспертӣ қарор қабул мекунад. Тартиби таъйини комиссияи экспертӣ ва гузаронидани экспертиза тибқи бандҳои 57-60 Тартиби додани дараҷаҳои илмӣ сурат мегирад.
57. Барои рад намудани баррасии минбаъдаи диссертатсия инҳо асос шуда метавонанд:
- хулосаи манфӣ аз рӯи натиҷаи экспертиза;
- мутобиқат накардани ихтисоси диссертатсия ба ихтисосҳо ва (ё) соҳаҳои илми ба Шуро вогузоршуда;
- имконнопазир будани ташкили ҳимояи якдафъаина.
58. Шахсони зерин эксперти диссертатсия шуда наметавонанд:
- раиси Шуро;
- роҳбари муассисае, ки дар он диссертатсия иҷро шудааст;
- роҳбари илмӣ (мушовир);
- ҳаммуаллифони таълифоти довталаб;
- хешовандони наздики довталаб ва роҳбар (мушовир)-и илмии ӯ (падар, модар, зан, шавҳар, фарзанд, бародар ва хоҳар);
- шахси зертобеи довталаб;
- корманди басти кории Комиссия;
- узви шурои экспертии дахлдори Комиссия.
- узви Раёсати Комиссия.
59. Шуро ҳуқуқ дорад, аз муассисае, ки дар он диссертатсия иҷро шудааст, маводи иловагӣ талаб намояд.
60. Шуро дар асоси хулосаи комиссияи экспертӣ дар хусуси ба баррасӣ қабул шудан ё нашудани диссертатсия ба довталаб иттилоъ медиҳад.
61. Ҳангоми мусбат арзёбӣ шудани натиҷаи экспертизаи диссертатсия Шуро бо қарори худ диссертатсияро ба ҳимоя қабул намуда, муқарризони расмӣ ва муассисаи пешбарро тибқи бандҳои 67, 69 ва 74-75 Тартиби додани дараҷаҳои илмӣ таъйин менамояд. Инчунин дар мавриди зарурӣ масъалаи ташкили ҳимояи якдафъинаи диссертатсияро бо тартиби муқарраргардида ҳал менамояд.
62. Муқарризони расмӣ ва муассисаи пешбар вазифадоранд, ки дар муҳлати муқарраршуда тақризҳоро омода намоянд. Агар тақризи муқарризи расмӣ, муассисаи пешбар ба талаботи муқарраршуда ҷавобгӯ набошад, Шуро ҳуқуқ дорад, ки онро барои коркард баргардонад ё муқарризи расмӣ ва муассисаи пешбарро иваз кунад. Дар ин ҳолат санаи нави ҳимояи диссертатсия муқаррар карда мешавад.
63. Баъди ба ҳимоя қабул намудани диссертатсия матни пурра ва автореферати он, инчунин эълони санаи ҳимоя дар муҳлати на дертар аз 5 рӯз дар сомонаҳои Муассиса ва Комиссия ҷойгир карда мешавад.
Ҳуҷҷатҳои зерин, ки дар раванди баррасии диссертатсия дар Шуро қабул мегарданд, дар сомонаи Муассиса ҷойгир карда мешаванд:
- тақризи роҳбар (мушовир)-и илмӣ;
- маълумотнома дар бораи роҳбар (мушовир)-и илмӣ;
- хулосаи натиҷаҳои ташхиси муқаддамотии диссертатсия дар муассисае, ки дар он диссертатсия иҷро шудааст;
- протоколи шурои диссертатсионӣ дар бораи таин намудани комиссияи экспертӣ;
- хулосаи комиссияи экспертӣ;
- протоколи шурои диссертатсионӣ дар бораи ба ҳимоя қабул намудани диссертатсия;
- маълумотнома дар бораи муқарризони расмӣ;
- маълумотнома дар бораи муассисаи пешбар;
- тақризҳои муқарризони расмӣ;
- тақризи муассисаи пешбар;
- тақризҳо ба автореферат (агар бошанд);
- протоколи ҷаласаи шурои диссератсионӣ;
- хулосаи шурои диссертатсионӣ дар бораи сазовор донистани довталаб ба дараҷаи илмӣ
64. Муҳлати баррасии диссертатсия дар Шуро аз вақти қабули он то баргузории ҳимоя барои диссертатсия оид ба дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯи ихтисос, номзади илм бояд на зиёда аз 3 моҳ ва барои диссертатсия оид ба дарёфти дараҷаи илмии доктори илм ва доктори ҳабилитат на зиёда аз 4 моҳ бошад. Матнҳои диссертатсия ва автореферати ба ҳимоя қабулшудаи довталаби дараҷаи илмӣ то 7 моҳи дигари баъди ҳимоя ва қабули қарори дахлдори Раёсати Комиссия дар сомонаи расмии Комиссия ва сомонаи Муассиса боқӣ мемонанд.
65. Автореферати диссертатсия ба суроғаи муассисаҳо аз рӯи феҳристи ҳатмӣ ва дахлдор на дертар аз 1 моҳ то рӯзи ҳимоя ирсол карда мешавад (замимаи 9). Як нусхаи диссертатсия ва ду нусхаи автореферат ба китобхонаи Муассиса супорида мешавад (.
66. Дар автореферат бояд суроға, сана ва соати баргузории маҷлиси Шуро оид ба ҳимояи диссертатсия нишон дода шавад. Ба ғайр аз ин, дар автореферат имзои довталаб ва котиби илмии Шуро гузошта мешавад.
67. Эълони ҳимояи диссертатсия дар сомонаи Комиссия барои диссертатсияҳои доктори фалсафа (РhD)-доктор аз рӯи ихтисос ва номзади илм на дертар аз 2 моҳ ва барои диссертатсияҳои доктори илм ва доктори ҳабилитат на дертар аз 3 моҳ пеш аз ҳимоя ҷойгир карда мешавад.
68. Эълони ҳимояи диссертатсия дар Муассиса на дертар аз 5 рӯз пеш аз ҳимоя бо нишон додани сана, вақт ва ҷои баргузоршавии маҷлиси Шуро насб карда мешавад. Ҳангоми ба вақти дигар гузаронидани санаи ҳимоя Шуро вазифадор аст, ки Комиссияро дар ин хусус бо нишон додани сабабҳои он огоҳ намуда, эълони навро дар сомонаи Муассиса ҷойгир намояд.
69. Шуро вазифадор аст, ки тақризҳои муқарризони расмӣ, муассисаи пешбар ва тақризҳои дигари воридшударо на дертар аз 10 рӯз пеш аз ҳимояи диссертатсия дар сомонаи Муассиса ҷойгир намуда, довталабро бо онҳо шинос намояд.
70. Хулосаи ниҳоии Шуро оид ба диссертатсия дар шакли лоиҳа бо пешниҳоди раиси Шуро аз ҷониби яке аз аъзои комиссияи экспертӣ дар асоси таҳлили тақризҳои муқарризони расмӣ, муассисаи пешбар ва тақризҳои дигари воридшуда таҳия карда мешавад (замимаи 4).
71. Агар диссертатсия аз рӯи ду ихтисос пешниҳод шуда бошад, дар лоиҳаи хулосаи Шуро бо дарназардошти нуктаҳои дар замимаи 4 зикршуда бояд қайд карда шавад, ки довталаб аз рӯи ҳар ду ё яке аз ихтисосҳо ба дараҷаи илмӣ сазовор дониста мешавад.
72. Хулосаи Шуро ба Комиссия бояд дар шакли хаттӣ ва электронӣ пешниҳод карда шавад.
5. ҲИМОЯИ ДИССЕРТАТСИЯ
73. Ҳимояи диссертатсия дар маҷлиси Шуро ошкоро, бо мубоҳисаи илмӣ, серталабӣ, воқеъбинӣ, масъулиятшиносӣ ва риояи меъёрҳои ахлоқӣ сурат мегирад.
74. Раванди ҳимоя бояд фарогири масъалаҳои зерин бошад:
- хориҷ карда шуд
- мутобиқати диссертатсия ба ихтисосҳо ва соҳаҳои илме, ки ба Шуро вогузор шудааст;
- мубрамияти мавзӯи диссертатсия;
- сатҳи баланд ва навгониҳои илмии таҳқиқот;
- боэътимод ва асоснок будани натиҷаҳо, хулоса ва тавсияҳое, ки дар диссертатсия баррасӣ шудаанд;
- саҳми шахсии довталаб дар бораи натиҷаҳои бадастовардашуда;
- аҳамияти илмӣ, амалӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии натиҷаҳои диссертатсия;
- истифодаи натиҷаҳои он дар истеҳсолот;
- риояи талабот оид ба таълифи диссертатсия;
- мутобиқати барасмиятдарории диссертатсия ба талаботи Комиссия.
75. Нисбат ба диссертатсия ҳар шахс метавонад андешаҳои худро пеш аз ҳимоя, дар ҷараёни ҳимоя ва баъди ҳимоя ба таври хаттӣ ё шифоҳӣ иброз намояд.
76. Дар оғози маҷлис раис дар асоси варақаи сабти ҳузури аъзои Шуро (замимаи 5) дар бораи салоҳиятнок будани маҷлис ҳозиринро огоҳ карда, рӯзномаи онро эълон мекунад, ки он ба протокол ҳамроҳ карда мешавад. Агар ҷаласаи Шуро дар санаи муқарраршуда бинобар набудани кворум, иштирок накардани муқарризони расмӣ ё пешниҳод нагардидани тақризи муассисаи пешбар баргузор нагардад, Шуро бо огоҳ намудани Комиссия санаи нави ҳимояро таъин менамояд
77. Иштироки муқарризони расмӣ дар ҳимояи диссертатсия ҳатмӣ мебошад. Дар мавриди бо сабабҳои узрнок иштирок надоштани яке аз муқарризони расмӣ гузаронидани ҳимоя дар ҳолате иҷозат дода мешавад, ки агар ӯ ба диссертатсия тақризи мусбат пешниҳод карда бошад. Дар ҳолатҳои истисноӣ муқарризони расмӣ метавонанд ба таври фосилавӣ (on-line) дар ҳимоя иштирок намоянд.
