ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025
Мутобиқи моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фарҳанг"Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).
2. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо иҷрои саривақтӣ ва пурраи барнома ва нақшаи чорабиниҳои онро дар доираи маблағҳои дар буҷети давлатӣ барои рушди соҳаи фарҳанг пешбинишуда ва дигар сарчашмаҳои маблағгузорие, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, таъмин намояд.
3. Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо оид ба иҷрои барнома ва нақшаи чорабиниҳои он ҳар сол то 10 феврал ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.
4. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти иҷрои барнома ва нақшаи чорабиниҳои он ҳар сол то 1 март ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 3 апрели соли 2021, № 115
ш. Душанбе