ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ДИГАР ПАРДОХТҲОИ ҲАТМӢ БА БУҶЕТ"
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
28 апрели соли 2021, № 384
қабул карда шуд.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
21 июни соли 2021, № 167
ҷонибдорӣ карда шуд.
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет" аз 28 июли соли 2006 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2006, №7, мод.345; с.2009, №5, мод.327; с.2010, №1, мод.3; с.2011, №12, мод.848; с.2013, №3, мод.191; с.2015, №11, мод.971; с.2016, №7, мод.629, №11, мод.884; с.2019, №4, мод.230; с.2019, №6, мод.324, мод.325) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар қисми 1 моддаи 5:
- баъд аз калимаҳои "апостил ва мақомоти ваколатдор оид ба соҳаи ҳифзи муҳити зист" аломат ва калимаҳои ", инчунин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба додани иҷозат барои сохтмони бино ва иншоот дар пойтахт" илова карда шаванд;
- дар сархати чорум аломати нуқта ба аломати нуқтавергул ";" иваз карда шавад;
- сархати панҷум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"- пардохтҳое, ки боби 21(2) Қонуни мазкур пешбинӣ намудааст.".
2. Аз моддаи 82(3) калимаҳои "ва иншооти тиҷоратӣ" хориҷ карда шаванд.
3. Дар моддаи 82(4):
- қисми 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми сохтмони бино ва иншооти маъмурӣ ва иҷтимоӣ, инфрасохтори муҳандисӣ ва нақлиётӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, саноатӣ, савдо, хӯроки умумӣ ва хизматрасонии маишӣ, иншооти сайёҳӣ, анборӣ, фарҳангию фароғатӣ, варзишию солимгардонӣ, таъиноти махсус ва ҳарбӣ аз супоридани пардохт озод карда мешаванд.";
- ба қисми 2 баъд аз калимаи "сохтмони" калимаҳои "биноҳои истиқоматии бисёрҳуҷрадори давлатию хизматӣ, хобгоҳ ва" илова карда шаванд;
- қисми 3 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"3. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии дар моддаи 82(3) Қонуни мазкур пешбинигардида, ки бо ташаббуси худ объектҳои барои рушди инфрасохтори иҷтимоӣ, муҳандисӣ, нақлиётӣ ва ободонии пойтахт заруриро сохта, ба моликияти давлат месупоранд, агар арзиши ин объектҳо аз меъёри пардохт кам набошад, аз пардохт барои додани иҷозати сохтмони бино ва иншоот озод карда мешаванд. Дар сурати кам будани арзиши объектҳо аз меъёри пардохт, ҳисоббаробаркунии бақияи пардохт аз рӯи маблағи умумии пардохтҳои ҳатмӣ аз ҳисоби объектҳои сохташаванда анҷом дода мешавад.".
4. Дар моддаҳои 82(5), 82(6) ва қисми 1 моддаи 82(7) калимаҳои "истиқоматӣ, масоҳати тиҷоратии дар биноҳои истиқоматӣ мавҷудбуда ва иншооти тиҷоратӣ" ба калимаҳои "истиқоматӣ ва масоҳати тиҷоратии дар биноҳои истиқоматӣ мавҷудбуда" иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
25 июни соли 2021, № 1796