Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 июни соли 2021, №265
Барномаи давлатии муқовимат ба ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Барномаи давлатии муқовимат ба ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 (минбаъд - Барнома) бо мақсади амалӣ намудани чораҳои маҷмӯӣ ва саривақтии сиёсати ҳуқуқии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба ҷинояткорӣ таҳия шудааст.
2. Баланд бардоштани самаранокии тафтиш ва пешгирии ҷиноят дар шароити муосир аз мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ на танҳо равона намудани тамоми қувва ва имкониятҳоро дар мубориза бо ҷинояткорӣ, балки такмили сохтор ва фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, таъмини муносибати бонизом ва маҷмӯӣ ҷиҳати пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо, ҷустуҷӯи шакл ва тарзҳои нави ғайримуқаррарии таъсиррасонӣ ба ҷинояткориро талаб менамояд.
2. МАҚСАД ВА ПРИНСИПҲОИ БАРНОМА
3. Мақсади асосии Барнома паст намудани сатҳи ҷинояткорӣ дар мамлакат тавассути такмил додани фаъолияти сохтори давлатӣ ва ҷамъиятӣ оид ба огоҳкунии кирдори зиддиҳуқуқӣ, пешгирии ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ, ҳамчунин бартараф намудани оқибатҳои манфии онҳо, ҷорӣ намудани навоварӣ, таҷрибаи пешқадам дар самти муқовимат ба кирдори ғайриҳуқуқӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон, боварӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти идоракунии давлатӣ, таъмини ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, манфиатҳои ҷамъиятӣ ва давлатӣ аз таҷовузи ҷиноятӣ иборат мебошад. Самтҳои мубориза бо ҷиноятҳои хавфноки муосир - терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, савдои одамон, коррупсия, дигар ҷинояткории муташаккилона ва фаромиллӣ бо дар назар доштани тамоюлҳои муосири ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудаанд.
4. Барнома ба принсипҳои қонуният, демократизм, ошкорбаёнӣ, афзалиятнокии ҳуқуқи шахс ба ҳимоя ва бехатарӣ, эҳтиром намудани манфиатҳои ҳаётан
муҳими шахсият, ҷамъият ва давлат, масъулияти тарафайни шахсият, ҷамъият ва давлат оид ба таъмини бехатарӣ, инсондӯстӣ ва адолати иҷтимоӣ, мустаҳкам кардани ҳамкориҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо ташкилоти байналмилалие, ки муқовимат ба ҷинояткориро амалӣ менамоянд, баробарӣ ва ҳамкориҳои зич байни мақомоти давлатие, ки муқовимат бо ҷинояткориро амалӣ менамоянд, истифода аз дастовардҳо дар соҳаи илм ва технологияи нав ва бартарии амалисозии чораҳои пешгирикунанда дар самти муқовимат ба ҷинояткорӣ асос меёбад.
3. ВАЗЪИ МУОСИРИ ҶИНОЯТКОРӢ ВА МУҚОВИМАТ БА ОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
5. Самти асосии таъмини амнияти шахс, ҷомеа ва давлат ин пурзӯр намудани нақши мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамчун кафили амалишавии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, беҳтар намудани батанзимдарории ҳуқуқии пешгирии ҷинояткорӣ, аз ҷумла дар соҳаи иттилоот, коррупсия, терроризму экстремизм, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, савдои одамон ва бартараф намудани сабабу шароитҳои ба ин гуна зуҳурот мусоидаткунанда, рушди ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, баланд бардоштани боварии шаҳрвандон нисбати мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва низоми судии Ҷумҳурии Тоҷикистон, самаранок ҳифз намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон дар хориҷи кишвар ва таҳким бахшидани ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи таъмини амнияти миллӣ ба ҳисоб меравад.
6. Пешгирии ҷинояткорӣ дар шароити муосир яке аз омилҳои асосии таъмини субот ва оромӣ дар ҷомеа ба ҳисоб рафта, он ба таъмини ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқӣ ва тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ бояд мусоидат намояд.
