Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 апрели соли 2021, № 112
Барномаи миёнамуҳлати амал оид ба амалисозии Стратегияи идоракунии молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар солҳои 2021-2023
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Барномаи миёнамуҳлати амал оид ба амалисозии Стратегияи идоракунии молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар солҳои 2021-2023 (минбаъдБарнома) бо мақсади иҷрои банди 4 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2020, №1446 "Дар бораи тасдиқи Стратегияи идоракунии молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030" таҳия карда шудааст.
2. Стратегияи идоракунии молияи давлатӣ барои давраи то соли 2030 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2020, №1446 тасдиқ гардида, дар доираи он қабули барномаҳои амали миёнамуҳлат пешбинӣ шудааст.
3. Ҳадафи асосии Барнома амалӣ намудани тадбирҳои мушаххас оид ба тақвияти унсурҳои заминавии ислоҳоти идоракунии молияи давлатӣ дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла таҳкими интизоми маҷмӯии молиявӣ, иқтидорҳои муассисаву идораҳои калидӣ ва таъмини равобити самтҳои афзалиятноки миллӣ бо захираҳои молиявии давлатӣ, иҷрои босифати нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ ва истифодаи босамари он, такмили ҳуҷҷатҳои марбута баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ, таъмини шаффофияти молиявӣ ва ҳисоботдиҳӣ, инчунин идоракунии хавфҳо дар бахши давлатӣ мебошад.
4. Чорабиниҳои дар Барнома пешбинишуда, ба таври лозима ба тартиб дароварда шудаанд (яъне пайдарпайии ислоҳот муқаррар шудааст) ва ба муҳлатҳои воқеъбинона асос ёфтаанд. Тадбирҳои пешниҳодшаванда оид ба амалисозии ислоҳот дақиқ инъикос карда шудаанд ва ба принсипҳои такмили ҳамдигар ва амалисозии пай дар пай асос ёфтаанд.
2. БАҲОДИҲИИ УМУМИИ НИЗОМИ ИДОРАКУНИИ МОЛИЯИ ДАВЛАТӢ
5. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2009 Стратегияи идоракунии молияи давлатӣ барои солҳои 2009-2018-ро қабул намуд. Стратегияи мазкур барои ҷалб намудани кумакҳои техникӣ аз шарикони рушд ҷиҳати баланд бардоштани устувории молияи давлатӣ мусоидат намуд.
6. Стратегияи идоракунии молияи давлатӣ вобаста ба соҳаҳои калидии вазифавӣ бо нақшаҳои амалиётӣ ва барномаҳои амалишавӣ, аз қабили банақшагирии буҷетӣ, иҷроиши хазинавӣ, баҳисобгирии муҳосибӣ дар бахши давлатӣ, идоракунии қарзи давлатӣ, аудит, инчунин тақвияти иқтидор ва таълими кормандони бахши давлатӣ мукаммал карда шудааст.
7. Дар давраи амалишавии ду нақшаҳои сесолаи миёнамуҳлат дар солҳои 2009-2015 як қатор иқдомҳои муҳим оид ба ислоҳоти идоракунии молияи давлатӣ татбиқ гардида, инчунин барои анҷоми ислоҳоти соҳа барои давраи мибаъда асос гузошта шудааст. Ба дастовардҳои асосӣ инҳоро метавон шомил намуд:
- қоида ва расмиёти банақшагирии миёнамуҳлати буҷетӣ таҳия ва ҷорӣ гардид;
- низомҳои аудити дохилӣ ва назорати молиявӣ дар бахши давлатӣ беҳтар карда шуд;
- таснифоти идоравии буҷети ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ таҳия ва ҷорӣ гардид;
- таснифоти нави буҷетӣ ва Нақшаи нави ягонаи ҳисобҳо, ки бо омори молияи давлатии соли 2001 мутобиқат мекунад, таҳия ва ҷорӣ карда шуд;
- ҳисоби ягонаи хазинадории буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ таъсис дода шуданд;
- стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявии бахши давлатӣ (10 стандарт) марҳила ба марҳила ҷорӣ гардид;
- мақомоти олии аудити берунӣ - Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт;
- дар сохтори Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон раёсати фаъолияти молиявию хоҷагидории корхонаҳои азими давлатӣ, ки ҳисоботҳои ҳарсоларо оид ба хавфҳои фискалии корхонаҳои давлатӣ таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд, таъсис дода шуд;
- маркази коркарди маълумоти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, инчунин азнавсозии пурраи инфрасохтори шабакавии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 73 мақомоти минтақавии молиявии он гузаронида шуд, ки ҷорх намудани пурра ва фаъолияти низоми нави иттилоотии идоракунии молияи давлатӣ ва корҳои зиёди дигарро таъмин намуд.
