Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 2021, № 1787 "Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ВАЗЪИ ҲУҚУҚИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ"

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

7 апрели соли 2021, № 364

қабул карда шуд.

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

21 июни соли 2021, № 158

ҷонибдорӣ карда шуд.

Моддаи 1. Дар моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ" аз 1 марти соли 2005 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2005, №3, мод. 130; с. 2006, №3, мод. 150; с. 2008, №6, мод. 449, №10, мод. 799; с. 2012, №8, мод. 822; с. 2014, №11, мод. 661; с. 2018, №1, мод. 11; с. 2020, №12, мод. 911) тағйиру иловаи зерин ворид карда шаванд:

- қисми 6 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"6. Шаҳрвандони хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнокро адокарда ва хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнокро ба таври намунавӣ адо карда истодаанд, пас аз 12 моҳи хизмати ҳарбӣ дар ҳолати ҷавобгӯ будан ба талаботи қабул ба таҳсил ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии ҳарбӣ бе супоридани имтиҳонҳои дохилшавӣ аз тариқи суҳбат қабул карда мешаванд.";

- қисмҳои 6, 7, 8, 9 ва 10 мувофиқан қисмҳои 7, 8, 9, 10 ва 11 ҳисобида шаванд.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                  Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

25 июни соли 2021, № 1787