Замима
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 июни соли 2021, № 270
Регламенти техникии "Бехатарии маҳсулоти машрубот"
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Регламенти техникии "Бехатарии маҳсулоти машрубот" (минбаъд - Регламенти техникӣ), талаботи ҳатмиро нисбат ба маҳсулоти машруботи дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муомилот баровардашуда, равандҳои ба он алоқаманди истеҳсол, нигаҳдорӣ, интиқол, фурӯш ва истифодаи партовҳо ва талаботро оид ба тамғагузорӣ ва бастабандии маҳсулоти машрубот барои таъмини гардиши озоди он дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
2. Регламенти техникӣ бо мақсади ҳифзи ҳаёт ва саломатии инсон, моликият, муҳити зист, ҳаёт ва саломатии ҳайвоноту наботот, пешгирии амалҳое, ки истеъмолкунандагони маҳсулоти машруботро нисбат ба таъинот ва бехатарии он ба иштибоҳ меорад, таҳия карда шудааст.
2. ДОИРАИ АМАЛИШАВИИ РЕГЛАМЕНТИ ТЕХНИКӢ
3. Регламенти техникӣ ба маҳсулоти машруботӣ, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муомилот бароварда мешаванд, татбиқ мегардад. Объектҳои танзими техникии Регламенти техникӣ ба шумор мераванд:
- маҳсулоти машрубот;
- равандҳои истеҳсол, нигаҳдорӣ, интиқол, фурӯш ва истифодаи партовҳо вобаста ба талабот нисбат ба маҳсулоти машруботӣ.
4. Регламенти техникӣ ба доираи маҳсулоти машруботӣ татбиқ намегардад:
- маҳсулоти машруботие, ки тавассути ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи транзит интиқол дода мешавад;
- маҳсулоти машруботие, ки бо мақсадҳои илмӣ истеҳсол карда мешавад;
маҳсулоти машруботие, ки барои истифодаи шахсии ашхоси воқеӣ бе мақсади фурӯши минбаъда дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсол мегардад;
- маҳсулоти машруботие, ки тибқи созишномаҳои тиҷорати хориҷӣ аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон берун содир карда мешавад;
- маҳсулоте, ки мутобиқи рӯйхат, тибқи замимаи 1 дорои спирти этилӣ мебошад.
3. ИСТИЛОҲОТ ВА МАФҲУМҲО
5. Бо мақсади татбиқи муқаррароти Регламенти техникӣ истилоҳот ва мафҳумҳои зерин истифода мешаванд:
1) маҳсулоти машруботӣ- маҳсулоти хӯрокворие мебошад, ки аз ашёи хоми хӯрокворӣ ва (ё) маҳсулоти хӯроквории дорои спирти этилӣ ё бе истифодаи онҳо тайёр карда шудааст ва миқдори спирти этилӣ дар он ба истиснои маҳсулоти дар рӯйхати замимаи 1 Регламенти техникӣ пешбинишуда, зиёда аз 0,5 фоизро ташкил медиҳад. Маҳсулоти машруботӣ ба намудҳои зерин ҷудо карда мешавад: спирти этилӣ, нӯшокиҳои спиртӣ, нӯшокиҳои камспирт, маҳсулоти шаробӣ, дистилятҳо, маҳсулоти пиво, маҳсулоти шарбатпазӣ, маҳсулоти хӯрокаи спиртдор;
2) ҳаҷми зиёди маҳсулоти машруботӣ - маҳсулоти машруботе, ки дар зарфҳои саноатӣ ё нақлиётӣ (зарфҳои ғунҷоишашон зиёд, аз ҷумла чалакҳои калон (бочкаҳо), зарфҳои махсуси калон, зарфҳои калонғунҷоиши интиқолии роҳи оҳан ва автомобилӣ, флекситанкҳо ва таҷҳизоти шабеҳ барои интиқол бо воситаҳои нақлиёти гуногун) ҷойгир карда шуда, барои рехтан дар зарфҳои махсуси истеъмолӣ ва истеҳсоли дигар намудҳои маҳсулоти машруботӣ ё дигар навъи маҳсулот пешниҳод гардидаанд ва то ҷойгирсозӣ дар зарфҳои махсус ва коркарди дубора ҳангоми истеҳсоли дигар намуди маҳсулоти машруботӣ ё маҳсулоти дигар ҳамчун маҳсулоти тайёр ба муомилот бароварда намешаванд;
3) маҳсулоти шаробӣ - маҳсулоти машруботӣ:
- дар натиҷаи ҷӯшиши пурраи спирти буттамеваҳои яклухт ё майдакардашудаи ангури тару тоза ё худ меваи он, шираи ангур ё шираи дигар меваҳо омодашуда;
- бо полоиши баъдинаи маҳсулоти ҷӯшонидашуда ва пухта расонидан (солгашт кардан) ё бе нигоҳдорӣ омодагардида;
- дар натиҷаи ҷӯшиши пурраи спирти буттамеваҳои яклухт ё майдакардашудаи ангури тару тоза ё худ меваи он, шираи ангур ё шираи дигар меваҳо омодашуда бо иловаи як ё зиёда аз маҳсулоти зерин: спирти этилии софкорикардашуда аз ашёи хоми ғизоӣ, соф кардани ангур, муқаттарсозии маҳсулоти шаробӣ, мевагӣ, аз ҷумла полудасозии маҳсулоти таркибаш қанддошта, маводҳои ширин, иловаҳои ғизоӣ, хушбӯйсозандаҳо, диоксиди карбон, об мутобиқи нишондоди ҳуҷҷатҳо, дар мувофиқа бо нишондоде, ки (стандарт, стандарти ташкилот, шарти техникӣ ё ҳуҷҷати дигар) маҳсулоти машруботӣ дар асоси он омода карда мешавад;
- барои истеҳсоли маҳсулоти шаробтайёркунӣ тибқи рӯйхат аз рӯи замимаи 3, бо истифодаи равандҳои технологӣ ва воситаҳои технологии дар ҷадвали 10 замимаи 3 Регламенти техникӣ дарҷгардида, иҷозат дода мешавад;
4) муқаттар - маҳсулоти машруботе, ки бо зиёда аз 52 фоиз ҳиссаи спирти этилӣ мебошад, ки аз тариқи полоиши оддӣ ё фраксионӣ ё шираи ҷӯшонидашуда ва софкардаи ангур, маводи шаробӣ, таҳшинҳои хамиртуруши спиртдор, таҳшинҳои ғализ, тилфҳои спиртдори ангур ва дигар маҳсулоти хӯроквории спиртдор ба даст оварда шудааст. Муқаттар барои истеҳсоли маҳсулоти машруботӣ, аз ҷумла маҳсулоти шаробӣ истифода гардида, метавонад номи мавод ё нӯшокиеро ифода намояд, ки барои истеҳсоли он корбурд мешавад;
5) маҳсулоти шарбатпазӣ - маҳсулоти машруботие ки аз асал бе илова ё бо илова кардани спирти софи этилӣ, шакар, муқаттари асал, муқаттари мевагӣ, шарбати серғизои мевагӣ, диоксиди карбон, меваи варақ-варақ буридашудаи тару тоза, шарбати меваҳои спиртдор, модда ва таркибҳои хушбӯйкунандаи табиии дорои накҳати афзалиятнок ва таъми асал истеҳсол карда мешавад;
6) маҳсулоти пивопазӣ - маҳсулоти машруботие, ки аз ашёи хоми пиво ва (ё) пиво бе илова ё бо илова кардани мева ва дигар маводи хоми сабзавотӣ, маҳсулоти коркардшуда, хушбӯйсозандаҳо, бе иловаи спирти этилӣ истеҳсол мегардад;
7) нчшокии камспирт - маҳсулоти машруботие, ки бо миқдори на камтар аз 7 фоиз спирти этилӣ дар маҳсулоти тайёр, бе истифода ва ё бо истифодаи спирти этилии софкардашуда ва (ё) маҳсулоти хӯроквории спиртдории бо оби муқаттар ё оби маъдании минералониаш на зиёда аз 1 г/л омода гардида, аз қисматҳое иборат аст, ки истифодаи онҳоро ҳуҷҷатҳои мутобиқати истеҳсоли маҳсулоти машруботӣ (стандарт, стандарти ташкилот, шартҳои техникӣ ё дигар ҳуҷҷатҳо) пешбинӣ менамоянд ва аз ҷумла маҳсулоти шакардор, кислотаҳо, оксиди карбон, обҷӯшҳо, шираи меваҳо (буттамеваҳо), маводи ғалладона, афшураҳо, маводи хоми сабзавот, маҳсулоти ширӣ, асал ва дигар маҳсулоти занбӯрпарварӣ (аз ҷумла асали хонаи занбӯр, прополис, шираи асал, шири модарзанбчр), намакҳо, дигар нӯшокиҳои спиртӣ, иловаҳои ғизоиеро, ки ба маҳсулоти шаробӣ ва пивопазӣ алоқамандӣ надоранд дар бар мегирад;
8) нчшокиҳои спиртӣ - маҳсулоти машруботӣ, ки бо истифодаи спирти этилии соф ва (ё) маводи ғизоии таркибаш спиртдор ва (ё) дигар маҳсулоти машруботӣ истеҳсол шудааст;
9) маҳсулоти ғизоии спиртдор - маҳсулоти машруботӣ бо ҳаҷми беш аз 0,5 фоиз спирти этилӣ, ки аз маҳсулоти нимтайёри спиртдор иборат буда, барои истеҳсоли маҳсулоти машруботӣ истифода мегардад ва аз ҷумла маводи шаробии аз мева пухташуда, маводи шаробии спиртдори мевагӣ, шираи ангур, шираи спиртдори мевагӣ, хамираи спиртдор, афшураҳо ва обҷӯшҳои спиртдор, хӯрокиҳои серғизо, спиртҳои хушбӯй, қиёмҳои обӣ-спиртӣ, хӯшбӯйсозандаҳои ғизоӣ ва дигар маҳсулоти нимтайёрро дар бар мегирад;
10) спирти этилӣ - маҳсулоти машруботӣ бо ғилзати на камтар аз 88 фоиз, ки аз маҳлули моеи этилии бо усули ҷӯшонидани маводи хоми қандӣ-крахмалии (ба истиснои маводи мевагӣ) дар натиҷаи софкории баъдина ё бӯзасозӣ ва ё софкории маҳсулоти спирти этилии хоми таркибаш омехтаҳои паррондошта иборат буда, инчунин аз ҷузъи асосии спирти этилии аз маводи хоми ғизоӣ омодагардида ва маҳсулоти коркардшудаи дар истеҳсоли спирти этилӣ, навъҳои шароб ва машруботи хушбӯйи ширин истифодашаванда таркиб ёфтааст. Спирти этилӣ ба навъҳои спирти хоми этилӣ ва спирти софкардашудаи этилӣ тақсим карда мешавад. Барои истеҳсоли спирти этилӣ аз маводи хоми ғизоӣ, ки дар рӯйхати замимаи 2 дарҷ гардидааст, истифода бурда мешавад;
11) навъи спирти этилӣ аз маводи хоми ғизоӣ:
- спирти этилии софкоришуда - навъи спирти этилие мебошад, ки на камтар аз 96 фоиз қувватнокӣ дошта, бо усули ҷӯшонидани маводи хоми қанду крахмалдор ва тариқи минбаъдаи полудасозии бӯзаи хоса ё софсозии маводи хоми спирти этилӣ, ҳамчунин аз ҷузъи асосии спирти этилии аз маводи ғизоӣ омодагардида ва маводи коркардшудаи ҳангоми истеҳсоли спирти этилӣ истифодагарданда, шаробҳо, маводи хушбӯйи машрубот ва маводи машруботи дорои омехтаҳои маҳсулоти иловагии бухоршаванда ҳосил мегардад;
- спирти этилии хом - навъи спирти этилие, ки камтар аз 96 фоиз қувватнокӣ дошта, бо роҳи тақтирсозии бӯзаи пухтарасидаи барои истеҳсоли спирти этилии соф пешбинишуда ва дорои омехтаҳои маҳсулоти иловагии бухоршаванда ҳосил карда мешавад;
12) навъи нӯшокиҳои спиртӣ:
- арақ - нӯшоки спиртӣ бо қувватнокии аз 37,5 то 56 фоиз, ки дар асоси спирти этилии софкоришуда ва оби омодасохта (ислоҳшуда) бо коркарди маҳлули обӣ-спиртӣ тавассути сорбентҳо ва полудасозии минбаъда барои поксозии пурра то ҳолати берангии маҳлули обӣспиртӣ бо тамъи форам ва бӯйи хуши хоси арақ истеҳсол карда мешавад;
- арақ бо номгӯи муҳифизатии ҷойи истеҳсоли мол - навъи арақест, ки аз маҳлули беранги обӣ-спиртии қувватнокиаш аз 37,5 то 56 фоиз бо тамъи форам ва бӯйи хуши хоси арақ истеҳсол гардида, бо роҳи омехтасозии спирти этилии софкардашудаи аз маводи хоми ғалладонагӣ тавассути оби махсуси омодагардида (ислоҳшуда) бо коркарди ин маҳлули обӣ-спиртӣ ба воситаи карбогидрати фаъол, бе коркард ё бо коркарди шири беравғани хушк, бо полудасозии минбаъда барои тоза намудани пурра тавассути хокаи квартсӣ бо таркиби гранулометрии муқарраргардида ба даст оварда мешавад. Барои истифодаи спиртҳои хушбӯй ва қиёми спиртии аз дорувории хушбӯйсозанда, мевагӣ ва дигар навъи маводи хоми ғизоӣ ё гиёҳӣ, шираи маводи гиёҳӣ, равғани эфирӣ, маводҳои хушбӯйсозандаи табиӣ, иловаҳои ғизоӣ, маҷмӯи иловаҳои ғизоӣ ва дигар ҷузъҳои ғизоӣ бадастовардашуда, иҷозат дода мешавад;
- арақи махсус - навъи арақ бо қувватнокии аз 37,5 то 45 фоиз бо бӯи хуш ва тамъи гуворо, ки бо илова кардани ҷузъҳои ғизоӣ ва (ё) иловаи спирти хушбӯй, ё дигар ҷузъҳои хушбӯй, бо роҳи омехтасозии спирти софкардаи этилии аз маводи хоми ғалладона ба даст овардашуда ва бо оби махсус омодагардида (ислоҳшуда), инчунин бо коркарди минбаъдаи ин маҳлули обӣ-спиртӣ тавассути карбогидради фаъол ва полудасозии минбаъда барои софкории пурра тавассути хокаи квартсӣ бо таркиби гранулометрии муқарраргардида ба даст оварда мешавад;
- маҳсулоти ликёрӣ - нӯшокиҳои спиртдор бо қувватнокии аз 7 то 60 фоиз ва на бештар аз 600 г/л таркиби қанд, ки аз омехтаи спирти софкардашудаи этилӣ, оби тайёркардашуда (ислоҳшуда), афшураҳои гуногуни спиртдор, нӯшокиҳои мевагӣ, шираҳо ва спиртҳои хушбӯи тавассути коркарди мева (мева ва буттамева) бадастомада, ҳамчунин маводи хушбӯйи растанӣ бо иловаи шарбати шакар, равғанҳои эфирӣ, шаробҳои ангурӣ, брендҳо, кислотаи лимӯ ва дигар ҷузъҳои ғизоӣ (аз ҷумла диоксиди карбон) бо таъсири баъдӣ ё бидуни тавозун ва полудасозии омехта истеҳсол карда мешавад. Ба мавҷудияти қисмҳои ҷудогонаи растанӣ, мева ва буттамева дар бутили шаробҳои ликёрӣ, ки дар дастурамали истеҳсолӣ пешбинӣ шудаанд, иҷозат дода мешавад. Дар раванди истеҳсоли арақҳо, арақҳо бо номгӯи муҳофизатии ҷойи истеҳсоли мол, арақҳои махсус ва маҳсулоти ликёрӣ истифодаи спирти этилии полудашуда аз ҷузъи асосии спирти этилӣ ва пасмондаҳои истеҳсолии шаробҳои ликёрӣ иҷозат дода намешавад;
- аперитив - маҳсулоти машруботи ликёрӣ бо қувватнокии аз 12 то 35 фоиз, ки дар таркибаш на кам аз 50 ва на зиёда аз 180 г/л қанд дошта, бо истифодаи ҷузъҳои ғизоии дорои тамъи сабуки талх истеҳсол карда мешавад;
- коктейл - маҳсулоти машруботи ликёрӣ бо қувватнокии аз 20 то 40 фоиз, ки дар таркибаш на зиёда аз 240 г/л қанд дошта, бо иловаи ҷузъҳои ғизоӣ истеҳсол мегардад;
- балзам - маҳсулоти машруботи ликёрӣ бо қувватнокии на кам аз 20 фоиз, ки дар таркибаш на кам аз 50 г/дм3 шираи умумии (маводҳои хушки) рангаш аз қаҳвагӣ то қаҳваранги тирагун бо тамъи гуворо дошта, аз ҷузъҳои ғизоӣ ва маводҳои нимтайёри таркибашон метавонад фарогири растаниҳои давоӣ ва рангҳои қанддор бошад, омода карда мешавад;
- ҷин - нӯшокии спиртӣ бо қувватнокии на кам аз 37,5 фоиз, бо таъми афзалиятноки арча, ки бо роҳи хушбӯйсозии маҳлули обӣспиртии маводҳои хушбӯи буттамеваи арча "Juniperuҷ communiҷ L." ва дигар моддаҳои хушбӯйкунандаи табиӣ омода гардида, дар ин ҳолат тамъ ва бӯйи арча нигоҳдорӣ шудааст;
