Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 аз 3 апрели соли 2021, № 115

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 апрели соли 2021, №115

Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 (минбаъд - Барнома) бо мақсади танзими рушди бонизоми муассисаҳои фарҳангӣ ва тақвияти заминаи ҳуқуқии фаъолияти онҳо таҳия шуда, фарогири тақвияти ҳамкориҳо бо идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мебошад.

2. Фарҳанг дар ҷомеаи иҷтимоӣ ҳамчун омили муҳимтарини ташаккулдиҳандаи ахлоқи маънавӣ ва воситаи самарабахши тақвиятдиҳандаи сатҳи маърифатнокии инсон, махсусан наврасону ҷавонон эътироф гардида, дар тадриҷан ривоҷу равнақёбии камолоти рӯҳӣ ва инкишофи арзишҳои ахлоқиву равонии ҷомеаи башарӣ нақши калидӣ дорад.

3. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар баробари пайваста инкишоф додани соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар, ба рушди фарҳангу санъат таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.

2. ТАҲЛИЛИ ВАЗЪИ ИМРӯЗА ВА ИҚТИДОРИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ ФАРҲАНГӢ

4. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки амиқи моҳияти сиёсию иҷтимоии фарҳанг дар фосилаи кӯтоҳи таърихӣ як силсила санадҳои муҳимро қабул намуд, ки бо шарофати онҳо дар мамлакат барои эҳё, ҳифз ва рушди фарҳанги миллӣ фазои мусоиди меъёрии ҳуқуқӣ фароҳам омада, ҷиҳати бунёди инфрасохтори замонавии он маблағгузории мақсадноки давлатӣ тадриҷан афзоиш ёфт.

5. Пас аз қабули Консепсияи рушди фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2005, №501 тасдиқ гардидааст, тӯли солҳои 2006-2019 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 барномаи давлатии рушди соҳаи фарҳангро ба маблағи умумии 204 млн 979 ҳазор сомонӣ қабул намуд.

6. Дар натиҷаи чораандешиҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои охир маблағгузории соҳа ба таври назаррас афзоиш ёфт. Агар соли 2000 аз буҷети давлатӣ барои соҳаи фарҳанг ва варзиш ҳамагӣ 13 млн сомонӣ ҷудо шуда бошад, пас дар соли 2019 бо дар назар доштани тамоми манбаъҳои маблағгузорӣ ва буҷети тасдиқшуда ҳаҷми он 761 млн сомониро ташкил кард. Яъне буҷети соҳаи фарҳанг ва варзиш дар ҳамин давра 480 маротиба афзуда, дар маҷмӯъ 6 млрд 244 млн сомониро ташкил додааст.

7. Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 дар асоси талаботи қонунгузорӣ бо мақсади амалисозии нишондоди банди 35 Нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар маросими савганд ёд кардан дар иҷлосияи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 ноябри соли 2013 баён гардида буд, таҳия шуд. Тибқи нақша чорабиниҳои барномаи мазкур 26 млн 84 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва маҳаллӣ барои барқарорсозӣ, таъмир, харидории таҷҳизот, компютеркунонии соҳаи фарҳанг ва дигар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ пешбинӣ гардида буд.

8. Бинобар сари вақт ва ба таври мукаммал маблағгузорӣ нагардидан, кашол ёфтани сохтмони иншооти фарҳангӣ солҳои тӯлонӣ ба яке аз масъалаҳои ҷиддии соҳа табдил ёфтааст. Аз ҷумла сохтмони қасри фарҳанг дар ноҳияи Темурмалик соли 2005 оғоз ёфта, танҳо соли 2017 ба анҷом расонида шуд. Сохтмони қасри фарҳанг дар ноҳияи Нуробод аз соли 2009 оғоз гардида, то ҳол идома дорад, сохтмони қасри фарҳанг дар ноҳияи Шаҳринав, маркази фарҳанг дар деҳаи Палдораки ноҳияи Мастчоҳ солҳои зиёд боз идома дошта, 17 банди нақша иҷро нашуд. Инчунин сохтмони осорхона дар шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт, азнавсозии қасри фарҳанги шаҳраки Гаровутии ноҳияи Дӯстӣ, азнавсозии хонаи фарҳанг дар деҳаи Басиди ҷамоати деҳоти Басид ва аксарияти клуб, хонаҳои фарҳанги ва китобхонаҳои водии Бартанги ноҳияи Рӯшон дар ҳолати садамавӣ қарор доранд.