8. Бо мақсади дастрас намудани маълумот оид ба рафти иҷрои ислоҳот мувофиқи Стратегияи идоракунии молияи давлатӣ барои солҳои 2009-2018 ва мувофиқакунии тавсияҳо оид ба камбудиҳои ҷойдошта соли 2017 баҳодиҳии хароҷоти давлатӣ ва ҳисоботҳои молиявӣ гузаронида шуд.
9. Тибқи ҳисоботи охирини баҳодиҳии хароҷоти давлатӣ ва ҳисоботи молиявӣ, ки дар соли 2017 гузаронида шудааст, беҳтаршавии устувор ва батадриҷи қисми зиёди нишондиҳандаҳо нисбат ба баҳодиҳии қаблӣ дида мешавад. Самтҳои асосии ислоҳот, ки дар он беҳбудӣ дида мешавад, инҳо мебошанд:
- маҷмӯӣ ва шаффофияти иттилооти буҷетӣ;
- пешгӯӣ ва назорати иҷрои буҷети давлатӣ;
- баҳисобгирии муҳосибӣ дар бахши давлатӣ ва ҳисобот;
- аудити берунӣ ва назорати иҷрои буҷети давлатӣ.
10. Баҳодиҳии хароҷоти давлатӣ ва ҳисоботҳои молиявӣ индекси эътирофшудаи байналмилалӣ мебошад, ки имкон медиҳад вазъи маҷмуии татбиқи ислоҳоти идоракунии молияи давлатӣ дар кишварҳои гуногун баҳогузорӣ карда шавад.
11. Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал баҳодиҳии хароҷоти давлатӣ ва ҳисоботҳои молиявиро соли 2007 гузаронид ва то ин ҷониб се баҳодиҳии дигарро анҷом додааст.
12. Баҳодиҳии хароҷоти давлатӣ ва ҳисоботҳои молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии молиявии ҳукуматҳои Швейтсария, Британияи Кабир ва Иттиҳоди Аврупо, инчунин Бонки Ҷаҳонӣ анҷом дода шуд. Баҳодиҳии солҳои қаблии ҳамаи кишварҳо дар сомонаи Котиботи Баҳодиҳии хароҷоти давлатӣ ва ҳисоботи молиявӣ ҷойгир карда шудааст.
13. Баҳодиҳии хароҷоти давлатӣ ва ҳисоботҳои молиявии дар соли 2017 гузаронидашуда як қатор самтҳои муҳими ислоҳотро муайян намуд, ки такмили минбаъдаро тақозо менамояд, аз ҷумла:
- такмили ҳисоботои давлатии молиявии ташкилотҳои буҷетх (аз он ҷумла корхонаҳои давлатх);
- банақшагирии буҷети давлатх (мавҷудияти фарқияти нишондиҳандаҳои нақшавх ва воқеии хароҷот, инчунин пешгӯии даромадҳои буҷети давлатх);
- дастрасии оммавх ба маълумоти фискалх;
- банақшагирии сармоягузории буҷетх;
- барномаи миёнамуҳлати хароҷоти давлатх;
- аудити берунх.
