Замима
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 22 майи соли 2021, №184
Низомнома оид ба талаботи асосӣ нисбати истифодаи суратҳисоби махсус барои идоракунии воситаҳои молиявие, ки аз фурӯши неруи барқ дар дохили шабакаи ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" ворид мегарданд
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Низомнома оид ба талаботи асосӣ нисбати истифодаи суратҳисоби махсус барои идоракунии воситаҳои молиявие, ки аз фурӯши неруи барқ дар дохили шабакаи ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" ворид мегарданд (минбаъд - Низомнома) дар доираи ислоҳоти дар соҳа гузаронидашаванда, бо мақсади идоракунии самараноки истифодаи маблағҳои пулие, ки аз фурӯши неруи барқ ворид мегарданд ва муайян намудани тартиби истифодаи ин маблағҳои пулӣ, бо дарназардошти таҷрибаи байналмилалӣ таҳия гардидааст.
2. Мақсади Низомнома, идоракунии зарурӣ ва тақсимоти одилонаи воситаҳои молиявӣ дар байни ҳамаи иштирокчиёни шабака, муайян намудани талаботи асосӣ нисбати маблағҳое, ки ба суратҳисоби махсус аз фурӯши неруи барқ ворид мегарданд, инчунин таъмини истифодаи мақсаднок ва самараноки ин воситаҳои молиявӣ мебошад.
3. Суратҳисоби махсус суратҳисобе мебошад, ки ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" (минбаъд - ШСХК БТ) дар Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" (минбаъд - Бонк) бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ мекушояд ва нисбати он истифодаи механизми махсуси идоракунӣ ва тақсимоти воситаҳои молиявие, ки ба ин суратҳисоб аз фурӯши неруи барқ дар дохили шабакаи ШСХК БТ ворид мегарданд, ба роҳ мемонад.
4. Амали Низомнома ба ШСХК БТ, аз ҷумла ҷамъияти саҳомии кушодаи "Шабакаҳои интиқоли барқ" (минбаъд - ҶСК "Шабакаҳои интиқоли барқ") ва ҷамъияти саҳомии кушодаи "Шабакаҳои тақсимоти барқ" (минбаъд - ҶСК "Шабакаҳои тақсимоти барқ") ва иштирокчиёни эҳтимолии дигари шабакаи ШСХК БТ ё бозори неруи барқ дахл дорад.
5. Вазифаҳои асосии Низомномаи мазкур иборатанд аз:
- муқаррар намудани усулҳои истифодаи одилона ва мақсадноки маблағҳои пулии аз фурӯши неруи барқ дар дохили ҷумҳурӣ воридшаванда;
- таъмини шаффофият ҳангоми истеҳсол, интиқол ва фурӯши неруи барқ;
- бартараф намудани эҳтимолияти истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои аз фурӯши неруи барқ дар дохили ҷумҳурӣ воридшуда ҳангоми тақсимот;
- таъмини марҳила ба марҳилаи пардохти ҳамаи қарзҳои ШСХК БТ, ки барои анҷоми пурраи таҷдиди сохтор зарур мебошанд;
- таҳкими механизми идоракунии корпоративӣ тавассути баланд бардоштани масъулият ва ҳисоботдиҳии ШСХК БТ, ҶСК "Шабакаҳои интиқоли барқ" ва ҶСК "Шабакаҳои тақсимоти барқ" ва иштирокчиёни эҳтимолии дигари шабакаи ШСХК БТ ё бозори неруи барқ дар дохили ҷумҳурӣ.
6. Барои иҷрои вазифаҳои дар банди 5 Низомнома зикргардида суратҳисоби махсус бояд аз суратҳисобҳои истифодаменамудаи ШСХК БТ алоҳида пеш бурда, маблағҳои аз фурӯши неруи барқ дар суратҳисоби махсуси ҷойгиршавандаро ШСХК БТ бояд барои мақсадҳо ва бо тартиби дар бобҳои 7 ва 9 Низомномаи мазкур зикргардида истифода намояд.
