ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ҒАЛЛА ВА МАҲСУЛОТИ КОРКАРДИ ОН"
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
5 майи соли 2021, № 402
қабул карда шуд.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
21 июни соли 2021, № 161
ҷонибдорӣ карда шуд.
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ғалла ва маҳсулоти коркарди он" аз 21 феврали соли 2018 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2018, №2, мод.65) тағйироти зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 1:
- дар сархати понздаҳум аломати нуқтавергул ";" ба аломати нуқта иваз карда шавад;
- сархати шонздаҳум хориҷ карда шавад.
2. Дар қисми 2 моддаи 8, қисмҳои 1, 3 ва 4 моддаи 16 калимаҳои "мақомоти ваколатдори давлатӣ" ва "Мақомоти ваколатдори давлатӣ" мувофиқан ба калимаҳои "мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ" ва "Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ" иваз карда шаванд.
3. Сархати ҳаштуми моддаи 18 хориҷ карда шавад.
4. Моддаи 19 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Моддаи 19. Ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ
1. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ оид ба истеҳсол ва муомилоти ғалла ваколатҳои зерин дорад:
- амалӣ намудани сиёсати давлатӣ оид ба истеҳсолу муомилоти ғалла, мусоидат ба ташкили бозори ғалла, ҳамоҳангсозии фаъолияти иштирокчиёни он;
- таҳия намудани барномаҳо ва дурнамоҳои давлатӣ вобаста ба истеҳсоли ғалла;
- гузаронидани мониторинги бозори ғалла;
- мусоидат ба рушди селексия, тухмипарварӣ, технологияи коркарди зироатҳои ғалладонагӣ, нигоҳ доштани ҳосилхезии хок ва ҳифзи растаниҳо;
- таҳия ва бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи омор мувофиқа намудани шаклҳои намунавии ҳисоботи субъектҳои хоҷагидор дар соҳаи истеҳсол, нигоҳдорӣ, тозакунӣ, фурӯш ва истифодаи партовҳои ғалла;
- додани тавсияҳо ҷиҳати риоя намудани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба истеҳсоли ғалла ва муомилоти он;
- амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи саноат ва технологияҳои нав оид ба истеҳсоли саноатии маҳсулоти коркарди ғалла ваколатҳои зерин дорад:
- амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи истеҳсоли саноатии маҳсулоти коркарди ғалла;
- таҳия намудани барномаҳо ва дурнамоҳои давлатии истеҳсоли маҳсулоти коркарди ғалла;

3. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии озуқаворӣ оид ба бехатарии озуқавории ғалла ва маҳсулоти коркарди ғалла ваколатҳои зерин дорад:
- амалӣ намудани сиёсати давлатӣ оид ба бехатарии озуқаворӣ дар соҳаи муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он;
- назорати давлатии бехатарии ғалла, маҳсулоти коркарди ғалла ва карантини растанӣ;

4. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо оид ба стандарт ва сифати ғалла ваколатҳои зерин дорад:
- стандартикунонии техникӣ ва баҳодиҳии мутобиқати ғалла;
- назорати давлатии риояи талаботи регламентҳои техникӣ ва стандартҳои давлатии истеҳсол ва муомилоти ғалла;
- назорати фаъолияти озмоишгоҳҳои санҷиши сифати ғалла оид ба риояи тартиби гузаронидани ташхиси сифати ғалла; амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
5. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи захираҳои моддии давлатӣ оид ба захираи давлатии ғалла ваколатҳои зерин дорад:
- назорати истифодаи захираи давлатии ғалла ва маҳсулоти коркарди он, пурра намудани захираи ғалла дар ҳаҷми муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
25 июни соли 2021, № 1790