3. ТАВСИФИ МУШКИЛОТИ СОҲА
14. Мушкилот дар соҳаи рушди идоракунии молияи давлатӣ мутобиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030:
1) пешравии нокифоя дар самти гузариш аз принсипи маблағгузории сметавии вазорату идораҳо ба маблағгузории мақсадноки барномавӣ, ки ба натиҷа нигаронида шудааст;
2) набудани алоқамандии ҷараёни буҷетӣ бо банақшагирии стратегӣ;
3) самтнокии нокифояи механизмҳои андозбандӣ барои рушди иқтисодӣ (ки бо маъмурикунонии гарон барои андозсупорандагон ва интишори васеи иқтисодиёти ғайрирасмӣ алқаманд аст);
4) нокифоягии рушди низоми дурнамои даромадҳои буҷетӣ ва уҳдадориҳои дар алоқамандӣ бо дурнамои макроиқтисодӣ;
5) қафомонии ҷараёни ғайримарказонидани фискалӣ аз раванди дигаргунсозии низоми идоракунии давлатӣ, аз ҷумла аз раванди ислоҳоти низоми идоракунии молияи давлатӣ;
6) амалиётҳои квазифискалии корхонаҳои азими давлатӣ (зиёни амалиётӣ, болоравии уҳдадориҳои қарзӣ ва иҷро нагардидани кафолатҳои давлатӣ аз рӯи онҳо ва ғайра) ба устувории буҷети давлатӣ ва имконияти иҷрои функсияҳои иҷтимоӣ аз тарафи давлат таъсири назарраси манфӣ мерасонанд.
4. ВАЗИФАҲОИ БАРНОМА ВА УНСУРҲОИ АСОСИИ ИСЛОҲОТ
15. Дар асоси баҳодиҳии дар боло зикргардидаи рафти амалишавии Стратегияи қаблии идоракунии молияи давлатӣ ва чорабиниҳои қаблан муайяншуда, самтҳои асосии зерини ислоҳот то соли 2030 пешниҳод мегарданд:
1) доираи устувори макрофискалӣ;
2) банақшагирии хароҷоти давлатӣ;
3) иҷрои буҷет ва даромадҳои давлатӣ;
4) назорати молиявӣ ва аудити дохилӣ;
5) баҳисобгирии муҳосибӣ, мониторинг ва ҳисоботҳои молиявӣ;
6) аудити беруна ва назорат;
7) шаффофият ва ҳисоботдиҳӣ.
16. Вазифаи асосии марҳилаи аввали татбиқи Барнома, ки солҳои 2021-2023-ро дар бар мегирад, ба таъмини интизоми заминавии молиявӣ равона гардидааст.
17. Дар раванди ислоҳот диққати асосӣ ба таҳкими унсурҳои заминавии (яъне асосии) ислоҳоти идоракунии давлатии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад. Унсурҳои заминавӣ инҳоро дар бар мегиранд:
1) интизоми маҷмӯии молиявӣ;
2) иқтидори ташкилот, муассиса ва идораҳои дигари[ калидӣ ва робитаи самтҳои афзалиятноки миллӣ бо захираҳои давлатии молиявӣ;
3) иҷрои сифатноки нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ, баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ;
4) таъмини шаффофияти молиявӣ ва ҳисоботдиҳӣ ба воситаи тақвияти назорат аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аудит ва идоракунии хавфҳо дар бахши давлатӣ ва квазидавлатӣ.
18. Тадбирҳои мушаххаси татбиқшаванда, инчунин нишондиҳандаҳои самаранокии онҳо имконият медиҳанд, ки ҳадафҳои зикргардида, сарфи назар аз ҷой доштани мушкилоти низомӣ ва ҳассосият ба тағйироти берунӣ, ки ба бахши давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсир мерасонанд, таъмин карда шавад. Дар ҳолати мувофиқати дурусти омилҳои институтсионалӣ, механизмҳои ҳамоҳангсозӣ ва маблағгузорӣ ноил гардидан ба ҳар як ҳадаф бо мурури замон таъмин мегардад.