7. Бо мақсади истифодаи зарурии маблағҳои дар суратҳисоби махсус ҷойгиршаванда, пас аз маъқул донистани мақоми идоракунии ШСХК БТ, байни ШСХК БТ ва Бонк шартномаи дахлдор ба имзо расонида мешавад.
8. Бонк дар бораи ҳолати суратҳисоби махсус ва истифодаи маблағҳои пулии ба ин суратҳисоб воридгардида ба ШСХК БТ ва мақоми идоракунии ШСХК БТ маълумотнома пешниҳод менамояд.
2. МАФҲУМҲОИ АСОСӢ
9. Дар Низомномаи мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- оператори бозор - дар марҳилаи аввал раёсат дар сохтори дастгоҳи марказии ШСХК БТ, ки бо ҳисобу китоб (пардохт) байни иштирокчиёни бозори неруи барқ машғул аст. Минбаъд ин раёсат ба сохтори алоҳидаи мустақили "Оператори бозор" табдил дода мешавад;
- Бонк - маънои муассисаи молиявӣ, яъне Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк", ки ШСХК БТ мутобиқи Низомномаи мазкур ва шартнома бо бонки хизматрасони суратҳисоби махсус барои амалӣ намудани функсияҳои бонки хизматрасони суратҳисоби махсус ҷалб намудааст ва ҳар вориси ҳуқуқии он ё ивазкунандаи бонки хизматрасони суратҳисоби махсусро дорад;
- субъектҳои бозори неруи барқ - шахсони ҳуқуқие, ки аз фурӯш, хизматрасонӣ оид ба интиқол ва тақсимоти неруи барқ дар дохили ҷумҳурӣ даромад гирифта, ҳуқуқи гирифтани пардохтҳоро аз суратҳисоби махсус доранд;
- пардохтҳои ҳадди ақал - ин пардохтҳои ҳадди ақал ба субъектҳои бозори неруи барқ барои пӯшонидани хароҷоти ҳадди ақал (музди меҳнат, андозҳо, боҷу хироҷ, пардохтҳои ҳатмие, ки дар ҷараёни фаъолияти касбӣ, ҳиссаи ШСХК БТ дар амалисозии лоиҳаҳои рушд, нигоҳдорӣ, истифодабарӣ, хароҷоти ҳадди ақал вобаста ба таъмир), ки барои фаъолияти онҳо заруранд;
- даромади талабшаванда - ин даромаде (солона бо тақсимоти ҳармоҳа) мебошад, ки ба субъектҳои бозори неруи барқ барои пӯшонидани хароҷоти дар асоси фаъолияти асосии ҳисобшуда зарур аст ва бо ҳуҷҷат тасдиқ шудааст;
- тақсимоти маблағҳо - методологияи тақсимоти ҳиссавии воситаҳои молиявӣ, ки аз рӯи он пардохтҳо аз суратҳисоби махсус анҷом дода мешаванд;
- нақшаи молиявии истифодаи маблағҳои пулӣ - нақша ё ҳуҷҷате, ки аз тарафи мақоми идоракунии ШСХК БТ тасдиқ гардида, ҳаҷми маблағҳои пулии аз суратҳисоби махсус истифодашавандаро батафсил муайян менамояд;
- воридот - воридоти неруи барқ аз тарафи ШСХК БТ, ки ҳамчун истеҳсоли неруи барқ дар сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон тасниф мегардад. Хизматрасонӣ оид ба интиқоли неруи барқ аз маҳалли истеҳсоли неруи барқ то сарҳадоти масъулияти ҶСК "Шабакаҳои тақсимоти барқ" ё истеъмолкунандагони дигар аз тарафи ҶСК "Шабакаҳои интиқоли барқ" амалӣ карда мешавад;
- истеҳсол - ҳаҷми умумии неруи барқи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшаванда (ба истиснои эҳтиёҷоти худӣ), аз ҷумла истеҳсолкунандагони мустақиле, ки бо ШСХК БТ муносибатҳои шартномавӣ доранд;
- нақшаи тақсимоти маблағҳо - аз ҷониби ШСХК БТ тартиб дода шуда, пардохтҳоро оид ба воридот, хизматрасонии қарзҳо дар назди шарикони рушд, хизматрасонии қарзҳо аз рӯи созишномаҳои зерқарзӣ дар назди Вазорати молия, қарзҳои бонкҳои тиҷоратӣ ва қарздиҳандагони дигари ШСХК БТ дар бар мегирад.