- ҷини муқаттаршуда - нӯшокии спиртӣ бо қувватнокии на кам аз 37,5 фоиз бо таъми афзалиятнок ва накҳати арча, ки бо роҳи софкории яккарата ё бисёркардаи омехтаи спирти этилии қувватнокиаш на кам аз 96,2 фоиз ва оби омодакардашуда (ислоҳшуда) бо иловаи меваҳои арча, бе илова ё бо илова кардани дигар маводи хоми растанӣ ва (ё) моддаҳои хушбӯйи табиӣ, бе илова ё бо иловаи спирти софкоришудаи этилӣ, бо иловаи (дар ҳолати зарурӣ) оби омодакардашуда (ислоҳшуда), бе илова ва ё бо иловаи рангҳо, ширинкунандаҳо ва дигар иловаҳои ғизоӣ ба даст оварда мешавад;
- ҷини ноб - ҷини муқаттаркардашуда таркибаш дорои на зиёда аз 0,1 г/л қанд мебошад, ки накҳаташ махсусан тавассути маъмулан аз нав муқаттарсозии спирти этилӣ, ҳангоми ҷой доштани ҳама намуди гиёҳҳои (маводҳои хоми) табиии истифодашаванда, ҳамчунин аз муқаттарсозии ҷини қувватнокиаш на кам аз 70 фоиз бе иловаи рангҳо ба даст оварда мешавад;
- ликёр - маҳсулоти машруботи ликёрӣ бо қувватнокии на кам аз 15 фоиз, ки аз спирти софшудаи этилӣ ё нӯшокиҳои спиртӣ бо иловаи маҳсулоти қанддор, маҳсулоти кишоварзӣ ё маҳсулоти ғизоӣ (аз ҷумла шир ва маҳсулоти ширӣ, шароб, моддаҳои хушбӯйкунанда) бо таркиби на кам аз 70 г/л миқдори қанд барои ликёри гелосии аз оби муқаттари гелос омодашуда, ё ҳадди ақал 80 г/л барои ликёри аз гули парпӣ ва ё гиёҳҳои шабеҳи он омодашуда, ки ягона маводи хоми хушбӯй буда, на камтар аз 100 г/л барои дигар ликёрҳо истифода мегардад, истеҳсол карда мешавад. Моддаҳои хушбӯйкунанда барои ликёрҳои мевагӣ аз қоти сиёҳ, гелос, тамашк, марминҷон, сагангур (черник), марминҷонҳои ситрусӣ, тути арктикӣ, маринҷони оддӣ, кабудбутта, брусника, ангат, ананас, инчунин барои ликёрҳои гиёҳӣ аз наъно, парпӣ, бодиён, явшони алпӣ, марҳамак ва дигар гиёҳҳои шифобахш истифода бурда намешаванд;
- ликёри қавӣ - навъи ликёр бо қувватнокии на камтар аз 35 фоиз, бо миқдори таркибии на камтар аз 250 г/л қанд;
- ликёри десертӣ - навъи ликёр бо қувватнокии на камтар аз 35 фоиз, бо миқдори таркибии на камтар аз 100 г/л қанд;
- ликёри-эмулсионӣ - навъи ликёр бо қувватнокии на камтар аз 15 фоиз, бо миқдори таркибии на камтар аз 150 г/л қанд, ғайришаффоф, бе омехтаҳои бегона, ки бо иловаи маводи ғизоӣ (аз ҷумла шир, қаймоқ, тухм) ва ҷузъҳои ғизоӣ ё бе онҳо омода карда мешавад;
- ликёри тухмӣ - навъи ликёр бо қувватнокии на камтар аз 15 фоиз, бо миқдори таркибии на камтар аз 150 г/л қанд, ки аз моеи муқаттар ва (ё) нӯшокиҳои спиртдор омода гардида, таркибаш аз зардии тухм (на камтар аз 140 г/л барои маҳсулоти тайёр), сафедии тухм, қанд ё асал, бо имконоти иловаи моддаҳои хушбӯйкунандаи табиӣ иборат мебошад;
- крем - навъи ликёр бо қувватнокии на кам аз 15 фоиз, бо миқдори таркибии на камтар аз 250 г/л қанд, ки аз маводи хоми мевагӣ (мева ва буттамева) бо илова кардани ҷузъҳои ғизоӣ (ба истиснои маҳсулоти ширӣ) истеҳсол мегардад;
- пунш - навъи машруботи ликёрӣ бо қувватнокии аз 15 то 20 фоиз, бо миқдори таркибии на камтар аз 300 ва на бештар аз 400 г/л қанд, ки аз спирти этилии софкардашуда бо иловаи афшураҳои спиртдор, нӯшокиҳои мевагӣ аз маводи хоми мева (мева ва буттамеваҳо), қиёмҳои спиртии аз маводҳои хоми равғани эфирӣ ва ҷузъҳои ғизоӣ бадастомада, тайёр карда мешавад;
- пунши ромӣ - навъи машруботи ликёрӣ, ки аз ром бо илова намудани афшураҳои спиртдор, нӯшокиҳои мевагӣ аз маводи мева (мева ва буттамеваҳо), қиёмҳои спиртии аз маводҳои хоми равғани эфирӣ ва моддаҳои хушбӯйсозанда бадастомада, тайёр карда мешавад;
- шароб - навъи машруботи ликёрӣ бо қувватнокии аз 18 то 20 фоиз ва миқдори таркибии на камтар аз 250 ва на бештар аз 400 г/л қанд, ки аз афшураҳои спиртдор, нӯшокиҳои мевагӣ бо илова намудани ҷузъҳои ғизоӣ омода мегардад;
- шарбатшароб - навъи машруботи ликёрӣ бо қувватнокии аз 16 то 60 фоиз ва миқдори таркибии на бештар аз 300 г/л қанд, ки бо истифодаи ҷузъҳои ғизоӣ омода карда мешавад;
- шароби талх - навъи машрубот бо қувватнокии аз 25 то 60 фоиз, бо миқдори таркибии на бештар аз 30 г/л шираи умумӣ, ки бо истифодаи ҷузъҳои ғизоии талхмазза омода мегардад;
- шароби нимширин - навъи машрубот бо қувватнокии аз 20 то 40 фоиз, бо миқдори таркибии на камтар аз 20 ва на бештар аз 100 г/л қанд;
- шароби ширин - навъи машрубот бо қувватнокии аз 16 то 29 фоиз, бо миқдори таркибии на камтар аз 80 ва на бештар аз 300 г/л қанд;
- шароби десертӣ - навъи машруботи ликёрӣ бо қувватнокии аз 12 то 16 фоиз, бо миқдори таркибии на камтар аз 140 ва на бештар аз 300 г/л қанд, ки аз маводи нимтайёр бо иловаи ҷузъҳои ғизоӣ омода карда мешавад;
- виски - навъи нӯшокии спиртӣ бо қувватнокии на камтар аз 40 фоиз, бо бӯи хуш ва таъми махсус, ки аз тариқи полоиши як ё бисёркаратаи шираи туршкардашудаи хӯшаи ғалладона ва (ё) сумалаки аз он омодагардида бо муқаттарсозии баъдинаи нигоҳдошташуда бо қувватнокии на зиёда аз 94,8 фоиз дар зарфҳои чӯбии дорои ғунҷоиши на бештар аз 700 литр, дар муддати на кам аз 3 сол ва омехта кардани он бо оби омодашуда (ислоҳшуда) бидуни илова ва ё бо иловаи ранги қанд тайёр карда мешавад;
- ром - навъи нӯшоки спиртӣ бо қувватнокии на камтар аз 37,5 фоиз, бо бӯй ва тамъи хос, ки тариқи суюқсозии роми муқаттар бо оби омодашуда (ислоҳшуда) бе нигоҳдорӣ ё бо нигоҳдорӣ дар зарфҳои чӯби булут, бе илова ё бо иловаи ранги қанд омода мегардад;
- нӯшокии спиртӣ аз маводи ғалладона - навъи нӯшокии спиртӣ бо қувватнокии аз 35 то 60 фоиз, ки аз обҳои муқаттари ғалладонагиҳои ноустувор ё устувор, бе илова ё бо иловаи қанд ва дигар маҳсулоти таркибаш қанддошта, моддаҳои хушбӯйкунандаи табиӣ, ранги қанд, оби омодакардашуда (ислоҳшуда) тайёр карда мешавад;
13) навъи нчшокиҳои машруботи камспирт: - нӯшокии машруботи камспирт - навъи нӯшокии машруботие аст, ки бо истифодаи оби нӯшокӣ ё минералӣ, спирти этилии софкардашуда ва (ё) оби муқаттар, бе илова ё бо иловаи ҷузъиётҳои ғизоии истифодааш дар ҳуҷҷат (ҳуҷҷатҳо) нишондодашуда, мутобиқи омодасозии маҳсулоти машрубот (аз рӯи стандарт, стандарти ташкилот, шартҳои техникӣ ва ё дигар ҳуҷҷат), аз ҷумла моддаҳои таркибашон қанддор ва хушбӯйкунанда истеҳсол карда мешавад;
- нӯшокии машруботи камспирти туршкардашуда - нӯшокии машруботи камспирт бо қувватнокии на зиёда аз 6 фоиз мебошад, ки тариқи туршсозии хамираи спиртӣ, туршсозии пурра ё нопурраи буттамеваҳо ва меваҳои яклухт ё буридашуда, асал, шираи он ва бе иловаи спирти этилӣ истеҳсолгардида, ҳамчунин бе истифодаи спирти этилӣ ва маҳсулоти бо иловаи спирти этилӣ омодашуда, бе илова ё бо иловаи диоксиди карбон, ё худ бо иловаи диоксиди карбони сер, ки дар натиҷаи ҷӯшонидани шира ба вуҷуд меояд, омода мегардад;
- шарбати асал - нӯшокии машруботи камспирти туршкардашуда бо қувватнокии аз 1,5 то 6 фоиз мебошад, ки тариқи туршсозии спирти шираноки дорои на кам аз 8 фоиз асал, бе истифода ё бо истифодаи асал барои ширинтар кардан ва дигар маҳсулоти занбӯрпарварӣ (аз ҷумла асали занбӯрхона, муми занбӯрхона (прополис), зеброс, шири модарзанбӯр ва ғ.) маводи гиёҳӣ, бе илова ва ё бо иловаи моддаҳои табиии қанддор, бе сершавӣ ё бо сершавии диоксиди карбон дар натиҷаи туршсозии хамираи асал омода карда мешавад;
- пуаре - нӯшокии машруботи камспирти туршкардашуда бо қувватнокии на зиёда аз 6 фоиз аст, ки аз шираи туршкардаи нок ва (ё) афшураи туршсохтаи барқароргардидаи нок, бе илова ё бо иловаи маводи таркибаш қанддор, бе сершавӣ ё бо сершавии диоксиди карбон дар натиҷаи ҷушонидани шираи нок то ба даст овардани фишори диоксиди карбон дар зарфи шишагии (бутили) ғунҷоишаш на камтар аз 100 кПа бо ҳарорати 20оС тайёр карда мешавад;
- шароби себ - нӯшокии машруботи камспирти туршкардашуда бо қувватнокии на зиёда аз 6 фоиз аст, ки аз шираи туршкардаи себ ва (ё) афшураи туршсохтаи барқароргардидаи себ, бе илова ё бо иловаи маводҳои таркибашон қанддор, бе сершавӣ ё бо сершавии диоксиди карбон дар натиҷаи ҷушонидани шираи себ то ба даст овардани фишори диоксиди карбон дар зарфи шишагии (бутили) ғунҷоишаш на камтар аз 100 кПа бо ҳарорати 20оС тайёр карда мешавад;
- шароби хушбӯйи себ - шароби себ аст, ки бо иловаи моддаҳои хушбӯйсозандаи табиӣ омода мегардад;
- шароби мевагӣ - нӯшокии машруботи камспирти туршкардашуда бо қувватнокии на зиёда аз 6 фоиз аст, ки аз шираи туршкардаи мевагӣ ва (ё) афшураи туршсохтаи барқароргардидаи мева, бе илова ё бо иловаи маводҳои таркибашон қанддор, бе сершавӣ ё бо сершавии диоксиди карбон ё худ бо сершавии диоксиди карбон дар натиҷаи ҷушонидани шираи мева то ба даст овардани фишори диоксиди карбон дар зарфи шишагии (бутили) ғунҷоишаш на камтар аз 100 кПа бо ҳарорати 20оС тайёр карда мешавад;
- шароби хушбӯйи мевагӣ - шароби мевагӣ аст, ки бо иловаи моддаҳои хушбӯйсозандаи табиӣ омода мегардад;
14) навъи машруботи шаробпазӣ:
- шароб - маҳсулоти шаробпазӣ бо ҳаҷми ҳиссаи спирти этилӣ аз 8,5 фоиз (ба истиснои шароб бо нишонаи ҷуғрофии муҳофизатӣ ё шароб бо тамғаи муҳофизатии истеҳсолӣ) то 18 фоиз (ба истиснои шароби рӯимизӣ), ки дар натиҷаи туршсозии пурра ё нопурраи буттамеваҳои ангури тару тоза, шираи ангур бе иловаи спирти этилии софкардашуда, инчунин бе иловаи (ба истиснои шароби рӯимизӣ) шираи тамаркузгардидаи ангур ва (ё) шираи тамаркузгардидаю софкоришудаи ангур тайёр карда шудааст. Шароб бо нишондоди ҷуғрофии муҳофизатӣ ё шароб бо нишони муҳофизатии тамғаи истеҳсолӣ метавонад ҳиссаи миқдори спирти этилиро дар на камтар аз 4,5 фоизи маҳсулоти тайёр дошта бошад. Ҳаҷми спирти этилӣ дар шароби рӯимизӣ набояд аз 17 фоизи маҳсулоти тайёр зиёдтар бошад. Ғизоноккунӣ ё ширинкунӣ танҳо дар раванди истеҳсоли шароби рӯимизӣ иҷозат дода мешавад. Ҳангоми ғанисозӣ ё ширинкунӣ илова намудани шираи ангури тамаркузгардида ва (ё) шираи тамаркузгардидаю софкоришудаи ангур бояд ба андозае корбурд карда шавад, ки он тавонад ҳиссаи спирти этилиро
дар маҳсулоти тайёр на бештар аз 4 фоиз зиёд намояд. Ҳангоми истеҳсоли шароби рӯимизӣ, ғанисозӣ тавассути илова кардани шираи ангури тамаркузгардида ва (ё) шираи тамаркузгардидаю софкоришудаи ангур ба амал оварда мешавад, ки аз ҳадди туршсозии нопурра гузаштааст ё шаробест, ки дар он раванди ҷӯшонидан ба анҷом нарасида, ширинсозӣ дар ҳама марҳилаи раванди технологӣ то давраи резиш дар зарфи истифодабарӣ қарор дорад;
- шароб бо нишони муҳофизатии тамғаи истеҳсолӣ - навъи шаробе мебошад, ки аз ангури навъҳои муайян ё тариқи ҳуҷҷати (хуҷҷатҳои) регламентии пешбинишуда, дар мутобиқат бо истеҳсоли маҳсулоти машрубот (стандарт, стандарти ташкилот, шарти техникӣ ё дигар ҳуҷҷат) истеҳсол гардида, омехтаи навъҳои ангур, ки дар ҳудудҳои объекти ҷурғофии муайян сабзида, коркард гардида, ба зарфҳо гирифта мешаванд ва дар номгӯйи шароб якҷоя бо шароитҳои табиӣ ва омилҳои инсонӣ ифода ёфта, бо хусусиятҳои хок ва иқлими ин объекти ҷуғрофӣ ва усулҳои агротехникӣ ва технологии истифодашаванда муайян карда мешаванд (барои шаробе, ки дар ҳудуди давлатҳои аъзо истеҳсол карда мешаванд, аз ҷониби мақомоти ваколатдор муқаррар мегардад) дар ҳуҷҷате (хуҷҷатҳое) пешбинӣ мегардад, ки мутобиқи он истеҳсоли маҳсулоти машрубот (аз рӯи стандарт, стандарти ташкилот, шартҳои техникӣ ё дигар ҳуҷҷат) амалӣ сохта мешавад;
- майи хушбӯйкардашуда - маҳсулоти машрубот бо миқдори ҳиссаи спирти этилӣ аз 14,5 то 22 фоиз, ки аз шароб ва (ё) шароби ликёрӣ бо илова намудани полудаи шароби софкардашуда, майи софкоригардида ё спирти этилии софкоришуда, инчунин моддаҳои таркибашон қанддор ва моддаҳои табиии хушбӯйкунанда тайёр карда мешавад;
- майи солгашта - навъи май бо нигоҳдории ҳатмӣ то ғунҷоиш ба зарфҳо (ба истиснои зарфҳои чӯбии булут) ба муҳлати на камтар аз 12 моҳ ё дар зарфҳои чӯбии булутӣ ба муҳлати на камтар аз 6 моҳ, шароби ликёрӣ ё шароби мевагӣ бо нигоҳдории ҳатмӣ то ғунҷоиш ба зарфҳо дар муҳлати на камтар аз 18 моҳ, майи пурҷӯш ё майи аълосифати пурҷӯш, ки бо усули дар зарфи махсус нигоҳдоришаванда ва нигохдорӣ пас аз туршсозии дуюмбора тавассути хамирмоя дар зарфи хоса ба муҳлати на кам аз 6 моҳ, майи пурҷӯш ё майи аълосифати пурҷӯш, ки бо усули анъанавии классикӣ сохта шуда, дар зарфҳои бутилӣ (шишаги) на кам аз 9 моҳ нигоҳдорӣ мегардад;
- майи коллексионӣ - майи солгашт, ки пас аз ба охир расидани мӯҳлати ҳатмии нигохдорӣ аз ҷониби истеҳсолкунанда ба таври иловагӣ ба муҳлати на камтар аз 3 соли дигар дар бутилҳо нигоҳдорӣ карда мешавад;