7. Бояд эътироф кард, ки нишондодҳои сифатии ҷинояткории муосир мазмун ва шакли низоми таъмини амнияти ҷаҳониро тағйир дода, зарурати ташкили самти ягона дар муқовимат ба таҳдидҳои муосир нисбат ба кишварҳои ҷаҳон ба миён омадааст. Муқовимат ба таҳдидҳои ҷинояткорӣ бе амалӣ намудани принсипи ҳамкории байналмилалии ба эътимоди баланд нисбат ба шарикон асосёфта, имконнопазир аст.
8. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи амалӣ намудани сиёсати дурусти ҳуқуқии ҷиноятӣ сатҳу сифати ҷинояткорӣ тағйир гардида, тамоюли беҳбудиро касб намудааст. Тибқи маълумоти расмии оморӣ дар 5 соли охир дар умум вазъи ҷинояткорӣ мусбӣ арзёбӣ ёфта, он аз амалисозии самараноки чораҳои аввалиндараҷаи Барнома оид ба мубориза бо ҷинояткорӣ ва пурзӯр намудани тартиботи ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2000-2003 ва Барномаи давлатии мубориза бо ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015 ва самти асосии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шаҳодат медиҳад.
9. Омори расмӣ нишон медиҳад, ки ҳамасола баъзе ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин кам гардида, он дар 5 соли охир раванди пасту баландшавиро доро мебошад ва камшавии умумии он дар соли 2018 аз ҳисоби ҷиноятҳо ба монанди савдои одамон, бандитизм, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, роҳзанӣ, қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ғоратгарӣ, қаллобӣ, муомилоти ғайриқонунии силоҳи оташфишон ва худсарона ишғол намудани замин ба амал омадааст. Ҳолати мазкур аз пурзӯр гардидани фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нисбати дигар намудҳои ҷинояткорӣ шаҳодат медиҳад.
10. Дар 5 соли охир ҷиноятҳои одамкушӣ ва сӯиқасд ба он 496 (2016-98, 2017-108, 2018-86, 2019-97, 2020-107) адад, бо истифодаи силоҳ 335 (2016-140, 2017-60, 2018-55, 2019-38, 2020-42), қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ 657 (2016-115, 2017-132, 2018-149, 2019-126, 2020-135), таҷовуз ба номус 224 (2016-49, 2017-53, 2018-42, 2019-46, 2020-34), савдои одамон 88 (2016-8, 2017-22, 2018-32, 2019-14, 2020-12), роҳзанӣ 195 (2016-54, 2017-42, 2018-37, 2019-29, 2020-33), ғоратгарӣ 794 (2016-159, 2017-159, 2018-171, 2019-144, 2020-161), қаллобӣ 15052 (2016-3536, 2017-2677, 2018-3161, 2019-2812, 2020-2866), ғайриқонунӣ соҳиб шудан ва нигоҳ доштани силоҳ 405 (2016-172, 2017-84, 2018-77, 2019-28, 2020-44), авбошӣ 5919 (2016-1121, 2017-1231, 2018-1090, 2019-1152, 2020-1325 ва муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар 3336 (2016-820, 2017-738, 2018-668, 2019-508, 2020-602) адад ба қайд гирифта шудааст, ки кушодашавии онҳо аз 70,4 то 81,2 фоизро ташкил медиҳад.
11. Таҳлили вазъи ҷинояткорӣ ва омилҳои иҷтимоии ба он таъсиркунанда, ки аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ амалӣ карда шудаанд, нишон дод, ки дар соли 2019 баъзе ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, ба монанди куштор ва сӯиқасд ба он 12,7 фоиз, таҷовуз ба номус ва сӯиқасд ба он 9,3 фоиз, авбошӣ 5,6 фоиз, дуздӣ 8,2 фоиз, вайрон кардани қоидаҳои бехатарии ҳаракат ва истифодаи нақлиёт 1,7 фоиз афзоиш ёфтаанд.
12. Таҳлили вазъи ҷинояткорӣ дар ҷумҳурӣ дар 5 соли охир нишон дод, ки он тамоюли пасту баландшавӣ дошта, дар умум 111 187 ҷиноят (2016-21756, 2017-22018, 201821957, 2019-21996, 2020-23460) ба қайд гирифта шуда, кушодашавии онҳо бошад, беҳтар гардидааст. Аз ҷумла, фоизи кушодашавиии ҷиноятҳо дар солҳои 2016-87,1 фоиз, 201783,3 фоиз, 2018-83,6 фоиз, 2019-85,7 фоиз, 2020-83 фоизро ташкил додааст.
