Тартиби пешбурди феҳристи ҳунармандӣ аз 27 апрели соли 2021, № 153

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замима

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 27 апрели соли 2021 ,№ 153

Тартиби пешбурди феҳристи ҳунармандӣ

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Тартиби пешбурди феҳристи ҳунармандӣ (минбаъд - Тартиб) раванди пешбурд ва воридсозии иттилоот ба феҳрист ва хориҷ намудани иттилоотро аз он муайян намуда, бо мақсади инъикоси минбаъдаи рушди фаъолияти ҳунармандӣ, иштироки шахсони воқеӣ дар истеҳсоли маҳсулоти ҳунармандӣ ва шуғли аҳолӣ аз рӯи намудҳои он таҳия гардидааст.

2. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳунармандӣ оид ба пешбурди феҳристи ҳунармандӣ Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳунармандӣ) мебошад.

2. ТАРТИБИ ПЕШБУРД ВА ВОРИДСОЗИИ ИТТИЛООТ БА ФЕҲРИСТ ВА ХОРИҶ НАМУДАНИ ИТТИЛООТ A3 ОН

3. Таҳия ва пешбурди феҳрист мутобиқи ҳамин Тартиб дар шаклҳои коғазӣ ва электронӣ амалӣ гардида, дар ҳолати номутобиқатии иттилооти коғазӣ бо электронӣ, шакли коғазии он афзалият дорад.

4. Ворид ва хориҷ кардани иттилоот дар бораи субъектҳои ҳунармандӣ аз феҳрист (новобаста аз ҷойи бақайдгирии он) дар асоси қарори мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳунармандӣ амалӣ карда мешавад, агар субъектҳои ҳунармандӣ ҳиссаи дар маҷмӯъ муқаррарнамудаи қонунгузории соҳаи ҳунармандиро дар раванди истеҳсоли маҳсулоти ҳунармандӣ ва шуғли аҳолӣ доро бошад.

5. Ҳангоми тартиб додани феҳрист мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳунармандӣ иттилооти зерини тасдиқкунанда оид ба мавҷудият ё надоштани ҳиссаи субъектҳои ҳунармандӣ дар раванди истеҳсоли маҳсулоти ҳунармандӣ ва шуғли аҳолиро, ки бо қонунгузории соҳаи ҳунармандии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст, истифода намояд:

- натиҷаҳои таҳлил ва баҳодиҳии ҳолати ҳунармандӣ дар раванди истеҳсоли маҳсулоти ҳунармандӣ ва шуғл, ки мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳунармандӣ гузаронидааст;

 - натиҷаҳои таҳлили фаъолияти субъектҳои ҳунармандӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳунармандӣ, ки бо қонунвайронкунии соҳаи ҳунармандӣ алоқаманд мебошанд, инчунин дархостҳо, огоҳиномаҳо ва маълумот, ки ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳунармандӣ пешниҳод мешаванд;

- иттилооти давлатии ҳисоботҳои оморӣ, ки фаъолияти субъектҳои ҳунармандиро тавсиф менамояд;

- иттилооте, ки аз мақомоти андоз, омор, фарҳанг ва дигар мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ гирифта шудааст;

- иттилооте, ки аз шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ гирифта шудааст;

натиҷаҳои ташхиси молшиносӣ, хулосаҳои ташкилотҳои махсусгардонидашуда, инчунин мутахассисон ва коршиносон;

- иттилооти идоравӣ, марказҳо ва хадамоти иттилоотии мустақил; иттилооти ассотсиатсияҳои истеъмолкунандагон ва истеҳсолкунандагон;

- иттилооти воситаҳои ахбори омма;

- пурсишҳои сотсиологӣ, пурсишҳои интихобӣ ва саволномаҳои субъектҳои ҳунармандӣ, шаҳрвандон ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ;

- шартҳои техникӣ ва меъёрҳои дигар;

- муроҷиати шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳунармандӣ.

6. Иттилооти истифодашаванда ҳангоми ташкили феҳрист метавонад ҳам чун нишондоди аслӣ ва ҳам чун арзишӣ ифода ёбад.

7. Мақомоти ваколатдор дар соҳаҳои андоз, омор ва фарҳанг ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳунармандӣ ҳар сол на дертар аз 2 феврали баъди соли ҳисоботӣ рӯйхати субъектҳои ҳунармандиро дар шакли коғазӣ ва электронӣ пешниҳод менамоянд.

8. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳунармандӣ дар давоми сол метавонад ба феҳрист бо мушаххас намудани номгӯйи субъектҳои ҳунармандие, ки дар раванди истеҳсоли маҳсулоти ҳунармандӣ ва шуғл мавқеи муайян доранд, тағйирот ворид намояд.

9. Феҳрист ба ҳама дастрас буда, иттилооти дар феҳрист мавҷудбуда бо дархости шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ тибқи тартиби муқарраргардида пешниҳод мегардад.

10. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳунармандӣ ҳуқуқ дорад дархости мақомоти ваколатдор дар соҳаҳои андоз, омор ва фарҳангро оид ба ворид намудани иттилоот дар бораи субъектҳои ҳунармандӣ ба феҳрист (хориҷ намудан аз феҳрист), ки қонунгузории амалкунандаро вайрон мекунад, ба инобат нагирад.