19. Унсурҳои ислоҳоти идоракунии молияи давлатӣ:
1) иттилооти саривақтӣ ва боэътимоди молиявию буҷетӣ;
2) идоракунии боэътимоди қарзи давлатӣ;
3) самтҳои хавфҳои фискалӣ (таъмини интизоми фискалӣ);
4) иттилооти саривақтӣ ва боэътимоди молиявию фискалӣ;
5) таҳияи лоиҳаи буҷет дар асоси сохторикунии дахлдори ҷараёни буҷет;
6) назорати аудити дохилӣ ва берунӣ, инчунин назорати парлумонӣ;
7) пардохти саривақтии музди меҳнат ва пардохтҳои дигари иҷтимоӣ;
8) ҷараёни фарогирии буҷетӣ ва ҳисоботдиҳӣ;
9) шаффофият дар тақсимот ва истифодаи маблағҳои давлатӣ;
10) унсурҳои заминавии буҷетикунонӣ (ба монанди назорат ва иҷро);
11) афзалиятдиҳии асоснок ва қабули оқилонаи қарорҳо оид ба ҳароҷот.
5. МОНИТОРИНГ ВА АРЗЁБИИ РАВАНДИ АМАЛИСОЗИИ БАРНОМА
20. Мониторинг ва арзёбии раванди амалисозии Барнома аз ҷониби Шӯрои ҳамоҳангсози идоракунии молияи давлати амалӣ мегарад (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 сентябри соли 2008, №542).
21. Шӯрои ҳамоҳангсози идоракунии молияи давлатӣ барои муҳокимаи пешравии ислоҳоти идоракунии молияи давлатӣ ҷаласаҳоро гузаронида, дар ҳоли зарурат оид ба амалҳои ислоҳ қарор қабул менамояд.
22. Дар давраи то соли 2030 ҷаласаҳои Шӯрои ҳамоҳангсози идоракунии молияи давлатӣ ҳар 6 моҳ як маротиба баргузор мегарданд.
23. Функсияҳои котиботи Шӯрои ҳамоҳангсози идоракунии молияи давлатӣ ба зиммаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор мегардад.
24. Котибот ҳуҷҷатҳоро омода менамояд ва бо дархости Шӯрои ҳамоҳангсози идоракунии молияи давлатӣ хулосаҳои экспертӣ пешниҳод менамояд.
6. МАБЛАҒГУЗОРИИ БАРНОМА
25. Маблағгузории Барнома дар доираи маблағҳои дар буҷети давлатӣ пешбинигардида, бо ҷалби шарикони рушд ва дигар сарчашмаҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалх карда мешавад.
7. НАТИҶАҲОИ ПЕШБИНИШАВАНДА
26. Натиҷаҳои пешбинишаванда аз амалӣ гардидани Барнома барои татибиқи ислоҳот аз рӯи самтҳои зерин заминаи устувор мегузорад, аз ҷумла:
1) тадбирҳои устувории доираҳои макрофискалӣ:
- раванди банақшагирии стратегӣ ва ислоҳот дар бахши давлатӣ беҳтар гардонида мешавад;
- мақомоти ҳокимияти давлатӣ методологияи ягонаи банақшагирии стратегӣ дар бахши давлатиро истифода мебарад;
- самаранокии фаъолият дар самти танзими сиёсати буҷету андози Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин мегардад;
- хароҷоти давлатх фарқият байни нишондиҳандаҳои нақшавӣ ва воқеӣ на зиёда аз 10 фоизро ташкил медиҳад;
- сифати доираи макрофискалии аз ҷониби Вазорати молия таҳияшаванда баланд бардошта мешавад;
2) тадбирҳо дар самти банақшагирии хароҷоти давлатӣ:
- низоми идоракунии қарзи давлатӣ беҳтар мегардад;
- қарзи давлатӣ аз 60 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ зиёд намегардад;
- хизматрасонии қарзи давлатӣ аз 15 фоизи воридоти андозии буҷети давлатӣ зиёд намегардад;
- ҳамкории тақсимкунандагони асосии маблағҳои буҷетӣ аз рӯи барномаи миёнамуҳлати хароҷоти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳтар мегардад;
- шумораи умумии тақсимкунандагони асосии маблағҳои буҷетӣ то 50 фоиз ихтисор карда мешавад;
- меъёрҳои интиқоли андозҳои умумидавлатӣ ба буҷетҳои маҳаллӣ барои тамоми мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои се сол тасдиқ карда мешаванд;
- ҳангоми ташаккули буҷети соли 2022 бо мақсади ҳисоб кардани андозаи трансфертҳои баробаркунанда нисбат буҷетҳои маҳаллӣ методологияи арзёбии эҳтиёҷоти меъёрии хароҷоти буҷетҳои маҳаллӣ истифода бурда мешавад.