13. Омӯзиш нишон дод, ки то 1 январи соли 2021 аз ҳисоби солҳои пеш 36944 (прокуратура-7075, прокуратураи ҳарбӣ-600, Вазорати корҳои дохилӣ-26772, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ-1375, Агентии назорати маводи нашъаовар-855, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия-267) ҷиноят нокушода боқӣ монда, ҳолати мазкур дар фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ камбудии ҷиддӣ арзёбӣ гардида, ҷиҳати амалишавии принсипи ногузирии ҷавобгарии ҷиноятӣ ва барқарор кардани адолати иҷтимоӣ таъсири манфии худро расонида, боварии шаҳрвандони аз ҷиноят зарардидаро ба фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ коста мегардонад.
14. Содиршавии ҷиноятҳои вазнин дар ин давра 25582 (2016-5356, 2017-5173, 20185158, 2019-4864, 2020-5031) ададро ташкил додааст. Ҳарчанд шумораи чунин ҷиноятҳо дар ин давра кам гардида бошанд ҳам, вале мақомоти марбутаро зарур аст, ки ҷиҳати пешгирӣ намудани онҳо тадбирҳои иловагию судманд андешанд.
15. Яке аз сабабҳои содир шудани чунин ҷиноятҳо дар сатҳи зарурӣ амалӣ накардани корҳои профилактикӣ дар байни аҳолии ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ асосан барои ба қайд гирифтани ҷиноятҳои содиргардида равона гардида, ҷиҳати пешгирӣ намудани ҷинояткорӣ, аз ҷумла ҷиноятҳои вазнин тадбирҳои мақсаднок амалӣ карда намешаванд. Масалан, дар солҳои охир шомилшавии шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба ҳизбу ташкилотҳои экстремистию террористӣ ба афзоиши ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин мусоидат намудааст.
16. Чунончи, дар ин давра 5098 (2016-1100, 2017-1053, 2018-765, 2019-1062, 2020-1118) ҷиноятҳои хусусияти экстремистию террористидошта содир гардидаанд, ки нисбат ба соли 2019 (2018-765) афзоиши онҳо ба мушоҳида мерасад.
17. Новобаста аз ин, вазъи бақайдгирии ҷиноятҳо шубҳаовар буда, чуноне ки амалияи назорати прокурорӣ ва суҳбату вохӯриҳо бо аҳолӣ нишон медиҳад, қисми номуайни ҷиноятҳо бо ангезаҳои гуногун аз қайд пинҳон карда мешаванд.
18. Аз ҷониби кормандони мақомоти прокуратура дар ҷумҳурӣ дар ин давра 4882 (2016-1001, 2017-1042, 2018-945, 2019-932, 2020-962) ҷинояти пинҳонгардида ошкор ва ба қайд гузошта шудаанд, ки аз ин бо 1580 адади он парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, бо анҷоми тафтиши пешакӣ бо фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол карда шудаанд.
19. Санҷишҳо нишон медиҳанд, ки яке аз омилҳои аз қайд пинҳон мондани ҷиноятҳо ин беэътиноии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нисбати вазифаҳои хизматӣ бо мақсади беасос хуб нишон додани натиҷаҳои корӣ мебошад.
20. Сабабҳои афзоиш ёфтани ҷиноятҳо аз дуруст ба роҳ монда нашудани кор бо шахсони пеш ҷиноят ва ҳуқуқвайронкунӣ содиркарда, ба таври дахлдор пешгирӣ карда нашудани ретсидиви ҷиноят, самаранок татбиқ нагардидани ҷазо, паст гардидани нақши меҳнати фоидаовари ҷамъиятӣ дар таъминоти моддӣ ва маънавии некӯаҳволии шаҳрвандон, ба таври дахлдор ба роҳ монда нашудани тарғибот ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва фаъолнокии онҳо шаҳодат медиҳад.
21. Таҳлили тамоюли вусъати вазъи ҷинояткорӣ нишон медиҳад, ки дар шароити муосир ба пешгирии ҳолати иҷтимоии ҷинояткорӣ, пеш аз ҳама ба омилҳои иқтисодию иҷтимоии ин зуҳурот ва ба маҷмӯи сабабҳои асосии содиршавии он бояд диққати асосӣ дод.
