Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 2021, № 1799 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ВАЗЪИ ҲУҚУҚИИ УЗВИ МАҶЛИСИ МИЛЛӢ ВА ВАКИЛИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

26 майи соли 2021, № 422

қабул карда шуд.

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

21 июни соли 2021, № 170

ҷонибдорӣ карда шуд.

Моддаи 1. Ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 6 августи соли 2001 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2001, № 7, мод. 517; с. 2003, № 12, мод. 689; с. 2004, № 12, қ. 1, мод. 698; с. 2005, № 7, мод. 397; с. 2006, № 3, мод. 145; с. 2007, № 7, мод. 654; с. 2011, № 12, мод. 831, мод. 832; с. 2012, № 8, мод. 812; с. 2016, № 7, мод. 601; с. 2017, №7-9, мод. 564) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Ба ном ва матни моддаи 7 баъд аз калимаҳои "вакилони халқ" калимаҳои ", мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот" илова карда шаванд.

2. Дар қисми 1 моддаи 11:

- ба банди 8) баъд аз калимаҳои "лоиҳаи қонунҳо" калимаҳои "ва таклифҳои қонунгузорӣ" илова карда шаванд;

- дар банди 9) калимаи "шаҳрвандон" ба калимаҳои "шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ" иваз карда шаванд.

3. Дар моддаи 13:

- дар қисми якум калимаи "бонки" ба калимаи "Бонки" иваз ва баъд аз калимаҳои "идораҳои давлатӣ," калимаҳои ", мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот" илова карда шаванд;

- ба қисмҳои сеюм ва чорум баъд аз калимаҳои "мақомоти давлатӣ", "Мақомоти давлатӣ" калимаҳои ", мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот" илова карда шаванд.

4. Ба қисмҳои якум ва дуюми моддаи 14 баъд аз калимаҳои "мақомоти дахлдори давлатию ҷамъиятӣ" ва "Мақомоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ" калимаҳои ", мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот" илова карда шаванд.

5. Ба сархати сеюми қисми якум ва қисми дуюми моддаи 16 баъд аз калимаҳои "идоракунӣ" ва "ҳокимияти давлатӣ," мувофиқан калимаҳои ", инчунин мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот" ва "мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот," илова карда шаванд.

6. Ном ва ҷумлаи якуми моддаи 17 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Моддаи 17. Баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз тарафи узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон

Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ баррасӣ менамоянд, барои дуруст ва сари вақт ҳаллу фасл шудани онҳо чораҳои зарурӣ меандешанд, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ (ва намояндагони онҳо)-ро қабул мекунанд, барои бартараф намудани сабабҳои шикоят ба Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, корхонаю муассиса ва ташкилотҳо, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва шакли моликият, таклифҳо пешниҳод менамоянд.".

7. Ба қисми дуюми моддаи 18, қисми якуми моддаи 19 ва моддаи 20 баъд аз калимаҳои "Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ", "мақомоти давлатӣ" ва "мақомоти ҳокимияти давлатӣ" калимаҳои ", мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот" ва ", мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот" илова карда шаванд.

8. Дар моддаи 21:

- ба қисми якум баъд аз калимаҳои "Мақомоти ҳокимияти давлатӣ," калимаҳои "мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот" илова карда шаванд;

- дар қисми чорум калимаҳои "ё бонкианд" ба калимаҳои ", бонкӣ ё сирри дигари бо қонун ҳифзшавандаанд" иваз карда шаванд.

9. Дар моддаи 24 калимаҳои "Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.

10. Дар қисми шашуми моддаи 35 калимаҳои "тафтишот, муфаттиш" ба калимаҳои "таҳқиқ, тафтишот" иваз карда шаванд.

Моддаи 2. Қонуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                     Эмомалӣ Раҳмон

 ш. Душанбе

25 июни соли 2021, № 1799

КОНСТИТУЦИОННЫЙ ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В КОНСТИТУЦИОННЫЙ ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О ПРАВОВОМ СТАТУСЕ ЧЛЕНА МАДЖЛИСИ МИЛЛИ И ДЕПУТАТА МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН"

Принят Постановлением МН МОРТ

от 26 мая 2021 года, №422

Одобрен Постановлением ММ МОРТ

от 21 июня 2021 года, №170

Статья 1. Внести в конституционный Закон Республики Таджикистан "О правовом статусе члена Маджлиси милли и депутата Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан" от 6 августа 2001 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2001 г., № 7, ст. 517; 2003 г., № 12, ст. 689; 2004 г., № 12, ч. 1, ст. 698; 2005 г., № 7, ст. 397; 2006 г., № 3, ст. 145; 2007 г., № 7, ст. 654; 2011 г., № 12, ст. 831, ст. 832; 2012 г., № 8, ст. 812; 2016 г., № 7, ст. 601; 2017 г., №7 - 9, ст. 564) следующие изменения и дополнения:

1. Название и текст статьи 7 после слов "народных депутатов" дополнить словами ", органов самоуправления посёлков и сёл".

2. В части первой статьи 11:

- пункт 8) после слов "внесение законопроектов" дополнить словами ", законодательных предложений";

- в пункте 9) слово "граждан" заменить словами "физических и юридических лиц".

3. В статье 13:

- часть первую после слов "власти и управлений," дополнить словами "органов самоуправления посёлков и сёл,";

- части третью и четвертую после слов "государственным органам" и "Государственный орган" дополнить словами ", органам самоуправления посёлков и сёл" и ", орган самоуправления посёлков и сёл".

4. Части первую и вторую статьи 14 после слов "государственным и общественным органам" и "Государственные и общественные органы," дополнить словами ", органам самоуправления посёлков и сёл" и "органы самоуправления посёлков и сёл,".

5. Абзац третий части первой и часть вторую статьи 16 после слов "и управления" и "государственной власти" дополнить словами ", а также органов самоуправления посёлков и сёл" и "органами самоуправления посёлков и сёл,".

6. Название и первое предложение статьи 17 изложить в следующей редакции:

"Статья 17. Рассмотрение обращений физических и юридических лиц членом Маджлиси милли и депутатом Маджлиси намояндагон

Член Маджлиси милли и депутат Маджлиси намояндагон рассматривают обращение физических и юридических лиц в порядке, установленном законодательством, принимают необходимые меры к их правильному и своевременному решению, ведут приём физических и юридических лиц (и их представителей), вносят предложения по устранению причин, порождающих жалобы в Маджлиси милли и Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан, государственные органы, органы самоуправления посёлков и сёл, предприятия, учреждения, организации, независимо от организационно-правовых форм и форм собственности.".

7. Часть вторую статьи 18, часть первую статьи 19 и статью 20 после слов "местные органы государственной власти" и "государственных органов" дополнить словами ", органы самоуправления посёлков и сёл", ", органов самоуправления посёлков и сёл".

8. В статье 21:

- в части первой слова "Местные органы власти" заменить словами "Органы государственной власти, органы самоуправления посёлков и сёл";

- в части четвертой слова "или банковской тайной" заменить словами ", банковской или другой, защищаемой законом, тайной".

9. В статье 24 слова "Законом Республики Таджикистан "О пенсионном обеспечении граждан" заменить словами "законодательством Республики Таджикистан".

10. В части шестой статьи 35 слова "дознания, следователь" заменить словами "расследования, дознания".

Статья 2. Настоящий конституционный Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

г.Душанбе,

от 25 июня 2021 года, №1799