9. Дар маҷмӯъ дар асоси барномаҳои мазкур дар давоми 5 соли охир (2015-2019) дар ҷумҳурӣ 69 бинои нави фарҳангӣ, аз ин 22 қасри фарҳанг, 2 осорхона, 3 клуб, 6 китобхона, 1 хонаи фарҳангӣ, 10 амфитеатр, 2 маҷмааи фарҳангӣ, 17 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ бунёд гардид. Аз ҳисоби сарчашмаҳои дигари маблағгузорӣ 24 муассисаи фарҳангӣ, аз ин 5 қасри фарҳанг, 3 хонаи фарҳангӣ, 2 клуб, 3 китобхона, 6 осорхона, 1 филармонияи халқӣ, 1 мактаби санъат, 3 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ таъмир гардида, 61 муассисаи фарҳангӣ, аз ин 5 қасри фарҳангӣ, 8 хонаи фарҳангӣ, 3 клуб, 2 китобхона, 1 маркази фарҳангӣ ва 42 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ азнавсозӣ карда шуданд.

10. Айни замон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон 7075 муассисаи фарҳангӣ, ба истиснои театрҳои касбӣ, муассисаҳои консертӣ, мамнӯъгоҳҳо, мактабҳои мусиқӣ, рассомӣ, санъат ва муассисаҳои табъу нашр ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ҷумла 6077 китобхона, 3 маҷмааи фарҳангӣ, 321 қаср, кох ва хонаи фарҳангӣ, 394 клуби фарҳангӣ, 45 клуби сайёр, 18 маркази фарҳангӣ-фароғатӣ, 7 филармонияи халқӣ, 88 боғи фарҳангию фароғатӣ, 22 театри ҳалқӣ, 1 намоишгоҳи рассомӣ, 87 осорхона, 11 хона-осорхона ва 1 бойгонии фарҳангӣ мавҷуд аст.

11. Дар назди раёсатҳо, шуъбаҳо ва бахшҳои фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо 25 ансамбли тарона ва рақс, 16 ансамбли шашмақомхонон, 8 ансамбли фалаксароӣ, 19 ансамбли рақсӣ, 7 ансамбли эстрадӣ, 12 ансамбли фолклорӣ-этнографӣ, 3 ансамбли созҳои миллӣ, 5 радиои маҳаллӣ, 22 студияи сабти овоз, 2 гурӯҳи ҳаҷвнигорӣ-зарофатгӯӣ ва як ададӣ гурӯҳи адабӣ-бадеӣ, гурӯҳи карнайнавозон, гурӯҳи доирабадастон, оркестри нафасӣ, оркестри камеравӣ, телевизиони маҳаллӣ ва маркази матбуот фаъолият доранд.

12. Айни замон захираи умумии китобхонаҳои ҷумҳурӣ ба теъдоди 33309756 нусха ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумора 3286252 нусхааш дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон, 110129 нусха дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявӣ ба номи Мирсаид Миршакар, 20089835 нусха дар китобхонаҳои давлатӣ-оммавии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, 9823540 нусха дар китобхонаҳои вазорату идораҳо ва муассисаҳои таълимӣ маҳфузанд.

13. Захираи умумии китобҳои электронии китобхонаҳои ҷумҳурӣ, дар маҷмӯъ 2505281 нусха буда, аз ин шумора 321 000 нусхааш ба муассисаи давлатии "Китобхонаи миллии Тоҷикистон", 1000 нусха ба муассисаи давлатии "Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар", 395007 нусха ба китобхонаҳои давлатӣ-оммавии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва 1788274 нусха ба китобхонаҳои вазорату идораҳо ва муассисаҳои таълимӣ рост меояд.