11. Асосҳои хориҷ намудани субъектҳои ҳунармандӣ аз феҳрист чунин аст:

- аз байн рафтани касбҳои ҳунармандӣ ва ҳунарҳои мардумӣ;

- эътибори қонунӣ пайдо намудани қарори суд оид ба аз феҳрист хориҷ намудани субъекти ҳунармандӣ.

3. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

12. Феҳрист дар сомонаҳои расмии мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳунармандӣ ва омор ҷойгир карда шуда, мунтазам нав карда мешавад.

13. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳунармандӣ барои муайян намудани сабабҳо оид ба аз ҷониби мақомоти андоз, омор ва фарҳанг ва мақомоти дигари дахлдори давлатӣ дар бораи ворид ё хориҷ гардидани иттилоот дар бораи ҳунармандӣ, ки дар банди 4 Тартиби мазкур зикр гардидааст, бо мақомоти номбурда ҳамкорӣ менамояд.

 

Приложение

к постановлению Правительства

Республики Таджикистан

от 27 апреля 2021 года, №153

Порядок ведения реестра ремесленничества

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Порядок ведения реестра ремесел (далее - Порядок) определяет процесс продвижения и включения информации в реестр и исключения ее из него и разработан с целью дальнейшего отражения развития ремесел, участия физических лиц в производстве изделий кустарного промысла и занятости по их видам.

2. Уполномоченным государственным органом в области ремесел по ведению реестра ремесленничества является Министерство труда, миграции и занятости Республики Таджикистан (далее - уполномоченный государственный орган в области ремесел).

2. ПОРЯДОК ВЕДЕНИЯ И ВКЛЮЧЕНИЯ ИНФОРМАЦИИ В РЕЕСТР И ИСКЛЮЧЕНИЯ ЕЕ ИЗ НЕЙ

3. Разработка и ведение реестра в соответствии с настоящим Порядок осуществляется в бумажной и электронной формах, а в случае несоответствия бумажной информации с электронной, ее бумажная форма имеет преимущественную силу.

4. Внесение и исключение информации о субъектах ремесленничества из реестра (независимо от места его регистрации) осуществляется на основании решения уполномоченного государственного органа в области ремесел, если субъекты ремесленничества имеют долю в производстве и занятности населения, установленную в общем законодательством о ремеслах.

5. При составлении реестра уполномоченный государственный органа в области ремесел использует следующие сведения, подтверждающие наличие или отсутствие доли субъектов ремесленничества в процессе производства изделий ремесленничества и занятости, определенной законодательством Республики Таджикистан о ремеслах:

- результаты анализа и оценки состояния ремесел в процессе производства изделий ремесленничества и занятости, проведенных уполномоченным государственным органом в области ремесел;

- результаты анализа деятельности субъектов ремесленничества уполномоченным государственным органом в области ремесел в связи с нарушениями законодательства в сфере ремесел, а также запросы, уведомления и сведения, представляемые в уполномоченный государственный органа в области ремесел;

- государственная статистическая информация, описывающая деятельность субъектов ремесленничества;

- информация, полученная от налоговых, статистических, культурных и иных государственных органов, местных исполнительных органов государственной власти;

- информация, полученная от юридических и физических лиц;

- результаты товароведческой экспертизы, заключения профильных организаций, а также специалистов и экспертов;

ведомственная информация, центров и независимых информационных служб;

- информация ассоциаций потребителей и производителей;

- информация средств массовой информации;

- социологические опросы, выборочные опросы и анкетирование субъектов ремесленничества, граждан и общественных организаций;

- технические условия и другие стандарты;

- обращения юридических и физических лиц в уполномоченный государственный орган в области ремесел.

6. Информация, используемая при создании реестра, может быть изложена как основной первоначальной, так и ценностной.

7. Уполномоченная органы в области налогообложения, статистики и культуры ежегодно не позднее 2 февраля после отчетного года представляют в уполномоченный государственный орган в области ремесел перечень субъектов ремесленничестве в бумажном и электронном виде.

8. Уполномоченный государственный орган в области ремесел в течение года может внести изменения в реестр, указав список субъектов ремесленничества, которые играют значительную роль в производстве изделий народных промыслов и занятости.

9. Реестр общедоступный. Информация, содержащаяся в реестре, в установленном порядке предоставляется по запросу юридических и физических лиц.

10. Уполномоченный государственный орган в области ремесел вправе оставить без внимания запрос уполномоченных органов в области налогообложения, статистики и культуры о включении в реестр (исключение из реестра) сведений о субъектах ремесленничества, нарушающий действующее законодательство.

11. Основаниями для исключения субъектов ремесленничества из реестра являются:

- исчезновение видов ремесленнических профессий народных промыслов;

- вступление в законную силу решения суда об исключении субъекта ремесленничества из реестра.

3. ЗАКЛЮЧИТЕЛЬНЫЕ ПОЛОЖЕНИЯ

12. Реестр размещен на официальных сайтах уполномоченных государственных органов в области ремесел и статистики и постоянно обновляется.

13. Уполномоченный государственный орган в области ремесел сотрудничает с указанными органами для определения причин ввода или вывода информации о ремеслах, указанной в пункте 4 настоящего Порядка налоговыми, статистическими и культурными органами и другими соответствующими государственными органами.