78. Раиси Шуро дар маҷлис насаб, ном, номи падари довталаб, мавзӯи диссертатсия, ихтисос ва соҳаи илмеро, ки аз рӯи он диссертатсия ба ҳимоя пешниҳод карда шудааст, муассисаи пешбар, насаб, ном, номи падар, дараҷаи илмӣ, вазифа ва ҷойи кори муқарризони расмӣ, аъзои Шуроро, ки мутахассисон оид ба тахассуси диссертатсия мебошанд, эълон мекунад.
79. Котиби илмии Шуро бо муҳтавои асосии ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи довталаб ҳозиринро шинос карда, дар бораи мутобиқати онҳо ба талаботи муқарраршуда иттилоъ медиҳад. Дар сурати доир намудани ҳимояи такрории диссертатсия, оид ба ҳимояи аввалаи он низ иттилоъ дода мешавад.
80. Лоиҳаи хулосаи Шуро оид ба диссертатсия ба аъзои Шуро барои шиносоӣ пеш аз оғози маҷлис пешниҳод карда мешавад.
81. Барои маърӯза ба довталаби дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯи ихтисос ва номзади илм то 20 дақиқа ва барои доктори ҳабилитат ва доктори илм то 40 дақиқа вақт дода мешавад. Пас аз он дар маҷлис саволу ҷавоб бо довталаб ба тариқи музокира сурат мегирад.
82. Баъд аз ҷавоби довталаб ба саволҳои аъзои Шуро ва иштирокчиёни дигар сухан ба роҳбар (мушовир)-и илмӣ дода мешавад. Дар баромади роҳбар (мушовир)-и илмӣ баҳои илмии диссертатсия, тавсифномаи фаъолияти илмӣ, илмӣ-омӯзгорӣ ва истеҳсолии довталаб, ҳамчунин сазовор будани ӯ ба дараҷаи илмӣ қайд карда мешавад. Дар ҳолати ҳузур надоштан ва ё бо хоҳиши роҳбар (мушовир)-и илмӣ котиби илмӣ метавонад тақризи ӯро қироат намояд.
83. Котиби илмии Шуро ҳозиринро бо хулоса оид ба натиҷаҳои экспертизаи муқаддамотии диссертатсия, тақризи муассисаи пешбар (пурра қироат мекунад), тақризҳои дигар оид ба диссертатсия ва автореферати он ки ба Шуро ворид шудаанд, шинос мекунад. Бо ризоияти Шуро котиби илмӣ метавонад шарҳи тақризҳоро оид ба диссертатсия ва автореферати он, бо қироати ҳатмии эродҳои дар он қайдшуда пешниҳод намояд. Тақризҳои манфӣ пурра қироат мешаванд.
84. Баъди шинос намудани ҳозирин бо тақризҳо сухан ба довталаб барои ҷавоб додан ба эродҳои дар тақризҳо ҷойдошта дода мешавад.
85. Пас аз анҷоми ҷавобҳои довталаб сухан ба муқарризони расмӣ дода мешавад. Муқарризон эродҳои ҷойдошта ва баҳои ниҳоиро ба диссертатсия, ки дар тақризҳо ҷой доранд, пурра қироат мекунанд. Дар мавриди ҳозир набудани яке аз муқарризон тақризи ӯ аз тарафи котиби илмии Шуро қироат карда мешавад.
86. Баъд аз суханронии ҳар як муқарриз ба довталаб барои ҷавоб гуфтан иҷозат дода мешавад.
87. Аъзои Шуро, ки оид ба ихтисоси диссертатсия мутахассис муқаррар шудаанд, вазифадоранд дар мубоҳиса иштирок кунанд ва ба диссертатсия баҳои асоснок диҳанд.
88. Ҳар як иштироккунандаи маҷлиси Шуро ҳуқуқ дорад, ки ба ҳайси муқарризи ғайрирасмӣ баромад намояд. Дар ҷараёни мубоҳиса довталаб ба эродҳои гирифтаи муқарризони ғайрирасмӣ ҷавоб медиҳад.
89. Баъди ба итмом расидани мубоҳисаҳо Шуро ба тартиби муқарраргардида овоздиҳии пинҳонӣ мегузаронад. Натиҷаи овоздиҳии пинҳонӣ бо протоколи комиссияи ҳисоб ба расмият дароварда мешавад.
90. Лоиҳаи хулосаи Шуро аз рӯи ҳимояи диссертатсия муҳокима шуда, протоколи маҷлис бо овоздиҳии ошкоро тасдиқ карда мешавад.
91. Дар мавриди манфӣ будани натиҷаи овоздиҳии пинҳонӣ Шуро доир ба диссертатсия хулоса қабул намекунад.
92. Довталаб тибқи банди 101 Тартиби додани дараҷаҳои илмӣ ҳуқуқ дорад, то оғози овоздиҳии пинҳонӣ бо ариза диссертатсияашро аз баррасии Шуро бозпас гирад. Шуро дар ин хусус ба Комиссия иттилоъ медиҳад.
93. Ба ғайр аз як нусхаи диссертатсия, ки якҷо бо ҳуҷҷатҳои дигари парвандаи аттестатсионӣ дар Шуро ба тартиби муқарраргардида маҳфуз дошта мешавад, ҳуҷҷатҳои дигар ба довталаб баргардонида мешаванд. Довталаб метавонад пас аз як сол баъди коркарди иловагӣ диссертатсияро такроран ба ҳимоя пешниҳод намояд.
94. Дар сурати ошкор гардидани сохтакорӣ, таҳриф, асардуздӣ ва хариду фурӯши натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ Шуро бо қарори худ бе ҳуқуқи ҳимояи такрорӣ диссертатсияро аз баррасии минбаъда бозпас гирифта, нусхаи қарорро бо замимаи протоколи маҷлис ба Комиссия ирсол мекунад.
95. Ҳангоми аз ҷониби Шуро қабул шудани қарори мусбат нусхаҳои диссертатсия ва автореферати он дар муддати 20 рӯз ба Муассисаи давлатии "Китобхонаи миллӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои дигари дахлдор ба тартиби муқарраргардида ирсол карда мешаванд.
96. Аз рӯи натиҷаи баррасии диссертатсия Шуро дар муддати то 30 рӯз парвандаи аттестатсионии довталабро ба Комиссия пешниҳод менамояд. Ҳангоми ба Комиссия саривақт пешниҳод нагардидани парвандаи аттестатсионӣ раиси Шуро дар мактуби ҳамроҳ сабабҳои таъхири онро тавзеҳ медиҳад. Дар сурати бе сабабҳои узрнок ба таъхир андохтани пешниҳоди парванда Комиссия Шуроро огоҳ менамояд.
97. Ҳуҷҷатҳои аттестатсионии довталаб ба Комиссия бояд дар шакли саҳифабандишуда (замимаи 6) ба забоне пешниҳод гардад, ки диссертатсия таълиф шудааст.
98. Ҳангоми қабули қарори манфӣ Шуро ба Комиссия нусхаи хулосаро оид ба натиҷаҳои экспертизаи аввалияи диссертатсия, автореферати диссертатсия, нусхаи тақризҳои ба он воридшуда, тақризҳои муқарризони расмӣ, муассисаи пешбар ва протоколи маҷлиси Шуроро ирсол менамояд. Ба протоколи маҷлис маълумотномаи мураттабнамудаи котиби илмии Шуро ҳамчун асос барои қабули қарор замима мегардад, ки он бояд фарогири эродҳои дар тақризҳои расмӣ оид ба диссертатсия ва автореферат ҷойдошта, ҳангоми ҳимоя баёншударо дарбар гирад. Маълумотнома бо имзои раис ва котиби илмии Шуро таҳия шуда, аз ҷониби роҳбари Муассиса тасдиқ карда мешавад.
99. Довталаб ҳуқуқ дорад дар муддати на зиёда аз 1 моҳ пас аз қабули қарори манфии Шуро ба Комиссия шикоят намояд. Баррасии шикоят аз ҷониби Комиссия бо тартиби муқарраргардида сурат мегирад.
100. Ҳимояи такрории диссертатсияи азнавкоркардшуда на барвақттар аз як сол пас аз қабули қарори манфии Шуро иҷозат дода мешавад.
101. Дар хулосаи муассисае, ки экспертизаи аввалияи диссертатсияи азнавкоркардшударо гузаронидааст, бояд тағйиру иловаҳои муҳими воридкардашуда қайд карда шаванд. Ҳимояи такрории диссертатсия бо иваз намудани муқарризони расмӣ ва муассисаи пешбар баргузор мегардад.
102. Дар сурати аз ҷониби Шуро баргузор намудани ҳимояи диссертатсия баъди гузаштани муҳлати ваколати он, ҳимоя беэътибор дониста мешавад.
103. Дар сурати тибқи замимаи 6 ба Комиссия пешниҳод нагардидани парвандаи аттестатсионии довталаб ва риоя нашудани тартиби барасмиятдарории он Комиссия парвандаро ба Шуро барои коркард бармегардонад. Дар ин ҳолат муҳлати баррасии диссертатсия дар Комиссия аз лаҳзаи қабули маводи такмилшуда мутобиқи талаботи муқарраргардида ҳисобида мешавад.
104. Ҳангоми мавҷуд будани эродҳои шурои экспертӣ дар хусуси барасмиятдарории техникии хулоса оид ба диссертатсия Шуро вазифадор аст, ки онҳоро дар муддати даҳ рӯз ислоҳ кунад. Ин вақт ба муҳлати муқарраршудаи баррасии диссертатсия дар Комиссия дохил намешавад.