14. Теъдоди умумии китобхонаҳои ҷумҳурӣ, ки ба шабакаи умумиҷаҳонии интернет пайваст гардидаанд, 98 адад мебошанд. Вале аз шумораи умумии китобхонаҳои давлатӣ-оммавии назди шуъбаҳо ва бахшҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 248 адад таъмирталаб буда, 53 адад дар ҳолати садамавӣ қарор доранд, ҳамзамон 15 китобхона навбунёд буда, сохтмони 52 бинои китобхона ба нақша гирифта шудааст. Гарчанде дар ҷараёни амалисозии барномаҳои рушди фаъолияти китобдорӣ ва компютеркунонии китобхонаҳои давлатию оммавӣ корҳои муайян анҷом дода шуда бошанд ҳам, имрӯз вазъи фаъолияти китобдорӣ ба талаботи ҷомеаи муосири иттилоотӣ ва ниёзҳои доимоафзояндаи аҳолӣ ба китоб ва дастрасӣ ба сарчашмаҳои гуногуни иттилоотӣ ҷавобгӯ нест. Зеро имрӯз дар мамлакат новобаста аз чораҳои андешидашуда то ҳанӯз 75 китобхонаи назди шуъбаҳо ва бахшҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар хонаҳои шахсӣ, 236 адад дар биноҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 9 адад дар дохили вагонҳо, 63 адад дар бунгоҳҳои тиббӣ, 227 адад дар биноҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва 236 адад дар биноҳои маъмурии ташкилот ҷойгир карда шудаанд. Дар марҳилаи ҳозира дар ягон шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ китобхонаҳои бачагона бинои мустақил надоранд.

15. Айни ҳол дар ҷумҳурӣ марказҳои бақайдгирии захираҳои иттилоотӣ оид ба фарҳанг ва санъат дар назди Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот ва китобхонаи илмии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода амал мекунанд. Ҳадафи ниҳоии ин марказҳо ҷамъоварӣ, коркард ва нигоҳдории ҳама гуна иттилооти илмӣ, эҷодӣ ва истеҳсолидошта мебошад. Ҳамзамон, яке аз самтҳои муҳими фаъолияти ин марказҳо бунёди бонки захираҳои иттилоотӣ мебошад, ки чунин захираҳоро аз шакли анъанавӣ ба шакли электронӣ баргардонида, дар шакли электронӣ нигоҳдорӣ менамояд.

16. Ба роҳ мондани корбурди технологияи муосири иттилоотӣ дар фаъолияти муассисаҳои фарҳангии ҷумҳурӣ, аз ҷумла китобхонаҳо ва вусъат додани роҳандозии тарғибу ташвиқи низоми истифодаи шакли электронии иттилоот (феҳристу картотекаҳо ва маводи электронии интишороти дар СD-ROМ ва дар дигар барандаҳои электронӣ) имкон медиҳад, ки талаботи иттилоотии истифодабарандагон сари вақт қонеъ гардад ва бе сарфаи вақт оид ба тозатарин навгониҳову дастовардҳои илмию фарҳангӣ иттилоот ба даст оранд.

17. То ҳанӯз пояи моддию техникии китобхона-филиалҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар сатҳи ниҳоят паст қарор дошта, онҳо бо технологияи муосири иттилоотию коммуникатсионӣ, аз қабили компютер, принтер, сканер, проектор, дастгоҳҳои нусхабардорӣ, телевизор ва интишороти маълумотӣ-библиографӣ қисман таъмину муҷаҳҳаз гардидаанд. Қисми зиёди китобхонаҳои ҷумҳурӣ, махсусан дар деҳот, дар биноҳои номувофиқ, фарсуда ва таъмирталаб ҷойгир карда шуда, ба одитарин талаботе, ки барои ҷойгирнамоии фонд ва рафту омади аъзои китобхона заруранд, мутобиқат намекунанд. Дар китобхонаҳои деҳот низоми гармидиҳӣ, шамолдиҳӣ ва чангу ғуборкашӣ вуҷуд надоранд, ки ба нигоҳдории захираи китоб ва ҷалби хонандагон таъсири манфӣ мерасонад. Аксарияти китобхонаҳо ба қадри кофӣ бо таҷҳизоти муосири китобдорӣ рафҳои китобгузорӣ, ҷевонҳо, қуттиҳои махсуси феҳристнигоҳдорӣ, навъҳои мебелҳои зарурӣ барои китобхона ва ғайраҳо таъмин нестанд.

