Тартиби гузаронидани рузи истироҳат ба дигар рӯзи корӣ аз 27 апрели соли 2021, № 154

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замима

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 27 апрели соли 2021, № 154

Тартиби гузаронидани рузи истироҳат ба дигар рӯзи корӣ

1. Гузаронидани рӯзи истироҳат ба дигар рӯзи корӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати рост омадани як рӯзи корй дар байни рӯзи иди ғайрикорӣ ва рӯзҳои истироҳат амалӣ карда мешавад.

2. Зарурати гузаронидани рӯзҳои мушаххаси истироҳат ба дигар рӯзҳои корӣ дар охири ҳар соли тақвимӣ барои соли пешомад аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон асоснок гардида, лоиҳаи санади дахлдор ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.

3. Гузаронидани рӯзи истироҳат ба дигар рӯзи корӣ ба кормандоне татбиқ мегардад, ки вақти кории онҳо аз ҳафтаи панҷрӯзаи корӣ бо ду рӯзи истироҳат (шанбе ва якшанбе) иборат аст.

4. Ҳангоми гузаронидани рӯзи истироҳат ба дигар рӯзи корӣ давомнокии рӯзи кории гузаронидашуда ва меъёри миёнаи ҳисобшудаи вақти корӣ дар моҳ ё соли тақвимӣ, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд, нигоҳ дошта мешавад.

5. Гузаронидани рӯзи истироҳат ба дигар рӯзи корӣ дар давоми соли тақвимӣ на дертар аз ду ҳафтаи пеш аз санаи муайяншуда тавассути воситаҳои ахбори омма эълон карда мешавад.

 

Приложение

к постановлению Правительства

Республики Таджикистан

от 27 апреля 2021 года, №154

Порядок переноса выходного дня на другой рабочий день

1. Перенос выходного дня на другой рабочий день осуществляется постановлением Правительства Республики Таджикистан в случае, если один рабочий день находится между праздничным нерабочим днём и выходным днём.

2. Необходимость переноса конкретных выходных дней на другие рабочие дни обосновывается Министерством труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан по соглосованию с Объединением работадателей Республики Таджикистан, Федерацией независимых профоюзов Таджикистана и проект соответствущего акта представляется на рассмотрение Правительства Республики Таджикистан.

3. Перенос выходного дня на другой рабочий день применяется к работникам, рабочее время которых состоит из пятидневной рабочей недели с двумя выходными днями (суббота и воскресенье).

4. При переносе выходного дня на другой рабочий день сохраняется продолжительность перенесённого рабочего дня и средняя расчетная норма рабочего времени за месяц или календарный год, установленный нормативными правовыми актами Республики Таджикистан.

5. Перенос выходного дня на другой рабочий день в течение календарного года объявляется по средствам массовой информации не позднее чем за две недели до определённой даты.