6. ТАРТИБИ ОВОЗДИҲИИ ПИНҲОНӢ
105. Барои овоздиҳии пинҳонӣ дар ҳайати се нафар аз ҷумлаи аъзои Шуро комиссияи ҳисоб интихоб карда мешавад.
106. Дар овоздиҳии пинҳонӣ он аъзои Шуро иштирок карда метавонад, ки агар дар маҷлис аз аввал то ба охир иштирок карда, дар варақаи ҳузур имзо гузошта бошад. Ҳангоми овоздиҳии пинҳонӣ ҳузури довталаб ва шахсони ғайр қатъиян манъ аст. Раванди овоздиҳии ҳар як узви Шуро бояд пурра дар сабти видеоӣ нишон дода шавад .
107. Дар мавриди бо сабабҳои узрнок тарк кардани маҷлис аъзои Шуро вазифадор аст, ки дар ин хусус котиби илмиро огоҳ намояд. Котиби илмӣ ба варақаи ҳузур қайди дахлдорро ворид менамояд.
108. Комиссияи ҳисоб бюллетенҳоро (замимаи 7) омода намуда, ба аъзои Шуро бо гирифтани имзои онҳо тақсим мекунад. Бюллетенҳои тақсимнашуда бо қайди дахлдор то оғози овоздиҳии пинҳонӣ дар комиссияи ҳисоб нигоҳ дошта мешавад. Пеш аз овоздиҳии пинҳонӣ комиссияи ҳисоб шаффофияти қуттии бюллетенҳоро месанҷад.
109. Аъзои Шуро дар овоздиҳии пинҳонӣ иштирок намуда, тибқи муқаррарот ба тарафдорӣ ё муқобили лоиҳаи қарор овоз медиҳад. Овоздиҳии аъзои Шуро махфӣ буда, ба назорат аз болои он роҳ дода намешавад. Инчунин вогузор намудани ҳуқуқи овоздиҳӣ ба аъзои дигари Шуро манъ аст. Ҳангоми риоя нагардидани қоидаи мазкур овоздиҳии такрорӣ гузаронида мешавад.
110. Комиссияи ҳисоб натиҷаи овоздиҳиро аз рӯи бюллетенҳои истифодашуда муайян мекунад.
111. Аз рӯи натиҷаи ҷамъбасти овоздиҳӣ протоколи (замимаи 8) маҷлиси комиссияи ҳисоб мураттаб карда шуда, он бо бюллетенҳои истифодашуда ва тақсимнашуда ба котиби илмии Шуро супорида мешаванд.
112. Протоколи маҷлиси комиссияи ҳисоб ва варақаи ҳузур ба протоколи маҷлиси Шуро замима карда шуда, бюллетенҳои истифодашуда ва тақсимнашуда дар лифофа ҷойгир, ширеш ва муҳр гузошта мешавад. Ҳуҷҷатҳои мазкур то қабул гардидани қарори ниҳоии Раёсати Комиссия аз рӯи масъалаи додан ё надодани дараҷаи илмӣ ҳамроҳ бо парвандаи аттестатсионии довталаб то муддати 1 сол дар Шуро маҳфуз дошта мешаванд .
113. Дар сурати аз ҷониби Шуро риоя нагардидани тартиби муқарраршудаи баррасии диссертатсия Комиссия ҳуқуқ дорад қарори Шуроро оид ба додани дараҷаи илмӣ бекор намуда, диссертатсияро барои ҳимояи такрорӣ баргардонад.
7. МАҲРУМ ВА БАРҚАРОР КАРДАНИ ДАРАҶАИ ИЛМӢ
114. Шуро доир ба маҳрум ва барқарор кардани дараҷаи илмӣ тибқи Тартиби додани дараҷаҳои илмӣ қарор қабул мекунад.
8. ТАЪМИНОТИ МОДДӢ-ТЕХНИКИИ ШУРО ВА НАЗОРАТИ ФАЪОЛИЯТИ ОН
115. Муассиса таъминоти моддӣ-техникӣ ва шароити мусоидро барои фаъолияти Шуро фароҳам месозад. Барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои Шуро бо муҳри Муассиса тасдиқ карда мешавад.
116. Дар сурати таъсис додани Шурои муштарак таъминоти моддӣ-техникӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолияти Шуро тибқи шартномаи тарафҳо амалӣ карда мешавад.
117. Назорат аз болои фаъолияти Шуро аз ҷониби Комиссия амалӣ карда мешавад.
118. Шуро вазифадор аст, ки ба Комиссия то 15 январи соли тақвимӣ ё 15 рӯз пас аз санаи хотима ёфтани ваколати худ аз рӯи шакли муқарраршуда ҳисобот пешниҳод кунад.
119. Дар мавриди ба охир расидани муҳлати ваколати Шуро фаъолияти он аз тарафи Комиссия тибқи банди 40 Низомномаи мазкур ба муҳлати то 5 сол метавонад тамдид карда шавад. Дар ин сурат Муассиса ба Комиссия на дертар аз 2 моҳ то ба охир расидани муҳлати ваколати Шуро бо замима намудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ (замимаи 3) дархост манзур менамояд.
120. Боздоштани фаъолияти Шуро бо қарори Раёсати Комиссия дар ҳолати риоя нагардидани талаботи банди 7 Низомномаи мазкур бо роҳи ба таври хаттӣ огоҳ кардани роҳбари Муассиса ба муҳлати то 6 моҳ амалӣ карда мешавад. Шуро аз лаҳзаи боздошта шудани фаъолияташ ҳуқуқ надорад, ки диссертатсияро ба баррасӣ қабул кунад. Шуро дар ин муддат хатоҳои роҳдодашударо ислоҳ намуда, метавонад ба Комиссия оид ба бекор карда шудани боздории фаъолияташ масъала гузорад.
121. Фаъолияти Шуро дар ҳолатҳои зерин қатъ гардонида мешавад:
- дар ҳолати бартараф накардани камбудиҳо;
- такроран риоя нагардидани талаботи бандҳои 7 ва 120 Низомномаи мазкур;
- такроран гузаронидани ҳимояи диссертатсия бо теъдоди нокифояи мутахассисони соҳа;
- ба охир расидани муҳлати фаъолият ва пешниҳод нагардидани дархост ҷиҳати тамдиди он;
- ошкор гардидани ҳолатҳои номатлуби коррупсионӣ;
- баргузор намудани ҳимояи диссертатсия дар мавриди ошкор будани амали ношоистаи илмии довталаб.
122. Комиссия баррасии диссертатсияҳоеро, ки то тамдид, эълони боз доштан ё қатъ гардонидани фаъолияти Шуро ба баррасӣ қабул шудаанд, тибқи муқаррарот ҳал менамояд.
9. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
123. Иҷрои талаботи Низомномаи мазкур барои ҳамаи муассисаҳое, ки дар наздашон Шуроҳо амал мекунанд, ҳатмӣ мебошад.
124. Шуро баррасии диссертатсияҳоеро, ки дорои сирри давлатӣ ё хидматӣ мебошанд, бо риоя намудани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сирри давлатӣ ва мутобиқи Низомномаи мазкур амалӣ менамояд.
125. Шуро масъалаҳои дигареро, ки дар Низомномаи мазкур танзим нагардидаанд, тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал менамояд.
*** дар тамоми матни Низомнома калимаҳои "ШӯРО", "Шӯро", "Шӯрои", "шӯрои", "Шӯроро" ва "шӯроҳои" мувофиқан ба калимаҳои "ШУРО", "Шуро", "Шурои", "шурои", "Шуроро" ва "шуроҳои" иваз карда шудааст
Замимаҳои 1-9
Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "30" июни соли 2021, №267
Низомномаи шӯрои диссертатсионӣ
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Низомномаи шӯрои диссертатсионӣ (минбаъд - Низомномаи мазкур) тартиби ташкил ва фаъолияти шӯроҳои диссертатсионӣ (минбаъд - Шӯро) оид ба дарёфти дараҷаҳои илмии номзади илм, доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯи ихтисос, доктори илм ва доктори ҳабилитат, гузаронидани маҷлисҳои Шӯро, қоидаҳои қабули диссертатсияҳо барои ҳимоя ва экспертизаи аввалия, экспертизаи муқарризони расмӣ ва муассисаи пешбар, ҳимояи ошкорои он, маҳрум ва барқарор кардани дараҷаҳои илмӣ ва инчунин таъминоти моддӣ-техникӣ ва назорати фаъолияти Шӯроро муқаррар менамояд.
2. Шӯро фаъолияти худро тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузории амалкунанда, инчунин Тартиби додани дараҷаҳои илмӣ ва Низомномаи мазкур ба роҳ мемонад.
3. Шӯро талаботи ягонаро нисбат ба довталаби дараҷаи илмӣ ва диссертатсияи ӯ таъмин намуда, таҳлили муҳтавои диссертатсияро ба роҳ монда, ба диссертатсияҳои ба ҳимоя пешниҳодшуда баҳои илмӣ медиҳад.
4. Баррасии диссертатсияҳо дар Шӯро давраҳои зеринро дар бар мегирад:
- экспертизаи аввалия;
- экспертизаи муқарризони расмӣ ва муассисаи пешбар;
- ҳимояи ошкорои диссертатсия.
5. Аз рӯи натиҷаҳои ҳимояи ошкорои диссертатсия Шӯро барои додани дараҷаи илмии номзади илм, доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯи ихтисос, доктори илм ва доктори ҳабилитат қарор қабул намуда, фаъолияти зеринро анҷом медиҳад:
- ба Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Комиссия) оид ба додани дараҷаи илмии номзади илм, доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯи ихтисос, доктори илм ва доктори ҳабилитат дархост пешниҳод мекунад;
- ба диссертатсияе, ки дар Шӯрои дигари наздик аз рӯи самти илм ҳимоя шудааст, хулосаи иловагӣ медиҳад;
- дар бораи натиҷаҳои баррасии шикоятҳо оид ба масъалаи додани дараҷаҳои илмӣ дар мавриди риоя накардани тартиби пешниҳод намудан ба ҳимоя ва ҳимояи диссертатсияҳо хулоса медиҳад;
- ҳар сол фаъолияти худро (бо дарназардошти муҳтавои диссертатсияҳои ҳимояшуда ва пешниҳоди интишороти аъзои шӯро дар давраи ҳисоботӣ) таҳлил намуда, оид ба натиҷаҳои он ба Комиссия ҳисобот пешниҳод менамояд;
- ваколатҳои дигарро тибқи муқаррароти Тартиби додани дараҷаҳои илмӣ амалӣ менамояд.