18. Дар сатҳи зарурӣ набудани робитаҳои самарабахши ҳамкориҳо байни китобхонаҳо, муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои таълимӣ, оила ва дигар ниҳодҳои масъули соҳаи тарбия, норасоии кормандони соҳибкасби соҳаи китобдорӣ, махсусан дар китобхонаҳои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна, олии касбӣ ва китобхонафилиалҳо беҳбудӣ мехоҳад.

19. Барои дар сатҳи дахлдор ба роҳ мондани хизматрасонии махсус ба гурӯҳҳои осебпазир (нобиноён, шахсони шунавоиашон суст ва ғайраҳо) дар ҳама шаклҳои китобхонаҳои ҷумҳурӣ ташкил кардани тифлокабинет зарур мебошад. Дар айни ҳол чунин кабинет танҳо дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон мавҷуд аст.

20. Вобаста ба ин, зарурати дар сатҳи давлатӣ мусоидат намудан ба идомаи ҷараёни компютеркунонии тамоми муассисаҳои фарҳанги ҷумҳурӣ, аз ҷумла осорхонаҳо, клубҳо ва китобхонаҳо, пайваст намудани онҳо бо шабакаи ҷаҳонии интернет, бунёди бонки захираҳои иттилоотӣ оид ба фарҳанг ва санъат ба миён омадааст. Зеро дар аксарияти муассисаҳои деҳоти ҷумҳурӣ набудани компютерҳо ба назар мерасад ва он дар доираи нақшаи чорабиниҳои Барномаи мазкур амалӣ хоҳад гашт.

21. Айни замон захираи осорхонаҳои ҷумҳурӣ фарогири 446760 нигора мебошанд, ки аз ин шумора 60313 дар захираи Осорхонаи миллии Тоҷикистон, 87668 дар захираи нигоравии осорхонаҳои зертобеи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, 132930 дар осорхонаҳои вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, 63337 дар осорхонаҳои вилояти Суғд, 46329 дар осорхонаҳои вилояти Хатлон, 16956 дар осорхонаҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 39227 дар осорхонаҳои шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ маҳфузанд.

22. Омӯзиш ва таҳлили амиқи фаъолияти осорхонаҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ нишон дод, ки дар марҳилаи ҳозира фаъолияти аксарияти осорхонаҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ ба талаботи замони муосир мувофиқ набуда, биноҳое, ки дар онҳо осорхонаҳо ҷойгир карда шудаанд, барои фаъолияти махсуси осорхонавӣ мувофиқ нестанд. Низоми ба намоиш гузоштани нигораҳои осорхонаҳо дар асоси нақшаи мавзӯӣ-экспозитсионӣ таҳия нагардидаанд, дар ҷобаҷогузории пайдарҳамии мантиқию таърихии мавзӯъҳо, шакли ороиши бадеии осорхонаҳо ва тартиби ба намоишгузории нигораҳо нуқсонҳои зиёд ба чашм мерасанд.

