ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ МУСОИДАТ БА ШУҒЛИ АҲОЛӢ"
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
7 апрели соли 2021,№ 360
қабул карда шуд.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
21 июни соли 2021, № 160
ҷонибдорӣ карда шуд.
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ" аз 1 августи соли 2003 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2003, №8, мод. 467; с. 2005, №12, мод. 650; с. 2007, №7, мод. 687; с. 2008, №12, қ. 2, мод. 1006; с. 2011, №6, мод. 437; с. 2018, №5, мод. 277) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 1:
- сархатҳои якум, ҳаштум ва дувоздаҳум дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
"- бекорӣ - зуҳуроти иҷтимоию иқтисодие, ки ба набудани талабот ба қисми муайяни қувваи корӣ дар бозори меҳнат вобастагӣ дорад;";
"- кори мувофиқ - коре, ки онро шахс иҷро карда метавонад, ба ҷинс, таҳсилот, ихтисос, тайёрии касбӣ, собиқаи меҳнатӣ ва таҷрибаи корӣ, шароитҳои ҷойи кори охирин (ба истиснои корҳои ҷамъиятии музднок), вазъи саломатии ӯ мувофиқ буда, аз маҳалли зисти шахс начандон дур (на зиёда аз як соат дар роҳ) ҷойгир шудааст ва музди меҳнат барои он дар сатҳи на камтар аз музди меҳнати ҳадди ақалли расман муқарраршуда кафолат дода мешавад;";
"- мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ - мақомоти давлатии идора ва танзими шуғли аҳолии қобили меҳнатбуда, ки сиёсати мусоидат ба шуғли аҳолӣ ва ба шаҳрвандон таъмин намудани кафолатҳои давлатиро дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ амалӣ менамояд;";
- дар сархатҳои дуюм ва ёздаҳум калимаҳои "мақомоти давлатӣ ё мақомоти дигари шуғли аҳолӣ" ва "мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ" мувофиқан ба калимаҳои "мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ ё дигар ташкилотҳо" ва "мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ" иваз карда шаванд;
- сархати нуҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"- кори фосилавӣ - шакли махсуси амалӣ намудани раванди меҳнат берун аз маҳалли ҷойгиршавии корфармо бо истифодаи технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ дар раванди кор;".
2. Дар қисми чоруми моддаи 3:
- сархати сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"- ба кори фосилавӣ машғуланд ва хусусиятҳои танзими меҳнати ин гурӯҳи кормандонро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат муайян менамояд;";
- дар сархати чорум калимаҳои "таҳсилоти умумӣ, таҳсилоти касбӣ ва дигар муассисаҳои таълимӣ" ва "мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ" мувофиқан ба калимаҳои "таълимии таҳсилоти умумӣ, ибтидоии касбӣ, олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ" ва "мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ" иваз карда шаванд.
3. Дар моддаи 4:
- дар қисми якум ва минбаъд дар тамоми матни Қонун калимаҳои "мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ", "Мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ", "мақомоти давлатии шуғли аҳолиро" ва "мақомоти давлатии шуғли аҳолидошта" мувофиқан ба калимаҳои "мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ", "Мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ", "мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолиро" ва "мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ доштаро" иваз карда шаванд;
- дар сархати сеюми қисми дуюм калимаи "амволи" ба калимаҳои "молу мулки" иваз карда шавад.
4. Дар қисми дуюми моддаи 5 калимаҳои "дар бораи" ба калимаҳои "оид ба" иваз карда шаванд.
5. Ба сархати дуюми қисми якуми моддаи 12 пас аз калимаҳои "аҳолӣ ва" калимаҳои "оид ба" илова карда шаванд.
6. Дар қисми якуми моддаи 19:
- дар сархати дуюм калимаҳои "дар бораи" ба калимаҳои "оид ба" иваз карда шаванд;
- дар сархати ҳафтум калимаҳои "мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо ва мақомоти худидораи маҳаллӣ" ба калимаҳои "мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот" иваз карда шаванд.
7. Дар моддаи 21:
- дар қисми сеюм калимаи "таълими" ба калимаҳои "таълимии таҳсилоти миёнаи" иваз карда шаванд;
- дар қисми чорум калимаҳои "Мақомоти соҳаи маориф" ба калимаҳои "Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм" иваз карда шаванд.
8. Дар моддаи 22:
- дар қисми якум калимаҳои "Мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо" ба калимаҳои "Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот" иваз карда шаванд;
- дар қисми панҷум калимаҳои "дар бораи" ба калимаҳои "оид ба" иваз карда шаванд.
9. Дар қисми дуюми моддаи 24 калимаҳои "дар бораи" ба калимаҳои "оид ба" иваз карда шаванд.
10. Дар сархати якуми қисми сеюми моддаи 28 калимаҳои "бо сабаби истеъмоли машрубот, маводи нашъадор ва дигар моддаҳои мадҳушкунанда" ба калимаҳои "бар асари истеъмоли машруботи спирти, воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ё моддаҳои дигари мадҳушкунанда" иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
25 июни соли 2021, № 1789