6. Шӯро барои мувофиқати диссертатсияҳо ба ихтисосҳо ва самтҳои пешниҳодшуда, воқеӣ будани сифати экспертизаи онҳо, асоснок будани қарорҳои дахлдори нисбат ба онҳо қабулшуда, мувофиқати онҳо ба муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи мазкур ва Тартиби додани дараҷаҳои илмӣ масъул мебошад. Шӯро вазифадор аст, ки ба дархости Комиссия тавзеҳоти зарурӣ диҳад ва барои гузаронидани экспертиза ва ҳимояи диссертатсия маводи дахлдорро пешниҳод намояд.
7. Дар мавриди риоя нашудани расмиёти пешниҳод ва ҳимояи диссертатсияҳо, воқеӣ набудани экспертизаи онҳо Комиссия баъди огоҳӣ додан ҳуқуқ дорад бо тартиби муқарраргардида фаъолияти Шӯроро боздорад ва ё қатъ кунад.
8. Агар дар натиҷаи экспертизаи ҳуҷҷатҳои парвандаи аттестатсионӣ дар Комиссия вайрон карда шудани талабот оид ба қоидаҳои ҳимоя аз ҷониби Шӯро ошкор шуда бошад, Комиссия ҳуқуқ дорад, ки диссертатсияи ҳимояшударо барои ҳимояи такрорӣ ба Шӯрои мазкур баргардонад.
9. Шӯро ба довталаби дараҷаи илмӣ дар масъалаҳои вобаста ба ҳимояи диссертатсия ёрии амалию методӣ мерасонад.
10. Муассисаҳои илмӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ, ки дар заминаи онҳо Шӯро таъсис дода шудааст (минбаъд-Муассиса), уҳдадоранд матни пурраи диссертатсия, автореферати он ва маводи иттилоотиро тибқи талаботи Тартиби додани дараҷаҳои илмӣ дар сомонаи расмии худ дар шабакаи иттилоотию телекоммуникатсионии интернет (минбаъд-сомонаи Муассиса) ҷойгир карда, сабти аудиоӣ ва видеоии маҷлисҳои Шӯроро ба роҳ монад. Дар мавридҳои зарурӣ реҷаи онлайнии маҷлиси Шӯроро бо мақсади ошкорбаёнии фаъолияти он таъмин намояд.
11. Муассиса хароҷоти муқарризони расмӣ ва хароҷоти дигари вобаста ба ҳимояи диссертатсияро пардохт мекунад. Ҳар гуна хароҷоти вобаста ба баррасӣ ва ҳимояи диссертатсияҳо дар Шӯро (ба истиснои шаҳрвандони хориҷӣ, агар тибқи созишномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дар асоси шартномаи баимзорасидаи байни довталаби дараҷаи илмӣ ва муассисаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар муқаррар нашуда бошад) аз ҳисоби довталаби дарёфти дараҷаи илмӣ қатъиян манъ аст.
12. Роҳбари Муассиса барои мутобиқати ҳайат ва фаъолияти Шӯро мувофиқи талаботи Низомномаи мазкур ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи аттестатсияи давлатии кормандони илмӣ ва (ё) илмию техникии тахассуси олӣ масъул мебошад.
13. Шӯро диссертатсияи шахсони мансабдори давлатии ҳокимияти давлатӣ ва хизмати давлатиро тибқи тартиби тасдиқнамудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳимоя қабул менамояд.
14. Шӯро диссертатсияҳои шаҳрвандони хориҷиро ба ҳимоя дар сурате қабул карда метавонад, ки агар байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлати марбут дар ин бобат шартномаи дуҷониба ё бисёрҷониба мавҷуд бошад ё довталаб бо тартиби муқарраргардида бо муассисаи таълимӣ (илмӣ)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон шартнома (қарордод) ҷиҳати тайёр кардани кадрҳои илмиро ба имзо расонида, инчунин хароҷоти ҳимояи диссертатсия ва экспертизаи онро пурра пардохт намуда бошад, агар дар шартномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар муқаррар нашуда бошад.
2. ТАРТИБИ ТАЪСИСИ ШӯРО
15. Шӯро барои баррасӣ ва ҳимояи диссертатсияҳо оид ба дарёфти дараҷаҳои илмии номзади илм, доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯи ихтисос, доктори илм ва доктори ҳабилитат таъсис дода мешавад. Шӯро бо қарори Комиссия дар заминаи муассисае, ки бо кадрҳои илмии дорои тахассуси олӣ таъмин буда, дорои дастовардҳои бузурги илмӣ мебошад ва дар самтҳои дахлдори илм таҳқиқоти илмиро фаъолона амалӣ менамояд, инчунин, кормандони илмии тахассуси олиро дар аспирантура (адъюнктура) ва докторантура аз рӯи ихтисос, докторантура, постдокторантура ва ба тариқи унвонҷӯӣ тайёр мекунад, таъсис дода мешавад.
16. Номгӯйи ҳуҷҷатҳо оид ба таъсиси шӯрои диссертатсионӣ тибқи замимаи 1 Низомномаи мазкур ба Комиссия пешниҳод мегардад.
17. Ҳангоми зарурат то 3 Муассиса метавонанд Шӯрои муштарак ташкил намояд.
18. Шӯрои муштарак дар асоси созишномаи байни муассисаҳо дар заминаи муассисае, ки бо дастовардҳои бузурги илмиаш дар соҳаи муайяни илм маъруф аст ва ба талаботи бандҳои 19-31 Низомномаи мазкур мувофиқат мекунад, таъсис дода мешавад (замимаи 2).
19. Комиссия на зиёда аз 3 ихтисоси ба ҳам наздикро аз рӯи як ё ду соҳаи илм муайян карда, ба Шӯро ҳуқуқи қабул ва баррасии диссертатсияҳоро вогузор менамояд.
20. Ба ҳайати Шӯро докторони илм ва докторони ҳабилитате дохил шуда метавонанд, ки дар муддати 5 соли охир аз рӯи ихтисоси соҳаи илми дархостшаванда дар маҷаллаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷӣ тибқи Феҳристи Комиссия на кам аз 5 мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои тақризшаванда, 1 монография ва 2 маърӯза дар конфронси сатҳи ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ дошта бошанд. Номзади илм ё доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯи ихтисосе, ки унвони илмии дотсент ва на камтар аз 10 сол таҷрибаи корҳои илмӣтаълимӣ дошта, дар муддати 5 соли охир аз рӯи ихтисоси соҳаи илми дархостшаванда на кам аз 1 дастури методӣ, 1 монография ва ё 5 мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои тақризшаванда ба нашр расонидааст, ҳуқуқи аъзои Шӯро шуданро дорад. Дар муассисаи илмӣ танҳо сарходими илмӣ, ки на камтар аз 10 сол таҷрибаи корҳои илмӣ дошта, дар муддати 5 соли охир аз рӯи ихтисоси соҳаи илми дархостшаванда 1 монография ва ё на кам аз 5 мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои тақризшаванда ба нашр расонидааст, ҳуқуқи аъзои Шӯро шуданро дорад. Мутобиқати аъзои Шӯро ба ихтисосҳои дархостшуда бо дипломи дараҷаи илмӣ ва (ё) бо интишороти илмии онҳо тасдиқ карда мешавад.
21. Шумораи ҳайати Шӯро аз 9 то 15 нафарро ташкил медиҳад. Ба ҳайати Шӯро мутахассисон аз муассисаҳои дигари илмӣ ва таълимӣ бояд дохил карда шаванд, ки шумораи онҳо на зиёда аз нисфи ҳайати умумии Шӯро бошад. Ба ҳайати Шӯро ворид намудани хешовандони наздик (падар, модар, зан, шавҳар, фарзанд, бародар ва хоҳар) манъ аст.
22. Шӯро дар ҳайати раис, муовин, котиби илмӣ ва аъзои Шӯро, ки унвони илмии дотсентӣ доранд, ба муҳлати то 5 сол таъсис дода мешавад.
23. Раиси Шӯро доктори илм ё доктори ҳабилитат аз рӯи яке аз ихтисосҳои дархостшаванда ва бо дастовардҳои илмии худ маъруф бояд бошад, ки на кам аз 3 мутахассиси баландихтисоси дорои дараҷаи илмӣ тайёр кардааст. Дар мавридҳои истисноӣ, дар мувофиқа бо Комиссия, корманди муассисаи дигар низ раиси Шӯро шуда метавонад. Дар чунин мавридҳо муовини раис бояд корманди доимии Муассиса бошад.
24. Муовини раиси Шӯро бояд доктори илм ё доктори ҳабилитат аз рӯи яке аз ихтисосҳои дархостшаванда бошад, ки бо дастовардҳои илмии худ маъруф буда, на кам аз 2 мутахассиси баландихтисоси дорои дараҷаи илмӣ тайёр карда бошад.
25. Котиби илмии Шӯро бояд доктори илм, доктори ҳабилитат, номзади илм ва ё доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯи ихтисос аз рӯи яке аз ихтисосҳои дархостшаванда ва корманди доимии Муассиса бошад.
26. Раис, муовини раис ва котиби илмии Шӯрои муштарак кормандони доимии муассисаҳои гуногуни иштирокчии созишнома мебошанд.