23. Дар аксарияти осорхонаҳои шаҳру ноҳияҳо таҷҳизоти техникии муосири осорхонавӣ-тахтаҳои намоишӣ, рафҳо, ҷевонҳо, зермонҳо, стендҳо, васоити равшанидиҳанда, шамолдиҳию гармидиҳӣ ва ғуборкашӣ мавҷуд набуда, раванди ташкилу созмондиҳии ҷамъоварии осори таърихию фарҳангӣ ва ҳолати ҳифзу нигаҳдошти онҳо дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудааст. Масъалаи бо кадрҳои соҳибихтисоси соҳаи осорхонашиносӣ ва забондон таъмин кардани осорхонаҳои шаҳру ноҳияҳо ҳалли фаврӣ металабад. Дар бештари осорхонаҳои шаҳру ноҳияҳо кормандони ғайриихтисос фаъолият дошта, раванди пешбурди корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ (таҳия, таълиф ва интишори мақолаҳои илмӣ-оммавӣ, буклетҳо, брошюраҳо, каталогҳо ва дигар маводи чопӣ) дар чунин осорхонаҳо аз мадди назар дар канор мондааст ва аксарияти кормандони осорхонаҳои шаҳру ноҳияҳо то ҳанӯз аз технологияи муосири иттилоотӣ истифода намебаранд.

24. Теъдоди бештари осорхонаҳои таърихӣ-кишваршиносии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла осорхонаи мардумии ноҳияи Балҷувон ва осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии ноҳияи Ёвон ба таъмир ниёз дошта, як қисми онҳо дар ҳолати садамавӣ қарор доранд.

25. То ҳанӯз дар шаҳри Бӯстон, ноҳияҳои Дӯстӣ, Ҷайҳун, Вахш, Панҷ, Кӯшониён, Восеъ, Муъминобод, Шамсиддин Шоҳин, Данғара, Варзоб, Тоҷикобод, Сангвор, Деваштич, Мастчоҳ, Дарвоз ва Ванҷ осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ таъсис дода нашудааст.

26. Айни замон дар ҳудуди ҷумҳурӣ 88 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ ба қайд гирифта шудаанд. Аз ҷумла дар вилояти Хатлон 30, дар вилояти Суғд 22, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 4, дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 14 ва дар шаҳри Душанбе 18 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ амал мекунанд, ки дар онҳо 2212 корманд кор мекунанд.

27. Бо вуҷуди он, ки дар ноҳияҳои Балҷувон ва Ёвони вилояти Хатлон, ноҳияҳои Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ, Деваштичи вилояти Суғд, ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Шуғнон, Роштқалъа, Ишкошим ва Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияҳои Лахш, Тоҷикобод, Сангвор, Нуробод, Рӯдакӣ, Варзоб, Шаҳринав ва шаҳраки Навободи ноҳияи Рашт барои бунёди боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ қитъаҳои замин ҷудо карда шуда бошанд ҳам, то ҳанӯз корҳои сохтмониву ободонӣ дар ин самт оғоз нагардидаанд.

28. Муассисаҳои клубии шаҳрҳои Хуҷанд, Конибодом, Бӯстон ва ноҳияи Қубодиён пурра бо созҳои мусиқӣ таъмин нестанд. Дар аксарияти хонаҳои фарҳангу клубҳои деҳотӣ ва мактаби бачагонаи санъати шаҳру ноҳияҳо мутахассисон бо созҳои мусиқӣ ва дастгоҳи тақвияти овоз таъмин нестанд.

29. Айни замон инфрасохтори соҳаи фарҳанги деҳот ба таҷдид, таъмиру такмил ниёз доранд. Бо дар назар доштани ҳолати дар боло зикргардида, тақвият додани мақоми иҷтимоии муассисаҳои фарҳанг, қабл аз ҳама, таҳияи лоиҳаҳои намунавӣ ҷиҳати бунёди қасрҳои фарҳанг, китобхонаҳо, марказҳои муоширати ҷавонон ба мақсад мувофиқ аст. Зеро алҳол теъдоди бештари биноҳои дар ихтиёри муассисаҳои фарҳанг будаи деҳоти ҷумҳурӣ бе дар назар доштани хусусияти хосу талаботи махсуси соҳаи фарҳанг бунёд гардидаанд. Таъсиси маркази фарҳангӣ-фароғатӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти яке аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳамчун муассисаҳои таҷрибавӣ, ки дар онҳо китобхона, клуб, кошонаи ҳусн, мағозаи фурӯши китоб, армуғон, ҷойхона шомил мегарданд, ба мақсад мувофиқ мебошад.