3. КУШОДАН ВА БАСТАНИ СУРАТҲИСОБҲОИ МАХСУС
10. Бонк барои риояи қоидаҳои кушодан, бастан ва тартиби пешбурди суратҳисобҳои бонкии муштариён, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, масъулият дорад.
11. Бонк ҳуқуқ надорад самтҳои истифодаи маблағҳоеро, ки дар суратҳисоби махсус мавҷуданд, муайян ва назорат намояд, дигар маҳдудиятҳои ҳуқуқи ШСХК БТ-ро барои бо салоҳдиди худ ихтиёрдорӣ кардани маблағҳояш, ба истиснои тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ, муқаррар намояд.
12. Амалиётҳо аз рӯи суратҳисоби махсус бо қарори мақоми идоракунии ШСХК БТ боздошта мешаванд.
13. Аз ҳисоб баровардани маблағҳо аз суратҳисоби махсус дар асоси талаботи Низомномаи мазкур ва мақоми қарори идоракунии ШСХК БТ амалӣ карда мешавад.
14. ШСХК БТ дар асоси қарори мақоми идоракунии ШСХК БТ метавонад дар бораи истифода бурдани суратҳисоби махсус ба шахси дигар ваколатнома диҳад.
15. Маълумот дар бораи мавҷудияти суратҳисоби махсус, соҳиби он, маблағҳои пулии дар он мавҷудбуда ва амалиётҳои марбут ба интиқоли маблағҳои пулӣ, ки дар Бонк нигоҳ дошта мешаванд, сирри бонкӣ буда, ба шахси сеюм танҳо бо риояи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ дода мешавад.
16. Суратҳисоби махсус ба ШСХК БТ дар асоси дархост ва бастани шартномаи суратҳисоби бонкӣ, ки дар он шартҳои аз ҷониби тарафҳо мувофиқашуда зикр мегарданд, кушода мешавад.
17. Шартномаи суратҳисоби махсус бояд маълумоти зеринро дар бар гирад:
- мавзӯи шартнома;
- рақами мушаххаси андозсупоранда;
- тартиби ихтиёрдории маблағҳое, ки дар ин суратҳисоби махсус мавҷуданд;
- тартиб ва шартҳои бастани суратҳисоби махсус;
- шартҳои аз тарафи Бонк пешниҳод шудани хизматрасонӣ ва тартиби пардохти ҳаққи он.
18. Дар шартномаи суратҳисоби махсус шартҳои дигари мувофиқашудаи тарафҳо метавонад пешбинӣ шаванд.
19. Барои кушодани суратҳисоби махсус ШСХК БТ ба Бонк ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамояд:
- дархост барои кушодани суратҳисоби махсус;
- нусхаи ҳуҷҷатҳои пешбинишуда, ки барои кушодани суратҳисоби махсус заруранд.
20. Агар дар шартномаи суратҳисоби махсус тартиби дигар пешбинӣ нагардида бошад, Бонк уҳдадор аст маблағҳои пулии воридшударо қабул ва ба суратҳисоби махсус дохил намуда, тибқи талаботи Низомномаи мазкур амалиёти барои чунин навъи суратҳисоб пешбининамудаи қонун, санадҳои меъёри ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистонро анҷом диҳад.
21. Бонк уҳдадор аст, ки ворид намудани маблағҳои пулиро ба суратҳисоби махсус ва ё аз ҳисоб баровардани маблағҳои пулиро аз суратҳисоби махсус на дертар аз рӯзи гирифтани ҳуҷҷати дахлдори пардохт амалӣ намояд, агар бо қонун ё шартномаи байни Бонк ва ШСХК БТ муҳлати дигар пешбинӣ нашуда бошад.