27. Барои таъсиси Шӯро ҷиҳати дарёфти дараҷаи илмии доктори илм ва доктори ҳабилитат дар Тоҷикистон вуҷуд доштани 5 мутахассиси дорои дараҷаи илмии доктори илм ва доктори ҳабилитат аз рӯи ихтисоси дархостшаванда зарур аст, ки 2 нафари онҳо бояд корманди басти доимии ҳамин муассиса бошанд.
28. Барои таъсиси Шӯро ҷиҳати дарёфти дараҷаи илмии номзади илм ва доктори фаласафа (PhD)-доктор аз рӯи ихтисос зарур аст, ки дар Тоҷикистон 5 мутахассиси дорои дараҷаи илмии ихтисоси дархостшаванда мавҷуд бошанд, ки на кам аз 3 нафари онҳо доктори илм ё доктори ҳабилитат ва 2 нафари онҳо корманди басти доимии ин Муассиса бошанд.
29. Талабот ба ҳайати Шӯро барои ихтисосҳои нодир (тибқи Феҳристи ихтисосҳо):
- барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илм ё доктори ҳабилитат на кам аз 3 мутахассиси дорои дараҷаи илмии доктори илм ё доктори ҳабилитат мутобиқи ихтисоси дархостшаванда;
- барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илм ё доктори фаласафа (PhD)-доктор аз рӯи ихтисос на кам аз 2 (ба таври истисно на кам аз 1) мутахассиси дорои дараҷаи илмии доктори илм ё доктори ҳабилитат мутобиқи ихтисоси дархостшаванда.
30. Дар ҳолати дар Ҷумҳурии Тоҷикистон набудани шумораи кофии мутахассисон барои таъсиси Шӯро, ба тариқи истисно ба ҳайати он мутахассисон аз кишварҳои хориҷӣ (на зиёда аз ду нафар аз рӯи ҳар як ихтисос) шомил шуда метавонанд. Дар ин сурат хароҷоти даъвати мутахассисони аз хориҷи кишвар ҷалбшуда ба зиммаи Муассиса вогузор мегардад.
31. Шумораи аъзо, ҳайати шахсӣ, муҳлати ваколати Шӯро ва феҳристи ихтисосҳои соҳаи илме, ки аз рӯи онҳо ҳимояи диссертатсияҳо баргузор мегарданд, дар асоси дархости Муассиса бо қарори Раёсати Комиссия тасдиқ карда мешавад. Дархост бояд фарогири иттилоот дар бораи дастовардҳои илмии Муассиса дар соҳаи дахлдори илм, шумораи докторони илм, докторони ҳабилитат, номзадҳои илм ва докторони фаласафа (PhD)-докторон аз рӯи ихтисос, мавҷуд будани аспирантура, докторантура, докторантура аз рӯи ихтисос, постдокторантура ва ниҳоди (институти) унвонҷӯӣ бошад. Дар сурати мавҷуд набудани шиносномаи ихтисосҳое, ки аз рӯи онҳо Шӯро таъсис дода мешавад, Муассиса ба дархост лоиҳаи шиносномаи ин ихтисосҳоро илова менамояд.
32. Доктори илм ё доктори ҳабилитат ҳуқуқ дорад, ки дар як Шӯро на зиёда аз ду ихтисос ва номзади илм ё доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯи ихтисос танҳо як ихтисосро намояндагӣ кунад. Як мутахассис бо дараҷаи илмии доктори илм ё доктори ҳабилитат метавонад ба ҳайати на зиёда аз 3 Шӯро дохил шавад. Мутахассиси дорои дараҷаи илмии номзади илм ё доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯи ихтисос метавонад ба ҳайати на зиёда аз 1 Шӯро дохил шавад. Кормандони басти кории Комиссия, узви Раёсати Комиссия ва аъзои шӯрои экспертии Комиссия наметавонанд аъзои Шӯро бошанд.
33. Роҳбар ва муовини роҳбари мақоми давлатӣ, инчунин узви Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шӯро, муовини ӯ ва котиби илмӣ шуда наметавонанд.
34. Тағйири ҳайати Шӯро, иваз намудани раис, муовини ӯ ва котиби илмии Шӯро дар асоси дархости Муассиса бо қарори Раёсати Комиссия сурат мегирад. Тағйири ҳайати Шӯро, аз ҷумла иваз намудани раис, муовини ӯ ва котиби илмии Шӯро метавонад бо ташаббуси Комиссия амалӣ гардад.
35. Ҳангоми тағйири феҳристи ихтисосҳо ва соҳаҳои илме, ки аз рӯи он Шӯро таъсис дода мешавад ва дар мавриди тамдиди ваколати он барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо ба ҳамон тартибе, ки барои таъсис додани Шӯрои нав муайян шудааст, сурат мегирад.
36. Шӯро метавонад бо иҷозати Комиссия барои ҳимояи диссертатсияҳое, ки ба тахассуси он қаробат доранд, ҳимояи якдафъаина ташкил намояд.
37. Барои ташкили ҳимояи якдафъаина ба ҳайати Шӯро бо ҳуқуқи овози ҳалкунанда мутахассисон аз рӯи ихтисоси диссертатсия илова мегарданд:
- барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илм ва доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯи ихтисос на кам аз 2 доктори ҳабилитат ё доктори илм (барои ихтисосҳои нодир 1 доктори ҳабилитат ё доктори илм);
- барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илм ва доктори ҳабилитат на кам аз 5 доктори ҳабилитат ё доктори илм.
38. Роҳбари илми (ё мушовир)-и довталаб ба ҳайати ин Шӯро дохил шуда наметавонад.
39. Роҳбари муассиса ё раиси Шӯро барои ташкили ҳимояи якдафъаина ҷиҳати дохил намудани аъзои иловагӣ ба Комиссия дархост ирсол менамояд. Ба дархост ҳамаи ҳуҷҷатҳоеро, ки барои аъзои Шӯро Низомномаи мазкур муқаррар кардааст, замима менамояд.
40. Ҳангоми ба охир расидани муҳлати фаъолияти Шӯро Муассиса бо дархост ҷиҳати тамдиди фаъолияти он ба Комиссия муроҷиат намуда, ҳуҷҷатҳои заруриро тибқи талаботи Низомномаи мазкур замима менамояд (замимаи 3). Дар ин сурат Шӯро вазифадор аст, ки 2 моҳ пеш аз ба охир расидани муҳлати фаъолияти худ ҳуҷҷатҳои лозимаро ба Комиссия пешниҳод намояд. Қабул, баррасӣ ва ҳимояи диссертатсия пас аз анҷоми фаъолияти Шӯро то тамдиди он, қатъиян манъ аст.
41. Муҳлати баррасии дархости Муассиса оид ба таъсиси Шӯро дар Комиссия аз лаҳзаи воридшавии ҳуҷҷатҳои зарурӣ то 6 моҳ муқаррар мегардад.
3. ТАШКИЛИ КОРИ ШӯРО
42. Шакли асосии фаъолияти Шӯро маҷлис мебошад. Маҷлиси Шӯро дар сурате босалоҳият ҳисобида мешавад, ки агар на кам аз се ду ҳиссаи шумораи умумии аъзои он иштирок намоянд. Салоҳиятнокии маҷлис бо нишон додани ному насаби иштироккунанда аз рӯи варақаи ҳузурӣ бо имзои раис ва котиби илмӣ муайян карда мешавад. Ҳангоми ҳимояи диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илм ва доктори фалсафа (РhD)-доктор аз рӯи ихтисос иштироки на кам аз 3 доктори илм ё доктори ҳабилитат ва 2 номзади илм ё доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯи ихтисос, ки аз рӯи ихтисоси илмии диссертатсия мутахассис ба ҳисоб мераванд, ҳатмӣ мебошад. Барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илм ва доктори ҳабилитат иштироки на кам аз 5 доктори илм ё доктори ҳабилитат зарур мебошад.
43. Қарори Шӯро оид ба масъалаи додани дараҷаи илмӣ дар сурате қабулшуда ҳисобида мешавад, ки агар ба тарафдории он на кам аз се ду ҳиссаи аъзои дар маҷлис иштирокдоштаи Шӯро овоз дода бошанд. Ҳузури аъзои Шӯро дар маҷлис дар пайнавис (стенограмма) ва сабти аудио-видеоӣ дарҷ карда мешавад.
44. Ба маҷлиси Шӯро раиси Шӯро роҳбарӣ мекунад. Ҳангоми бо сабабҳои узрнок ҳузур надоштани ӯ, вазифаи раис ба уҳдаи муовини ӯ вогузор мегардад. Агар раис (муовини раис)-и Шӯро хешовандони наздики довталаби дараҷаи илмӣ бошад, ҳуқуқи роҳбарии маҷлисро надорад. Дар мавриди имконнопазир будани иҷрои вазифа аз тарафи раис ва муовини раиси Шӯро маҷлис ба вақти дигар ба муҳлати на кам аз 10 рӯз гузаронида мешавад. Дар ин хусус қарори Шӯро ба парвандаи аттестатсионӣ замима мегардад. Дар сурати ба миён омадани ҳолатҳои фавқулодда бо сабабҳои беморӣ, эпидемия, ҳодисаҳои техногенӣ ва ғайра, ки ҳузури раис ва муовини ӯро дар кори Шӯро зиёда аз як моҳ истисно менамояд, бо қарори Шӯро баъди гирифтани иҷозати Комиссия вазифаи раисикунанда мумкин аст ба уҳдаи яке аз аъзои собиқадори ботаҷрибаи он вогузор гардад.
45. Дар мавриди дар маҷлис ҳузур надоштани котиби илмии Шӯро ва роҳбари илмӣ (мушовир), ё хешу табори наздики довталаб, ё роҳбари илми (мушовир)-и ӯ будан бо овоздиҳии ошкоро иҷрои вазифаи котиби илмӣ ба уҳдаи яке аз аъзои Шӯро вогузор мегардад. Котиби илмии Шӯро, чун қоида, бояд корманди басти доимии Муассиса бошад. Агар ҳамзамон раис, муовини раис ва котиби илмӣ вазифаҳои худро иҷро карда натавонанд, маҷлиси Шӯро гузаронида намешавад.