30. Дар айни замон ягон шуъба ё бахши муассисаҳои фарҳангӣ автоклуб ва библиобус надоранд, ки ин самаранокии фаъолияти онҳоро паст мегардонад.

31. Бо дар назар доштани тағйироти куллии ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии ҷомеаи имрӯзаи кишвар зарурати тайёр ва тарбияи мутахассисон бамаротиб афзудааст. Алҳол дар муассисаҳои таълимии соҳа, аз ҷумла муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар самтҳои муҳими фаъолияти иҷтимоию фарҳангӣ, ба монанди технолог-барномасоз дар соҳаи китобдорӣ-иттилоотӣ, тармимгари дастхату китобҳо, мутахассиси соҳаи тифлотехника, продюсер, мутахассиси соҳаи реклама, рассом-декоратор, рассомбутафор, рассом-пардозгар, режиссураи театрҳои драмавӣ, роҳбари кинофотостудияҳо, режиссураи театрҳои драмавӣ-мусиқӣ, мутахассиси ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддӣ, корманди бадеии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва дар шуъбаҳои ғоибона тахассуси сарояндагони мардумӣ мутахассисон омода намегарданд. Аз ин рӯ, баҳри мутобиқ намудани сохтор ва васеъ гардонидани доираи фаъолияти Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, бо дар назар доштани эҳтиёҷоти воқеии соҳаи фарҳанги ҷумҳурӣ ҷиҳати ифтитоҳи ихтисосҳои болозикр бояд чораҳои амалӣ андешида шаванд.

32. Дар замони муосир, роҳи ҳалли мушкилоти соҳаи фарҳангро танҳо дар доираи имкониятҳои буҷети давлат маҳдуд накарда, балки баҳри пешрафти соҳа ҷалби ҳарчи бештари сармояи хориҷӣ ва соҳибкорони ватанӣ, ҷорӣ намудани хизматрасониҳои музднок, рушду тавсеаи бозори сарватҳои фарҳангӣ, ривоҷу равнақи соҳибкорӣ ва ҳавасмандгардониву эҳсонкориро ба роҳ мондан ба мақсад мувофиқ аст.

3. МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ БАРНОМА

33. Мақсади асосии Барномаи мазкур таъмини рушди устувори муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатии кишвар дар давраи сифатан нави пешрафти ҳаёти иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тамоюлоти ҷаҳонишавии фарҳанг ва фазои иттилоотӣ тавассути таҷдиди инфрасохтор, таҳкими заминаи рақобатпазири моддӣ-техникӣ, тарбияи кадрҳои соҳа ва ба ин васила мусоидат намудан ба раванди эҷодиёти халқ, амалисозии самарабахши неруи фарҳангӣ ва маънавии шахсият дар ҷомеа мебошад.

34. Баҳри ноил шудан ба ин мақсад иҷрои вазифаҳои зерин заруранд:

- андешидани силсилаи тадбирҳо баҳри такмили заминаи меъёрии ҳуқуқӣ ва низоми идоранамоии фаъолияти иҷтимоӣфарҳангӣ;

- мутобиқгардонии мундариҷа ва фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ ба ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030;

- баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносии тамоми субъектҳои низоми идоранамоии фарҳанг нисбат ба масъалаҳои рушди устувори соҳа;

- азнавсозӣ ва ба талаботи замони муосир мутобиқ гардонидани инфрасохтори соҳаи фаъолияти иҷтимоӣ-фарҳангӣ;

- бунёди заминаи моддӣ-техникии замонавии муассисаҳои фарҳангӣ, аз ҷумла таҷҳизонидани онҳо бо технологияи муосири иттилоотию иртиботӣ, серверҳои пуриқтидор ва мукаммалгардонии фонди китобхонаҳо бо адабиёти тозанашр;