22. Суратҳисоби махсус дар Бонк дар ҳолатҳои зерин баста мешавад:
- бо дархости соҳиби суратҳисоби махсус бо тартиб ва дар муҳлати пешбининамудаи шартномаи суратҳисоби махсус;
- бо қарори мақоме, ки шахси ҳуқуқиро таъсис додааст;
- дар ҳолати бекор кардани шартномаи суратҳисоби махсус;
- дар ҳолати барҳам хӯрдани ШСХК БТ.
23. Бонк ҳангоми бастани суратҳисоб бақияи маблағҳои пулии дар суратҳисоббударо ба соҳиби он бармегардонад ё бо қарори мақоми идоракунии ШСХК БТ ба дигар суратҳисоб мегузаронад.
4. ХУСУСИЯТҲОИ ШАРТНОМАИ СУРАТҲИСОБИ МАХСУС
24. Дар давоми 30 (сӣ) рӯзи тақвимӣ баъди расман аз ҷониби мақоми идоракунии ШСХК БТ маъқул донистани шартнома дар бораи суратҳисоби махсус байни ШСХК БТ ва Бонк шартнома дар бораи суратҳисоби махсус ба имзо расонида мешавад.
25. ШСХК БТ дар асоси шартнома дар бораи суратҳисоби махсус дар Бонк суратҳисоб бо пули миллӣ мекушояд.
26. Дар шартнома дар бораи суратҳисоби махсус бояд ҳатман шартҳои ҳадди ақали зерин зикр карда шаванд:
- расмиёти идоракунии суратҳисоби махсус, ки дар боби 6 Низомномаи мазкур муайян гардидааст;
- тартиби истифодаи маблағҳои суратҳисоби махсуси дар боби 7 Низомномаи мазкур зикргардида, аз ҷумла афзалияти истифодаи онҳо;
- анҷоми автоматии пардохтҳо мутобиқи нақшаи тақсимоти маблағҳо;
- тартиби истифодаи маблағҳои дар суратҳисоби махсус пас аз анҷоми амалиётҳои автоматии бонкӣ ҷамъшуда;
- реҷаи шаффофияти пешниҳоди нусхаҳо аз тарафи бонки хизматрасон мутобиқи боби 8 Низомномаи мазкур;
- муқаррароте, ки тартиби пешниҳоди ҳама маълумотро барои гузаронидани аудити солонаи суратҳисоби махсус аз ҷониби аудитори мустақил муқаррар менамояд;
- тартиби интиқоли автоматии маблағҳо аз суратҳисоби махсуси ШСХК БТ;
- тақсимоти ҳиссавии маблағҳо;
- уҳдадории шахсони барои гирифтани иттилоот аз феҳристи баҳисобгирии муҳосибавӣ ва дохилӣ ваколатдор оид ба нигоҳ доштани сирри тиҷоратӣ.
27. Шартнома бо Бонк ба муҳлати на зиёда аз се сол баста шуда, на камтар аз се моҳ то ба охир расидани ин муҳлат тамдид мегардад.
28. Шартнома дар бораи суратҳисоби махсус бояд дорои муқаррароте бошад, ки мутобиқи он маблағҳои пулии ҳадди ақал аз тарафи Бонк аз суратҳисоби махсус ба суратҳисобҳои ШСХК БТ, ҶСК "Шабакаҳои интиқоли барқ", ҶСК "Шабакаҳои тақсимоти барқ" ва иштирокчиёни эҳтимолии дигари шабакаи ШСХК БТ дар асоси тақсимоти маблағҳо ба таври автоматӣ бидуни супоришномаи пардохти ШСХК БТ интиқол дода мешаванд.
29. Шартнома дар бораи суратҳисоби махсус инчунин бояд дорои супориш ба Бонк ҷиҳати ҳар рӯзи тақвимӣ ба ШСХК БТ ва ҳар семоҳа ба мақоми идоракунии ШСХК БТ ва мақом дар соҳаи энергетика пешниҳод намудани иқтибос дар бораи ҳаракати маблағҳои пулӣ дар суратҳисоби махсус бошад.
30. Иқтибос бояд ҳадди ақал дорои иттилооти зерин бошад:
- дар бораи тавозун ба санаи пешниҳоди иқтибос;
- дар бораи воридоти маблағ ба суратҳисоб ва амалиётҳои автоматии бонкии иштирокчиёни бозор мутобиқи нақшаи тақсимоти маблағҳо;
- бақия дар лаҳзаи пешниҳоди иқтибос;
- дар бораи гирандагони ин маблағҳо.