22. Омилҳои бӯҳронӣ дар иқтисодиёти давлат, баланд гардидани сатҳи бекорӣ, аз ҷумла дар деҳот, яке аз сабабҳои рӯ ба шаҳр овардани ҷавонони деҳот гардида, бинобар наёфтани ҷойи кор ва ҷойи муайяни зист минбаъд онҳо ба гурӯҳҳои ҷинояткор ҳамроҳ мегарданд.
23. Дар баробари ин, баъзе намудҳои ҷинояткорӣ барои ҷамъият хавфнок арзёбӣ гардида, минбаъд ба раванди муташаккилона табдил ёфта, барои доираи муайяни шахсон ҳамчун манбаи асосии зиндагӣ гардидааст. Ҷинояткории муташаккилона дар самти муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо, муомилоти ғайриқонунии спирту маҳсулоти алкоголӣ, тамоку, сӯзишворӣ ва ғайра пайдо гардидаанд.
24. Чорабиниҳои дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муқовимат ба коррупсия" ва Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 амалигардида имкон доданд, ки мубориза бо коррупсия ҷоннок гардида, яке аз самтҳои ҳаррӯзаи фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гардад. Тавре аз нишондиҳандаҳои оморӣ бармеояд, дар солҳои 2013-2019 аз тарафи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 12488 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки 9083 адади онро ҷиноятҳои коррупсионӣ, ҷиноятҳои иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ҷиноятҳои ба андоз алоқамандбуда ташкил дода, он сол аз сол афзоиш ёфта, содиршавии онҳо дар соли 2019 нисбат ба соли 2013 ба миқдори 261 адад зиёд шудааст.
25. Тамоюли дигари ҷинояткорӣ дар 5 соли охир вусъатёбии ғайриқонунии маводи нашъадор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Аз муомилоти ғайриқонунӣ ҳар сол миқдори калони маводи нашъаовар ёфта мусодира карда мешавад.
26. Тамоюли болоравии сатҳи муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва истифодаи ғайритабиии онҳо, зиёд шудани теъдоди гирифторони вируси норасоии масунияти одам, аз ҷумла истеъмолкунандагони воситаҳои нашъадор ба солимии аҳолӣ, амният ва иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири манфӣ мерасонад.
27. Мушкилоти дигари иҷтимоӣ нашъамандӣ буда, паҳншавии он дар байни аҳолӣ ташвишовар боқӣ мемонад ва то 1 январи соли 2021 дар ҷумҳурӣ 5099 нафар беморони мубталои бемории нашъамандӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки 110 нафарашонро занон ташкил медиҳанд.
28. Пешгирии нашъамандӣ вазифаи асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи коҳиши талабот ба маводи нашъадор буда, танҳо бо чораҳои мубориза бо истеҳсол, қочоқ ва муомилоти онҳо дар муқовимат ба паҳншавии нашъамандӣ ба муваффақиятҳои назаррас ноил гаштан ғайриимкон мебошад. Бинобар ин, беҳтар намудани шароити пешгирӣ ва табобати шахсони мубталои нашъамандӣ талаботи замони муосир аст.
29. Бо мақсади ташкили низоми самараноки муқовимат бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва пешгирии нашъамандӣ Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 амалӣ гардида истодааст.
30. Нооромиҳои дар давлатҳои Осиёи Марказӣ бамиёномадаи ба терроризм ва экстремизм алоқамандидошта ба амният хатари ҷиддӣ доранд. Таҳдиди ташкилоти байналмилалии ҷиноятӣ, ки экстремизми динӣ ва терроризмро ҳамчун силоҳ истифода бурда истодаанд, зиёд шуда истодааст.
31. Зуҳуроти терроризму экстремизм ба хатари бесобиқаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, оқибатҳои фоҷеабору дарозмуддати ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавиро ба бор меорад.
32. Дар ҳоле, ки ҳамагӣ чанд сол пеш созмонҳои террористӣ танҳо нақшаи ноором кардани вазъият, таъсир расонидан ба тасмимгирии мақомоти давлатӣ ва ҳадди аксар тасарруфи қудратро дар кишварҳои алоҳида доштанд, имрӯз онҳо нияти бунёди империяҳои бузург ва аз байн бурдани низоми дунявиро дар қисматҳои бузурги олам доранд.