- майи ликёрӣ - маҳсулоти шаробӣ бо ҳаҷми ҳиссаи спирти этилӣ аз 15 то 22 фоиз, ки дар натиҷаи туршсозии пурра ё нопурраи буттамеваҳои яклухт ё буридашудаи ангур ё шираи ангур бо илова кардани майи муқаттаршуда ва (ё) майи муқаттаршудаи полудашуда, бе илова ё бо иловаи шираи ангури ғизонокгардида, шираи ангури ғизонокшудаи софгардида истеҳсол карда мешавад. Ҳаҷми таркибии спирти этилӣ, ки тариқи ҷӯшонидани спирти ангури тару тоза ё шираи ангур таъмин мегардад, бояд на камтар аз 4 фоизро ташкил дихад;
- майи пурҷӯш - маҳсулоти шаробӣ бо ҳаҷми ҳиссаи спирти этилӣ аз 8,5 то 13,5 фоиз ва иловаи диоксиди карбон дар зарфи шишагии (бутилии) ғунҷоишаш на кам аз 300 кПа, дар ҳарорати 20оС, диоксиди карбони сер, ки дар натиҷаи туршсозии пурра ё нопурраи спирти шираи ангур ё туршсозии дубораи маводи шаробӣ дар зарфҳои ҳавоногузар бо фишор ё бефишор ва ё бо иловаи ликёри ирсолӣ (экспедитсионӣ) омода мегардад. Майи пурҷӯш бо усули классикӣ дар зарфҳои шишагӣ (бутилҳо), тариқи нигоҳдорӣ дар зарфҳои хоса - дар зарфҳои калонҳаҷми алоҳида ё сохтори зарфҳои ҳаҷман калон истеҳсол карда мешавад. Майи пурҷӯш бо нишони муҳофизатии тамғаи истеҳсолии молӣ метавонад ҳиссаи муайяни спирти этилии на кам аз 6 фоизро доро бошад;
- майи пурҷӯши аълосифат - майи пурҷӯш бо ҳаҷми ҳиссаи спирти этилӣ аз 10,5 то 13 фоиз ва иловаи диоксиди карбон дар зарфи шишагии (бутилии) ғунҷоишаш на кам аз 350 кПа, дар ҳарорати 20оС, диоксиди карбони сер, ки дар натиҷаи туршсозии такрории маводи шаробии ангурҳои навъи алоҳида ё омехтаи навъҳои алоҳидаи ангур истеҳсол мегардад;
- майи пурҷӯши гавҳарӣ - маҳсулоти машрубот бо ҳаҷми ҳиссаи спирти этилӣ аз 9 то 12,5 фоиз ва иловаи диоксиди карбон дар зарфи шишагии (бутилии) ғунҷоишаш аз 100 то 250 кПа, дар ҳарорати 20оС, диоксиди карбони сер, ки дар натиҷаи туршсозии пурра ё нопурраи шираи ангур ё туршсозии такрории маводи шаробӣ истеҳсол карда мешавад;
- майи пурҷӯши коллексионӣ - майи пурҷӯши сифати олӣ, ки бо усули классикӣ (туршсозии дубораи маводи шаробӣ дар зарфҳои шишагӣ (бутилҳо)) ва баъд аз тушсозии такрорӣ нигоҳдорӣ намудан ба муҳлати на кам аз 3 сол омода мегардад;
- майи пурҷӯши шампанӣ - навъи шаробест, ки дар ҳудуди давлатҳои аъзои майи пурҷӯш бо ҳаҷми ҳиссаи спирти этилӣ аз 10,5 то 13 фоиз ва иловаи диоксиди карбон дар зарфи шишагии (бутилии) ғунҷоишаш на кам аз 350 кПа, дар ҳарорати 20оС, диоксиди карбони сер, ки дар натиҷаи туршсозии такрорӣ дар зарфҳои ҳавоногузар аз маводи шаробии бо технологияи махсус аз навъҳои ангури номгӯяшон аз тарафи мақомоти салоҳиятдори давлатҳои аъзо муқарраргардида, истеҳсол карда мешавад;
- майи газнокшуда - май ё маҳсулоти машрубот бо ҳаҷми ҳиссаи спирти этилӣ аз 8,5 то 12,5 фоиз ва иловаи диоксиди карбон дар зарфи шишагии (бутилии) ғунҷоишаш на кам аз 300 кПа, дар ҳарорати 20оС, ки бо тариқи омодасозии диоксиди карбони сунъии сери маводи шаробӣ бе илова ё бо иловаи маҳсулоти таркибаш қанддор (шираи серғизои ангурӣ, шираи серғизои софкардашудаи ангурӣ, қанд) истеҳсол мегардад;
- майи газнокшудаи гавҳарӣ - май ё маҳсулоти машруботбо ҳаҷми ҳиссаи спирти этилӣ аз 8,5 то 12,5 фоиз ва иловаи диоксиди карбон дар зарфи шишагии (бутилии) ғунҷоишаш аз 100 то 250 кПа, дар ҳарорати 20оС, ки бо тариқи омодасозии диоксиди карбони сунъии сери маводи шаробӣ бе илова ё бо иловаи маҳсулоти таркибаш қанддор (шираи серғизои ангурӣ, шираи серғизои софкардашудаи ангурӣ, қанд) истеҳсол карда мешавад;
- майи ҷавон - май ё маҳсулоти машруботие, ки дар муҳлати 90 шабонарӯз баъд аз анҷоми раванди туршсозии спиртӣ ба муомилот бароварда мешавад;
- майи зери қаймоқак - май, маҳсулоти машрубот, майи ликёрӣ, майи мевагие, ки тариқи истеҳсолаш бо раванди технологӣ пас аз туршсозии пурраи шира бо кӯшиши алоқамандсозӣ бо ҳавои тоза ё оксиген тавассути пайдошавии қаймоқачҳои хосаи туршсозанда дар сатҳи болоии май ба роҳ монда мешавад. Дар сурати илова намудани муқаттари шаробӣ ё муқаттари мевагӣ, шираи ғизонокшудаи ангурӣ ё шираи ғизонокшудаи софкоригардидаи ангурӣ ҳиссаи ҳаҷми спирти этилӣ на кам аз 15 фоизро ташкил медиҳад;
- майи хушсифат - майе, ки аз як навъи ангур ё бо иловаи навъҳои дигари ангури ҳамон намуди биологӣ (вале на зиёда аз 15 фоизи ҳаҷми умумии ангури аз нав коркардкардашуда) омода карда мешавад;
- майи ором - май, маҳсулоти машрубот, майи ликёрӣ, майи мевагие, ки бе сер намудани диоксиди карбон истеҳсол мегардад. Ғизонокшавии диоксиди карбон дар майи ором аз серғизогардонии баробари фишори атмосферӣ зиёд буда наметавонад;
- майи мевагӣ - маҳсулоти машрубот бо миқдори ҳиссаи спирти этилӣ аз 6 то 22 фоиз, ки дар натиҷаи туршсозии пурра ё нопурраи меваҳои тару тозаи буридашудаи як намуд ё якчанд навъи мева бо ҳиссаи табиии зиёди спирти этилӣ дар шираи мевагии қисман туршкардашуда, инчунин дар майи ҷавони дар ҳолати туршсозӣ қарордошта, то 5 фоиз (то 8 фоиз - барои шароби мевагӣ аз ашёи хоми мевагие, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Беларус истеҳсол шудааст) тавассути илова кардани маҳсулоти қанддор ё аз шароби мевагии маводи шаробӣ ё аз шираи мевагии туршкардаи спиртӣ (афшураи меваҳои туршкардаи спиртӣ) бо зиёд шудани ҳиссаи табиии спирти этилӣ то 5 фоиз бо иловаи шираи мевагии спиртдор (афшураи меваи спиртӣ), маҳсулоти қанддор бо илова кардани муқаттари мевагӣ ё спирти этилии софкоришуда омода карда мешавад. Ҳиссаи миқдории спирти этилиии аз ҳисоби туршсозии спиртии меваҳои тару тоза ё шираи меваҳо таъминшаванда, бояд на камтар аз 2 фоизро ташкил диҳад;
- майи мевагии рӯимизӣ - майи мевагӣ бо миқдори ҳиссаи спирти этилӣ аз 6 то 15 фоиз, ки дар натиҷаи туршсозии пурра ё нопурраи меваҳои буридашуда (як намуд ё якчанд навъи мева) ё шираи мевагӣ бе ширинсозӣ ё бо ширинсозӣ омода карда мешавад;
- майи мевагии қавикардашуда - майи мевагӣ бо миқдори ҳиссаи спирти этилӣ аз 15 то 22 фоиз, ки дар натиҷаи туршсозии спиртии шираи тарутозии мевагӣ ё меваҳои тарутозаи буридашуда (як ё якчанд намуд), ё худ аз маводи мевагии шаробӣ ё шираи мевагии туршкардаи спиртӣ (маводи шаробии мевагии туршонидашуда, афшураи мевагии спиртдор), маводҳои қанддор бо иловаи муқаттари мевагӣ ва (ё) шираи мевагии спиртдор (афшураи спиртдори мевагӣ) ё спирти этилии софкардашудаи аз маводи ғизоӣ истеҳсолшуда, ё муқаттари софкоришудаи мевагӣ омода карда мешавад;
- майи мевагии қавикардашудаи хушбӯй - майи мевагии қавикардашудаест, ки бо иловаи моддаҳои хушбӯйсозандаи табиӣ ё таркибҳои хушбӯйкунанда, бе илова ё бо иловаи моддаҳои таркибашон қанддор истеҳсол мегардад;
- майи мевагии бо технологияи махсус қавикардашуда - майи мевагии қавикардашудаест, ки бо истифодаи дастурҳои дар ҳуҷҷат (ҳуҷҷатҳо) пешниҳодгардида, дар мутобиқат бо истеҳсоли маҳсулоти машрубот (стандарт, стандарти ташкилот, шарти техникӣ ё дигар ҳуҷҷат), воситаҳои технологие, ки ба май хусусияти органолептикӣ мебахшанд, истеҳсол карда мешавад;
- майи мевагии пурҷӯш - майи мевагӣ бо ҳаҷми ҳиссаи спирти этилӣ аз 6 то 12,5 фоиз ва иловаи диоксиди карбон дар зарфи шишагии (бутилии) ғунҷоишаш на кам аз 300 кПа, дар ҳарорати 20оС, ки бо тариқи омодасозии диоксиди карбон дар натиҷаи туршсозии спирти шираи мевагӣ ё туршсозии дубораи шароби мевагии аз маводи шаробӣ бо иловаи маҳсулоти қанддор омодагардида истеҳсол карда мешавад;
- майи мевагии пурҷӯши гавҳарӣ - майи мевагии пурҷӯш бо иловаи диоксиди карбон дар зарфи шишагии (бутилии) ғунҷоишаш аз 100 то 250 кПа, дар ҳарорати 20оС;
- майи мевагии газнокшуда - майи мевагии рӯймизӣ бо ҳаҷми ҳиссаи спирти этилӣ аз 6 то 12,5 фоиз ва иловаи диоксиди карбон дар зарфи шишагии (бутилии) ғунҷоишаш на кам аз 250 кПа, дар ҳарорати 20оС, ки бо тариқи серсозии сунъии диоксиди карбон истеҳсол мегардад;
- майи мевагии газнокшудаи гавҳарӣ - майи мевагии газнокшуда бо иловаи диоксиди карбон дар зарфи шишагии (бутилии) ғунҷоишаш аз 100 то 250 кПа, дар ҳарорати 20оС;
- бренди - маҳсулоти шаробӣ бо ҳаҷми ҳиссаи спирти этилии на кам аз 36 фоиз, ки аз муқаттари шаробӣ барои бренди (муқаттари конякӣ) бе илова ё бо иловаи муқаттари шаробии софкоригардида дар ҳаҷми на зиёдтар аз 50 фоиз аз миқдори спирти этилии беоб дар маҳсулоти ниҳоӣ, бо нигоҳдории муқаттарҳо дар хумҳои чӯбии булут ё бутҳо (зарфҳои сангӣ) дар муҳлати на камтар аз 1 сол ё муҳлати ниҳойии ним сол, дар сурати ҳаҷми ғунҷоишии хумҳои чӯбии булут ё бутҳо (зарфҳои сангӣ) на кам аз 1000 литр будан омода карда мешавад. Таркиби бренди моддаҳои хушбӯйкунандаро дар бар намегирад ва танҳо ба истифодаи рангҳо барои беҳсозии ранги он иҷозат дода мешавад;
- бренди сесола - маҳсулоти шаробӣ бо ҳаҷми ҳиссаи спирти этилии на кам аз 40 фоиз, ки аз муқаттари шаробӣ барои бренди (муқаттари конякӣ), бо нигоҳдорӣ дар зарфи чӯбии булут ба муҳлати на кам аз 3 сол омода карда мешавад;
- бренди чаҳорсола - маҳсулоти шаробӣ бо ҳаҷми ҳиссаи спирти этилии на кам аз 40 фоиз, ки аз муқаттари шаробӣ барои бренди (муқаттари конякӣ), бо нигоҳдорӣ дар зарфи чӯбии булут ба муҳлати на кам аз 4 сол омода карда мешавад;
- бренди панҷсола - маҳсулоти шаробӣ бо ҳаҷми ҳиссаи спирти этилии на кам аз 40 фоиз, ки аз муқаттари шаробӣ барои бренди (муқаттари конякӣ), бо нигоҳдорӣ дар зарфи чӯбии булут ба муҳлати на кам аз 5 сол омода карда мешавад;
- бренди олисифат - бренди бо ҳаҷми ҳиссаи спирти этилии аз 40 то 42 фоиз, ки аз муқаттари шаробӣ барои бренди (муқаттари конякӣ), бо нигоҳдорӣ дар зарфи чӯбии булут ба муҳлати на кам аз 6 сол тайёр мегардад;
- бренди олисифати нигоҳдоришуда - бренди бо ҳаҷми ҳиссаи спирти этилии аз 40 то 45 фоиз, ки аз муқаттари шаробӣ барои бренди (муқаттари конякӣ), бо нигоҳдорӣ дар зарфи чӯбии булут ба муҳлати на кам аз 8 сол тайёр мегардад;
- бренди олисифати солгашт - бренди бо ҳаҷми ҳиссаи спирти этилии аз 40 то 57 фоиз, ки аз муқаттари шаробӣ барои бренди (муқаттари конякӣ), бо нигоҳдорӣ дар зарфи чӯбии булут ба муҳлати на кам аз 10 сол омода мегардад;
- бренди олисифати бисёр кӯҳан - бренди бо ҳаҷми ҳиссаи спирти этилии аз 40 то 57 фоиз, ки аз муқаттари шаробӣ барои бренди (муқаттари конякӣ), бо нигоҳдорӣ дар зарфи чӯбии булут ба муҳлати на кам аз 20 сол тайёр мегардад;
- бренди олисифати коллексионӣ - бренди бо ҳаҷми ҳиссаи спирти этилии аз 40 то 45 фоиз, ки аз муқаттари шаробӣ барои бренди (муқаттари конякӣ), бо нигоҳдорӣ ба муҳлати на кам аз 6 сол ва аз тарафи истеҳсолкунанда иловатан нигоҳдорӣ кардан ба муҳлати на кам аз 3 сол дар зарфи чӯбии булут, бе назардошти дамдиҳии зарфи аввала омода карда мешавад;
- бренди олисифат бо нишондоди ҳифзшавандаи ҷуғрофӣнавъи брендие мебошад, ки истеҳсоли он дар дохили як объекти муайяни ҷуғрофӣ сурат гирифта, аз муқаттарҳои шароби нигоҳдоришуда барои брендии (муқаттарҳои конякии) тавассути муқаттари фраксионии шароби ноби маводи шаробӣ аз навъҳои муқарраршудаи ангуре, ки ҳадди аққал 85 фоизи он дар ҳудуди як объекти муайяни ҷуғрофии дар номгӯи бренди нишон дода шуда, парвариш ва коркард мегардад ва дорои хосиятҳои хоси органолептикӣ, хусусиятҳои хокӣ ва иқлимии ин объекти ҷуғрофӣ мебошад, ки бо усулҳои агротехникӣ ва технологии дар ҳуҷҷат (ҳуҷҷатҳо) ишораёфта (стандарт, стандарти ташкилот, шартҳои техникӣ ё дигар ҳуҷҷат) истифода мегардад ва мутобиқи он маҳсулоти машрубот истеҳсол карда мешавад;
- бренди мевагӣ - маҳсулоти шаробӣ бо ҳаҷми спирти этилии на кам аз 37,5 фоиз, ки бо роҳи муқаттарсозии майи ноби мевагии рӯимизӣ ё майи ноби мевагии рӯимизӣ бо иловаи муқаттари якхелаи мевагӣ, ё худ омодашуда аз муқаттари мевагӣ ва нигоҳдоришуда дар зарфи чӯбии булут ва (ё) нигоҳдоришуда дар зарфи чӯбии булут ба муҳлати ҳадди ақал то ним сол, бо иловаи минбаъдаи қанд ва рангҳои қандӣ омода карда мешавад;
- бренди мевагии коллексионӣ - бренди мевагӣ бо ҳаҷми ҳиссаи спирти этилии на кам аз 37,5 фоиз, ки аз муқаттари мевагӣ бо нигоҳдорӣ дар зарфи чӯбии булут ба муҳлати на кам аз 6 сол ва иловатан нигоҳдорӣ кардан ба муҳлати на кам аз 3 сол дар зарфи чӯбии булут, бе назардошти дамдиҳии зарфи аввала омода мегардад;
- арақи ангурӣ (нӯшокии қавӣ аз муқаттари шаробӣ ё муқаттари ангурӣ) - маҳсулоти машрубот бо нерӯи на камтар аз 37,5 фоиз, ки аз як ё якчанд ҷузъиётҳои ғизоии (аз ҷумла муқаттари шаробӣ, муқаттари ангурӣ, муқаттари шаробии софкоришуда, муқаттари ангурии софкоригардида ва маводҳои таркибашон қанддор) дорои бӯй ва тамъи маводи истифодашаванда истеҳсол мегардад;