46. Шӯро метавонад дар як рӯзи корӣ на зиёда аз 2 маҷлис баргузор намояд. Дар як маҷлис ҳимояи як диссертатсия иҷозат дода мешавад. Ба таври илова дар маҷлис Шӯро метавонад масъалаи қабули диссертатсия ба ҳимоя ва масъалаҳои дигари ташкилиро баррасӣ намояд.
47. Протоколи маҷлиси Шӯро дар асоси пайнавис (стенограмма) ва сабти аудио-видеоӣ мураттаб ва ба расмият дароварда шуда, аз тарафи раис ва котиби илмӣ имзо карда мешавад. Дар протоколи Шӯро оғоз ва анҷоми маҷлис, ҳузури аъзо, аз ҷумла аъзо аз рӯи ихтисоси ҳимояшаванда ва мутахассисон аз рӯи ҳимояи якдафъаина қайд карда мешаванд.
48. Дар протоколи маҷлиси Шӯро бояд ҷараёни кори он, саволу ҷавоб бо довталаб, суханронии муқарризони расмӣ ва ғайрирасмӣ, баҳсу мунозираҳо доир ба диссертатсия, натиҷаи овоздиҳӣ ва раванди тасдиқи протоколи овоздиҳии пинҳонӣ бояд пурра инъикос карда шаванд. Дар ҳолати вайрон шудани қоидаҳои овоздиҳии пинҳонӣ ҳайати комиссияи ҳисоб иваз карда шуда, овоздиҳии такрорӣ гузаронида мешавад.
49. Протоколи маҷлиси Шӯро бо овоздиҳии ошкоро бо тарафдории аксарияти аъзои Шӯро тасдиқ карда мешавад.
50. Пайнавис (стенограмма) ва навори видеоии ба протоколи маҷлиси Шӯро замимагардида ба Комиссия ирсол карда шуда, нусхаи он муддати як сол дар Шӯро нигоҳ дошта мешаванд.
4. ҚАБУЛИ ДИССЕРТАТСИЯ ВА ЭКСПЕРТИЗАИ ОН
51. Шӯро барои баррасӣ диссертатсияеро қабул мекунад, ки ба он Муассисаи мавзӯъ ва роҳбари илмии довталабро тасдиқнамуда хулосаи мусбат дода бошад. Диссертатсия бояд ба ихтисосҳо ва соҳаи илме, ки аз рӯи онҳо ба Шӯро ҳуқуқи гузаронидани ҳимоя дода шудааст, мутобиқ бошад.
52. Довталаби дараҷаи илмӣ, ки диссертатсияи ӯ аз тарафи Муассиса ба ҳимоя тавсия шудааст, ба Шӯро ҳуҷҷатҳо ва маводи заруриро тибқи банди 57 Тартиби додани дараҷаҳои илмӣ пешниҳод менамояд.
53. Диссертатсия ба Шӯро тибқи муқаррароти Комиссия дар шакли дастнависи компютерии бо барномаи антиплагиат санҷидашуда пешниҳод карда мешавад.
54. Баъди аз ҷониби Шӯро ба ҳимоя қабул шудани диссертатсия ворид намудани тағйиру иловаҳо ба матни он, инчунин ворид намудани тағйиру иловаҳо ба матни автореферати диссертатсия манъ аст. Довталаб метавонад ба матни диссертатсия ва автореферати он тағйиру иловаҳо ворид намояд, агар диссертатсияро бо тартиби муқарраргардида аз ҳимоя бозхонд намуда бошад.
55. Котиби илмии Шӯро парвандаи аттестатсионии пешниҳодгардидаро тибқи талаботи муқарраршуда санҷида, дар дафтари сабт ба қайд мегирад.
56. Дар мавриди мутобиқати ҳуҷҷатҳо ба талаботи муқарраршуда Шӯро дар бораи гузаронидани экспертизаи диссертатсия ва таъйини комиссияи экспертӣ қарор қабул мекунад. Тартиби таъйини комиссияи экспертӣ ва гузаронидани экспертиза тибқи бандҳои 57-60 Тартиби додани дараҷаҳои илмӣ сурат мегирад.
57. Барои рад намудани баррасии минбаъдаи диссертатсия инҳо асос шуда метавонанд:
- хулосаи манфӣ аз рӯи натиҷаи экспертиза;
- мутобиқат накардани ихтисоси диссертатсия ба ихтисосҳо ва (ё) соҳаҳои илми ба Шӯро вогузоршуда;
- имконнопазир будани ташкили ҳимояи якдафъаина.
58. Шахсони зерин эксперти диссертатсия шуда наметавонанд:
- раиси Шӯро;
- роҳбари муассисае, ки дар он диссертатсия иҷро шудааст;
- роҳбари илмӣ (мушовир);
- ҳаммуаллифони таълифоти довталаб;
- хешовандони наздики довталаб ва роҳбар (мушовир)-и илмии ӯ (падар, модар, зан, шавҳар, фарзанд, бародар ва хоҳар);
- шахси зертобеи довталаб;
- корманди басти кории Комиссия;
- узви шӯрои экспертии дахлдори Комиссия.
- узви Раёсати Комиссия.
59. Шӯро ҳуқуқ дорад, аз муассисае, ки дар он диссертатсия иҷро шудааст, маводи иловагӣ талаб намояд.
60. Шӯро дар асоси хулосаи комиссияи экспертӣ дар хусуси ба баррасӣ қабул шудан ё нашудани диссертатсия ба довталаб иттилоъ медиҳад.
61. Ҳангоми мусбат арзёбӣ шудани натиҷаи экспертизаи диссертатсия Шӯро бо қарори худ диссертатсияро ба ҳимоя қабул намуда, муқарризони расмӣ ва муассисаи пешбарро тибқи бандҳои 67, 69 ва 74-75 Тартиби додани дараҷаҳои илмӣ таъйин менамояд. Инчунин дар мавриди зарурӣ масъалаи ташкили ҳимояи якдафъинаи диссертатсияро бо тартиби муқарраргардида ҳал менамояд.
62. Муқарризони расмӣ ва муассисаи пешбар вазифадоранд, ки дар муҳлати муқарраршуда тақризҳоро омода намоянд. Агар тақризи муқарризи расмӣ, муассисаи пешбар ба талаботи муқарраршуда ҷавобгӯ набошад, Шӯро ҳуқуқ дорад, ки онро барои коркард баргардонад ё муқарризи расмӣ ва муассисаи пешбарро иваз кунад. Дар ин ҳолат санаи нави ҳимояи диссертатсия муқаррар карда мешавад.
63. Баъди ба ҳимоя қабул намудани диссертатсия матни пурра ва автореферати он, инчунин эълони санаи ҳимоя дар муҳлати на дертар аз 5 рӯз дар сомонаҳои Муассиса ва Комиссия ҷойгир карда мешавад.
64. Муҳлати баррасии диссертатсия дар Шӯро аз вақти қабули он то баргузории ҳимоя барои диссертатсия оид ба дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯи ихтисос, номзади илм бояд на зиёда аз 3 моҳ ва барои диссертатсия оид ба дарёфти дараҷаи илмии доктори илм ва доктори ҳабилитат на зиёда аз 4 моҳ бошад. Матнҳои диссертатсия ва автореферати ба ҳимоя қабулшудаи довталаби дараҷаи илмӣ то 7 моҳи дигари баъди ҳимоя ва қабули қарори дахлдори Раёсати Комиссия дар сомонаи расмии Комиссия ва сомонаи Муассиса боқӣ мемонанд.
65. Автореферати диссертатсия ба суроғаи муассисаҳо аз рӯи феҳристи ҳатмӣ ва дахлдор на дертар аз 1 моҳ то рӯзи ҳимоя ирсол карда мешавад. Як нусхаи диссертатсия ва ду нусхаи автореферат ба китобхонаи Муассиса супорида мешавад.
66. Дар автореферат бояд суроға, сана ва соати баргузории маҷлиси Шӯро оид ба ҳимояи диссертатсия нишон дода шавад. Ба ғайр аз ин, дар автореферат имзои довталаб ва котиби илмии Шӯро гузошта мешавад.
67. Эълони ҳимояи диссертатсия дар сомонаи Комиссия барои диссертатсияҳои доктори фалсафа (РhD)-доктор аз рӯи ихтисос ва номзади илм на дертар аз 2 моҳ ва барои диссертатсияҳои доктори илм ва доктори ҳабилитат на дертар аз 3 моҳ пеш аз ҳимоя ҷойгир карда мешавад.
68. Эълони ҳимояи диссертатсия дар Муассиса на дертар аз 5 рӯз пеш аз ҳимоя бо нишон додани сана, вақт ва ҷои баргузоршавии маҷлиси Шӯро насб карда мешавад. Ҳангоми ба вақти дигар гузаронидани санаи ҳимоя Шӯро вазифадор аст, ки Комиссияро дар ин хусус бо нишон додани сабабҳои он огоҳ намуда, эълони навро дар сомонаи Муассиса ҷойгир намояд.
69. Шӯро вазифадор аст, ки тақризҳои муқарризони расмӣ, муассисаи пешбар ва тақризҳои дигари воридшударо на дертар аз 10 рӯз пеш аз ҳимояи диссертатсия дар сомонаи Муассиса ҷойгир намуда, довталабро бо онҳо шинос намояд.
70. Хулосаи ниҳоии Шӯро оид ба диссертатсия дар шакли лоиҳа бо пешниҳоди раиси Шӯро аз ҷониби яке аз аъзои комиссияи экспертӣ дар асоси таҳлили тақризҳои муқарризони расмӣ, муассисаи пешбар ва тақризҳои дигари воридшуда таҳия карда мешавад (замимаи 4).