33. Яке аз масъалаҳои муҳим, ки ба таъмин риояи ҳуқуқи инсон равона гардидааст, пешгирӣ ва муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон ба шумор меравад.
34. Ҷинояти савдои одамон ба ҷамъият хавфи махсус дошта, ба ҷиддан поймол кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд равона шуда, дорои ҷузъҳои таҳдид нисбат ба амнияти миллӣ ва тахриби суботу устувории вазъи иҷтимоию иқтисодии давлат мебошад.
35. Қонунгузории амалкунанда савдои одамон ва истисмори онҳоро бо таҳдиди татбиқи ҷазои ҷиноятӣ манъ карда, ин кирдорҳоро ҷиноят эътироф намуда бошад ҳам, шахсони алоҳида то ҳол ба содир кардани ин амалҳои ҷинояткорона ва нанговар даст мезананд.
36. Яке аз ҷиноятҳое, ки дар шароити муосир афзоиш дорад, ин дуздӣ буда, дар давраи таҳлилӣ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар 26996 (2016-5064, 2017-5311, 2018-5078, 2019-5346, 2020-6197) адад ба қайд гирифта шудааст, ки кушодашавии онҳо аз 78,5 то 87,8 фоизро ташкил медиҳад.
37. Дар баробари ин миқдори зиёди содиршавии ҳарсолаи он нисбат ба дигар намуди ҷиноятҳо ташвишовар боқӣ монда, он 24,2 фоиз миқдори умумии ҷиноятҳои дар 5 соли охир ба қайд гирифташударо ташкил медиҳад.
38. Таҳлил нишон медиҳад, ки сабабҳои асосии содиршавии ҷиноятҳои дуздии молу мулки ғайр ба шароити иқтисодиву зисти зиндагонии шаҳрвандон алоқамандии зич дошта, шахсони алоҳидаро ба содиркунии дуздӣ маҷбур сохтааст.
39. Сабаби дигаре, ки шаҳрвандонро ба содиркунии ҷиноят ҳидоят менамояд паҳн шудани майзадагӣ ва нашъамандӣ дар байни ҷавонон аст, ки онҳоро барои ба даст овардани маводи нашъаовар ба дуздӣ оварда мерасонад. Ҳамзамон, дигар омили дуздии молу мулки ғайр ҷой доштани бекорӣ дар байни ҷавонон ва ба корҳои фоиданоки ҷамъиятӣ машғул набудани онҳо мебошад.
40. Самти дигаре, ки имрӯзҳо ҷомеаро ба ташвиш овардааст зиёдшавии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон ба шумор меравад. Таҳлили вазъи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону наврасон нишон дод, ки аз ҷониби онҳо асосан содиршавии ҷиноятҳои дуздӣ, авбошӣ ва ғоратгарӣ зиёдтар ба қайд гирифта шудааст. Чунончӣ, ҷиноятҳои аз ҷониби ноболиғон ё бо иштироки онҳо содиршуда 3917 (2016-693, 2017690, 2018-907, 2019-873, 2020-754) ададро ташкил медиҳанд.
41. Сабабҳои асосии сар задани ин қабил ҷиноятҳо, ки имрӯз сокинони ҷумҳуриро ба ташвиш овардааст, ба як қатор омилҳои айнӣ (объективӣ) ва зеҳнӣ (субъективӣ) асос ёфтааст.
42. Раванди ҷаҳонишавӣ дар қатори ҷанбаҳои мусбии худ аз паёмадҳои манфӣ низ холӣ набуда, воридшавии фарҳанги бегона, ташвиқи фаҳшу зӯроварӣ, бераҳмию бетафовутӣ, худхоҳӣ ва бартарӣ ҷустан бар дигарон, ки тавассути филмҳои синамои хориҷӣ, пахши ҷараёни мусобиқоти варзишӣ оид ба набардҳои тан ба тан ва ҳар гуна бозиҳои дигари компютерӣ ба ҳаёти мо дохил мешаванд, мафкураи ҳанӯз ташаккулнаёфтаи ҷавонону наврасонро фосид менамоянд.
