Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 апрели соли 2021, №113
Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 апрели соли 2021, №113
Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021-2025
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021-2025 (минбаъд-Барнома) бо мақсади дарёфт, дастгирӣ, рушди хонандагони боистеъдод ва фароҳам овардани шароити мусоиди таълимию тарбиявӣ ҷиҳати ташаккули таҳсили муттасили ҷавобгӯ ба талаботи таълимӣ ва амалӣ намудани қобилиятҳои эҷодии истеъдодҳо таҳия гардидааст.
2. Таълиму тарбияи насли ҷавони боистеъдод яке аз ҳадафҳои асосии соҳаи маориф маҳсуб меёбад. Имрӯз илмҳои дақиқ, тафаккури техникӣ, технологияи муосир ва ҷаҳонбинии иттилоотӣ ба омили пешбарандаи иқтисодиёт ва ояндаи ҷомеа табдил ёфтааст. Ҷомеа ба ҷавононе ниёз дорад, ки дорои тафаккури пешрафта ва қобилияти фаъолияти босамар намуданро дар замони муосир дошта бошанд.
3. Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон "Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф" эълон карда шуда, ҳамасола олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ оид ба илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баргузор мегардад, ки ғолибони озмунҳо аз ҷониби вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз лиҳози моддиву маънавӣ қадрдонӣ ва ҳавасманд гардонида мешаванд.
4. Пешрафти давлат аз захираҳои зеҳнӣ ва рушди тафаккури сокинони кишвар сахт вобастагӣ дорад. Асоси рушди тафаккур, аз ҷумла тафаккури дақиқи кӯдакро синну соли мактабӣ ташкил медиҳад, ки маҳз дар ҳамин давра тафаккури кӯдак ва қобилиятҳои эҷодии ӯ ташаккул меёбанд.
5. Таҳлили вазъ ва натиҷаҳои бадастомада дар самти дарёфт ва рушди истеъдодҳо муайян менамоянд, ки дар баробари таваҷҷуҳи рӯзмарра ва ҳамаҷониба ба насли ҷавон, масъалаҳои муҳимме ба миён меоянд, ки вобаста ба рушди муассисаҳои таълимӣ ва зиёд гардидани талабот ба муассисаҳои махсусгардонидашуда барои хонандагони боистеъдод муносибати муосири кор бо хонандагони боистеъдодро тақозо менамояд.
6. Вазифаҳои Барномаро инҳо ташкил медиҳанд:
- ташаккул ва мукаммал гардонидани механизмҳои иқтисодӣ ва ташкиливу идоравӣ барои дарёфт ва рушди истеъдодҳо;
...