ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
26 майи соли 2021, № 420
қабул карда шуд.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
21 июни соли 2021, № 169
ҷонибдорӣ карда шуд.
Моддаи 1. Ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 19 апрели соли 2000 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2000, № 4, мод. 108; с. 2004, № 5, мод. 351; с. 2007, № 5, мод. 351; с. 2008, № 10, мод. 796; с. 2010, № 7, мод. 539, № 12, қ. 1, мод. 801; с. 2011, № 12, мод. 830; с. 2013, № 3, мод. 178, № 7, мод. 499; с. 2016, № 3, мод. 126, № 7, мод. 600; с. 2017, № 7-9, мод. 563) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Моддаи 2(2) бо мазмуни зерин илова карда шавад: "Моддаи 2(2).
Маҷлиси Олӣ фаъолияти худро дар асоси принсипҳои волоияти қонун, ҳокимияти халқ, таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, адолат, шаффофият, ошкорбаёнӣ ва дастаҷамъӣ ба роҳ мемонад.".
2. Дар моддаи 4:
- қисми чорум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи якҷоя, Дастури Маҷлиси миллӣ ва Дастури Маҷлиси намояндагон аз ҷониби ҳар як Маҷлис дар ҷаласаҳои онҳо қабул карда мешавад.";
- қисми чорум қисми панҷум ҳисобида шуда, дар он калимаи "миллии" ба калимаи "Миллии" иваз карда шавад.
3. Ба қисми сеюми моддаи 9 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Тартиби даъват ва гузаронидани ҷаласаи якҷояро Қонуни конститутсионии мазкур ва Дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон муқаррар менамоянд.".
4. Ба қисми чоруми моддаи 17 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Тартиби даъват ва гузаронидани иҷлосияро Қонуни конститутсионии мазкур ва Дастури Маҷлиси миллӣ муқаррар менамоянд.".
5. Дар банди 1 қисми якуми моддаи 19 калимаҳои "марзиву маъмурӣ" ба калимаҳои "маъмурию ҳудудӣ" иваз карда шаванд.
6. Дар бандҳои 3) ва 7) қисми якуми моддаи 24 калимаҳои "мефиристад" ва "байнипарлумонии" мувофиқан ба калимаҳои "пешниҳод мекунад" ва "байнипарламентии" иваз карда шаванд.
7. Дар моддаи 27:
- ба қисми панҷум ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Шӯрои Маҷлиси миллӣ метавонад қарорро ба тариқи пурсиш қабул намояд.";
- қисми шашум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Қарорҳои Шӯрои Маҷлиси миллӣ, ки ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо ва қарорҳои Маҷлиси миллӣ мухолифат менамоянд, бо қарори Шӯрои Маҷлиси миллӣ ё қарори Маҷлиси миллӣ бекор карда мешаванд.".
8. Дар моддаи 28:
- ба банди 4) баъд аз калимаҳои "Шӯрои Маҷлиси намояндагон" калимаҳои ", Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти дахлдор" илова карда шаванд;
- дар банди 7) калимаи "эродҳои" ба калимаҳои "эрод ва дархости" иваз карда шавад;
9. Дар банди 10) қисми якуми моддаи 46 калимаи "эродҳои" ба калимаҳои "эрод ва дархости" иваз карда шавад.
10. Моддаҳои 69(1), 69(2) ва 69(3) бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
"Моддаи 69(1).
Нашрияҳои расмии Маҷлиси Олӣ рӯзномаи "Садои мардум" ва маҷаллаи "Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" мебошанд.
Оинномаи рӯзномаи "Садои мардум" бо қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон тасдиқ карда мешавад.
Моддаи 69(2).
Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар шабакаи интернет сомонаи расмии худро доранд. Тартиби пешбурд, номгӯи маълумот ва иттилооте, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сомона ҷойгир карда мешаванд, мувофиқан дар Дастури Маҷлиси миллӣ ва Дастури Маҷлиси намояндагон муайян карда мешаванд.
Моддаи 69(3).