43. Дар аксари ҳолатҳо маъмурияти муассисаҳои таълимӣ, роҳбарони синфҳо ва омӯзгорон дар бораи хонандагони моил ба содиркунии ҳуқуқвайронкунӣ ва ё ҷиноят, онҳое, ки мунтазам низоми таълиму тарбияро вайрон намуда, нисбат ба атрофиён дағалона муносибат мекунанд, маълумоти зарурӣ дошта бошанд ҳам, барои пешгирӣ кардани ин амалҳои номатлуб чораандешӣ накарда, барои хабар додан ба мақомоти корҳои дохилӣ ва комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ тибқи қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ барои ба ҷавобгарӣ кашидани падару модарони онҳо, инчунин ба роҳ мондани дигар воситаҳои таълиму тарбия тадбирҳои дахлдор намеандешанд.
44. Мутаассифона, дар самти пешгирии ин зуҳуроти номатлуб нақши мақомоти ваколатдори давлатӣ кам ба назар расида, ҳамкории раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти муассисаҳои таълимӣ оид ба пешбурди корҳои фардӣ бо наврасони душвортарбия ва чорабиниҳои профилактикӣ бо гурӯҳҳои ташаккулёфтаи ба ҳуқуқвайронкунӣ моил суст ба роҳ монда шуда, нақшаҳои ҷинояткоронаи онҳо сари вақт ошкор ва пешгирӣ карда намешаванд.
45. Таҳлилҳои солҳои охир нишон медиҳанд, ки нақши фаъоли аҳолӣ дар мубориза бо ҳуқуқвайронкуниҳо якбора паст гардида, амалан алоқаҳои бисёртарафаи мавҷудаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кормандони ӯ бо аҳолӣ аз байн рафта истодааст. Вобаста ба ин, фаъолияти мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар таъмини пешгирии иҷтимоии ҳуқуқвайронкуниҳо ба таври мушаххас набуда, аз рӯйи нақшаи муайян амалӣ нашуда истодааст.
46. Сатҳи ҷинояткории ретсидивӣ ташвишовар буда, дар давоми 5 соли охир аз ҷониби шахсони пеш ҷиноят содиркарда 5694 (2016-1584, 2017-1411, 2018-966, 2019-846, 2020-887) ҷиноят содир гардидааст.
47. Новобаста аз ин ҷой доштани ин ҷиноятҳо мақомоти корҳои дохилӣ дар гузаронидани корҳои фардӣ-профилактикӣ бо шахсони доғи судӣ дошта, паст намудани сатҳи ҷинояткорӣ ва бо кор таъмин намудану соҳиби касб гардонидани шахсоне, ки доғи судӣ доранд ва дигар гурӯҳҳои осебпазири ҷамъиятӣ, дар минтақаҳои фаъолияти хизматӣ бо идораҳои шуғли аҳолии ҷумҳурӣ ва дигар вазорату идораҳои дахлдор ҳамкориро дуруст ба роҳ намондааст.
48. Мавриди зикр аст, ки аз як тараф агар сабаби зиёд ба қайд гирифта шудани ҷиноятҳо натиҷаи пурзӯр гардидани назорат дар мавриди муайянкунӣ ва ба қайд гирифтани ҷиноятҳо ва беҳтар гардидани кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҷумҳурӣ бошад, аз тарафи дигар ин таъсири буҳрони иқтисодӣ, шароити иқтисодиву зисти зиндагонии шаҳрвандон, паҳн шудани майзадагӣ ва нашъамандӣ, инчунин ҷой доштани бекорӣ дар байни ҷавонон ва ба корҳои фоиданоки ҷамъиятӣ машғул набудани онҳо ва аз ҳама муҳимаш дуруст ба роҳ монда нашудани корҳои пешгирии ҷиноятҳо дар байни аҳолӣ мебошад.
49. Барои роҳандозӣ намудани муборизаи самаранок бо ҷинояткорӣ маҷмӯи чораҳо, ки аз таҳким, такмили сохтор ва фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳамоҳангсозии кӯшишҳои ҳамаи мақомоти давлатӣ, маҳаллии давлатӣ ва маъмурӣ иборат буда, ба ташкил додани низоми боэътимоди таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ равона гардидаанд, бояд амалӣ намуд. 50. Бо мақсади таҳкими мубориза бар зидди ҷиноятҳои хавфноки муосиртерроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, савдои одамон, коррупсия, дигар ҷинояткории муташаккилона ва фаромилӣ зарур аст, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамкориро бо мақомоти марбутаи дигар кишварҳо таҳким бахшад. Ҷиҳати софдилона иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ бояд дорои таҳсилоти зарурии касбӣ, сифатҳои кордонию ташкилотчигӣ, ҳисси баланди ватандорию ифтихори миллӣ буда, талаботи қонунҳо ва оинномаҳои хизматии худро бечунучаро риоя намоянд.