- арақи мевагӣ - маҳсулоти машрубот бо нерӯи на камтар аз 37,5 фоиз, ки аз муқаттари мевагии софкоришуда бо илова намудан дар алоҳидагӣ ё дар якҷоягӣ бо муқаттари мевагии таркибаш қанддор ва дорои бӯй ва тамъи маводи истифодашаванда истеҳсол мегардад; - нӯшокии қавӣ аз муқаттари нигоҳдоришудаи себӣ (калвадос)навъи машруботе, ки дар ҳудуди давлатҳои аъзои маҳсулоти шаробпазӣ бо ҳаҷми ҳиссаи спирти этилӣ аз 38 то 40 фоиз, аз муқаттари солгашти себӣ (калвадоси себӣ), ки дар зарфҳои чӯбии булут ба муҳлати на камтар аз 6 моҳ нигоҳдорӣ мешаванд, истеҳсол мегардад;
- нӯшокии қавӣ аз муқаттари шаробӣ барои бренди (муқаттари конякӣ) - навъи машруботи шаробӣ бо ҳиссаи ҳаҷми спирти этилии на кам аз 40 фоиз, ки аз муқаттарҳои конякии дар зарфҳои чӯбии булут ба муҳлати на кам аз 3 сол нигоҳдоришудаи бо роҳи муқаттари фраксионии (полоиши) майи рӯимизӣ (маводи шаробӣ) ба даст оварда шуда, тибқи талаботи ҳуҷҷати (ҳуҷҷатҳои) муқарраргардида мутобиқ ба омодасозии маҳсулоти машрубот (стандарт, стандарти ташкилот, шартҳои техникӣ ё ҳуҷҷати дигар) нисбат ба навҳои ангур омода карда мешавад;
- нӯшокии қавӣ аз муқаттари шаробӣ барои бренди (муқаттари конякӣ) бо нишондоди ҳифзшавандаи ҷуғрофӣ (коняки миллӣ)маҳсулоти шаробие мебошад, ки истеҳсолаш бо объекти ҷуғрофии муайян маҳдуд гардида, бо ҳиссаи ҳаҷми спирти этилии на кам аз 40 фоиз ба роҳ монда мешавад ва аз муқаттарҳои шаробии нигоҳдоришаванда барои бреди (муқаттарҳои коняки нигоҳдоришуда), ки бо роҳи муқаттари фраксионигардидаи (полоишшудаи) майи ноб (маводи шаробӣ) аз навъҳои муқарраргардидаи ангур дар ҳудуди як объекти муайяни ҷуғрофии дар номгӯи бренди нишон дода шуда, парвариш ва коркард мегардад ва дорои хосиятҳои хоси органолептикӣ, хусусиятҳои хокӣ ва иқлимии ин объекти ҷуғрофӣ мебошад, бо усулҳои агротехникӣ ва технологӣ истеҳсол карда мешавад;
- коктейли шаробӣ - маҳсулоти шаробӣ бо ҳаҷми ҳиссаи спирти этилӣ аз 2,5 то 8,5 фоиз, ки таркибаш на кам аз 50 фоиз шаробро (маводи шаробиро) дар бар гирифта, бе илова ё бо иловаи спирти этилии софкоришуда аз маводи ғизоӣ ва (ё) шираи ангури спиртдор (мистел) ва (ё) муқаттари софкоришудаи шароб ва (ё) маҳсулоти таркибаш қанддор ва (ё) маводи хушбӯйкунанда, рангҳо ва (ё) об, бе сершавӣ ё бо сершавии диоксиди карбон, бо иловаи диоксиди карбон дар зарфи шишагии (бутилии) ғунҷоишаш аз 100 то 250 кПа, дар ҳарорати 200С истеҳсол карда мешавад;
- нӯшокии шаробӣ - маҳсулоти шаробӣ бо ҳаҷми ҳиссаи спирти этилӣ аз 7 то 22 фоиз, бо сершавӣ ё бе сершавии диоксиди карбон, ки таркибаш на кам аз 50 фоиз шароб ва (ё) шираи ангурро дар бар гирифта, бе илова ё бо иловаи спирти этилии софкоришуда аз маводи ғизоӣ, муқаттари шароб, муқаттари софкоришудаи шароб, шираи спиртдори ангур (мистел), маҳсулоти таркибаш қанддор, маводи хушбӯйкунандаи табиӣ ва рангҳои ғизоӣ истеҳсол мегардад;
- нӯшокии шаробии хушбӯйкардашуда - маҳсулоти шаробӣ бо ҳаҷми ҳиссаи спирти этилӣ аз 7 то 22 фоиз, ки аз майи рӯимизӣ (маводҳои шаробӣ) бо иловаи муқаттари шароб, спирти этилии софкоришуда аз маводи хоми ғизоӣ ё муқаттари ангурии софкоригардида, муқаттари шаробии софкоришуда, маҳсулоти қанддор ва маводҳои хушбӯйкунандаи табиӣ истеҳсол карда мешавад;
- нӯшокии шаробии газнокшуда - нӯшокии шаробӣ бо ҳаҷми ҳиссаи спирти этилӣ аз 8 то 12,5 фоиз ва бо диоксиди карбони сери шарбобӣ, бо иловаи диоксиди карбон дар зарфи шишагии (бутилии) ғунҷоишаш на кам аз 300 кПа, дар ҳарорати 200С;
- нӯшокии шаробии газнокшудаи гавҳарӣ - нӯшокии шаробии газнокшуда бо ҳаҷми ҳиссаи спирти этилӣ аз 8 то 12,5 фоиз ва фишори диоксиди карбон дар зарфи шишагии (бутилии) ғунҷоишаш аз 100 то 250 кПа, дар ҳарорати 200С;
- нӯшокии шаробии мевагӣ - маҳсулоти шароб бо миқдори спирти этилӣ аз 9 то 22 фоиз, бе сершавӣ ё бо сершавии оксиди карбон, ки таркибаш на кам аз 30 фоизи шароби мевагӣ (маводи шароб) ва (ё) шираи мевагии туршкардаи спиртӣ (маводи шароби мевагии туршкардаи спиртӣ) ва (ё) шираи барқароршудаи мевагии туршкардаи спиртиро (маводи шароби мевагии туршкардаи спиртиро) ташкил дода, бе илова ё бо иловаи шираи мевагии спиртӣ (афшура), спирти этилии софкоришуда, муқаттари мевагӣ, маҳсулоти қанддор, рангҳо, моддаҳои хушбӯйи табиӣ истеҳсол мегардад;
- нӯшокии шаробии мевагии хушбӯйшуда - нӯшокии шаробии мевагӣ бо миқдори спирти этилӣ на кам аз 15 фоиз, ки бо иловаи моддаҳои хушбӯйи табиӣ истеҳсол карда мешавад;
- нӯшокии шаробии газнокшудаи мевагӣ - нӯшокии шаробии мевагӣ бо ҳаҷми ҳиссаи спирти этилӣ аз 9 то 12,5 фоиз, аз шароби мевагӣ бо диоксиди карбони сери шарбобӣ, бо иловаи диоксиди карбон дар зарфи шишагии (бутилии) ғунҷоишаш на кам аз 300 кПа, дар ҳарорати 200С;
- вермут - майи хушбӯе, ки дорои хусусиятҳои хоси органолептикӣ буда, асосан бо истифодаи моддаҳои дар явшон "Artemiҷia" мавҷуд буда, тавассути қиём кардан ва (ё) дамсозӣ ба даст оварда мешавад. Барои ширинсозии май танҳо шакари карамелӣ, қанди сафед, шакари ғизоӣ, шакари тозашуда, шираи ангур, шираи серғизои ангур истифода мегардад;
- мева дар шароб (мева дар шароби мевагӣ)" - маҳсулоти шаробӣ бо миқдори спирти этилӣ аз 15 то 22 фоиз, бо таркиби мевагӣ, ки вазни холиси мева дар он (дар шароби мевагӣ) аз 20 то 60 фоизро ташкил медиҳад;
- нӯшокии қавии ангур - маҳсулоти шаробӣ бо миқдори ҳиссаи спирти этилӣ аз 22 то 55 фоиз, ки аз муқаттари ангур ва (ё) муқаттари софкоришудаи ангурӣ, ва (ё) муқаттари шаробӣ, бе илова ва ё бо иловаи маҳсулоти қанддор ва моддаҳои хушбӯи табиӣ омода гардидааст;
- нӯшокии шаробии қавӣ (аз муқаттари конякӣ) - маҳсулоти шаробӣ бо миқдори ҳиссаи спирти этилӣ аз 35 то 45 фоиз, ки бо роҳи омехта кардани муқаттари шаробӣ (муқаттари конякӣ), ба муҳлати на кам аз 3 сол дар зарфи чӯбии булут нигоҳдошташуда ва спирти софкоришудаи этилӣ бо иловаи шакар, кислотаи лимӯ, шираи булут ва нигоҳдории баъдии маҳсули тайёр дар муҳлати на камтар аз 1 моҳ истеҳсол карда мешавад. Ҳиссаи муқаттари шаробӣ (муқаттари конякӣ) дар ҳаҷми умумии омехтаи маҳсулоти тайёр бояд на камтар аз 35 фоиз бошад;
- нӯшокии мевагии қавӣ - маҳсулоти шаробие, ки қувватнокиаш аз 22 то 55 фоизро ташкил дода, аз муқаттарҳои мевагӣ бе илова ё бо иловаи маҳсулоти дорои шакар, бо бӯй ва таъми маводи истифодашаванда истеҳсол мегардад;
15) навъи муқаттарҳо:
- муқаттари ангурӣ - навъи муқаттар бо ҳаҷми ҳиссаи спирти этилӣ аз 52 то 86 фоиз, ки бо роҳи полоиши алоҳида ё омехтасозии афшураҳои ангури туршкардашуда, фурӯнишинии хамирмоя, фӯрӯнишинии ғилзатҳо ва мавиз омода карда мешавад;
- муқаттари ангурии софкоришуда - навъи муқаттар бо ҳаҷми ҳиссаи спирти этилӣ аз 86 то 96 фоиз, ки бо роҳи муқаттарсозӣ ва (ё) софкории афшураҳои ангури туршкардашуда, фурӯнишинии хамирмоя, фӯрӯнишинии ғилзатҳо ва муқаттари ангурӣ омода мегардад;
- муқаттари шаробӣ - навъи муқаттар бо ҳаҷми ҳиссаи спирти этилӣ аз 52 то 86 фоиз, ки бо роҳи полоиши шароби ноб (маводи шаробӣ) бо иловаи муқаттари шаробӣ ё муқаттари софкоришудаи шаробӣ бо бӯй ва таъми маводи истифодашаванда истеҳсол мегардад;
- муқаттари шаробӣ барои бренди (муқаттари конякӣ)муқаттари шаробӣ бо ҳаҷми ҳиссаи спирти этилӣ аз 55 то 72,4 фоиз, ки бо роҳи муқаттарсозии фраксионии шароби ноб (маводи шаробӣ) ё туршсозии шираи ангури хушккардашуда бо миқдори ҳиссаи спирти этилии на камтар аз 7,5 фоиз аз навъҳои ангури "Vitiҷ vinifera", мувофиқи муқаррароти ҳуҷҷати (ҳуҷҷатҳои) мутобиқсозандаи истеҳсоли маҳсулоти машруботӣ (стандарт, стандарти ташкилот, шартҳои техникӣ ё дигар ҳуҷҷат), бо нигоҳдории доимӣ дар зарфҳои чӯбии булутӣ бо ғунҷоиши зиёда аз 1000 дм3 дар муҳлати на кам аз 1 сол ё шаш моҳ дар зарфҳои ҷубии булутии ғунҷоишаш на кам аз 1000 дм3, ё бе нигоҳдорӣ дар зарфҳои чӯбии булутӣ истеҳсол карда мешавад;
- муқаттари шаробии нигоҳдоришуда барои бренди - муқаттари шаробӣ барои бренди (муқаттари коняки) бо ҳаҷми ҳиссаи спирти этилӣ аз 55 то 72,4 фоиз, ки бо роҳи нигоҳдории муқаттари шароби ҷавон (нав) барои бреди бо ғунҷонидани доимӣ дар зарфи чӯбии булут дар ҳамаи муҳлати нигоҳдоришаванда омода карда мешавад;
- муқаттари шаробии нав барои бренди - муқаттари шаробӣ барои бренди (муқаттари коняки) бо ҳаҷми ҳиссаи спирти этилӣ аз 62 то 72,4 фоиз, ки бе нигоҳдорӣ дар зарфи чӯбии булут тайёр карда мешавад;
- муқаттари шаробии софкоришуда - муқаттари шаробӣ бо ҳаҷми ҳиссаи спирти этилии зиёда аз 86 фоиз, ки бо роҳи муқаттарсозӣ (полоиш) ва (ё) софкории шароби ноб (маводи шаробӣ) бо ҳаҷми ҳиссаи спирти этилии на кам аз 7,5 фоиз, ё муқаттари шаробӣ истеҳсол мегардад;
- муқаттари виски - муқаттари машруботе, ки бо роҳи полоиши (тақтирсозии) яккарата ё бисёркаратаи шираи туршкардашуда аз ғаладонаи растаниҳои хӯшадор ва (ё) сумалаки аз он тайёргардида бо нигоҳдории минбаъдаи муқаттар ва ҳаҷми ҳиссаи спирти этилии на зиёда аз 94,8 фоиз дар зарфи чӯбии булути ғунҷоишаш на зиёда аз 700 литр, дар муҳлати на кам аз 3 сол омода карда мешавад;
- муқаттари ғалладонагӣ - муқаттари машруботе, ки бо роҳи полоиши (тақтирсозии) яккарата ё бисёркаратаи шираи туршкардашуда аз ғаладонаи растаниҳои хӯшадор ва (ё) сумалаки аз он тайёргардида то давраи қавишавии на зиёда аз 94,8 фоиз бо нигоҳдории таъм ва бӯйи маводи истифодашаванда омода мегардад;
- муқаттари шаҳдӣ - муқаттари машруботе бо ҳаҷми ҳиссаи спирти этилӣ аз 52 то 86 фоиз, ки бо роҳи полоиши (тақтирсозии) шираи туршкардаи шаҳдӣ ё нӯшокии шаробии шаҳдӣ ё нӯшокии қавии шаробии шаҳдӣ омода карда мешавад;
- муқаттари ром - муқаттари машрубот бо ҳаҷми ҳиссаи спирти этилӣ на зиёда аз 96 фоиз, ки бо роҳи полоиши (тақтирсозии) шираи туршкарда аз маҳсулоти коркардгардидаи найшакар омода мегардад;
- муқаттари мевагӣ - навъи муқаттар бо ҳаҷми ҳиссаи спирти этилӣ аз 52 то 86 фоиз, ки бо роҳи полоиши майи ноби мевагии рӯимизӣ (маводҳои шаробӣ), афшураи туршкардашудаи мевагӣ, фурӯнишинии хамирмоя, фӯрӯнишинии ғилзатҳо омода карда мешавад. Муқаттари мевагӣ метавонад дар номгӯи худ номи он намуди меваҳоеро дар бар дошта бошад, ки аз он омода гардидааст (масалан, муқаттари олу);
- муқаттари мевагии софкоришуда - навъи муқаттар бо ҳаҷми ҳиссаи спирти этилӣ на зиёда аз 85 фоиз, ки бо роҳи муқаттарсозӣ (полоиш), ё софкорӣ дар алоҳидагӣ, ё омехтасозии тилфи мевагии туршкардашуда, шираи туршкардашудаи мевагӣ аз меваҳои тарутоза (майи ноби мевагии рӯймизӣ (маводҳои шаробӣ)), афшураҳои туршкардашудаи мевагӣ, фурӯнишинии хамирмоя, фӯрӯнишинии ғилзатҳо, муқаттари мевагӣ омода мегардад;
- муқаттари себии нигоҳдоришуда (калвадосӣ) - муқаттари себӣ бо ҳаҷми ҳиссаи спирти этилӣ аз 55 то 70 фоиз, ки бо нигоҳдории доимии муқаттари себии тарутоза дар зарфи чӯбии булут дар тамоми муҳлати нигоҳдорӣ тайёр карда мешавад;
- муқаттари себии тарутоза барои бренди себӣ - муқаттари мевагӣ бо ҳаҷми ҳиссаи спирти этилии аз 62 то 70 фоиз, ки бо роҳи полоиши шароби ноби себӣ (маводи шаробӣ) бе нигоҳдорӣ дар зарфҳои чӯбии булут истеҳсол мегардад;
16) навъи маҳсулоти пивопазӣ:
- пиво - маҳсулоти машрубот бо таркиби спирти этилие, ки дар раванди туршсозии хамираи пивогии аз сумалаки пивопазӣ, сумалаки пивопазии хоса, розак ва (ё) маҳсулоти аз розак коркардшуда (маҳсулоти розакӣ), оби омодагардида (полудашуда) бо истифодаи туршсозандаҳои пиво, бе иловаи спирти этилӣ, хушбӯйкунандаҳо ва иловаҳои ғизоӣ, ба истиснои дар ҷадвали 8, замимаи 4 нишондодашуда, тайёр карда мешавад. Ба қисман ивазкунии сумалаки пивопазӣ бо ғалладонагиҳо ва (ё) маҳсулоти аз он коркардгардида (маҳсулоти ғалладонагӣ) дар шароити зиёд нагардидани вазни умумӣ аз 50 фоизи вазни сумалаки пивопазӣ ва вазни маҳсулоти қанддор на зиёда аз 5 фоизи вазни сумалак, ғалла ва маводи ғалладонагӣ иҷозат дода мешавад;
- пивои гандумӣ - навъи пивое, ки аз сумалаки пивопазии гандумӣ ва (ё) сумалаки махсуси гандумӣ бо таркиби сумалаки гандумӣ дар шароити на камтар аз 50 фоизи миқдори умумии ашёи хом ва сумалаки пивопазии ҷавӣ тайёр карда мешавад. Ба қисман иваз намудани сумалаки пивопазии ҷавӣ бо ғалладона ва (ё) маҳсулоти коркардшудаи он (маҳсулоти ғалладона) дар шароите иҷозат дода мешавад, ки вазни умумии онҳо аз 20 фоизи вазни ивазкунандаи сумалаки пивопазии ҷавӣ ва миқдори маҳсулоти дорои шакар аз 10 фоизи вазни сумалакии пивопазии ҷавӣ, ғалла ва ғалладонагиҳо зиёд набошад;
- пивои махсус - навъи пивое, ки дар натиҷаи туршсозии хамираи пиво аз сумалак ва (ё) маҳсулоти ғалладона, розаки пивопазӣ ва (ё) маҳсулотҳои розакӣ ё аз пивои коркарднашуда ба даст оварда шуда, нишондоди органолептикӣ ва физикию кимиёвии пиворо бо истифодаи маҳсулоти дорои шакар ва (ё) маводи мевагию сабзавотӣ ва (ё) маҳсулоти коркарди онҳо ва (ё) иловаҳои хушбӯйсозанда тағйир медиҳад. Пивои махсус бояд бе илова намудани спирти этилӣ омода карда шавад. Таркиби пиво дар пивои махсус бояд на камтар аз 80 фоизи таркиби умумиро ташкил диҳад;