71. Агар диссертатсия аз рӯи ду ихтисос пешниҳод шуда бошад, дар лоиҳаи хулосаи Шӯро бо дарназардошти нуктаҳои дар замимаи 4 зикршуда бояд қайд карда шавад, ки довталаб аз рӯи ҳар ду ё яке аз ихтисосҳо ба дараҷаи илмӣ сазовор дониста мешавад.
72. Хулосаи Шӯро ба Комиссия бояд дар шакли хаттӣ ва электронӣ пешниҳод карда шавад.
5. ҲИМОЯИ ДИССЕРТАТСИЯ
73. Ҳимояи диссертатсия дар маҷлиси Шӯро ошкоро, бо мубоҳисаи илмӣ, серталабӣ, воқеъбинӣ, масъулиятшиносӣ ва риояи меъёрҳои ахлоқӣ сурат мегирад.
74. Раванди ҳимоя бояд фарогири масъалаҳои зерин бошад:
- мутобиқати тахассуси довталаб ба ихтисоси илмии интихобшуда;
- мутобиқати диссертатсия ба ихтисосҳо ва соҳаҳои илме, ки ба Шӯро вогузор шудааст;
- мубрамияти мавзӯи диссертатсия;
- сатҳи баланд ва навгониҳои илмии таҳқиқот;
- боэътимод ва асоснок будани натиҷаҳо, хулоса ва тавсияҳое, ки дар диссертатсия баррасӣ шудаанд;
- саҳми шахсии довталаб дар бораи натиҷаҳои бадастовардашуда;
- аҳамияти илмӣ, амалӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии натиҷаҳои диссертатсия;
- истифодаи натиҷаҳои он дар истеҳсолот;
- риояи талабот оид ба таълифи диссертатсия;
- мутобиқати барасмиятдарории диссертатсия ба талаботи Комиссия.
75. Нисбат ба диссертатсия ҳар шахс метавонад андешаҳои худро пеш аз ҳимоя, дар ҷараёни ҳимоя ва баъди ҳимоя ба таври хаттӣ ё шифоҳӣ иброз намояд.
76. Дар оғози маҷлис раис дар асоси варақаи сабти ҳузури аъзои Шӯро (замимаи 5) дар бораи салоҳиятнок будани маҷлис ҳозиринро огоҳ карда, рӯзномаи онро эълон мекунад, ки он ба протокол ҳамроҳ карда мешавад.
77. Иштироки муқарризони расмӣ дар ҳимояи диссертатсия ҳатмӣ мебошад. Дар мавриди бо сабабҳои узрнок иштирок надоштани яке аз муқарризони расмӣ гузаронидани ҳимоя дар ҳолате иҷозат дода мешавад, ки агар ӯ ба диссертатсия тақризи мусбат пешниҳод карда бошад. Дар ҳолатҳои истисноӣ муқарризони расмӣ метавонанд ба таври фосилавӣ (on-line) дар ҳимоя иштирок намоянд.
78. Раиси Шӯро дар маҷлис насаб, ном, номи падари довталаб, мавзӯи диссертатсия, ихтисос ва соҳаи илмеро, ки аз рӯи он диссертатсия ба ҳимоя пешниҳод карда шудааст, муассисаи пешбар, насаб, ном, номи падар, дараҷаи илмӣ, вазифа ва ҷойи кори муқарризони расмӣ, аъзои Шӯроро, ки мутахассисон оид ба тахассуси диссертатсия мебошанд, эълон мекунад.
79. Котиби илмии Шӯро бо муҳтавои асосии ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи довталаб ҳозиринро шинос карда, дар бораи мутобиқати онҳо ба талаботи муқарраршуда иттилоъ медиҳад. Дар сурати доир намудани ҳимояи такрории диссертатсия, оид ба ҳимояи аввалаи он низ иттилоъ дода мешавад.
80. Лоиҳаи хулосаи Шӯро оид ба диссертатсия ба аъзои Шӯро барои шиносоӣ пеш аз оғози маҷлис пешниҳод карда мешавад.
81. Барои маърӯза ба довталаби дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯи ихтисос ва номзади илм то 20 дақиқа ва барои доктори ҳабилитат ва доктори илм то 40 дақиқа вақт дода мешавад. Пас аз он дар маҷлис саволу ҷавоб бо довталаб ба тариқи музокира сурат мегирад.
82. Баъд аз ҷавоби довталаб ба саволҳои аъзои Шӯро ва иштирокчиёни дигар сухан ба роҳбар (мушовир)-и илмӣ дода мешавад. Дар баромади роҳбар (мушовир)-и илмӣ баҳои илмии диссертатсия, тавсифномаи фаъолияти илмӣ, илмӣ-омӯзгорӣ ва истеҳсолии довталаб, ҳамчунин сазовор будани ӯ ба дараҷаи илмӣ қайд карда мешавад. Дар ҳолати ҳузур надоштан ва ё бо хоҳиши роҳбар (мушовир)-и илмӣ котиби илмӣ метавонад тақризи ӯро қироат намояд.
83. Котиби илмии Шӯро ҳозиринро бо хулоса оид ба натиҷаҳои экспертизаи муқаддамотии диссертатсия, тақризи муассисаи пешбар (пурра қироат мекунад), тақризҳои дигар оид ба диссертатсия ва автореферати он ки ба Шӯро ворид шудаанд, шинос мекунад. Бо ризоияти Шӯро котиби илмӣ метавонад шарҳи тақризҳоро оид ба диссертатсия ва автореферати он, бо қироати ҳатмии эродҳои дар он қайдшуда пешниҳод намояд. Тақризҳои манфӣ пурра қироат мешаванд.
84. Баъди шинос намудани ҳозирин бо тақризҳо сухан ба довталаб барои ҷавоб додан ба эродҳои дар тақризҳо ҷойдошта дода мешавад.
85. Пас аз анҷоми ҷавобҳои довталаб сухан ба муқарризони расмӣ дода мешавад. Муқарризон эродҳои ҷойдошта ва баҳои ниҳоиро ба диссертатсия, ки дар тақризҳо ҷой доранд, пурра қироат мекунанд. Дар мавриди ҳозир набудани яке аз муқарризон тақризи ӯ аз тарафи котиби илмии Шӯро қироат карда мешавад.
86. Баъд аз суханронии ҳар як муқарриз ба довталаб барои ҷавоб гуфтан иҷозат дода мешавад.
87. Аъзои Шӯро, ки оид ба ихтисоси диссертатсия мутахассис муқаррар шудаанд, вазифадоранд дар мубоҳиса иштирок кунанд ва ба диссертатсия баҳои асоснок диҳанд.
88. Ҳар як иштироккунандаи маҷлиси Шӯро ҳуқуқ дорад, ки ба ҳайси муқарризи ғайрирасмӣ баромад намояд. Дар ҷараёни мубоҳиса довталаб ба эродҳои гирифтаи муқарризони ғайрирасмӣ ҷавоб медиҳад.
89. Баъди ба итмом расидани мубоҳисаҳо Шӯро ба тартиби муқарраргардида овоздиҳии пинҳонӣ мегузаронад. Натиҷаи овоздиҳии пинҳонӣ бо протоколи комиссияи ҳисоб ба расмият дароварда мешавад.
90. Лоиҳаи хулосаи Шӯро аз рӯи ҳимояи диссертатсия муҳокима шуда, протоколи маҷлис бо овоздиҳии ошкоро тасдиқ карда мешавад.
91. Дар мавриди манфӣ будани натиҷаи овоздиҳии пинҳонӣ Шӯро доир ба диссертатсия хулоса қабул намекунад.
92. Довталаб тибқи банди 101 Тартиби додани дараҷаҳои илмӣ ҳуқуқ дорад, то оғози овоздиҳии пинҳонӣ бо ариза диссертатсияашро аз баррасии Шӯро бозпас гирад. Шӯро дар ин хусус ба Комиссия иттилоъ медиҳад.
93. Ба ғайр аз як нусхаи диссертатсия, ки якҷо бо ҳуҷҷатҳои дигари парвандаи аттестатсионӣ дар Шӯро ба тартиби муқарраргардида маҳфуз дошта мешавад, ҳуҷҷатҳои дигар ба довталаб баргардонида мешаванд. Довталаб метавонад пас аз як сол баъди коркарди иловагӣ диссертатсияро такроран ба ҳимоя пешниҳод намояд.
94. Дар сурати ошкор гардидани сохтакорӣ, таҳриф, асардуздӣ ва хариду фурӯши натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ Шӯро бо қарори худ бе ҳуқуқи ҳимояи такрорӣ диссертатсияро аз баррасии минбаъда бозпас гирифта, нусхаи қарорро бо замимаи протоколи маҷлис ба Комиссия ирсол мекунад.
95. Ҳангоми аз ҷониби Шӯро қабул шудани қарори мусбат нусхаҳои диссертатсия ва автореферати он дар муддати 20 рӯз ба Муассисаи давлатии "Китобхонаи миллӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои дигари дахлдор ба тартиби муқарраргардида ирсол карда мешаванд.
96. Аз рӯи натиҷаи баррасии диссертатсия Шӯро дар муддати то 30 рӯз парвандаи аттестатсионии довталабро ба Комиссия пешниҳод менамояд. Ҳангоми ба Комиссия саривақт пешниҳод нагардидани парвандаи аттестатсионӣ раиси Шӯро дар мактуби ҳамроҳ сабабҳои таъхири онро тавзеҳ медиҳад. Дар сурати бе сабабҳои узрнок ба таъхир андохтани пешниҳоди парванда Комиссия Шӯроро огоҳ менамояд.
97. Ҳуҷҷатҳои аттестатсионии довталаб ба Комиссия бояд дар шакли саҳифабандишуда (замимаи 6) ба забоне пешниҳод гардад, ки диссертатсия таълиф шудааст.