Қароргоҳи расмии Маҷлиси Олӣ дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе ҷойгир мебошад.".
Моддаи 2. Қонуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
25 июни соли 2021, № 1798
КОНСТИТУЦИОННЫЙ ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В КОНСТИТУЦИОННЫЙ ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН"
Принят Постановлением МН МОРТ
от 26 мая 2021 года, №420
Одобрен Постановлением ММ МОРТ
от 21 июня 2021 года, №169
Статья 1. Внести в конституционный Закон Республики Таджикистан "О Маджлиси Оли Республики Таджикистан" от 19 апреля 2000 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2000 г., № 4, ст. 108; 2004 г., № 5, ст. 351; 2007 г., № 5, ст. 351; 2008 г., № 10, ст. 796; 2010 г., № 7, ст. 539, № 12, ч. 1, ст. 801; 2011 г., № 12, ст. 830; 2013 г., № 3, ст. 178, № 7, ст. 499; 2016 г., № 3, ст. 126, №7, ст. 600; 2017 г., № 7-9, ст. 563) следующие изменения и дополнения:
1. Дополнить статьёй 2(2) следующего содержания:
"Статья 2(2).
Маджлиси Оли в своей деятельности руководствуется принципами верховенства закона, народовластия, разделения государственной власти, обеспечения прав и свобод человека и гражданина, справедливости, прозрачности, гласности и коллегиальности.".
2. В статье 4:
- дополнить частью четвертой следующего содержания:
"Регламент совместных заседаний Маджлиси милли и Маджлиси намояндагон принимается на совместном заседании, Регламент Маджлиси милли и Регламент Маджлиси намояндагон - каждым маджлисом на их заседании.";
- часть четвертую считать частью пятой и слово "гимна" заменить словом "Гимна".
3. Часть третью статьи 9 дополнить вторым предложением следующего содержания:
"Порядок созыва и проведения совместного заседания устанавливают настоящий конституционный Закон и Регламент совместных заседаний Маджлиси милли и Маджлиси намояндагон.".
4. Часть четвертую статьи 17 дополнить вторым предложением следующего содержания:
"Порядок созыва и проведения сессии устанавливают настоящий конституционный Закон и Регламент Маджлиси милли.".
5. В статье 27:
- часть пятую дополнить вторым предложением следующего содержания:
"Совет Маджлиси милли может принять постановление путем опроса.";
- часть шестую изложить в следующей редакции:
"Постановления Совета Маджлиси милли, противоречащие Конституции Республики Таджикистан, международным правовым актам, признанным Таджикистаном, конституционным законам, законам и постановлениям Маджлиси милли, отменяются постановлением Совета Маджлиси милли или постановлением Маджлиси милли.".
6. В статье 28:
- пункт 4) после слов "Советом Маджлиси намояндагон" дополнить словами ", Президентом Республики Таджикистан, Правительством Республики Таджикистан и другими соответствующими органами;";
- в пункте 7) слова "и замечаний" заменить словами ", замечаний и запросов".
7. В пункте 10) части первой статьи 46 слова "и замечаниям" заменить словами ", замечаниям и запросам".
8. Дополнить статьями 69(1), 69(2) и 69(3) следующего содержания:
"Статья 69(1).
Официальными изданиями Маджлиси Оли являются газета "Садои мардум" и журнал "Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан".
Устав газеты "Садои мардум" утверждается совместным постановлением Маджлиси милли и Маджлиси намояндагон.
Статья 69(2).
Маджлиси милли и Маджлиси намояндагон имеют свои официальные сайты в сети интернет. Порядок ведения, перечень сведений и вопросы, размещаемые в соответствии с законодательством Республики Таджикистан в сайте, определяются соответственно регламентами Маджлиси милли и Маджлиси намояндагон.
Статья 69(3).
Официальная резиденция Маджлиси Оли расположена в столице Республики Таджикистан - городе Душанбе.".
Статья 2. Настоящий конституционный Закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе,
от 25 июня 2021 года, №1798