31. Тағйир додан ва (ё) бекор кардани шартнома дар бораи суратҳисоби махсус бо пешниҳоди мақом дар соҳаи энергетика ва ШСХК БТ аз тарафи мақоми идоракунии ШСХК БТ тасдиқ карда мешавад.
32. Шартнома бо Бонк метавонад дар ҳолати аз тарафи Бонк ба таври дахлдор иҷро нагардидани уҳдадориҳои худ аз рӯи шартнома бекор карда шавад.
5. ВОРИДШАВИИ МАБЛАҒҲОИ ПУЛӢ БА СУРАТҲИСОБИ МАХСУС
33. Ба суратҳисоби махсус бояд ҳамаи пардохтҳо барои неруи барқи ҳам аз тарафи ҶСК "Шабакаҳои тақсимоти барқ" ва ҳам аз тарафи истеъмолкунандагони боқимондаи бевоситаи ШСХК БТ пардохтшаванда, ба истиснои маблағҳои аз лоиҳаи "CAҶA-1000" ва аз содирот воридшаванда, интиқол дода шаванд.
34. Ба ШСХК БТ, ҶСК "Шабакаҳои интиқоли барқ", ҶСК "Шабакаҳои тақсимоти барқ" ва иштирокчиёни дигари бозор истифодаи суратҳисобҳои дигар ҷиҳати гирифтани пардохт барои неруи барқи интиқолгардида манъ аст. Дар ҳолате, ки истеъмолкунандагон маблағи пардохт барои неруи барқро ба ҷои суратҳисоби махсус ба суратҳисобҳои дигар интиқол диҳанд, гирандаи ин маблағҳо уҳдадор аст дар давоми 5 (панҷ) рӯзи тақвимӣ аз лаҳзаи гирифтани чунин пардохт онро ба суратҳисоби махсуси Бонк интиқол диҳад.
35. Дар ҳолати иҷро накардани ин талабот, ШСХК БТ муқаррароти Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мавриди талаб карда гирифтани молу мулк аз бадастоварандаи ғайриқонунӣ татбиқ менамояд. Татбиқи муҷозоти ҷаримавӣ (ҳисоб ва пардохти пеня) гирандаи ин маблағҳоро (воситаҳои молиявии аз ҳисоби тарифҳо гирифташуда) аз зарурати интиқол додани маблағҳои пулӣ ба суратҳисоби махсус озод намекунад.
6. ТАРТИБ ВА РАСМИЁТИ ИДОРАКУНИИ СУРАТҲИСОБИ МАХСУС
36. ШСХК БТ ҳамчун иҷрокунандаи вазифаҳои оператори бозор бояд ҳар моҳ мутобиқи нишондодҳои воқеии истеҳсол, интиқол ва тақсимоти неруи барқ барои пардохт ба ҳамаи иштирокчиёни шабака, инчунин бо дарназардошти истифодаи маблағҳои пулӣ, супоришномаҳои пардохтро ба Бонк пешниҳод намояд.
37. Интиқоли ҳаррӯзаи маблағҳо ба суратҳисоби иштирокчиёни бозори неруи барқ аз тарафи Бонк ба таври автоматӣ аз рӯи принсипҳои зерин амалӣ карда мешавад:
- ҳаҷми семоҳаи пардохтҳои ҳадди ақали зарурӣ барои ШСХК БТ, ҶСК "Шабакаҳои интиқоли барқ", ҶСК "Шабакаҳои тақсимоти барқ" ва нақшаи тақсимоти маблағҳо ҷамъ карда мешавад;
- дар асоси ин маблағ фоизи маблағи умумӣ барои ҳар яке аз ҷамъшавандаҳо бароварда шуда, дар асоси ин фоиз пардохтҳо аз рӯи воқеият ва ҳаҷми мавҷудаи маблағҳо дар суратҳисоби махсус анҷом дода мешаванд.
