Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 2021, № 1791 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи чарогоҳ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ЧАРОГОҲ"

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

28 апрели соли 2021, № 388

қабул карда шуд.

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

21 июни соли 2021, № 162

ҷонибдорӣ карда шуд.

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи чарогоҳ" аз 20 июни соли 2019 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2019, №6, мод. 320) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар сархати сеюми моддаи 1, қисмҳои 1 ва 2 моддаи 5, сархати дуюми моддаи 8 ва дар номи моддаи 9 калимаҳои "мақоми" ва "Мақоми" мувофиқан ба калимаҳои "мақомоти" ва "Мақомоти" иваз карда шаванд.

2. Сархати дуюми моддаи 4 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"- дастрасии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба чарогоҳ;".

3. Қисми 3 моддаи 7 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"3. Танзими давлатии истифодабарӣ ва ҳифзи чарогоҳро мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба истифодабарӣ ва ҳифзи чарогоҳ дар мувофиқа бо дигар мақомоти дахлдори давлатӣ амалӣ менамоянд.".

4. Матни моддаи 9 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"1. Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба истифодабарии чарогоҳ ваколатҳои зеринро дорад:

- таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани стратегия ва барномаҳои давлатӣ оид ба истифодабарии чарогоҳ;

- таҳлили иҷрои нақшаҳои солона ва миёнамуҳлати истифодабарии чарогоҳ;

- гузаронидани чорабиниҳо оид ба беҳтаргардонии ҳолат ва рушди объектҳои инфрасохтории чарогоҳ;

- гузаронидани мониторинги давлатӣ вобаста ба истифодабарии чарогоҳ;

- таъмини ба роҳ мондани истифодабарии босамар ва маҷмӯии чарогоҳ, нигоҳдории объектҳои инфрасохтории он;

- муайян намудани тартиб, меъёрҳои ғунҷоиши чорво ва муҳлати истифодабарии чарогоҳ; амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

2. Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи чарогоҳ ваколатҳои зеринро дорад:

- гузаронидани мониторинги давлатӣ вобаста ба ҳифзи чарогоҳ ва арзёбии натиҷаҳои он;

- назорати истифодабарии объектҳои инфрасохтории чарогоҳ ва тартиби истифодабарии чарогоҳ аз ҷониби истифодабарандагони чарогоҳ;

- ташкили таҳқиқоти геоботаникии чарогоҳ;

- амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.".

5. Матни моддаи 12 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Мониторинги давлатии чарогоҳ аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба истифодабарӣ ва ҳифзи чарогоҳ тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронда мешавад.".

6. Дар моддаи 14:

- қисми 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"1. Ҳуқуқи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба истифодабарии чарогоҳ ва бақайдгирии давлатии он бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.";

- ба қисми 2 пас аз калимаи "чарогоҳ" дар қавсайн калимаи "(сервитут)" илова карда шавад.

7. Дар қисми 2 моддаи 20 калимаҳои "мақоми ваколатдори давлатии танзимкунандаи муносибатҳои вобаста ба замин дар маҳал" ба калимаҳои "сохторҳои маҳаллии мақомоти ваколатдори давлатии танзимкунандаи муносибатҳои вобаста ба замин ва ҳифзи чарогоҳ" иваз карда шаванд.

8. Ба сархати сеюми қисми 1 моддаи 23 пас аз калимаи "гирифташударо" калимаҳои "бо розигии заминистифодабарандаи якумдараҷа" илова карда шаванд.

9. Дар моддаи 25:

- ба қисми 2 пас аз калимаҳои "мақоми ваколатдори давлатӣ" калимаҳои "оид ба ҳифзи чарогоҳ" илова карда шаванд;

- сархатҳои якум, дуюм ва шашуми қисми 3 хориҷ карда шаванд,

10. Ба қисми 2 моддаи 26 пас аз калимаҳои "мақоми ваколатдори давлатӣ" калимаҳои "оид ба истифодабарии чарогоҳ" илова карда шаванд.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                       Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе

25 июни соли 2021, № 1791

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О ПАСТБИЩАХ"

Принят Постановлением МН МОРТ

от 28 апреля 2021 года, №388

Одобрен Постановлением ММ МОРТ

от 21 июня 2021 года, №162

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан "О пастбищах" от 20 июня 2019 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2019 г., N96, ст.320) следующие изменения и дополнения:

1. В абзаце третьем статьи 1, частях 1 и 2 статьи 5, в абзаце втором статьи 8 и в названии статьи 9 слова "уполномоченным государственным органом", "уполномоченный государственный орган", "Уполномоченный государственный орган" и "уполномоченного государственного органа" соответственно заменить словами "уполномоченными государственными органами", "уполномоченные государственные органы", "Уполномоченные государственные органы" и "уполномоченных государственных органов".

2. Абзац второй статьи 4 изложить в следующей редакции:

"- доступ физических и юридических лиц к пастбищам;".

3. Часть 3 статьи 7 изложить в следующей редакции:

"3. Государственное регулирование использования и защиты пастбищ осуществляется уполномоченными государственными органами по использованию и защите пастбищ по согласованию с другими соответствующими государственными органами.".

4. Текст статьи 9 изложить в следующей редакции:

"1. Уполномоченный государственный орган по использованию пастбищ имеет следующие полномочия:

- разработка и представление на утверждение в Правительство Республики Таджикистан государственных программ и стратегий использования пастбищ;

- анализ исполнения годовых и среднесрочных планов использования пастбищ;

- проведение мероприятий по улучшению состояния и развития инфраструктурных объектов пастбищ;

- проведение государственного мониторинга по использованию пастбищ;

- обеспечение налаживания эффективного и комплексного использования и сохранения инфраструктурных объектов пастбищ;

- определение порядка, норм вместимости и сезона использования пастбищ;

- осуществление других полномочий, предусмотренных законодательством Республики Таджикистан.

2. Уполномоченный государственный орган по защите пастбищ имеет следующие полномочия:

- проведение государственного мониторинга по защите пастбищ и оценка его результатов;

- контроль использования инфраструктурных объектов пастбищ и порядок использования пастбищ пользователями;

- организация геоботанического обследования пастбищ;

- осуществление других полномочий, предусмотренных законодательством Республики Таджикистан.".

5. Текст статьи 12 изложить в следующей редакции:

"Государственный мониторинг пастбищ проводится уполномоченными государственными органами по использованию и защите пастбищ в соответствии с положениями законодательства Республики Таджикистан.".

6. В статье 14:

- часть 1 изложить в следующей редакции:

"1. Право физических и юридических лиц на пользование пастбищами и их государственная регистрация осуществляется в порядке, установленном законодательством Республики Таджикистан.";

- часть 2 после слов "пастбищами" и "пастбищ" в скобках дополнить словом "(сервитут)".

7. Часть 2 статьи 20 после слов "регулированию земельных отношений" дополнить словами "и защите пастбищ".

8. Абзац третий части 1 статьи 23 после слова "пастбище" дополнить словами "с согласия первичного землепользователя".

9. В статье 25:

- часть 2 после слов "уполномоченным государственным органом" дополнить словами "по защите пастбищ";

- абзацы первый, второй и шестой части 3 исключить.

10. Часть 2 статьи 26 после слов "уполномоченный государственный орган" дополнить словами "по использованию пастбищ".

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

г.Душанбе,

от 25 июня 2021 года, №1791