ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ВОСИТАҲОИ НАШЪАДОР, МОДДАҲОИ ПСИХОТРОПӢ ВА ПРЕКУРСОРҲО"
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
7 апрели соли 2021, № 366
қабул карда шуд.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
16 апрели соли 2021, № 142
ҷонибдорӣ карда шуд.
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо" аз 10 декабри соли 1999 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1999, №12, мод. 312; с. 2002, №4, қ. 1, мод. 266; с. 2006, №4, мод. 192; с. 2007, №7, мод. 661; с. 2013, №7, мод. 516; с. 2019, №6, мод. 319) иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба моддаи 2 сархати ҳафтум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"ҳаммонанди (аналоги) маводи нашъаовар - маводе, ки дар конвенсияҳои байналмилалии дахлдор ҳамчун воситаи нашъадор ё моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо гурӯҳбандӣ нашуда, ба Рӯйхати миллӣ дохил нагардидааст ва сохтори химиявию хусусиятҳояш ба сохтори химиявӣ ва хусусияти маводи нашъаовар, ки таъсири психоактивӣ дорад, монанд мебошад;".
2. Ба моддаи 4 қисми шашум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муомилоти ҳаммонанди (аналоги) маводи нашъаовар манъ мебошад.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
20 апрел соли 2021, № 1778