- нӯшокиҳое, ки дар асоси пиво омода карда мешаванд (нӯшокиҳои пиво) - маҳсулоти пивопазӣ бо миқдори ҳиссаи спирти этилӣ, ки дар раванди туршсозии хамираи пиво на бештар аз 7 фоиз, омодагардида аз пиво (на камтар аз 40 фоизи ҳаҷми маҳсулоти тайёр) ва (ё) аз хамираи сумалаки пиво тайёр кардашуда (на камтар аз 40 фоизи миқдори маводи хом), оби полоишфта (ислоҳшуда), бе илова ва ё бо иловаи маҳсулоти ғалладона, маҳсулоти таркибаш қанддор, розак ва (ё) маҳсулоти розакӣ, меваҳо (мева ва буттамева) ва дигар маводҳои растанӣ, маводи аз онҳо коркардгардида, хушбӯйкунандаҳо, иловаҳои ғизоӣ, ки мутобиқи Регламенти техникӣ истифодааашон барои истеҳсоли пиво иҷозат дода шуда, ба онҳо татбиқ мегардад, истеҳсол карда мешавад;
17) навъи маҳсулоти шарбатпазӣ:
- нӯшокиҳои шарбатии машруботӣ - навъи маҳсулоти шарбатпазӣ бо миқдори ҳиссаи спирти этилӣ аз 8,5 то 22 фоиз, ки дар натиҷаи туршсозии пурра ё нопурраи шираи асалӣ бе илова ё бо иловаи спирти софкоришудаи этилӣ, муқаттари шарбат, муқаттари мева, асал, афшураи ғизонокшудаи мева, қанди карамелӣ барои омезиши рангҳо, бо оксиди сер ё носери карбон, бо бартарияти бӯй ва таъми асал омода карда мешавад. Ба истифодаи то 30 фоиз шираи меваҳои тару тоза, афшураи меваҳои спиртдор иҷозат дода мешавад;
- маҳсулоти машруботии шарбатии газнокшуда маҳсулоти шарбатпазӣ, ки бо ҳаҷми ҳиссаи спирти этилӣ аз 8,5 то 12,5 фоиз, бо фишори диоксиди карбон дар бутили на кам аз 300 кПа дар ҳарорати аз 20шC, ки бо роҳи серсозии сунъии нӯшокии машруботи шарбатӣ бо диоксиди карбон омода гардидааст;
- нӯшокии машрубот-шарбатии қавикардашуда - маҳсулоти шарбатпазӣ бо ҳаҷми ҳиссаи спирти этилӣ аз 17 то 22 фоиз, ки дар натиҷаи туршсозии пурра ё нопурраи шираи асалӣ бе илова ё бо иловаи асал, ё худ аз шираи туршкардаи шаҳд бе илова ё бо иловаи афшураҳои серғизои мевагӣ, бо илова намудани спирти этилии софкоришуда, муқаттари мевагӣ, муқаттари шаҳдӣ омода гардидааст. Истифодаи то 30 фоиз шираи меваҳои тару тоза ва (ё) афшураи меваҳои спиртдор ё туршкардаи спиртдор ва (ё) афшураи барқароршудаи мевагӣ иҷозат дода мешавад;
- нӯшокии машрубот-шарбатии десертӣ - маҳсулоти шарбатпазӣ бо ҳаҷми ҳисси спирти этилӣ аз 15 то 17 фоиз, ки дар натиҷаи туршсозии пурра ё нопурраи шираи шаҳд, бе илова ё бо иловаи шаҳд ё шаҳди аз шираи туршкардаи шаҳдӣ бе илова ва ё бо иловаи афшураи ғизонокшудаи мевагӣ, бо илова намудани спирти этилии софкоригардида, муқаттари мевагӣ, муқаттари шаҳд истеҳсол мегардад. Истифодаи то 30 фоиз шираи меваҳои тару тоза ва (ё) афшураи меваҳои спиртдор ё туршкардаи спиртдор ва (ё) афшураи барқароршудаи мевагӣ иҷозат дода мешавад;
- нӯшокии машрубот - шарбатии шаҳдӣ - нӯшокии спиртӣ бо қувватнокии на камтар аз 22 фоиз, ки бо роҳи хушбӯйсозии омехтаи шираи туршкардашудаи шаҳдӣ ва муқаттари асалӣ ва (ё) спирти софкоришудаи этилӣ, ки таркибаш набояд аз 30 фоиз камтар шираи туршкардашудаи асалиро нисбат ба миқдори маҳсулоти тайёр дар бар гирифта, ба он метавонад хушбӯйсозандаҳои табиӣ ва асал илова гардад, омода карда мешавад;
- нӯшокии шарбатии рӯймизӣ - маҳсулоти шарбатпазӣ бо миқдори ҳиссаи спирти этилӣ аз 8,5 то 15 фоиз, ки дар натиҷаи туршсозии пурра ё нопурраи спирти шираи асалӣ бо иловаи минбаъдаи асал ё бе иловаи он омода карда мешавад. Ба шираи асал илова намудани то 30 фоиз шираи тару тозаи мевагӣ ва (ё) афшураҳои барқароршудаи мевагӣ иҷозат дода мешавад;
- нӯшокии шарбатии қавӣ - маҳсулоти шарбатпазӣ бо қувватнокии аз 22 то 55 фоиз, ки дар натиҷаи туршсозии шираи асалӣ бо таркиби на камтар аз 30 фоизи маҳсулоти тайёр, бо иловаи муқаттари асалӣ, спирти этилии софкоришуда, бе илова ё бо иловаи асал, моддаҳои хушбӯйсозандаи табиии дорои таъми асал ва бартариятсозандаи бӯи асал омода карда мешавад;
- арақи шарбатӣ - маҳсулоти машрубот бо қувватнокии аз 35 то 55 фоиз, ки бо роҳи полоиши (тақтирсозии) шираи туршкардаи асалӣ, бо иловасозии минбаъда ё бе иловаи шаҳд ва (ё) ранги қандӣ барои устуворсозии ранг, бо таъм ва бӯи асал омода карда мешавад;
18) навъи маҳсулоти ғизоии спиртдор:
- спирти хушбӯй - маҳсулоти ғизоии таркибаш спиртдор, ки истеҳсолоти нимтайёри машруботи ликёрии дорои қувватнокии аз 60 то 80 фоиз ба ҳисоб рафта, таркибаш аз моддаҳои хушбӯйкунандаи бо роҳи полоиши (тақтирсозии) қиёмҳои спиртии маводи растанӣ бадастомада, афшураҳои спиртдор ва нӯшокиҳои мевагӣ аз маводи мевагӣ (буттамевагӣ), маҳлулҳои обӣ-спиртии равғанҳои эфирӣ, асал, прополис, маводи дорои равғани эфир ва маводи дигари хушбӯйсозанда иборат мебошад;
- афшураҳои спиртдор - маҳсулоти ғизоии таркибаш спиртдор бо қӯвватнокии 25 фоиз, ки барои истеҳсоли машруботи ликёрӣ бо қувватнокии 16 фоиз пешбинӣ гардида, барои омодасозии нушокиҳои ғайримашрубот (беспирт) ва барои истеҳсоли афшураи спиртдори 20 фоиза аз шоҳтути заминӣ, маҳсулоти аз афшураи мевагӣ бо иловаи спирти софкоришудаи этилӣ омодашуда, корбурд мегардад;
- афшураи мевагии спиртдор - маҳсулоти ғизоии таркибаш спиртдор бо қӯвватнокии на кам аз 24 фоиз (на камтар аз 11 фоиз барои афшураи клюква), ки тавассути ҳосил кардани моддаҳои ҳалшаванда аз меваҳои тару тоза ё хушк бо маҳлули обӣ-спиртӣ қувватнокиаш аз 24 то 60 фоиз омода гардидааст;
- қиёмҳои спиртдор - маҳсулоти ғизоии таркибаш спиртдори нимтайёр барои истеҳсоли маҳсулоти машрубот, ки аз маводи тарутоза ё хушки тундбӯй ва (ё) бебӯй бо роҳи ҳосил кардани моддаҳои ҳалшаванда бо маҳлули обӣ-спиртии қувватнокиаш аз 40 то 90 фоиз тайёр карда мешавад;
- шираи спиртдори ангур (мистел) - маҳсулоти ғизоии таркибаш спиртдор бо ҳаҷми ҳиссаи спирти этилӣ аз 12 то 25 фоиз, ки аз шираи ангур бо таркиби на зиёда аз 14 фоиз шакар нисбат ба меъёри шираи спиртдори ангур (мистел) бо иловаи спирти софкоришудаи этилӣ ва (ё) муқаттари шаробӣ истеҳсол карда мешавад;
- шираи мевагии туршкардашудаи спиртдор (маводи мевагии шаробии туршкардашудаи спиртдор) - маҳсулоти нимтайёр бо ҳаҷми ҳиссаи спирти этилии 16 фоиз, ки дар натиҷаи туршсозии спирти шираи мевагӣ ё меваҳои буридашуда ба миқдори ҳиссаи спирти этилии туршиаш табиии на камтар аз 5 фоиза, бо иловаи баъдинаи спирти софкоришудаи этилӣ, муқаттари мевагии софкоригардида, муқаттари мевагии барои истеҳсоли намудҳои гуногуни шароб пешбинишуда ва ба истеъмолкунанда ҳамчун маҳсулоти тайёр фурӯхтанашаванда омода карда мешавад;
- шираи мевагии спиртдор - маҳсулоти нимтайёр бо ҳаҷми ҳиссаи спирти этилӣ аз 15 то 25 фоиз, ки аз шираи мевагӣ бо иловаи спирти софкоришудаи этилӣ ва (ё) муқаттари мевагӣ ва (ё) муқаттари софкоришудаи мевагӣ тайёр карда мешавад;
- маводи шаробии мевагӣ - маҳсулоти ғизоии таркибаш спиртдор бо қӯвватнокии аз 5 то 8,5 фоиз, ки тавассути туршсозии тилф ё шираи мевагӣ аз меваҳои тару тоза бе илова ё бо иловаи шакар омода мегардад;
19) мафҳумҳои дигар:
- хушбӯйсозӣ - усули технологии ба маҳсулоти машрубот ҳамроҳ намудани бӯйи муайян бо роҳи иловасозии маводи хушбӯйкунанда ва доругӣ, аз ҷумла маводи табиӣ;
- омехтасозӣ (блендинг, эвализатсия) - усули технологии омехтани як намуд маҳсулоти машруботе, ки дорои хусусиятҳои фарқкунандаи физикӣ- кимиёвӣ ва (ё) органолептикӣ буда, бо мақсади тайёр кардани маҳсулоти машруботи таркиби якхела истифода мегардад;
- бӯзасозӣ - раванди ба даст овардани спирти софкоришудаи этилӣ аз бӯза, бо полоиши минбаъдаи он аз омехтаҳои паррони ҷойдошта бо истифодаи дастгоҳи софкорисозандаи бӯза;
- омехтаи туршсозанда - маҳсулоти нимтайёре, ки барои туршсозии такрорӣ ҳангоми истеҳсоли майи пурҷӯш, майи пурҷӯши ангурии шампанӣ ва майи пурҷӯши гавҳарӣ бо усули дар зарф нигоҳдорӣ кардан, аз пасмондаҳои коркардшудаи шаробӣ омода гардида, тариқи полудашавӣ, бо иловаи ликёри дар зарф ғунҷоишёфта ва ҷӯдо кардани хамиртуруши тоза истифода мегардад;
- ангур - буттамеваи навдаҳои ток, ки барои истеҳсоли маҳсулоти шаробӣ дар сатҳи омодагии техникӣ ё нимтайёр бо доштани қобилияти туршсозии спиртӣ истифода мегардад;
- оби тайёршуда (ислоҳшуда) - обест, ки бо ҳадди таркибии моддаҳои минералӣ ва органикии дар ҷадвали 6 замимаи 2 ба Регламенти техникӣ муқаррар гардида, он тавассути нармсозӣ, беминералонӣ кардан, хушбӯйсозӣ, бенамакгардонӣ, аз оҳан поксозӣ, полудасозии оби нӯшокӣ ва усулҳои дигар тайёр карда мешавад. Ба истифодаи яквақтинаи усулҳои гуногуни коркарди об иҷозат дода мешавад;
- оби махсус омодагардида (ислоҳкардашуда) - оби омодагардида (ислоҳшуда), ки дар истеҳсоли маҳсулоти машруботӣ бо нишони ҳифзшавандаи пайдоиш истифода мешавад ва мутобиқи қонунгузории давлатҳои аъзо дар соҳаи моликияти зеҳнӣ, дар заминаи технологияи муқарраргардида коркарди иловагӣ гузаронида мешавад;
- солгаштшавӣ, камолот - усули технологии нигаҳдории маҳсулоти машруботӣ дар шароити назоратшаванда дар давраи муқарраркардаи дастурҳои технологӣ, ки вобаста ба равандҳои тағйироти физикӣ, кимиёвӣ, биокимиёвӣ ва микробиологӣ пешбинӣ гардида, дар натиҷаи он маҳсулоти машруботӣ хосият ва хусусиятҳои нав пайдо менамоянд;
- ба муомилот баровардани маҳсулоти машрубот - таҳвил ё воридоти маҳсулоти машрубот (аз ҷумла интиқол аз анборҳои истеҳсолкунанда ё интиқол бидуни анбор) бо мақсади паҳнсозӣ дар ҳудуди давлатҳои аъзо дар раванди фаъолияти тиҷоратӣ ба таври ройгон ё ҷуброншаванда;
- нишондиҳандаи ҷуғрофӣ - ифодае, ки нишондиҳандаҳои ҷуғрофии маҳсулоти машруботро ба ҳайси воқеияти ҳудуди давлати узв ё минтақа ё маҳалли дар он истеҳсолшавандаи ин навъи маҳсулот, инчунин маҳсулоти дигар минтақаҳои ҷаҳонро, ки сифат, нуфӯз ё дигар хусусиятҳои маҳсулоти машрубот бештар аз падидаҳои ҷуғрофӣ вобастаанд, муайян мекунад;
- ҳисси асосии спирти этилӣ - маҳсулоти иловагии спиртдор, ки дар наиҷаи софкории бӯзаи истифодашаванда ё софкории спирти этилии хом ба даст оварда шуда, дорои ғилзатҳои баланди омехтаҳои органикии паррон мебошад;
- хамиртуруши пиво - хамиртуруше ба оилаи "Ҷaccharomycetaceae" ва навъи туршсозандаҳои "Ҷaccharomyceҷ carlҷbergenҷiҷ" ва "Ҷaccharomyceҷ cereviҷiae" тааллуқ дорад;
- хамиртуруши ҷудосоз - биомассаи ҳуҷайраҳои фаъоли навъи хамиртуруши тоза ба миқдори кифоя барои туршсозии шира ё тилфи карбогидратҳои ба туршсозӣ дохилшаванда;
- хамиртуруши тоза - навъи хамиртурушест, ки аз як ҳуҷайра ҷудо шуда, бо роҳи интихоби сунъӣ барои истеҳсоли баъзе намуди маҳсулоти машрубот махсус корбурд мегардад;
- бӯзаи пӯхтарасида - омехтаи серғизое, ки барои полоиш (муқаттарсозӣ) ё софкории баъдинаи бӯзаи дар ҷараёни туршсозии шираи хамиртуруши таркибаш крахмалӣ ё маводи қанддор ба даст омада, аз об, спирти этилӣ, дар якҷоягӣ бо омехтаҳои тағирёбанда (паррон) ва маҳсулоти мубодилаи хамиртуруш иборат мебошад;
- истеҳсолкунанда - шахси ҳуқуқӣ (аз ҷумла истеҳсолкунандаи хориҷӣ), ки аз номи худ истеҳсол, ё истеҳсолу фурӯши маҳсулот ва масъулияти талаботи Регламенти техникироба роҳ мемонад;
- воридкунанда - резиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо намояндаи ғайрирезидентии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳвили маҳсулоти машрубот шартномаи тиҷорати хориҷӣ баста, онро ба муомилот мебарорад ва ба риояи талаботи Регламенти техникӣ масъул дониста мешавад;
- усули классикии истеҳсоли шаробҳои пурҷӯш - истеҳсоли шаробҳои пурҷӯш тавассути туршсозии такрории масолеҳи шаробӣ ва нигоҳдорӣ пас аз ғунҷоиш дар бутилҳо (зарфҳои шишагӣ);
- намунаи назоратии маҳсулоти машрубот - намунаи маҳсулоте, ки аз як қисмати маҳсулоти ба муомилот баровардашуда бо мақсади ҳалли масъалаҳои баҳсноки байни тарафҳо оиди аслият ва мутобиқат ба талаботи Регламенти техникӣинтихоб карда мешавад;
- консентрати хамираи пиво - маҳсулоте, ки бо роҳи ғилзатсозии (камобгардонӣ, ғафссозии) хамираи пиво тайёр карда мешавад;
- консентрати хамира барои нӯшокиҳо, ки дар асоси пиво (нӯшокиҳои пиво) омода мегардад - маҳсулоте, ки бо роҳи ғилзатсозии (камобгардонӣ, ғафссозии) хамира барои нӯшокиҳои дар асоси пиво (нӯшокиҳои пиво) омодашаванда, истифода мешавад;
- омехта - маҳсулоти таркиб ва хосиятҳояш муқарраршуда, ки бо роҳи омехта кардани ҷузъҳои гуногун омода мегардад;
- омехтасозӣ - усули технологии омехтасозии як намуд ё навъҳои гуногуни маҳсулоти машрубот ва (ё) ҷузъҳои таркибӣ барои ба даст овардани хосият ва хусусиятҳои нави таркибот;
- маводҳои ёрирасон - маводҳое, ки ба таркиби асосии маҳсулот ворид нагардида, танҳо дар раванди истеҳсоли он бо мақсадҳои технологӣ истифода мешаванд;
