ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ НОТАРИАТИ ДАВЛАТӢ"
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
28 апрели соли 2021, № 386
қабул карда шуд
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
21 июни соли 2021, № 159
ҷонибдорӣ карда шуд.
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи нотариати давлатӣ" аз 16 апрели соли 2012 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2012, №4, мод.260; с.2013, №6, мод.408; с.2017, №5, қ.1, мод.295; с. 2019, №6, мод.317) тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 5:
- номи модда дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Моддаи 5. Назорат ва санҷиши фаъолияти нотариалӣ";
- қисми 6 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"6. Мақоми ваколатдор назорат ва санҷиши фаъолияти нотариалиро дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом амалӣ менамояд. Санҷиш аз ҷониби мақоми ваколатдор мустақилона ва ё якҷо бо намояндагони мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом гузаронида мешавад. Тартиби гузаронидани назорат ва санҷиши фаъолияти нотариалӣ дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом аз ҷониби мақоми ваколатдор муайян карда мешавад.".
2. Дар моддаи 10:
- дар сархати сеюми қисми 3 калимаҳои "ва маблағгузории терроризм" ба аломат ва калимаҳои ", маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом" иваз карда шаванд;
- қисми 7 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"7. Пешниҳоди маълумот (ҳуҷҷат) ба мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом дар бораи аҳд ва амалиётҳои дар сархати ҳафтуми қисми 1 моддаи 28 Қонуни мазкур пешбинишуда ошкорсозии сирри амалиёти нотариалӣ намебошад.";
- қисмҳои 7 ва 8 мувофиқан қисмҳои 8 ва 9 ҳисобида шаванд.
3. Сархати ҳафтуми қисми 1 моддаи 28 дар таҳрири зерин ифода кардашавад:
"- дар бораи ҳама гуна аҳд ва амалиёти шубҳанок ва амалиёти вобаста ба хариди (фурӯши) сарватҳои фарҳангӣ, гирифтани молу мулк ё додани он аз рӯи шартномаи лизинг, аҳдҳо барои хизматрасонӣ, аз ҷумла пудрат, ҳамлу нақл, экспедитсияи нақлиётӣ, нигаҳдошт, комиссия, идораи ба боварӣ асосёфтаи молу мулк, хариду фурӯш ва дигар амалиёт бо фулузоту сангҳои қиматбаҳо ва маснуоти онҳо ба маблағи баробар ба 1750 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё зиёда аз он ё баробар ба маблағи асъори хориҷии ҳамарзиши 1750 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё зиёда аз он, инчунин оид ба аҳдҳо бо молу мулки ғайриманқул ва дигар молу мулке, ки аз қайди давлатӣ гузаштанашон ҳатмист ва аҳдҳо бо коғазҳои қиматнок ба маблағи баробар ба 12500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё зиёда аз он ё баробар ба маблағи асъори хориҷии ҳамарзиши 12500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё зиёда аз он ба мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом хабар диҳад;".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
25 июни соли 2021, № 1788