Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021, № 187 "Дар бораи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва Нақшаи амал оид ба амалисозии Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).

2. Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо:

- дар доираи маблағҳои пешбинишудаи буҷети давлатӣ, маблағҳои махсус ва маблағҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, ҷиҳати амалисозии Стратегияи мазкур чораҷӯӣ намуда, нақшаҳои дохилиидоравии худро таҳия ва тасдиқ намоянд ва корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни ҷомеа ба роҳ монанд;

- оид ба рафти амалисозии Стратегияи мазкур ҳамасола то 15 январ ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.

3. Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба амалисозии Стратегияи мазкур ҳамасола то 15 феврал ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                             Эмомалӣ Раҳмон

 ш. Душанбе

1 июни соли 2021, № 187