- матсератсия - усули технологӣ барои парвардани (дам кардани) бофтаҳои растанӣ (маъмулан растаниҳо, пурра ё қисман) дар ҳалкунандаҳои моеъ (об, равғанҳо, спирти этилӣ, омехтаи обӣспиртӣ) бо мақсади ҷаббида гирифтани моддаҳои ҳалшавандаи таркиби ҳалкунанда;
- матсератсияи ангидриди карбон - усули технологии ҷойгир кардани буттамеваҳои яклухти ангур ва меваҳо тӯли якчанд рӯз дар атмосфераи дуоксиди карбон тавассути дастгоҳи пӯшида;
- тилф - тӯдаи резакардашудаи ангурӣ ё мевагӣ, ки барои ба даст овардани афшура ва тилф пешбинӣ шудааст;
- тилфи лаблабуи қанд - маҳсулоти иловагии шакар, моеъи шарбатмонанди тираранг бо бӯи хос, дорои на кам аз 75 фоиз моддаҳои хушк ва вазни умумии на камтар аз 46 фоиз қандҳои туршсохташуда;
- номгӯи маҳсулоти машрубот - вожа ё гурӯҳи вожаҳо, аз ҷумла навъ ва (ё) намуди маҳсулоти машрубот, ки барои ифодаи маҳсулоти машруботи ба муомилот баровардашаванда нигаронида шудаанд;
- номгӯи ҳифозии ҷойи тавлиди (истеҳсолшавии) маҳсулоти машрубот (номгӯи ҳифозӣ вобаста ба истеҳсол) - аломате, ки номгӯи муосир ё таърихӣ, расмӣ ё ғайрирасмӣ, пурра ё ихтисоршудаи кишвар, шаҳр ё деҳот, маҳал ё дигар объекти ҷуғрофӣ, ҳамчунин аломати аз чунин номгӯй истеҳсолшавандаеро ифода намуда, дар муносибат бо маҳсулоти машруботи маълумгардида ба талаботи зерин мутобиқат менамояд. Хусусиятҳо ва сифати мувофиқаткунандаи маҳсулоти машрубот асосан ё махсусан бо ин объекти ҷуғрофӣ ва бо дигар объектҳои хосаи омилҳои табиӣ ва (ё) инсонии он алоқамандидошта. Маҳсулоти машрубот танҳо аз маводи хоме, ки барои истеҳсоли маҳсулоти машрубот дар маҳалли ҷуғрофии мазкур парвариш ёфта, истифодаи он иҷозат дода шудааст, омода мегардад. Истеҳсоли маҳсулоти машруботи мувофиқаткунанда нисбат ба ин объекти ҷуғрофӣ маҳдуд мебошад;
- ҳаҷми ҳиссаи табиии спирти этилӣ - ҳаҷми ҳиссаи умумии спирти этилӣ дар маҳсулот то серғизогардонӣ;
- бесамарсозӣ - усули технологии полудасозии маҳсулоти машрубот бо мақсади баланд бардоштани устувории биологии он;
- ғанигардонӣ - усули технологии зиёд намудани ҳаҷми ҳиссаи табиии спирти этилӣ дар шароб на зиёда аз 4 фоиз тавассути ба шираи ангур то туршсозӣ ё дар вақти туршсозӣ илова кардани шираи ангури ғизонокшудаи софкоригардида ё шираи ғилзатнокшуда бо роҳи таровиши баръакс ё хунуксозӣ (яхгардонӣ), дар шароби мевагӣбо илова намудани қанди сафед, шакар, қанди тозашуда, шираи мевагӣ ё шираи серғизои мевагӣ;
- ифодаи шароб аз рӯи миқдори қанднокӣ - як қисми номгӯи шароб бо нишондоди миқдори қанднокӣ дар маҳсулоти машрубот;
- ифодаи шароб аз рӯи ранг - як қисми номгӯи шароб, ки ранги онро ифода месозад;
- ҳаҷми ҳиссаи спирти этилӣ, қувватнокӣ - нишондиҳандаи таносуби ҳиссаи спирти этилӣ дар ҳаҷми умумии маҳсулот, ҳангоми ҳарорати аз 20 ш C, ки бо фоиз ифода мегардад;
- ҳаҷми ҳиссаи умумии спирти этилӣ - ҳосили нишондиҳандаҳои ҳаҷми ҳиссаи спирти этилӣ (қувватнокӣ) ва ҳиссаи эҳтимолии спирти этилӣ;
- қисми маҳсулоти машрубот - шумораи муайян ё миқдори (як гардиш, омехта ва зарфияти) як номгӯй маҳсулоти машрубот бо бастабандии якхела, аз ҷониби як истеҳсолкунанда мутобиқи як стандарти минтақавӣ (байнидавлатӣ) ё миллӣ ва (ё) стандарти ташкилот ва (ё) дигар ҳуҷҷатҳои истеҳсолкунанда, барои қабули яквақтаи ҳуҷҷатҳои ҳамлу нақл, якҷоя бо ҳуҷҷатҳои ҳамроҳшавандаи бор, ки таъминкунандаи эътимоднокии маҳсулоти машрубот дониста мешаванд, пешниҳод мегардад;
- пастеризатсия - усули технологии бо роҳи гармкунӣ коркард намудани маҳсулоти машрубот барои зиёд кардани мӯҳлати истеъмолии он;
- коркарди такрории маҳсулоти машрубот - маҷмӯи амалиётҳои технологӣ, ки барои ислоҳ намудани нуқсонҳои маҳсулоти машруботи ба талаботи Регламенти техникӣ ҷавобгӯй набуда, бо мақсади истифодаи минбаъдаи он ба таъйиноти мустақим имкон фароҳам меоварад;
- шираи пиво - маҳлули обии моддаҳои истихроҷкунандаи обдор, ки аз маводи хоми пиво ҳосил карда мешавад;
- маводи хоми пиво - маҳсулоти ғизоие, ки барои истеҳсоли пиво ва (ё) нӯшокиҳои дар асоси пиво (нӯшокиҳои пиво) тайёршаванда, аз ҷумла сумалаки пиво, сумалаки хосаи пивопазӣ, консентрати шираи пиво, қиёми сумалак, розак, маҳсулоти розакӣ, маҳсулоти қанддор истифода бурда мешавад;
- сумалаки пивопазӣ - сумалаки аз ҷав ё гандуми пивопазӣ омодагардида;
- ҷави пивопазӣ - ҷави навъҳои муайяни минтақаӣ, ки барои истеҳсоли сумалаки пивопазӣ ва маҳсулоти машрубот истифода мегардад;
- ширинкунӣ - усули технологии ба маҳсулоти машрубот илова намудани қанди сафед, қанди зард, қанди тозашуда, декстроза (глюкоза), шарбати глюкоза, шарбати глюкозӣ-фруктозӣ, шираи крахмал, шираҳои қанди ширинбӯя ё шираи бағоят ширини қанд, қанди табдилдодашуда, шарбати қанди табдилдодашуда, фруктоза, шираи ангури серғизои софкоригардида, шираи ғизонокшудаи ангур, ранги қанд, асал, шарбати ҷавдор, ҳама гуна карбогидратҳои табиии дорои хусусиятҳои ба ҳам монанд. Дар раванди истеҳсоли маҳсулоти машрубот ширинкунӣ тавассути илова кардани шакар, қанд, декстроза, фруктоза, глюкоза, шираи ангур, шираи ғизоноки ангур, шираи ғизоноку софкоришудаи ангур, шираи мевагӣ ё шираи мевагии ғизонокшуда, қанди карамелӣ, асал, дар мавриди истеҳсоли шароб - тавассути илова кардани шираи ғизонокшудаи ангур, шираи ғизонокшуда ва софкоригардидаи ангур, дар мавриди истеҳсоли шароби мевагӣ - бо илова намудани шакар, қанди тозашуда, қанди сафед, декстроза, фруктоза, глюкоза, шираи мевагӣ ё шираи серғизошудаи мевагӣ ба роҳ монда мешавад;
- истеҳсоли машруботи ликёрии нимтайёр - қисми ҷудонопазири маҳсулоти машрубот-ликёрии нимтайёр дар шакли қиёмҳои спиртӣ, афшураҳои спиртдор, қиёмҳо, нӯшокиҳои спиртӣ, инчунин спирти хушбӯйи этилӣ, шарбати қандӣ ва ранги шакар, ки мутобиқи ҳуҷҷатҳои технологии амалкунанда (регламентҳои технологӣ, дастурамалҳои технологӣ) ва бо тартиби муқарраршудаи қонунгузориҳои давлатҳои аъзо тасдиқгардида истеҳсол карда мешавад;
- фарогирии ғайритабиӣ - фарогирии маҳсулоти табиатҳои гуногун, ки ба маҳсулоти машрубот хос набуда (боқимондаҳо, коғазпораҳо, тафолаи (чирки) оҳан ва дигар ашёҳои беруна) аз берун ворид карда мешаванд;
- ҳаҷми ҳиссаи эҳтимолии спирти этилӣ - шумори миқдории спирти этилӣ дар ҳарорати 20шC, ки метавонад дар натиҷаи туршсозии (ҷӯшонидани) пурраи қанд дар 100 ҳаҷми маҳсулоти ҷӯшонидашаванда ҳангоми ҳарорати нишондодашуда ба даст оварда шавад;
- хосиятҳои истеъмолии маҳсулоти машрубот - хусусиятҳои хоси органолептикӣ ва физикӣ-кимиёвии маҳсулоти машрубот, ки дар намудҳои гуногун ва номгӯи маҳсулоти машрубот аз ҳамдигар фарқ мекунанд;
- усули зарфияти истеҳсоли майи пурҷӯш - усули ба шакли муайян даровардани хосиятҳои кафккунӣ ва ҷӯшиши майи пурҷӯш дар раванди туршсозии такрории он ва пӯхта расидан дар зарф (акратофорҳо) тариқи бефосила ва мавсимӣ;
- тариқи зарфияти истеҳсоли майҳои пурҷӯш - истеҳсоли майҳои пурҷӯш бо роҳи ҷӯшонидани такрории шираи ҷӯшонидашудаи ангур ва (ё) маводҳои шаробӣ дар зарфҳои ҳавоногузар;
- софкорисозӣ - усули технологии ҷудосозии моддаҳои паррони (бухоршавандаи) дорои ҳарорати ҷӯшиш, бо роҳи бухорсозии бисёркарата ва ғилзатсозии селобаи моддаҳои мутаносибан ба тарафи ҳамдигар ҳаракаткунанда;
- софкорисозии спирти хоми этилӣ - ба даст овардани спирти софкоришудаи этилӣ аз спирти хоми этилӣ тавассути механизми софкорисозӣ ё софкорисозии бӯзагардонӣ;
- ранги қанд - маводи тариқи коркарди гармии шакар бадастомада;
- маҳсулоти шакардор - шакар, шакари тозашуда, қанди сафед, шарбатҳои шакарӣ, декстроза, фруктоза, глюкоза, шираи крахмал, шираи ангури консентронидашуда, шираи меваҳои консентронидашуда, шираи ангури консентронидашуда, қанди карамелӣ, асал ва ҳамчунин маводи пивопазии дорои қанд, ки ҳангоми ҷӯшонидан мавриди истифода қарор мегиранд;
- туршсозии шира - усули технологии табдили шираи шакар ба спирти этилӣ, диоксиди карбон ва дигар моддаҳо, ки тавассути фаъолияти моддаҳои хамиртуруш ба он оварда мешавад;
- сумалак - маҳсулоте, ки аз ғалладонагиҳо тавассути тар карда мондан, сабзонидан (барои истеҳсоли маҳсулоти машруботӣ) ва хушкконидан (барои пиво) ба даст оварда мешавад;
- шираи сумалак - маҳсулоте, ки бо роҳи кашидани (истихроҷи) моддаҳои ниҳоят тез аз сумалаки пивопазӣ ва (ё) сумалаки хосаи пивопазӣ ва ғилзатсозии маҳлули моддаҳои истихроҷӣ истеҳсол карда мешавад;
- сумалаки махсуси пивопазӣ - сумалак аз ҷави пивопазӣ ё дигар ғалладонаҳо, ки бо истифодаи усулҳои технологии коркарди ғалладона, аз ҷумла ширинсозӣ, бо мақсади дар сумалак ё маҳсулоти пивопазӣ пайдо шудани хусусият ва хосиятҳои хос истеҳсол мегардад;
- спиртхобонӣ - усули технологии иловасозии спирти этилии софкоришуда, муқаттари шаробӣ, муқаттари мевагӣ, муқаттари шаҳдӣ, муқаттари шаробии софкоришуда, муқаттари мевагии софкоришуда, муқаттари ангурии софкоришуда;
- шира - моеи обии маводи хоми моддаҳои ниҳоят тез, ки дар раванди истеҳсоли спирти этилӣ, пиво, шарбати асал ва нӯшокиҳои бӯзагии камспирт истифода мегарданд;
- шираи ангур - масолеҳи нимтайёр бо ҳаҷми ҳиссаи спирти этилии на зиёда аз 1 фоиз, ки аз ангури тару тозаи худ ба худ ё бо истифодаи усулҳои физикии куфташудани ангурҳои пуштагӣ, шоридашаванда ва фишурдашаванда омода карда мешавад;
- шираи ғилзатнокшудаи ангур - масолеҳи нимтайёр бо ҳаҷми ҳиссаи спирти этилии на зиёда аз 1 фоиз, ки дар натиҷаи беобсозии шираи ангур (ба истиснои усули мустақими ҷӯшонидан), бо ҳиссаи вазни моддаҳои хушки тавассути асбоби шуоъченкунӣ (рефрактометр) дар ҳарорати 20оС муайянгардидаи на кам аз 50,9 фоиз ба даст оварда мешавад;
- шираи ғилзатнокшудаи софкоригардидаи ангур - масолеҳи нимтайёр бо ҳаҷми ҳиссаи спирти этилии на зиёда аз 1 фоиз, ки дар натиҷаи беобсозии шираи ангур, бо ҳиссаи вазни моддаҳои хушки тавассути асбоби шуоъченкунӣ (рефрактометр) дар ҳарорати 20шC муайянгардидаи на кам аз 61,7 фоиз, вобаста ба нишондоди ҳуҷҷат (ҳуҷҷатҳо) дар мутобиқат бо омодасозии маҳсулоти машрубот (регламенти техникӣ, стандарт, стандарти ташкилот, шартҳои техникӣ ё ҳуҷҷати дигар), коркард тавассути ихроҷи зиёдатии кислотаҳо ва дигар қисматҳо, ба истиснои қанд, ба даст оварда мешавад;
- шираи асал - маҳлули обии асал бо ҳаҷми ҳиссаи спирти этилии на зиёда аз 1 фоиз;
- шираи мевагӣ - маҳсулоти нимтайёр бо ҳаҷми ҳиссаи спирти этилӣ на камтар аз 1 фоиз, ки аз меваҳо тариқи беихтиёрона ё бо истифода аз усулҳои физикии таҷзия, шоридашавӣ ва фишороварӣ ба даст оварда мешавад. Барои таъмини ҳадди ақали ҳиссаи спирти табиии туршкардашудаи этилӣ то 5 фоиз иловаи қанд иҷозат дода мешавад;
- шираи ғилзатнокшудаи мева - масолеҳи нимтайёр бо ҳаҷми ҳиссаи спирти этилии на зиёда аз 1 фоиз, ки дар натиҷаи беобсозии шираи мева (ба истиснои усули мустақими ҷӯшонидан), бо ҳиссаи вазни моддаҳои хушки тавассути асбоби шуоъченкунӣ (рефрактометр) дар ҳарорати 20шC муайянгардидаи на кам аз 50,9 фоиз ба даст оварда мешавад;
- коркарди гармӣ - коркарди маҳсулоти машрубот бо гармӣ ва (ё) хунукӣ дар марҳилаи истеҳсолӣ;
- ҳамроҳшавии технологӣ - ҳамроҳсозие, ки дар натиҷаи нигоҳдорӣ (солгардшавӣ) полоиш ва (ё) борпечсозии маҳсулоти машрубот (нахҳои маводи полудашуда, гарди пустлохҳо, гарди полимерӣ) ташкил карда мешавад;
- зарфият - раванди технологии истеҳсоли майи пурҷӯш, майи пурҷӯши ангурии шампанӣ ва майи пурҷӯши гавҳарӣ бо усули бутилӣ, бо ҳамроҳ кардани зарфияти омехта дар бутил ва махкамсозии даҳони бутил тавассути пӯк;
- зарфияти омехта - маҳсулоти нимтайёрест, ки барои ҷӯшонидани такрорӣ ҳангоми истеҳсоли майи пурҷӯш, майи пурҷӯши ангурии шампанӣ, майи пурҷӯши гавҳарӣ бо усули бутилӣ ва аз майи сероби полудашуда, аз зарфияти омехтаи ликёр бо ҷӯдосозии хамиртуруши тоза ва моддаҳои ширешсозанда муқаррар гардидааст;
- зарфияти ликёр - маҳсулоти нимтайёрест, ки барои ҷӯшонидани такрорӣ ҳангоми истеҳсоли майи пурҷӯш, майи пурҷӯши ангурии шампанӣ, майи пурҷӯши гавҳарӣ ва аз майи сероби коркардшуда, полудагардида бо иловаи қанд муқаррар гардидааст. Ба туршсозии зарфияти ликёрӣ тавассути кислотаи лимӯ иҷозат дода мешавад;
- ликёри экспедитсионӣ - маҳсулоти нимтайёре, ки ҳангоми истеҳсоли майҳои пурҷӯш ва майи пурҷӯши гавҳарӣ барои ба даст овардани нишондиҳандаҳои физикӣ-кимиёвии маҳсулоти тайёр, аз шароби коркардшудаи бутилӣ (маводи шаробӣ) ё омехтаи шароб, бо илова намудани шакар ва кислотаи лимӯ, бе илова ё бо иловаи муқаттари шаробии барои бренди солгаштшуда тайёр карда мешавад;
- шира (ҷавҳар) - маҳсулоте, ки дорои моддаҳои ниҳоят тез ва (ё) хушбӯйкунандаи маводи растанӣ буда, бо усули кашидани (гирифтани) маводи растанӣ ба даст оварда мешавад.
