Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 2021, № 1792 "Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ АНЪАНА ВА ҶАШНУ МАРОСИМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

19 майи соли 2021, № 416

қабул карда шуд.

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

21 июни соли 2021, № 163

ҷонибдорӣ карда шуд.

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 8 июни соли 2007 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2007, №6, мод. 428; с. 2008, №6, мод. 448; с. 2010, №7, мод. 568; с. 2017, №5, қ.1, мод. 285, №7- 9, мод. 580) тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:

1. Дар қисми 3 моддаи 1 калимаҳои "ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳо" ба калимаҳои "мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо" иваз карда шаванд.

2. Дар қисмҳои 1, 2 ва 4 моддаи 5(1) калимаҳои "ва ташкилотҳо", "ва ташкилотҳое" мувофиқан ба калимаҳои "ва дигар ташкилотҳо", "ва дигар ташкилотҳое" иваз карда шаванд.

3. Дар сархати нуҳуми қисми 1 моддаи 6 калимаҳои "ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, сарфи назар аз шакли моликияташон" ба калимаҳои "корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ" иваз карда шаванд.

4. Дар қисми 2 моддаи 7 калимаҳои "идораву муассисаҳо," мувофиқан ба калимаҳои "корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар" иваз карда шаванд.

5. Дар қисми 6 моддаи 10 калимаҳои "қайди" ва "ҷамоатҳо" мувофиқан ба калимаҳои "бақайдгирии" ва "ҷамоатҳои шаҳраку деҳот" иваз карда шаванд.

6. Номи боби 4(1) дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"БОБИ 4(1). УҲДАДОРИИ ШАХСОНИ ВОҚЕӢ ВА ҲУҚУҚӢ ҲАНГОМИ ГУЗАРОНИДАНИ ТУЮ МАЪРАКАҲО ВА МАҲДУДИЯТ ОИД БА ГУЗАРОНИДАНИ ҶАШНУ МАРОСИМ".

7. Моддаи 14(2) бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Моддаи 14(2). Маҳдудият оид ба гузаронидани ҷашну маросим

Дар ҳолатҳои истисноӣ бо риояи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми вазъияти фавқулода, ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад меъёрҳои маҳдудкунандаро оид ба гузаронидани ҷашну маросим муқаррар намояд.".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                            Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе

25 июни соли 2021, № 1792