Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 августи соли 2015, № 539 "Дар бораи сохтори Дастгоҳи марказӣ ва нақшаи идоракунии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни: 01.11.2019

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи сохтори Дастгоҳи марказӣ ва нақшаи идоракунии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Фармони Президенти ҶТ аз 04.01.2019 №1172, аз 01.11.2019 № 1372 аз 23.07.2021 № 215, аз 19.04.2023 № 552

Мутобиқи моддаи 13 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон" фармон медиҳам:

1. Сохтори зерини Дастгоҳи марказии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад:

Роҳбарият

Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳо (Фармони Президенти ҶТ аз 19.04.2023 № 552)

Раёсати кадрҳо

Раёсати ташкили кор ва назорати иҷро

Раёсати назорати умумӣ

Раёсати назорати иҷрои қонунгузории замин (Фармони Президенти ҶТ аз 04.01.2019 № 1172)

Раёсати тафтиши парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳим

Раёсати назорати иҷрои қонунгузории нақлиёт ва гумрук

Раёсати назорати иҷрои қонунгузорӣ оид ба андоз, ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ (Фармони Президенти ҶТ аз 23.07.2021 № 215)

Раёсати назорати иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонон

Раёсати назорати тафтишоти пешакӣ дар мақомоти прокуратура

Раёсати назорати иҷрои қонунҳо дар мақомоти корҳои дохилӣ ва назорати маводи нашъаовар

Раёсати муқовимат бо терроризм, экстремизм ва назорати иҷрои қонунҳо дар самти амнияти миллӣ

Раёсати назорати иҷрои қонунҳо дар мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия

Раёсати назорати қонунӣ будани санадҳои судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ

Раёсати назорати қонунӣ будани санадҳои судӣ оид ба парвандаҳои гражданӣ, иқтисодӣ, оилавӣ ва маъмурӣ

Раёсати муносибатҳои байналмилалӣ

Раёсати корҳо

хориҷ карда шуд (Фармони Президенти ҶТ 01.11.2019 № 1372)

хориҷ карда шуд (Фармони Президенти ҶТ аз 23.07.2021 № 215)

Шӯъбаи назорати иҷрои қонунҳо дар ҷойҳои ҳабси пешакӣ ва иҷрои ҷазои ҷиноятӣ

Шӯъбаи таҳлил ва омор

Шӯъбаи мубориза бо ҷиноятҳои кибернетикӣ

Шӯъбаи таъминоти ҳуқуқӣ, мониторинги қонунгузорӣ ва маркази матбуот

Шӯъбаи қабули шаҳрвандон ва баррасии муроҷиатҳои онҳо

Шӯъбаи коргузорӣ

Шӯъбаи муҳосибот ва молия

Ёрдамчиёни калони Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба супоришҳои махсус

Бахши коргузории махфӣ

2. Нақшаи идоракунии зерини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад:

Дастгоҳи марказӣ

Сарпрокуратураи ҳарбӣ

Прокуратураи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе

Прокуратураи нақлиёти Тоҷикистон

Прокуратураи назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ ва иҷрои ҷазои ҷиноятӣ

Прокуратураи шаҳру ноҳияҳо ва махсусгардонидашуда

Донишкадаи омӯзиши масъалаҳои қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҷинояткорӣ ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

3. Мукаррар карда шавад, ки воҳидҳои сохторӣ дар таркиби раёсатҳо ва шӯъбаҳои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи воҳидҳои кории муқарраргардида ташкил карда мешаванд.

4. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 марти соли 2011 №1034 "Дар бораи сохтори Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз эътибор соқит дониста шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                   Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе

14 августи соли 2015, № 539

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи сохтори Дастгоҳи марказӣ ва нақшаи идоракунии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Фармони Президенти ҶТ аз 04.01.2019 №1172)

Мутобиқи моддаи 13 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон" фармон медиҳам :

1. Сохтори зерини Дастгоҳи марказии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад:

Роҳбарият

Раёсати кадрҳо

Раёсати ташкили кор ва назорати иҷро

Раёсати назорати умумӣ

Раёсати назорати иҷрои қонунгузории замин(Фармони Президенти ҶТ аз 04.01.2019 №1172)

Раёсати тафтиши парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳим

Раёсати назорати иҷрои қонунгузории нақлиёт ва гумрук

Раёсати назорати иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонон

Раёсати назорати тафтишоти пешакӣ дар мақомоти прокуратура

Раёсати назорати иҷрои қонунҳо дар мақомоти корҳои дохилӣ ва назорати маводи нашъаовар

Раёсати муқовимат бо терроризм, экстремизм ва назорати иҷрои қонунҳо дар самти амнияти миллӣ

Раёсати назорати иҷрои қонунҳо дар мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия

Раёсати назорати қонунӣ будани санадҳои судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ

Раёсати назорати қонунӣ будани санадҳои судӣ оид ба парвандаҳои гражданӣ, иқтисодӣ, оилавӣ ва маъмурӣ

Раёсати муносибатҳои байналмилалӣ

Раёсати корҳо

Шӯъбаи амнияти дохилӣ

Шӯъбаи назорати иҷрои қонунгузории андоз