- пайваст намудани муассисаҳои фарҳангӣ ба шабакаи сартосарии интернет, таъсиси сомонаи (веб-сайти) раёсатҳо, шуъба ва бахшҳои фарҳанг;

- фароҳам овардани шароити мусоид барои ворид шудани муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии соҳаи фарҳангу ҳунар ба низоми ягонаи таҳсилот тибқи стандартҳои байналмилалӣ, омодасозии мутахассисони дар бозори ҷаҳонии меҳнат рақобатпазир;

- ташаккул ва рушди низоми устувори такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи фаъолоияти иҷтимоӣ-фарҳангӣ;

- ҷалби маблағҳои ғайрибуҷетӣ барои рушди соҳаи фарҳанг ва санъат;

- таъмини шароитҳои баробар ва мусоид ҷиҳати дастёбии тамоми қишрҳои аҳолӣ ба арзишҳои фарҳангӣ, аз ҷумла иттилоот;

- баланд бардоштани сатҳу сифати чорабиниҳои фарҳангӣ ва самаранокии фаъолияти муассисаҳои фарҳангии мамлакат;

- ташкил ва баргузор намудани чорабиниҳо бо мақсади тарбияи шаҳрвандони ҷумҳурӣ, аз ҷумла насли наврас дар рӯҳияи хештаншиносӣ, ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, зебоипарастӣ, эҳтироми арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ, пешгирии падидаи номатлуби шомилшавии ҷавонону наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои бегона ва тундгаро;

- андешидани тадбирҳои муассир бо мақсади эҳё, ҳифз, рушд ва тарғиби мероси ғановатманди фарҳанги миллӣ дар дохил ва хориҷи кишвар;

- таъмини шароитҳои созгор баҳри ривоҷу равнақи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар соҳаи фарҳанг ва санъат;

- таъминоти методии фаъолияти иҷтимоӣ-фарҳангӣ;

- таъмин намудани рушди устувор ва баробари фарҳангии тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ.

4. МУШКИЛОТ ВА САМТҲОИ АСОСИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ ФАРҲАНГӢ

35. Корношоям гардидани аксарияти аттраксиону чархофалакҳо, мавҷуд набудани биноҳои маъмурӣ, шаҳодатномаҳои техникӣ, сертификатҳои ҳуқуқи истифодабарии замин ва дигар асноди зарурӣ мушкилоти асосӣ муассисаҳои фарҳангӣ маҳсуб меёбанд.

36. Дар марҳилаи кунунӣ дар фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ дар сатҳи зарурӣ нарасидани созҳои миллии мусиқӣ, либосҳои саҳнавӣ, дастгоҳи тақвияти овоз, мизу курсӣ, китобҳои тозанашри тахассусӣ, ҷевону рафҳои китобмонӣ, пардаю пешпардаи саҳнавӣ, декоратсия, грим, бутафор, маҷмӯи асбобу анҷомҳои театрӣ, арғунчаку чархофалакҳо, воситаи нақлиётӣ, таҷҳизоти гармидиҳию зидди сӯхтор, камераи назоратӣ, озмоишгоҳи таъмиру тармими ашёи осорхонавӣ мушкилоти асосӣ ба ҳисоб меравад.

37.Самти асосии рушди устувори муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз инҳо иборатанд:

- такмили низоми идоракунии соҳаи фарҳанг;

- беҳтар намудани таҳқиқоти илмӣ ва таъминоти методӣ дар соҳаи фарҳанг;

- мукаммалгардонии самтҳо, мундариҷа ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ дар соҳаи фарҳанг;

- омода ва тарбияи мутахассисон;

- бунёд ва таъмиру азнавсозии иншооти фарҳангӣ;

- таҷдиди заминаи моддӣ-техникии муассисаҳои фарҳангӣ;

- васеъ ҷалб намудани сармояи хориҷӣ ва равнақи фаъолияти эҳсонкорӣ.

