ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БA КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
28 апрели соли 2021, № 390
қабул карда шуд.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
21 июни соли 2021, № 156
ҷонибдорӣ карда шуд.
Моддаи 1. Ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008 қабул гардидааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2008, №12, қ.1, мод.989, мод.990; с.2009, №5, мод.321, №9-10, мод.543; с.2010, №1, мод.2, мод.5, №3, мод.153, №7, мод.547, №12, қ. 1, мод.812; с.2011, №6, мод.430, мод.431, №7-8, мод.610, №12, мод.838; с.2012, №4, мод.256, №7, мод.685, мод.693, №8, мод.814, №12, қ.1, мод.1004; с.2013, №3, мод.181, №7, мод.508; с.2014, №3, мод.143, мод.144, №7, қ.1, мод.389, мод.390; с.2015, №3, мод.201, №7-9, мод.707, мод.708, №11, мод.955, №12, қ.1, мод.1108; с.2016, №3, мод.130, мод.131, мод.132, №5, мод.359, мод.361, №7, мод.613, мод.614, №11, мод.877; с.2017, №1-2, мод.5, мод.6, №5, қ.1, мод.275, №7-9, мод.568, мод.585; с.2018, №1, мод.9, №5, мод.268, мод.269; с.2019, №1, мод.8, №6, мод.312, мод.313, №7, мод.464; с.2020, №1, мод.6, №7-9, мод.604, мод.606, мод.621, №12, мод. 900, мод.901), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба диспозитсияи қисми 1 моддаи 683 пас аз калимаҳои "ибтидоии ҳарбӣ" аломат ва калимаҳои ", гузаронидани омӯзиши шаҳрвандони синну соли даъватӣ ва шаҳрвандони дар эҳтиёт қарордошта" илова карда шаванд.
2. Ба диспозитсияи қисми 1 моддаи 686 пас аз калимаҳои "нуқтаҳои ҷамъшавӣ" аломат ва калимаи ", омӯзиш" илова карда шаванд.
3. Дар моддаи 687:
- дар санксияи қисми 1 калимаҳои "аз ду то се" ба калимаҳои "аз чор то шаш" иваз карда шаванд;
- дар санксияи қисми 2 калимаҳои "аз се то панҷ" ба калимаҳои "аз шаш то даҳ" иваз карда шаванд.
4. Дар моддаи 689:
- дар санксияи қисми 1 калимаҳои "аз як то ду" ба калимаҳои "аз ду то чор" иваз карда шаванд;
- дар санксияи қисми 2 калимаҳои "аз се то панҷ" ба калимаҳои "аз шаш то даҳ" иваз карда шаванд.
5. Дар санксияи қисми 1 моддаи 691 калимаҳои "аз як то ду" ба калимаҳои "аз ду то чор" иваз карда шаванд.
6. Моддаи 691(1) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Моддаи 691(1) Саркашӣ намудани шаҳрванди синни даъватӣ (даъватшаванда) аз қабули даъватномаи комиссариати ҳарбӣ
Барои қасдан саркашӣ намудани шаҳрванди синни даъватӣ (даъватшаванда) аз қабули даъватномаи комиссариати ҳарбӣ,
ба андозаи аз ҳафт то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
25 июни соли 2021, № 1784
ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В КОДЕКС РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН ОБ АДМИНИСТРАТИВНЫХ ПРАВОНАРУШЕНИЯХ
Принят Постановлением МН МОРТ
от 28 апреля 2021 года, №390
Одобрен Постановлением ММ МОРТ
от 21 июня 2021 года, №156
Статья 1. Внести в Кодекс Республики Таджикистан об административных правонарушениях, принятый Законом Республики Таджикистан от 31 декабря 2008 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2008 г., №12, чЛ, ст.989, ст.990; 2009 г., №5, ст.321, №9-10, ст.543; 2010 г., №1, ст.2, ст.5, №3, ст153, №7, ст.547, №12, ч.1, ст.812; 2011 г., №6, ст.430, ст.431, №7-8, ст.610, №12, ст.838; 2012 г., №4, ст.256, №7, ст.685, ст.693, №8, ст.814, №12, ч.1, ст.1004; 2013 г., №3, ст.181, №7, ст.508; 2014 г., №3, ст.143, ст.144, №7, ч.1, ст.389, ст.390; 2015 г., №3, ст.201, №7-9, ст.707, ст.708, №11, ст.955, №12, ч.1, ст.1108; 2016 г., №3, ст.130, ст.131, ст.132, №5, ст.359, ст.361, №7, ст.613, ст.614, №11, ст.877; 2017 г., №1-2, ст.5, ст.6, №5, ч.1, ст.275, №7-9, ст.568, ст.585; 2018 г., №1, ст.9, №5, ст.268, ст.269; 2019 г., №1, ст.8, №6, ст.312, ст.313, №7, ст.464; 2020 г., №1, ст.6, №7-9, ст.604, ст.606, ст.621, №12, ст. 900, ст.901), следующие изменения и дополнения:
1. Диспозицию части 1 статьи 683 после слов "постановки на учёт" дополнить знаком и словами ", прохождения обучения граждан призывного возраста и граждан, находящихся в запасе,".
2. Диспозицию части 1 статьи 686 после слов "сборные пункты" дополнить знаком и словами ", места обучения".
3. В статье 687:
- в санкции части 1 слова "от двух до трёх" заменить словами "от четырёх до шести";
- в санкции части 2 слова "от трёх до пяти" заменить словами "от шести до десяти".
4. В статье 689:
- в санкции части 1 слова "от одного до двух" заменить словами "от двух до четырёх";
- в санкции части 2 слова "от трёх до пяти" заменить словами "от шести до десяти".
5. В санкции части 1 статьи 691 слова "от одного до двух" заменить словами "от двух до четырёх".
6. Дополнить статьёй 691(1) следующего содержания:
"Статья 691(1) Уклонение гражданина призывного возраста (призывника) от принятия повестки военного комиссариата
Умышленное уклонение гражданина призывного возраста (призывника) от получения повестки военного комиссариата,
влечет наложение штрафа в размере от семи до десяти показателей для расчетов.".
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе,
от 25 июня 2021 года, №1784