4. ҚОИДАҲОИ МУОМИЛОТИ МАҲСУЛОТИ МАШРУБОТ ДАР ҲУДУДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
6. Ба муомилот баровардани маҳсулоти машрубот ва гардиши он дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ба талаботи Регламенти техникӣ, инчунин дигар регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ бошад.
7. Маҳсулоти машруботии содиротӣ, ки ба талаботи Регламенти техникӣ, инчунин дигар регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат дорад, бояд дорои ҳуҷҷатҳои ҳамроҳшавандаи боркашонӣ бошад ва он нишондоди суроғаи истеҳсолкунандаи маҳсулоти машруботӣ ва миёнараверо, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита фурӯши маҳсулоти машруботро ба роҳ мемонад, дар бар гирад.
8. Воридкунандагони маҳсулоти машрубот уҳдадоранд, ки анборҳои мувофиқ ё шартномаи иҷораи анборҳо барои нигоҳдорӣ ва фурӯши яклухти маҳсулоти машруботро дошта бошанд.
5. ҲАММОНАНДСОЗИИ МАҲСУЛОТИ МАШРУБОТ
9. Бо мақсади мансубияти маҳсулоти машрубот ба объектҳои бамеъёрдарории техникӣ, дар алоқамандӣ бо мувофиқати Регламенти техникӣ ҳаммонандсозии маҳсулоти машрубот аз тарафи шахсони зерин ба амал бароварда мешавад.
- аризадиҳанда;
- мақомоти ваколатдор оид ба сертификатсия;
- озмоишгоҳи санҷишӣ (марказӣ);
- мақомоти назорати давлатӣ оид ба риояи талаботи Регламенти техникӣ;
- шахсони дигари манфиатдор.
10. Ҳаммонандсозии маҳсулоти машрубот аз рчйи номгчйи он ва (ё) аломатҳои он, ки барои муайян намудани ин намуди маҳсулот дар Регламенти техникӣ ё регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намудҳои якхелаи маҳсулоти машрубот дарҷ гардидаанд, бо усулҳои муоинавӣ ва (ё) органолептикӣ ва (ё) таҳлилӣ гузаронида мешаванд.
11. Ҳаммонандсозии маҳсулоти машрубот бо усулҳои зерин ба роҳ монда мешавад:
- аз рчйи номгчй - бо роҳи муқоисаи номгчй ва таъин намудани тариқи истифодаи маҳсулоти машрубот, ки дар тамғақоғази бастабандӣ, ё ҳуҷҷати ба маҳсулоти машруботӣ ҳамроҳшуда дарҷ ёфта, номгчй ва намуди маҳсулоти машруботиро дар Регламенти техникӣ ва (ё) регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои намудҳои якхелаи маҳсулоти машрубот муайян менамояд;
- бо усули муоина - бо роҳи муқоисаи намуди берунии маҳсулоти машрубот бо нишонаҳое, ки барои муайян намудани навъи маҳсулоти машрубот дар Регламенти техникӣ ва (ё) регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои намудҳои якхелаи маҳсулоти машрубот дарҷ гардидааст;
- бо усули органолептикӣ - бо роҳи муқоисаи нишондиҳандаҳои органолептикии маҳсулоти машрубот бо нишонаҳое ки барои муайян намудани навъи маҳсулоти машрубот дар Регламенти техникӣ ва (ё) регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои намудҳои якхелаи маҳсулоти машрубот дарҷ гардидааст. Агар ҳаммонандсозиро аз рчйи номгчй ва усули муоина ба амал баровардан ғайриимкон бошад, он гоҳ усули органолептикӣ қабул карда мешавад;
- бо роҳи санҷиши мутобиқати нишондиҳандаҳои физикокимиёвӣ (токсикологӣ-радиологӣ) ва (ё) микробиологии маҳсулоти машрубот бо нишонаҳое ки барои муайян намудани ин навъи маҳсулоти машруботӣ дар Регламенти техникӣ ва (ё) регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидааст. Агар ҳаммонандсозиро аз рчйи номгчй ва усулҳои муоинаю органолептикӣ ба амал баровардан ғайриимкон бошад, он гоҳ усули таҳлилӣ (аналитикӣ) қабул карда мешавад.
6. ТАЛАБОТИ БЕХАТАРӢ НИСБАТ БА МАҲСУЛОТИ МАШРУБОТ
12. Маҳсулоти машруботе, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муомилот бароварда мешавад, дар муҳлати истифодаи муқарраргардида тибқи таъинот бояд бехатар бошад.
13. Маҳсулоти машрубот бояд ба талаботи дар замимаҳои 2-4 Регламенти техникӣ пешбингардида ҷавобгӯ бошад. Ба мавҷудияти барангезандаҳои сироятӣ, бемориҳои паразитӣ, заҳрҳои онҳо, ки барои ҳаёти инсон хавфнок мебошанд, дар таркиби маҳсулоти машруботи дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муомилот баровардашаванда роҳ дода намешавад.
14. Муҳлати истеъмол ва шароити нигоҳдории маҳсулоти машрубот аз ҷониби истеҳсолкунанда муқаррар карда мешавад.
15. Маводҳои барои истеҳсоли маҳсулот истифодашаванда дар алоқамандӣ бо маҳсулоти машрубот бояд ба талаботи муқаррарнамудаи Регламенти техникӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат намояд.
16. Дар таркиби маҳсулоти машрубот ба мавҷудияти хушбӯйкунандаҳои табиӣ (моддаҳо ва дорувориҳои хушбӯйи табиӣ), ки тибқи Регламенти техникӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шудаанд, иҷозат дода мешавад. Ба истифодаи иловаҳои ғизойии дар ҷадвали 8 замимаи 4 Регламенти техникӣ пешбинишуда рухсат дода мешавад. Талаботи бехатарӣ ба нӯшокиҳои рӯҳафзои камспирт дар регламенти техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ" муқаррар карда шудааст.
17. Ба амалҳои зерин расман иҷозат дода намешавад:
- дар раванди истеҳсоли маҳсулоти машрубот истифодаи ҷузъҳое, ки дар ҳуҷҷати (ҳуҷҷатҳои) мутобиқати истеҳсоли маҳсулоти машрубот (стандарт, шартҳои техникӣ (дар сурати мавҷудият) ё дигар ҳуҷҷат) пешбинӣ нагардидаанд;
- иваз намудани навъҳои ангур ё омехтаи онҳо дар маҳсулоти машрубот дар ҳолате, ки агар ин амал дар ҳуҷҷати (ҳуҷҷатҳои) мутобиқати истеҳсоли маҳсулоти машрубот (стандарт, шартҳои техникӣ (дар сурати мавҷудият) ё дигар ҳуҷҷат) пешбинӣ нашуда бошад;
- ба маҳсулоти машрубот илова намудани спирти этилии аз маводи ғайриғизоӣ омодагардида.
18. Истеҳсолкунандагон, фурӯшандагон (воридкунандагон) ва шахсони ваколатдори истеҳсолкунанда ӯҳдадоранд истеҳсол, нигоҳдорӣ, интиқол ва фурӯши маҳсулоти машруботро тавре иҷро намоянд, ки онҳо ба талаботи Регламенти техникӣ, инчунин дигар регламентҳои техникии ба онҳо татбиқшавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ бошанд.
19. Бехатарии маҳсулоти машрубот дар раванди истеҳсоли он мутобиқи талаботи регламенти техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ" таъмин карда мешавад.
20. Таъмини обе, ки дар раванди истеҳсоли маҳсулоти машрубот истифода мегардад, тибқи талаботи Регламенти техникӣ ва регламенти техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ" амалӣ мешавад. Обе, ки барои истеҳсоли маҳсулоти машрубот истифода мегардад, бояд ба талаботи замимаи 2 Регламенти техникӣ мутобиқат намояд.
21. Маводи хоме, ки дар раванди истеҳсоли маҳсулоти машрубот истифода мешавад, бояд ба талаботи регламенти техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ" ва дар сурати мавҷуд набудани он ба талаботи муқаррарнамудаи дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат намояд ва бояд таҳти назорат бошанд. Хушбӯйкунандаҳо, иловаҳои ғизоӣ, ферментҳо, воситаҳои ёридиҳандаи технологӣ, ки дар раванди истеҳсоли маҳсулоти машрубот истифода мешаванд, бояд ба талаботи регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ бошанд.
22. Бинои истеҳсолӣ, ки дар он истеҳсоли маҳсулоти машрубот амалӣ карда мешавад, таҷҳизоти технологӣ ва ҷиҳозе, ки дар ҷараёни истеҳсоли маҳсулоти машрубот истифода мегардад, шароити нигоҳдорӣ ва берунсозии партовҳо, коркарди такрории онҳо бояд ба талаботи регламенти техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ" мутобиқ бошанд.
23. Равандҳои нигоҳдорӣ, интиқол, фурӯш ва истифодаи партовҳои маҳсулоти машрубот бояд ба талаботи регламенти техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ" мутобиқ бошанд. Имконияти коркарди маҳсулоти машрубот бо мақсади истифодаи минбаъда тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад.
7. ТАЛАБОТ БА БАСТАБАНДИИ МАҲСУЛОТИ МАШРУБОТ
24. Барои маҳсулоти машрубот бастабандӣ бо мақсади таъмини бехатарии он ва нигоҳ доштани хусусиятҳои истеъмолии маҳсулоти машрубот ҳангоми ба муомилот баровардани он дар раванди муҳлати истифода ва ҷавобгӯй ба талаботи Регламенти техникӣ ва Регламенти техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бехатарии борҷома" қабул карда мешавад.
25. Ба зарфияти маҳсулоти машрубот дар зарфҳои шишагии чаппагардоншаванда (ба истиснои май, шароб бо нишони ҳифзшавандаи ҷуғрофӣ, шароб бо номгӯйи ҳифзшавандаи ҷои истеҳсол, шаробҳои коллексионӣ, майи пурҷӯш, шаробҳои мевагии рӯймизӣ ва майи пурҷӯши мевагӣ) иҷозат дода мешавад.
26. Дар зарфҳои пластикӣ ғунҷонидан ва таҳвили арақ манъ аст.
27. Воситаҳои махкамкунандаи зарфҳо бояд ҳавоногузарии бастабандии истеъмолӣ ва ҳифзи хосиятҳои истеъмолии маҳсулоти машруботро дар раванди муҳлати истифода бо риояи шарти нигоҳдорӣ таъмин намоянд.
28. Ҳангоми вайрон шудани борҷомаҳои истеъмолӣ, маҳсулоти машрубот бояд аз ҷониби субъекти хоҷагидор, ки соҳиби маҳсулоти машрубот ба ҳисоб меравад, бояд аз муомилот гирифта шавад.
8. ТАЛАБОТ БА ТАМҒАГУЗОРИИ МАҲСУЛОТИ МАШРУБОТ
29. Истеҳсолкунанда ё фурӯшанда (воридкунанда) бояд ба истеъмолкунанда дар бораи маҳсулоти машрубот маълумоти зарурӣ ва саҳеҳ пешниҳод намояд.
30. Тамғагузории маҳсулоти машруботӣ бояд ба талаботи Регламенти техникӣ ва Регламенти техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тамғагузории маҳсулоти хӯрокворӣ" мувофиқат намояд.
31. Тамғагузории маҳсулоти машрубот ба ҳар як воҳиди бастаи истеъмолӣ дар ҷойи муносиб (дар тамғакоғазҳо, контрэтикетҳо, шаддатамға (контрэтикетк), ёрлиқҳо) насб карда мешавад. Тамғагузории маҳсулоти машруботӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшаванда бо забони давлатӣ ва барои маҳсулоти машруботи содиротшаванда бо забони давлати фармоишгар ба амал бароварда мешавад. Тамғагузории маҳсулоти машруботии воридотии дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муомилот баровардашаванда низ бояд бо забони тоҷикӣ баргардон карда шавад.