3) тадбирҳо дар самти иҷрои буҷет ва даромадҳои давлатӣ:
- самаранокии идоракунии давлатӣ дар самти маъмурикунонии даромадҳои буҷети давлатӣ баланд бардошта мешавад;
- хароҷоти маъмурии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамъоварии даромадҳои давлатӣ 30 фоиз кам мегардад;
- 80 фоизи эъломияҳои андоз (андоз аз даромад, андоз аз арзиши иловашуда) аз ҷониби субъектҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли электронӣ пешниҳод карда мешавад;
- назорат аз рӯи уҳдадориҳо аз ҷониби хазинадорӣ ба ҳамаи субъектҳои бахши идоракунии давлатӣ васеъ мегардад;
- низоми хариди давлатӣ (аз ҷумла мустаҳкам кардани вазифаҳои танзимкунанда) такмил дода шуда, иқтидори вазифаҳои харид барои ташкилотҳои харидор дар бахши давлатӣ таҳким дода мешавад;
- 90 фоизи тамоми сертификатҳои давлатӣ тавассути портали ягонаи харид эълон карда мешаванд;
- гурӯҳбандии буҷетӣ ба Дастури омори молияи давлатӣ2014 мутобиқ гардонида мешавад.
4) тадбирҳои ислоҳотӣ дар самти назорати молиявӣ ва аудити дохилӣ:
- ҳамаи хавфҳои ошкоршуда аз ҷониби мақомоти аудити дохилӣ санҷида мешаванд;
- 75 фоизи тамоми ҳисоботи молиявии ташкилотҳои буҷетӣ ба стандартҳои байналмилалии ҳисоботдиҳии молиявии бахши давлатӣ мутобиқ гардонида мешаванд.
5) Тадбирҳо дар самти баҳисобгирии муҳосибӣ, мониторинг ва ҳисоботдиҳӣ:
- ҳадди ақал 5 намуди вазифаи иловагӣ (яъне модулҳо) аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои буҷетӣ насб ва ба кор дароварда мешавад;
- ҳадди ақал 5 хизматрасонии ҳукумати электронӣ пурра амалӣ карда шуда, ба вазорату идораҳо дастрас мегардад;
- мониторинги фаъолияти корхонаҳои давлатӣ аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон васеъ мегардад;
- хавфҳои квазифискалии корхонаҳои давлатӣ тавассути ҷорӣ намудани меъёрҳои дақиқи арзёбӣ 50 фоиз коҳиш дода мешаванд.
6) тадбирҳо дар самти аудити беруна ва назорат:
- аудиторони Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола хулосаҳоро дар мутобиқати пурра бо стандартҳои байналмилалии мақомоти олии аудит пешниҳод менамоянд;
- кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати даромад ва хароҷоти буҷети давлатиро амалӣ мекунанд.
7) тадбирҳо дар самти шаффофият ва ҳисоботдиҳӣ:
- маълумоти асосии буҷетӣ ва молиявӣ (аз ҷумла ҳисобот дар бораи иҷрои буҷет), инчунин буҷети шаҳрвандӣ сари вақт ва пурра дар сомонаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр карда мешавад;
- шарҳи ҳисоботи нимсола дар доираи дастури методӣ ва дар муҳлатҳои муқарраршуда таҳия мегардад;
- ба ҷомеаи шаҳрвандӣ дастрасии саривақтх ба маълумоти буҷетӣ пешниҳод мегардад.
Замимаи 2
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 апрели соли 2021, № 112
Нақшаи амалисозии Барномаи миёнамуҳлати амал оид ба амалисозии Стратегияи идоракунии молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар солҳои 2021-2023
Нақша