4. НАТИҶАҲОИ ПЕШБИНИШАВАНДА АЗ АМАЛИСОЗИИ БАРНОМА
51. Ҷидду ҷаҳди асосии ҷомеа ва давлат бояд ба эҷоди низоми самарабахши пешгирии ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ, муқовимат бар зидди онҳо нигаронида шуда бошад.
52. Такмил додани заминаи ҳуқуқӣ, таҳкими сохтор ва фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҷалби дигар сохторҳои давлатӣ дар пешгирӣ ва қатъ кардани кирдори зиддиҳуқуқӣ вазифаҳои афзалиятноки пурзӯр намудани нақши давлат ҳамчун кафили таъмини амният мебошад.
53. Давлат ва ҷамъият ҷиҳати пешгирии тамоюлҳои номусоиди ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ, ихтиёрдории имкониятҳои зина ба зина паст намудани шиддати онҳо ва сабук гардонидани оқибатҳои онҳо тадбирҳо меандешад.
54. Дар мавриди таҳия ва татбиқи чораҳои самарабахш мубориза бо ҷинояткорӣ дар шароити ҳозира бояд дар назар дошта шавад, ки ҷинояткорӣ аз маҷмӯи омилҳое иборат мебошад, ки он аз як тараф бо раванди иҷтимоию сиёсӣ ва зуҳуроти ба тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ хос иборат буда, аз ҷониби дигар он раванду зуҳуроти махсусе, ки дар давраи ҳозираи рушд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мутааллиқ мебошад (таҳдиди ҷиноятҳои хавфноки муосир - терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, хариду фурӯши одамон, коррупсия, дигар ҷинояткории муташаккилона ва фаромиллӣ, сатҳи пасти маданияти ҳуқуқии шаҳрвандон, муҳоҷират, беназоратӣ, низоъҳои иҷтимоию иқтисодӣ ҳангоми мутобиқшавии аҳолӣ ба шароити нави гуногуни иқтисодиёт ва ғайра).
55. Натиҷаи амалӣ гардидани Барнома бо пастшавии миқдории нишондодҳо ва роҳ надодан ба тағйироти манфии сохтори ҷинояткорӣ, коҳиш ёфтани зарари иҷтимоии он, аз ҷумла фавти шаҳрвандон аз таҷовузи ҷиноят, беҳтар шудани вазъи қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва амнияти миллӣ муайян карда мешавад.
56. Паст намудани сатҳ ва тағйироти мусбии низоми ҷинояткорӣ дар мамлакат тавассути такмил додани фаъолияти сохтори давлатӣ ва ҷамъиятӣ оид ба огоҳкунии кирдори зиддиҳуқуқӣ, пешгирии ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ, ҳамчунин бартараф намудани оқибатҳои манфии онҳо.
57. Ҷорӣ намудани навоварӣ, бо истифода аз дастовардҳо дар соҳаи илм ва технологияи ҳозиразамон, татбиқи нави чораҳои пешгирикунанда дар самти муқовимат бо ҷинояткорӣ ва таҷрибаи пешқадам дар соҳаи муқобилият бар зидди кирдори ғайриҳуқуқӣ.
58. Ҳимоя намудани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, таъмини манфиатҳои ҷамъиятӣ ва давлатӣ аз сӯиқасдҳои ҷиноятӣ.
59. Тақвият додани ҳамкориҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо ташкилотҳои байналмилалие, ки муқовимат бо ҷинояткориро амалӣ менамоянд. 60. Тадбирҳои пешбининамудаи Барнома бояд бо маблағ, захираҳои моддию техникӣ, кадрҳо, таҳлилу пешгӯиҳо таъмин карда шаванд.
Замимаи 2
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 июни соли 2021, №265
Нақшаи чорабиниҳо вобаста ба амалӣ намудани Барномаи давлатии муқовимат ба ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030
Нақша