38. Дар ҳолати расидан ба маблағи пардохтҳои ҳадди ақали зарурӣ то ба охир расидани семоҳаи ҳисоботӣ, пардохтҳои автоматӣ ба ин субъекти бозор қать карда мешаванд.
39. Мақоми идоракунии ШСХК БТ ҳар се моҳа дар асоси иқтибос ва нишондодҳои воқеии даромади талабшаванда пардохтҳои ҳадди ақали аз тарафи иштирокчиёни шабака гирифташударо муқоиса менамояд.
40. Дар ҳолати мавҷуд будани бақияи маблағҳо дар суратҳисоби махсус аз рӯи натиҷаҳои семоҳа, он бояд мутобиқи нақшаи тақсимоти маблағҳо 5о қарори мақоми идоракунии ШСХК БТ тақсим карда шавад.
41. ШСХК БТ ва мақоми идоракунии соҳаи энергетика ҳар нимсола механизми пардохти қарзҳои мавҷудаи ШСХК БТ-ро тасдиқ мекунанд ё ба он тағйиру иловаҳо ворид менамоянд.
42. ШСХК БТ дар асоси қарори мақоми идоракунии ШСХК БТ қарздиҳандагони худро ба нақшаи молиявии истифодаи маблағҳои пулӣ аз суратҳисоби махсус дохил мекунад, инчунин афзалиятнокиро муайян менамояд.
43. ШСХК БТ ҳуқуқ надорад, ки маблағҳои пулии дар суратҳисоби махсус мавҷудбуда ва пардохтҳои ҳадди ақали ба таври автоматӣ пардохтшавандаро бе иҷозати махсуси мақоми идоракунии ШСХК БТ ихтиёрдорӣ намояд.
44. Мақоми идоракунии ШСХК БТ бояд мониторинги доимии ҳаракати маблағҳои пулӣ (ҳамаи воридот ва интиқол) аз суратҳисоби махсус ва мутобиқати онро бо шартҳои Низомномаи мазкур таъмин намояд.
7. ТАРТИБИ ИСТИФОДАИ МАБЛАҒҲОИ ПУЛИИ СУРАТҲИСОБИ МАХСУС
45. Пардохтҳо аз суратҳисоби махсус ба тариқи зерин амалӣ карда мешаванд:
- ҳар рӯзи корӣ ба таври автоматӣ аз ҷониби Бонк мутобиқи тартиб ва тақсимоти маблағҳо;
- ҳар моҳ як маротиба мутобиқи тартиб ва тақсимоти маблағҳо ва бақияи воқеии маблағҳо дар суратҳисоби махсус.
46. Барои ин мақоми танзимкунандаи соҳа дар асоси Методологияи ҳисоби тарифи неруи барқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2019, №331 тасдиқ шудааст, андозаи даромади талабшавандаро муайян менамояд.
47. Даромади талабшавандаи мазкур ҳар сол (бо тақсимоти ба моҳҳо) дар асоси нишондодҳои воқеӣ ва нақшаи истифодаи маблағҳои пулӣ ҳисоб гардида, ба мақоми танзимкунандаи соҳа ва мақоми идоракунии ШСХК БТ барои тасдиқ пешниҳод карда мешавад.
48. Даромади талабшаванда аз ҷониби мақоми танзимкунандаи соҳа на камтар аз як моҳ қабл аз оғози пардохтҳо тасдиқ карда мешавад ва одатан дар асоси хароҷоти соли гузашта бо дарназардошти коэффитсиенти таваррум ё эҳтиёҷоти ҳисобӣ, агар барои сол аз сол тағйир ёфтани он асоси кофӣ мавҷуд бошад, тасдиқ карда мешавад.
49. Афзалиятнокии интиқоли маблағҳо аз суратҳисоби махсус дар тақсимоти маблағҳо нишон дода мешавад.
50. Принсипи асосии истифодаи суратҳисоби махсус аз он иборат аст, ки маблағи пардохтшаванда ҳамеша ҳамчун як ҳиссаи маблағи пардохт ифода карда мешавад, ки дар он маҷмӯи пардохтҳо мантиқан аз пардохтҳои умумӣ камтар ё ба он баробар мебошанд. Ин маънои онро дорад, ки суратҳисоби махсус ҳеҷ гоҳ тавозуни манфӣ дошта наметавонад ва набояд ба овердрафт (аз ҳад зиёд сарф шудани пул дар суратҳисоби бонкӣ) роҳ диҳад.