98. Ҳангоми қабули қарори манфӣ Шӯро ба Комиссия нусхаи хулосаро оид ба натиҷаҳои экспертизаи аввалияи диссертатсия, автореферати диссертатсия, нусхаи тақризҳои ба он воридшуда, тақризҳои муқарризони расмӣ, муассисаи пешбар ва протоколи маҷлиси Шӯроро ирсол менамояд. Ба протоколи маҷлис маълумотномаи мураттабнамудаи котиби илмии Шӯро ҳамчун асос барои қабули қарор замима мегардад, ки он бояд фарогири эродҳои дар тақризҳои расмӣ оид ба диссертатсия ва автореферат ҷойдошта, ҳангоми ҳимоя баёншударо дарбар гирад. Маълумотнома бо имзои раис ва котиби илмии Шӯро таҳия шуда, аз ҷониби роҳбари Муассиса тасдиқ карда мешавад.
99. Довталаб ҳуқуқ дорад дар муддати на зиёда аз 1 моҳ пас аз қабули қарори манфии Шӯро ба Комиссия шикоят намояд. Баррасии шикоят аз ҷониби Комиссия бо тартиби муқарраргардида сурат мегирад.
100. Ҳимояи такрории диссертатсияи азнавкоркардшуда на барвақттар аз як сол пас аз қабули қарори манфии Шӯро иҷозат дода мешавад.
101. Дар хулосаи муассисае, ки экспертизаи аввалияи диссертатсияи азнавкоркардшударо гузаронидааст, бояд тағйиру иловаҳои муҳими воридкардашуда қайд карда шаванд. Ҳимояи такрории диссертатсия бо иваз намудани муқарризони расмӣ ва муассисаи пешбар баргузор мегардад.
102. Дар сурати аз ҷониби Шӯро баргузор намудани ҳимояи диссертатсия баъди гузаштани муҳлати ваколати он, ҳимоя беэътибор дониста мешавад.
103. Дар сурати тибқи замимаи 6 ба Комиссия пешниҳод нагардидани парвандаи аттестатсионии довталаб ва риоя нашудани тартиби барасмиятдарории он Комиссия парвандаро ба Шӯро барои коркард бармегардонад. Дар ин ҳолат муҳлати баррасии диссертатсия дар Комиссия аз лаҳзаи қабули маводи такмилшуда мутобиқи талаботи муқарраргардида ҳисобида мешавад.
104. Ҳангоми мавҷуд будани эродҳои шӯрои экспертӣ дар хусуси барасмиятдарории техникии хулоса оид ба диссертатсия Шӯро вазифадор аст, ки онҳоро дар муддати даҳ рӯз ислоҳ кунад. Ин вақт ба муҳлати муқарраршудаи баррасии диссертатсия дар Комиссия дохил намешавад.
6. ТАРТИБИ ОВОЗДИҲИИ ПИНҲОНӢ
105. Барои овоздиҳии пинҳонӣ дар ҳайати се нафар аз ҷумлаи аъзои Шӯро комиссияи ҳисоб интихоб карда мешавад.
106. Дар овоздиҳии пинҳонӣ он аъзои Шӯро иштирок карда метавонад, ки агар дар маҷлис аз аввал то ба охир иштирок карда, дар варақаи ҳузур имзо гузошта бошад.
107. Дар мавриди бо сабабҳои узрнок тарк кардани маҷлис аъзои Шӯро вазифадор аст, ки дар ин хусус котиби илмиро огоҳ намояд. Котиби илмӣ ба варақаи ҳузур қайди дахлдорро ворид менамояд.
108. Комиссияи ҳисоб бюллетенҳоро (замимаи 7) омода намуда, ба аъзои Шӯро бо гирифтани имзои онҳо тақсим мекунад. Бюллетенҳои тақсимнашуда бо қайди дахлдор то оғози овоздиҳии пинҳонӣ дар комиссияи ҳисоб нигоҳ дошта мешавад. Пеш аз овоздиҳии пинҳонӣ комиссияи ҳисоб шаффофияти қуттии бюллетенҳоро месанҷад.
109. Аъзои Шӯро дар овоздиҳии пинҳонӣ иштирок намуда, тибқи муқаррарот ба тарафдорӣ ё муқобили лоиҳаи қарор овоз медиҳад. Овоздиҳии аъзои Шӯро махфӣ буда, ба назорат аз болои он роҳ дода намешавад. Инчунин вогузор намудани ҳуқуқи овоздиҳӣ ба аъзои дигари Шӯро манъ аст. Ҳангоми риоя нагардидани қоидаи мазкур овоздиҳии такрорӣ гузаронида мешавад.
110. Комиссияи ҳисоб натиҷаи овоздиҳиро аз рӯи бюллетенҳои истифодашуда муайян мекунад.
111. Аз рӯи натиҷаи ҷамъбасти овоздиҳӣ протоколи (замимаи 8) маҷлиси комиссияи ҳисоб мураттаб карда шуда, он бо бюллетенҳои истифодашуда ва тақсимнашуда ба котиби илмии Шӯро супорида мешаванд.
112. Протоколи маҷлиси комиссияи ҳисоб ва варақаи ҳузур ба протоколи маҷлиси Шӯро замима карда шуда, бюллетенҳои истифодашуда ва тақсимнашуда дар лифофа ҷойгир, ширеш ва муҳр гузошта мешавад. Ҳуҷҷатҳои мазкур то қабул гардидани қарори ниҳоии Раёсати Комиссия аз рӯи масъалаи додан ё надодани дараҷаи илмӣ ҳамроҳ бо парвандаи аттестатсионии довталаб то муддати 6 моҳ дар Шӯро маҳфуз дошта мешаванд.
113. Дар сурати аз ҷониби Шӯро риоя нагардидани тартиби муқарраршудаи баррасии диссертатсия Комиссия ҳуқуқ дорад қарори Шӯроро оид ба додани дараҷаи илмӣ бекор намуда, диссертатсияро барои ҳимояи такрорӣ баргардонад.
7. МАҲРУМ ВА БАРҚАРОР КАРДАНИ ДАРАҶАИ ИЛМӢ
114. Шӯро доир ба маҳрум ва барқарор кардани дараҷаи илмӣ тибқи Тартиби додани дараҷаҳои илмӣ қарор қабул мекунад.
8. ТАЪМИНОТИ МОДДӢ-ТЕХНИКИИ ШӯРО ВА НАЗОРАТИ ФАЪОЛИЯТИ ОН
115. Муассиса таъминоти моддӣ-техникӣ ва шароити мусоидро барои фаъолияти Шӯро фароҳам месозад. Барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои Шӯро бо муҳри Муассиса тасдиқ карда мешавад.
116. Дар сурати таъсис додани Шӯрои муштарак таъминоти моддӣтехникӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолияти Шӯро тибқи шартномаи тарафҳо амалӣ карда мешавад.
117. Назорат аз болои фаъолияти Шӯро аз ҷониби Комиссия амалӣ карда мешавад.
118. Шӯро вазифадор аст, ки ба Комиссия то 15 январи соли тақвимӣ ё 15 рӯз пас аз санаи хотима ёфтани ваколати худ аз рӯи шакли муқарраршуда ҳисобот пешниҳод кунад.
119. Дар мавриди ба охир расидани муҳлати ваколати Шӯро фаъолияти он аз тарафи Комиссия тибқи банди 40 Низомномаи мазкур ба муҳлати то 5 сол метавонад тамдид карда шавад. Дар ин сурат Муассиса ба Комиссия на дертар аз 2 моҳ то ба охир расидани муҳлати ваколати Шӯро бо замима намудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ (замимаи 3) дархост манзур менамояд.
120. Боздоштани фаъолияти Шӯро бо қарори Раёсати Комиссия дар ҳолати риоя нагардидани талаботи банди 7 Низомномаи мазкур бо роҳи ба таври хаттӣ огоҳ кардани роҳбари Муассиса ба муҳлати то 6 моҳ амалӣ карда мешавад. Шӯро аз лаҳзаи боздошта шудани фаъолияташ ҳуқуқ надорад, ки диссертатсияро ба баррасӣ қабул кунад. Шӯро дар ин муддат хатоҳои роҳдодашударо ислоҳ намуда, метавонад ба Комиссия оид ба бекор карда шудани боздории фаъолияташ масъала гузорад.
121. Фаъолияти Шӯро дар ҳолатҳои зерин қатъ гардонида мешавад:
- дар ҳолати бартараф накардани камбудиҳо;
- такроран риоя нагардидани талаботи бандҳои 7 ва 120 Низомномаи мазкур;
- такроран гузаронидани ҳимояи диссертатсия бо теъдоди нокифояи мутахассисони соҳа;
- ба охир расидани муҳлати фаъолият ва пешниҳод нагардидани дархост ҷиҳати тамдиди он;
- ошкор гардидани ҳолатҳои номатлуби коррупсионӣ;
- баргузор намудани ҳимояи диссертатсия дар мавриди ошкор будани амали ношоистаи илмии довталаб.
122. Комиссия баррасии диссертатсияҳоеро, ки то тамдид, эълони боз доштан ё қатъ гардонидани фаъолияти Шӯро ба баррасӣ қабул шудаанд, тибқи муқаррарот ҳал менамояд.
9. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
123. Иҷрои талаботи Низомномаи мазкур барои ҳамаи муассисаҳое, ки дар наздашон Шӯроҳо амал мекунанд, ҳатмӣ мебошад.
124. Шӯро баррасии диссертатсияҳоеро, ки дорои сирри давлатӣ ё хидматӣ мебошанд, бо риоя намудани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сирри давлатӣ ва мутобиқи Низомномаи мазкур амалӣ менамояд.
125. Шӯро масъалаҳои дигареро, ки дар Низомномаи мазкур танзим нагардидаанд, тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал менамояд.
Замимаҳои 1-8