32. Тамғагузории маҳсулоти машрубот маълумоти зеринро дар бар мегирад:
- номгӯи маҳсулоти машрубот. Номгӯи маҳсулоти машрубот метавонад ба таври иловагӣ бо ҳарфҳои алифбои лотинӣ (ба истиснои вожаҳои "шампан", "коняк" ва "калвадос") ишора карда шавад. Вожаҳои "шампан", "коняк" ва "калвадос" метавонанд бо ҳарфҳои алифбои лотинӣ танҳо аз ҷониби истеҳсолкунандагони маҳсулоти машрубот дар минтақаҳои дахлдори ҷуғрофӣ нишон дода шаванд;
- номгӯй ва маҳалли ҷойгиршавии истеҳсолкунандаи маҳсулоти машрубот (суроғаи ҳуқуқӣ, аз ҷумла кишвар, суроғаи ҷои истеҳсол), инчунин ташкилотҳо - воридкунандагони маҳсулоти машрубот ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон. Маълумот дар бораи маҳалли ҷойгиршавии истеҳсолкунандаи маҳсулоти машрубот, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, метавонад бо ҳарфҳои алифбои лотинӣ ва рақамҳои арабӣ ё бо забони давлатии кишвари истеҳсолкунандаи маҳсулоти машрубот (ҳангоми нишон додани номи ин давлат ба забони тоҷикӣ) ишора карда шавад;
- ҳаҷми ҳиссаи спирти этилӣ (қувватнокӣ) (% умумӣ). Барои маҳсулоти пивопазӣ ва шаробпазӣ метавонад ҳадди камтарини қуватнокӣ ("на камтар аз") нишон дода шавад;
- ҳаҷми истеҳсолот дар як бастаи маҳсулоти истеъмолӣ (л, дм3, мл, см3);
- зичии ғилзатнокии қандҳо (г/дм3, г/л, г/100 см3). Ба ишора накардани зичии ғилзатнокии қанд барои қиёмҳои талх ва балзамҳо, маҳсулоти шаробие, ки аз рӯи ғилзатнокии зиччии қандҳо тасниф карда мешаванд (брюти аълосифат, брют, маҳсулоти хушк, нимхушк, нимширин, ширин), маҳсулоти шаробӣ бо ҳаҷми ҳиссаи спирти этилии зиёда аз 36 фоиз ва барои дигар маҳсулоти машрубот агар шакар дар дастурамал пешбинӣ нашуда бошад, иҷозат дода мешавад. Барои балзамҳо ғилзатнокии зиччии умумии шираи қиём нишон дода мешавад. Барои маҳсулоти пивопазӣ нишондоди зиччии ғилзатнокии қанд талаб карда намешавад;
- таркиб (рӯйхати компонентҳо бо тартиби кам намудани ҳаҷми ҳиссаи онҳо, ба истиснои май, майҳои ликёрӣ, майҳои пурҷӯш, майҳои пурҷӯши гавҳарӣ, майҳои газдор, майҳои мевагӣ, конякҳо, бренди, аз ҷумла брендии мевагӣ, виски, ром ва маҳсулоти машруботе, ки аз як намуди маводи хом омода гардидаанд). Барои майи хушсифат навъҳои ангури аз онҳо омодагардидаи май нишон дода мешаванд. Барои арақҳо ва арақҳои махсус, аввалан навъи спирти этилии истифодашавандаи софкоришуда ва иловатан номгӯйи таркибҳое, ки ба бӯй ва маззаи арақ таъсир мерасонанд ишора меёбанд;
- барои шаробҳои мевагӣ, нӯшокиҳои шаробии мевагӣ, шаробҳои себӣ ва арақҳои мевагӣ, бренди мевагӣ - намуди меваҳои истифодагардида дарҷ карда мешаванд;
- барои майҳои солгашт (нигоҳдоришуда) ва шаробҳои коллексионӣ - соли ҳосилбандӣ, барои майҳои пурҷӯши коллексионӣ ва майҳои пурҷӯши аълосифат - моҳ ва соли барориш нишон дода мешавад;
- барои майҳои пурҷӯши аълосифат (майҳои пурҷӯши ангурии шампанӣ) усули (тарзи) истеҳсоли онҳо (классикӣ, зарфиятӣ) ишора мегардад;
- барои коняк, бренди, брендии аълосифат, калвадос, брендии мевагӣ, виски ва ром муҳлати нигоҳдории муқаттарҳо ишора меёбад;
- барои пиво ва нӯшокиҳое, ки дар асоси пиво (нӯшокиҳои пиво) омода мегарданд, намуд, усули коркард, маълумот оиди полуда нашудан, фаъолияти ниҳоӣ (бо фоиз) (барои пиво), шираи воқеӣ (бо фоиз) (барои нӯшокиҳои пиво) нишон дода мешавад;
- санаи истеҳсол (зарфият, истеҳсол, ба расмият даровардан) ва муҳлати истифода дарҷ мегардад. Дар тамғақоғази маҳсулоти машрубот, ки истеҳсолкунанда дар он мӯҳлати номаҳдуд муқаррар намудааст, бояд бо навиштаҷоти зерин илова карда шавад: "Муҳлати нигоҳдорӣ дар сурати риояи шароити нигоҳдорӣ маҳдуд намегардад";
- шароити нигоҳдорӣ. Ба ишора накардани шароити нигоҳдорӣ пас аз кушодани зарфи машрубот, дар ҳолати тағйир наёфтани сифат ва бехатарии маҳсулот пас аз боз кардани бастабандии аз вайроншавӣ муҳофизаткунандаи маҳсулоти машрубот иҷозат дода мешавад;
- навиштаҷоти огоҳкунандаи возеҳ, ки бо ҳарфҳои калон ва шрифти хонои андозаи ниҳоӣ насб карда шуда, на кам аз 10 фоизи контртамға, ё тамғақоғаз, ё ҳудуди борҷомаи истемолиро дар бар мегирад, мазмуни зеринро ифода менамояд, "Истеъмоли аз меъёр зиёди машрубот ба саломатии шумо зарарнок аст";
- номгӯи иловаҳои ғизоие, ки дар равандҳои истеҳсолӣ истифода мешаванд (ба истиснои иловаҳои ғизоие, ки барои раванди истеҳсолӣ зарур буда, ба қатори маҳсулоти машруботи тайёр дохил намегарданд), маълумот дар бораи мавҷудияти ҷузъҳое, ки бо истифодаи организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ-муҳандисӣ-тағйирёфта ба даст оварда шудаанд;
- маълумот баҳодиҳии мутобиқати маҳсулот;
- барои нӯшокиҳои камспирт - маълумот оид ба таркиби спирти этилӣ дар ҳудуди бастаи истеъмолӣ;
- барои борҷомаи (бастабандии) истеъмолӣ - навиштаҷот бо мазмуни зерин: "Барои шахсони то 18-сола, занони ҳомила ва ширмаккон, инчунин ба одамони гирифтори бемориҳои системаи асаб ва узвҳои дарунӣ тавсия дода намешавад". Истифодаи мафҳумҳои "камспирт" ё "камтаъсир" ва вариантҳои он барои маҳсулоти машрубот бо ҳаҷми ҳиссаи спирти этилии 7 фоиз ва зиёда аз он манъ аст.
33. Дар сурати таъмини возеҳияти хониш иттилоот дар ҳама гуна шакл истифода бурда мешавад. Ҳамзамон, навиштаҷот, аломату нишонаҳо бояд дар заминаи возеҳ истифода бурда шаванд.
34. Тамғагузории маҳсулоти машрубот инчунин метавонанд дар бораи маҳсулоти машрубот ва истеҳсолкунандаи он, аз ҷумла дар шакли пиктограмма, тасвирҳо, аломатҳо, рамзҳо, дигар ифодаҳо ва (ё) таркиби онҳо маълумоти иловагӣ дошта бошад. Аз ҷумла, бо насби рамзи эътинои фаврӣ рамзи-QR истифода мегардад, ки дар бораи истеҳсолкунанда ва маҳсулот иттилооти пурраро дар бар мегирад.
35. Маълумот барои истеъмолкунанда дар маводҳои шаффофи муҳофизатии полимерии бастабандиҳои гурӯҳӣ, ки барои интиқол (боркашонӣ) истифода гардида, дар онҳо маҳсулоти машрубот бастабандӣ мегардад, насб карда намешаад.
36. Ҳангоми тамғагузории маҳсулоти машруботи бутилӣ маълумот дар ҳуҷҷатҳои ҳамроҳшудаи интиқолӣ нишондоди зеринро дар бар мегирад:
- номгӯй ва маҳалли ҷойгиршавии (суроғаи шахси ҳуқуқӣ) истеҳсолкунанда (шахси ваколатдори истеҳсолкунанда);
- номгӯи маҳсулоти машрубот;
- маълумот дар бораи ҳаҷми маҳсулот;
- рақами гурӯҳ.
37. Май, майи ликёрӣ, майи мевагӣ, ки дар бастабандии истеъмолӣ печонида нашудаанд, метавонанд ба сифати "маводи шаробӣ" нишон дода шаванд.
38. Барои маҳсулоти машруботи истеҳсолкунандагони хориҷӣ мувофиқи нишондоди дар банди 34 Регламенти техникӣ пешбинӣ гардида, маълумот метавонад дар контртамғаҳо ва (ё) колереткаҳо бо забони давлатӣ нусхабардорӣ карда шавад.
39. Маълумоти пешбининамудаи банди 34 Регламенти техникӣ ба бастаҳои истеъмолӣ ва (ё) тамғакоғаз ва (ё) контртамғаҳо ва (ё) колереткаҳо, ки хориҷ карданашон аз бастабандии истеъмолӣ мушкилӣ дорад, насб карда мешавад.
40. Ҳангоми тамғагузории маҳсулоти машрубот восита ва усулҳои насб намудани иттилоот истифода бурда мешаванд, ки бехатарии маҳсулоти машруботро дар раванди интиқол, нигоҳдорӣ ва фурӯш таъмин менамояд.
9. ТАЪМИНИ МУТОБИҚАТИ МАҲСУЛОТИ МАШРУБОТ БА ТАЛАБОТИ РЕГЛАМЕНТИ ТЕХНИКӢ
41. Мутобиқати маҳулоти машрубот ба Регламенти техникӣ тавассути иҷрои талаботи он мустақиман ё бо риояи талаботҳои стандартҳое, ки ба номгӯи стандартҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ (байнидавлатӣ) дохил карда шудаанд ва ҳангоми мавҷуд набудани онҳо, стандартҳои миллӣ (давлатӣ), ки дар натиҷаи он ихтиёран истифода мешаванд, риояи талаботи Регламенти техникӣ ва талаботҳои регламенти техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба маҳсулоти машрубот татбиқ мегарданд, таъмин карда мешавад.
42. Усулҳои ташхис (озмоиш) ва ченкунии маҳсулоти машрубот дар стандартҳое, ки номгӯи стандарти қоидаҳо ва усулҳои ташхис (санҷиш) ва ченкуниро дар бар мегиранд, аз ҷумла қоидаҳои интихоби намунаҳои барои истифода ва татбиқи талаботи Регламенти техникӣ ва ба амал овардани баҳодии мутобиқати маҳсулоти машрубот зарурӣ, муқаррар карда мешаванд.
10. БАҲОДИҲИИ (ТАСДИҚИ) МУТОБИҚАТИ МАҲСУЛОТИ МАШРУБОТ
43. Баҳодиҳии мутобиқати маҳсулоти машрубот дар шаклҳои зерин амалӣ карда мешавад:
- тасдиқи мутобиқати ин навъи маҳсулот ба талаботҳои муқаррарнамудаи Регламенти техникӣ;
- назорати давлатӣ ба риояи талаботҳои муқаррарнамудаи Регламенти техникӣ нисбат ба маҳсулот ва равандҳои ба он марбути истеҳсол, бастабандӣ, тамғагузорӣ, нигоҳдорӣ, интиқол ва фурӯш.
44. Маҳсулоти машруботе, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фурӯш бароварда мешаванд, бояд мутобиқи талаботи муқарраргардидаи Регламенти техникӣ ва дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими давлатии истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот" дар шакли сертификатсияи ҳатмӣ тасдиқ карда шавад. Барои тасдиқи ҳатмии мутобиқат рамзҳои зерини номгӯи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷии маҳсулоти машрубот корбурд мешаванд (2203, 2204, 2205, 2206, 2207, 2208).
45. Сертификатсияи ҳатмии маҳсулоти машрубот аз ҷониби мақоми ваколатдор бо риояи талаботи қонунгузорӣ амалӣ карда мешавад.
46. Тасдиқи мувофиқати маҳсулот аз ҷониби молрасон дар шакли сертификатсияи ҳатмӣ дар асоси далелҳои бадастомада бо ҷалби озмоишгоҳҳои аккредитатсияшуда ба роҳ монда мешавад.
47. Баҳодиҳии (тасдиқи) мутобиқати маҳсулоти машрубот дар муносибат бо амалҳои зерин ба роҳ монда мешавад:
- маҳсулоти дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муомилот баровардашуда - дар шакли сертификатсияи ҳатмӣ;
- маҳсулоти дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муомилот баровардашуда - дар шакли назорати давлатӣ бо риояи талаботи Регламенти техникӣ.
48. Ҳангоми тасдиқи ҳатмии мутобиқат шахси дархостдиҳанда истеҳсолкунанда (фурӯшанда) дониста мешавад.
49. Дар муносибат бо маҳсулоти ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда тасдиқи ҳатмии мутобиқат қисмҳои зерини амалҳо аз тарафи истеҳсолкунанда (пудратчӣ, таҳвилкунанда, фурӯшанда) ба амал оварда мешаванд:
- таъмини мутобиқати маҳсулоти таҳвилшаванда ба талаботи Регламенти техникӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
- масъулият барои мувофиқат накардани маҳсулоти таҳвилшуда ба талаботи Регламенти техникӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ.
50. Тасдиқи ҳатмии мутобиқат ба ҳар як бастаи маҳсулот алоҳида гузаронида мешавад.
51. Ҳангоми тасдиқи ҳатмии мутобиқати маҳсулот тибқи Регламенти техникӣ истеҳсолкунанда уҳдадор мешавад:
- назорати истеҳсолиро амалӣ намуда, тамоми чораҳои заруриро андешад, то раванди истеҳсолот ба талаботи Регламенти техникӣ мутобиқ будани маҳсулотро таъмин намояд;
- ҳар як қисми маҳсулотро дар озмоишгоҳҳои истеҳсолӣ барои назорати дохилии мутобиқат нисбат ба талаботи Регламенти техникӣ аз рӯи усулҳои муқарраркарда дар алоқамандӣ бо стандартҳо ва Регламенти техникӣ аз санҷиши пешакӣ гузаронад.
52. Сертификатсияи ҳатмии маҷмӯи маҳсулоти ба муомилот баровардашаванда тибқи тартиби муқарраргардида амалӣ карда мешавад.
53. Тартиби ба роҳ мондани сертификатсияи ҳатмии маҳсулот амалҳои зеринро дар бар мегирад:
- пешниҳоди дархост;
- интихоби намунаҳо ва ҳаммонандсозии маҳсулот;
- гузаронидани санҷиши намунаҳои маҳсулот дар озмоишгоҳҳои мустақили аккредитатсияшудаи озмоишӣ;
- ҷамъбасти натиҷаҳои санҷиш ва қабули қарор дар бораи пешниҳоди (пешниҳод накардани) сертификати мутобиқат ба дархостдиҳанда;
- ба амал баровардани назорати санҷишии маҳсулоти сертификатсияшуда тибқи қонунгузориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- андешидани чораҳои ислоҳӣ дар сурати мутобиқат накардани маҳсулот ба талаботи муқарраршуда ва нодуруст қабул намудани нишонаи мутобиқати регламенти техникӣ.
11. НАЗОРАТИ ДАВЛАТӢ ВА НАЗОРАТ ОИД БА РИОЯИ ТАЛАБОТИ РЕГЛАМЕНТИ ТЕХНИКӢ
54. Назорати давлатӣ ва назорат оид ба риояи талаботи Регламенти техникӣ нисбат ба маҳсулоти машрубот ва равандҳои ба он алоқаманди истеҳсол, бастабандӣ, тамғагузорӣ, нигоҳдорӣ, интиқол ва фурӯш аз тарафи мақомоти ваколатдор мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.
12. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
55. Сертификатҳои мутобиқат ба маҳсулоти машрубот, ки то эътибор пайдо кардани Регламенти техникӣ пешниҳод гардидаанд, то тамом шудани муҳлати истифодаашон эътибор доранд.
56. Ба маҳсулоти машруботии то рӯзи мавриди амал қарор гирифтани Регламенти техникӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муомилот баровардашуда, талаботе, ки то рӯзи мавриди амал қарор гирифтани Регламенти техникӣ амал мекунад, татбиқ карда мешавад.
57. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Регламенти техникӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Замимаи 1
ба Регламенти техникии
"Бехатарии маҳсулоти
машрубот"
Номгӯи маҳсулоти дорои спирти этилӣ, ки талаботи Регламенти техникии "Бехатарии маҳсулоти машрубот" ба он татбиқ намегардад
1. Маҳсулоти қаннодӣ.
2. Маҳсулоти қаннодии ордӣ.
3. Нӯшокиҳои беспирт (ғайримашрубот)/ туршкардашуда.
4. Квасҳо.
5. Маҳсулоти ширии туршкардашуда.
6. Ҳасибҳои нимдудхӯрда ва дуддодашуда.
7. Пиво ва нӯшокиҳои пивагӣ бо ҳаҷми ҳиссаи на зиёда аз 0,5 фоиз спирти этилӣ.
8. Шираи ангур, шираи ғизонокшудаи ангур, шираи ғизоноки мевагӣ, шираи ангури ғизонокшудаи софкоригардида, шираи шаҳд, шираи мевагӣ.
9. Маводи табиии хушбӯйкунанда ва мевагӣ ё сабзавотӣ, аз ҷумла маводи ғилзатсозандаи бе истифодаи спирти этилии ғизоии ба сифати ҳалкунанда ба даст овардашуда.
Замимаи 2