51. Дар ҳолати нарасидани маблағҳои пулӣ барои пардохт ба ягон субъекти бозор, бо мақсади роҳ надодан ба аз ҳад зиёд сарф намудани маблағ аз суратҳисоби махсус, ҳаҷми маблағи гирифтанашуда аз ҷониби ШСХК БТ то замоне сабт мегардад, ки маблағи зарурӣ ба ин субъект дар ҳаҷми пурра пардохт ва таҷдид нашавад.
52. Дар баробари ин ҳамаи пардохтҳои аз суратҳисоби махсус тақсимшаванда бояд бақияи қарзӣ бошанд, то ки дебетикунӣ ва ба миён овардани уҳдадориро аз рӯи суратҳисоби махсус ғайриимкон мегардонад.
53. ШСХК БТ (ҳамчун оператори бозор) ҳар семоҳа дар давоми даҳ рӯзи корӣ пас аз ба охир расидани семоҳаи ҳисоботӣ дар асоси маълумоти воқеии тарафҳо (ҳаҷми хариду фурӯш (хизматрасониҳо) ва арзиши қарордодии онҳо) санади муқоисавии иштирокчиёни бозорро (ҶСК "Шабакаҳои интиқоли барқ", ҶСК "Шабакаҳои тақсимоти барқ" ва ШСХК БТ) барои давраи пардохти охирини сипаришуда (семоҳаи ҳисоботӣ) тартиб медиҳад. Дар ин санадҳо пардохтҳои автоматии дар ин давра аз суратҳисоби махсус анҷомдодашуда ба назар гирифта шуда, чораҳои зарурии минбаъда оид ба таъмини ҳисоббаробаркунӣ муқаррар карда мешаванд.
54. ШСХК БТ (ҳамчун оператори бозор) дар давоми 15 рӯз пас аз ба охир расидани ҳар семоҳа ва дар давоми 45 рӯз пас аз ба охир расидани сол ба мақоми идоракунии ШСХК БТ, шӯроҳои нозирони ҶСК "Шабакаҳои интиқоли барқ" ва ҶСК "Шабакаҳои тақсимоти барқ", мақом дар соҳаи энергетика дар бораи ҷараёнҳои марбут ба суратҳисоби махсус ва раванди ҳисобу китоби харид/фурӯши яклухти неруи барқ ҳисобот пешниҳод менамояд.
55. Маблағҳои пулие, ки то лаҳзаи ба охир расидани муҳлати амали шартнома оид ба суратҳисоби махсус (пӯшидани суратҳисоб) боқӣ мондаанд, барои пардохти қарзи пардохтнашуда ва хизматрасони маблағи боқимондаи қарзи ШСХК БТ равона карда мешаванд.
8. ТАЪМИНИ ШАФФОФИЯТИ ҶАМЪШАВӢ ВА ИСТИФОДАИ МАБЛАҒҲОИ ПУЛИИ СУРАТҲИСОБИ МАХСУС
56. Мақоми идоракунии ШСХК БТ масъули мониторинги истифодаи суратҳисоби махсусро, ки бевосита ба мақоми идоракунии ШСХК БТ ҳисоботдиҳанда мебошад, муайян менамояд.
57. Уҳдадориҳои асосии масъули мониторинги истифодаи суратҳисоби махсус иборатанд аз:
- мониторинги даромадҳое, ки ШСХК БТ аз фурӯши неруи барқ ба даст овардааст, пайгирии дохилкунӣ ва истифода онҳо;
- мониторинг ва омода намудани ҳисобот дар бораи мутобиқати далели таҳвили неруи барқ (ҳаҷм, сана, сифат ва нарх) ба нақшаи истифодаи маблағҳои пулӣ;
- мониторинг ва омода намудани ҳисоботи маҷмӯӣ дар бораи хариди неруи барқ;
- интишори иттилоот оид ба таъмини нигоҳдории зарурии низоми таъминоти барқ, иҷрои шартҳои таҳвили неруи барқ, инчунин натиҷаҳои ҳисоботи аудитории суратҳисоби махсус дар сомонаи интернетии ШСХК БТ.
