Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 2021, № 1800 "Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

26 майи соли 2021, № 424

қабул карда шуд.

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

21 июни соли 2021, № 171

ҷонибдорӣ карда шуд.

Моддаи 1. Ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" аз 17 майи соли 2004 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, № 5, мод. 339; с. 2006, № 11, мод. 472; с. 2009, № 12, мод. 814; с. 2010, № 12, қ. 1, мод. 800; с. 2013, № 3, мод. 179, № 7, мод. 500; с. 2017, № 5, қ. 1, мод. 268, № 7, мод. 464; с. 2020, № 1, мод. 1) тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:

1. Моддаи 6 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Моддаи 6. Муносибатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот

Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ба амалӣ гаштани вазифаҳои онҳо мусоидат менамоянд ва тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯмаки ташкилӣ, молиявӣ ва иқтисодӣ мерасонанд.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва ноҳия метавонанд тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи баъзе ваколатҳои худро ба мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот вогузоранд.

Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои ташкилу амалисозии фаъолияти мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ шароитҳои зарурии ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва дигар шароитҳоро муҳайё ва ба аҳолӣ дар амалӣ намудани ҳуқуқҳои онҳо мусоидат менамоянд.".

2. Дар моддаи 10 калимаҳои "маҷлисҳои мақомоти онҳо" ва "ташкилиро" мувофиқан ба калимаҳои "ҷаласаҳои мақомоти онҳо" ва "марбут ба фаъолияти онҳоро" иваз карда шаванд.

3. Дар моддаи 14:

- дар қисмҳои нуҳум, ёздаҳум ва сездаҳум калимаҳои "Маҷлисҳои", "маҷлиси" ва "маҷлисҳои" мувофиқан ба калимаҳои "Ҷаласаҳои", "ҷаласаи" ва "ҷаласаҳои" иваз карда шаванд.

4. Ба қисми сеюми моддаи 31 сархати чорум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"- даромад аз рекламаи беруна;".

Моддаи 2. Қонуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расми мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                       Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе

25 июни соли 2021, № 1800

КОНСТИТУЦИОННЫЙ ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЯ В КОНСТИТУЦИОННЫЙ ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О МЕСТНЫХ ОРГАНАХ ГОСУДАРСТВЕННОЙ ВЛАСТИ"

Принят Постановлением МН МОРТ

от 26 мая 2021 года, №424

Одобрен Постановлением ММ МОРТ

от 21 июня 2021 года, №171

Статья 1. Внести в конституционный Закон Республики Таджикистан "О местных органах государственной власти" от 17 мая 2004 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2004 г., № 5, ст. 339; 2006 г., №11, ст. 472; 2009 г., № 12, ст. 814; 2010 г., № 12, ч. 1, ст. 800; 2013 г., № 3, ст. 179, № 7, ст. 500; 2017 г., № 5, ч. 1, ст. 268; № 7, ст. 464; 2020 г., № 1. ст. 1) следующие изменения и дополнение:

1. Статью 6 изложить в следующей редакции:

"Статья 6. Отношения местных органов государственной власти с органами самоуправления поселков и сёл

Местные органы государственной власти содействуют органам самоуправления поселков и сёл в осуществлении ими своих функций и в соответствии с нормативными правовыми актами Республики Таджикистан оказывают им организационную, финансовую и экономическую помощь.

Местные исполнительные органы государственной власти города и района в соответствии с нормативными правовыми актами Республики Таджикистан могут возложить исполнение некоторых своих полномочий на органы самоуправления посёлков и сёл.

Местные органы государственной власти создают необходимые правовые, организационные и иные условия для организации и осуществления деятельности органов общественной самодеятельности и содействуют населению в реализации их прав.".

2. В статье 10 слово "организационные" заменить словами "относящиеся к их деятельности".

3. Часть третью статьи 31 дополнить абзацем четвертым следующего содержания:

"-доходы от наружной рекламы;".

Статья 2. Настоящий конституционный Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

г.Душанбе,

от 25 июня 2021 года, №1800