5. НАТИҶАҲОИ ПЕШБИНИШАВАНДА АЗ АМАЛИСОЗИИ БАРНОМА

38. Ҳангоми амалисозии барнома ва нақшаи чорабиниҳои он натиҷаҳои зерин имконпазир мегарданд:

- фаъолияти иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва низоми идоракунии он тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи ҷумҳурӣ зина ба зина такмил ёфта, рушди устувори он, таъмин мегардад;

- қафомонии минтақаҳои ҷудогонаи мамлакат дар самти фаъолияти иҷтимоӣ-фарҳангӣ бартараф карда шуда, рушди устувор ва баробарии онҳо таъмин карда мешавад;

- барои рушди устувори муассисисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҳисоби ҷалби маблағҳои ғайрибуҷетӣ сарчашмаи нави маблағгузорӣ пайдо мегардад;

- барои фаъолияти самарабахш ва ба талаботи замон ҷавобгӯйи муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатии кишвар инфрасохтори замонавӣ бунёд мегардад;

- тавассути сохтмон, таъмир ва азнавсозии бинои муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ рушди устувори деҳот, ҳунарҳои мардумӣ ва сайёҳӣ то андозаи назаррас таъмин мегардад;

- туфайли таҳкими заминаи моддӣ-техники муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, бахусус дар деҳоти кишвар, барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ шароити мусоид ва имконияти бештар фароҳам меояд;

- сатҳу сифат ва мундариҷаи чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ бамаротиб баланд гардида, барои ҷалби шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, аз ҷумла клубу китобхонаҳо, қасрҳо ва боғҳои истироҳатӣ шароитҳои мусоид фароҳам меояд;

- барои тарбия, такмили ихтисос ва бозомӯзии мутахассисони баландихтисос ва дар бозори меҳнат рақобатпазири соҳаи иҷтимоӣфарҳангӣ шароити мусоид фароҳам меояд;

- барои оғози таҳқиқоти илмии бунёдӣ оид ба фаъолияти иҷтимоӣ-фарҳангӣ, аз ҷумла масъалаҳои мутобиқгардонии он ба талаботи вусъатёбандаи ҷомеаи нав, равандҳои ҷаҳонишавии фарҳанг, фазои иттилоотӣ ва дигар тамоюлҳои ҷаҳони муосир, ҳамзамон ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ аз пайомадҳои номатлуби онҳо заминаҳои мусоид ва боэътимод муҳайё мегарданд;

- нақши марказҳои бузурги илмӣ-методии ҷумҳуриявӣ дар тарғибу ташвиқи таҷрибаи пешқадами хориҷӣ ва ватании соҳаи фарҳанг муассир гардида, шумораи маводи илмӣ-методӣ ба ёрии кормандони соҳа ба маротиб афзуда, сифати чунин нашрияҳо беҳтар мегардад;

- дар муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатии кишвар барои тарбияи шаҳрвандони кишвар дар рӯҳияи худшиносӣ, ифтихори миллӣ, ватандӯстӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, пешгирии падидаҳои номатлуби гароиши ҷавонону наврасон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои бегона ва тундгаро имкониятҳои беҳтару бештар фароҳам меояд;

- муассисаҳои калонтарини фарҳангии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва вилоятии кишвар бо таҷҳизоти муосири иттилоотӣ, иртиботӣ ва серверҳои пуриқтидор таъмин гардида, автоматикунонии раванди фаъолияти онҳо оғоз мегардад.

6. МАБЛАҒГУЗОРИИ БАРНОМА

39. Барои иҷрои самараноки Барнома андешидани чораҳои молиявӣ зарур аст.

40. Барнома дар доираи маблағҳои дар буҷети давлатӣ барои рушди соҳаи фарҳанг пешбинишуда, маблағҳои махсуси мақомоти фарҳанг, кумакҳои молиявию техникии созмонҳои байналмилалӣ ва молиявии хориҷӣ, маблағҳои грантӣ ва дигар сарчашмаҳое, ки қонунгузорӣ манъ накардааст (мутобиқи замима), амалӣ карда мешавад.

Замимаи 2

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 апрели соли 2021, №115

Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025

Нақша