58. Ҳар сол аудити мустақили суратҳисоби махсус гузаронида мешавад. Аудитори мустақилро ШСХК БТ дар асоси озмун мутобиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб менамояд ва он бояд ширкати аудитории эътирофгардида бошад. Натиҷаҳои тендер оид ба интихоби аудитор ва натиҷаҳои аудит интишор карда мешаванд.
9. ПАРДОХТҲОИ ҲАДДИ АҚАЛ
59. Пардохтҳои ҳадди ақал барои ШСХК БТ-ро хароҷоти марбут ба инҳо ташкил мекунад:
- пардохти ҳаққи хизмати бонки хизматрасон ва аудитори мустақиле, ки аудити ҳарсолаи суратҳисоби махсусро мегузаронад;
- боҷу хироҷи транзитӣ ва/ё пардохт барои истифодаи шабакаҳои кишварҳои сеюм барои содироти неруи барқи Тоҷикистон (ба истиснои лоиҳаи "CAҶA-1000");
- музди меҳнат, андозҳо, боҷу хироҷ, пардохтҳои ҳатмие, ки дар ҷараёни фаъолияти касбӣ, хароҷоти намояндагӣ ва идоракунӣ, ки барои фаъолияти ШСХК БТ заруранд;
- истеҳсоли неруи барқ дар дохили шабакаҳои барқии ШСХК БТ;
- воридоти неруи барқ аз кишварҳои ҳамсоя;
- амалӣ намудани функсияи оператори бозор;
- танзим ва идоракунии марказии ШСХК БТ.
60. Ба хароҷоти ҳадди ақал барои нақшаи тақсимоти маблағҳо хароҷоти марбут ба инҳо дохил карда мешавад:
- пардохтҳои ҷорӣ ба истеҳсолкунандагони мустақили неруи барқ (неругоҳҳои барқи обии "Сангтӯда-1", "Сангтӯда-2", "Роғун" ва воридот) барои таҳвили воқеии неруи барқ барои ШСХК БТ;
- пардохтҳо ба Вазорати молия барои хизматрасонии аз рӯи созишномаҳои зерқарзӣ дар соли тақсимии ҷорӣ;
- пардохтҳои ҳадди ақали мувофиқашуда барои хизматрасонии қарз дар назди бонкҳои тиҷоратӣ дар соли ҷорӣ.
61. Пардохтҳои ҳадди ақал барои ҶСК "Шабакаҳои интиқоли барқ" ва ҶСК "Шабакаҳои тақсимоти барқ" бо хароҷот барои хизматрасонӣ оид ба интиқоли неруи барқ алоқаманд мебошанд.
62. Андозаи пардохтҳои ҳадди ақал барои ҶСК "Шабакаҳои интиқоли барқ" ва ҶСК "Шабакаҳои тақсимоти барқ" аз ҷониби шӯроҳои нозирони ин ҷамъиятҳо, барои ШСХК БТ ва нақшаи тақсимоти маблағҳо бошад, аз ҷониби мақоми идоракунии ШСХК БТ тасдиқ карда мешавад.
10. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
63. Бо мақсади мунтазам гузаронидани амалиётҳои бонкӣ ҳабс ё зери мамониат гузоштани суратҳисоби махсус манъ мебошад.
64. Ҳар гуна баҳсҳо, ихтилофҳо ва даъвоҳо, ки дар робита бо ҷойгиркунӣ ва гирифтани маблағ аз суратҳисоби махсус ба миён омада, бо роҳи мусолиҳатомез ҳал нашудаанд, ба тариқи судӣ ҳал карда мешаванд.
65. Ҳамаи пардохтҳо аз суратҳисоби махсус танҳо пардохти ибтидоӣ мебошанд. Ҳисобу китоби ниҳоӣ мутобиқи низоми муқоисаи маълумот амалӣ карда мешавад.