Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021-2025 аз 3 апрели соли 2021, № 113

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 апрели соли 2021, №113

Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021-2025

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021-2025 (минбаъд-Барнома) бо мақсади дарёфт, дастгирӣ, рушди хонандагони боистеъдод ва фароҳам овардани шароити мусоиди таълимию тарбиявӣ ҷиҳати ташаккули таҳсили муттасили ҷавобгӯ ба талаботи таълимӣ ва амалӣ намудани қобилиятҳои эҷодии истеъдодҳо таҳия гардидааст.

2. Таълиму тарбияи насли ҷавони боистеъдод яке аз ҳадафҳои асосии соҳаи маориф маҳсуб меёбад. Имрӯз илмҳои дақиқ, тафаккури техникӣ, технологияи муосир ва ҷаҳонбинии иттилоотӣ ба омили пешбарандаи иқтисодиёт ва ояндаи ҷомеа табдил ёфтааст. Ҷомеа ба ҷавононе ниёз дорад, ки дорои тафаккури пешрафта ва қобилияти фаъолияти босамар намуданро дар замони муосир дошта бошанд.

3. Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон "Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф" эълон карда шуда, ҳамасола олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ оид ба илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баргузор мегардад, ки ғолибони озмунҳо аз ҷониби вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз лиҳози моддиву маънавӣ қадрдонӣ ва ҳавасманд гардонида мешаванд.

4. Пешрафти давлат аз захираҳои зеҳнӣ ва рушди тафаккури сокинони кишвар сахт вобастагӣ дорад. Асоси рушди тафаккур, аз ҷумла тафаккури дақиқи кӯдакро синну соли мактабӣ ташкил медиҳад, ки маҳз дар ҳамин давра тафаккури кӯдак ва қобилиятҳои эҷодии ӯ ташаккул меёбанд.

5. Таҳлили вазъ ва натиҷаҳои бадастомада дар самти дарёфт ва рушди истеъдодҳо муайян менамоянд, ки дар баробари таваҷҷуҳи рӯзмарра ва ҳамаҷониба ба насли ҷавон, масъалаҳои муҳимме ба миён меоянд, ки вобаста ба рушди муассисаҳои таълимӣ ва зиёд гардидани талабот ба муассисаҳои махсусгардонидашуда барои хонандагони боистеъдод муносибати муосири кор бо хонандагони боистеъдодро тақозо менамояд.

6. Вазифаҳои Барномаро инҳо ташкил медиҳанд:

- ташаккул ва мукаммал гардонидани механизмҳои иқтисодӣ ва ташкиливу идоравӣ барои дарёфт ва рушди истеъдодҳо;

- таҳияи механизми самарабахши муайян намудани хонандагони боистеъдод ва мусоидат дар инкишофи зеҳнии онҳо;

- васеъ намудани шабакаи марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо ва муассисаҳои таълимӣ барои хонандагони боистеъдод тавассути зиёд намудани иқтидори фарогирии хонандагони боистеъдод;

- муҳайё намудани шароити муосири таълимию тадқиқотӣ барои хонандагони боистеъдод;

- таҳияи стандарт, нақша, барномаҳои фанҳои амиқи таълимӣ барои хонандагони мактабҳои президентӣ, литсей ва гимназияҳо;

- таҳияи китобҳои дарсии дорои мундариҷаи мураккаб ва маводи иловагии таълимӣ барои хонандагони мактабҳои президентӣ, литсей ва гимназияҳо;

- таҳияи барномаҳои таълимӣ барои гузаронидани машғулиятҳои иловагӣ ва маҳфилҳои фаннӣ;

- таҳияи барномаҳои махсуси таълимии инфиродӣ барои хонандагони боистеъдод;

- таҳияи барномаҳои намунавии таълимӣ барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ҷиҳати дарёфт ва рушди хонандагони боистеъдод;

- таҳияи барномаҳои махсус барои дарёфт ва рушди хонандагони боистеъдод;

- ташаккул ва мукаммал гардонидани заминаи илмӣ ва методии муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ;

- муносибати инфиродии таълим, муттасилӣ ва пайдарпайӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот;

- ташкили марказҳои илмию амалии дарёфт ва рушди истеъдодҳо дар назди муассисаҳои таълимӣ;

- таҳияи низоми ҳавасмандгардонии хонандагони боистеъдод ва омӯзгорони онҳо;

- тақвият бахшидани фаъолият дар самти дарёфт, рушд ва ҳавасмандгардонии хонандагони боистеъдод;

- ташкили заминаҳои мусоиди моддию техникӣ ва илмӣметодӣ барои иштироки хонандагони боистеъдод дар олимпиадаҳои байналмилалӣ;

- ташкили самарабахши истироҳати таълимии хонандагони боистеъдод дар давраи таътил ва ба низоми таҳсилоти иловагӣ ворид намудани истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрии кӯдакону наврасон;

- ташкили низоми омодасозии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба имтиҳоноти марказонидашудаи дохилшавӣ ва мусоидат дар раванди касбинтихобкунии онҳо;

- ҷоннок намудани фаъолияти инноватсионӣ дар муассисаҳои таълимӣ барои хонандагони боистеъдод тавассути таъсиси паркҳои технологӣ;

- тақвияти фаъолияти муассисаҳои таълимӣ барои хонандагони боистеъдод дар самти тарғиби ҳунарҳои мардумӣ ва мусоидат дар касбинтихобкунии хонандагон;

- ташаккул ва мукаммал гардонидани барномаҳои озмунҳои зеҳнӣ, эҷодӣ ва варзишӣ;

- ба роҳ мондани робитаҳои байниидоравӣ ва шабакавӣ;

- гузаронидани тадқиқотҳои илмӣ ва таҳияи барномаҳои педагогӣ ва психологӣ барои дарёфт ва рушди хонандагони боистеъдод;

- ташаккули низоми бозомузӣ ва такмили ихтисоси омӯзгороне, ки бо хонандагон кор мекунанд;

- истифодаи таҷрибаи кадрҳои баландихтисоси муассисаҳои таълимии пешқадам, паҳн намудани усулҳои фаъол ва пешрафтаи таълим;

- дастгирии омӯзгороне, ки дар муассисаҳои таълимӣ бо хонандагони боистеъдод кор мекунанд ва дар амалишавии қобилиятҳои эҷодии онҳо саҳм доранд;

- паҳн намудани таҷрибаи пешқадами омӯзгороне, ки дар самти кор бо хонандагони боистеъдод дастовардҳои назаррас доранд;

- таъмин намудани шароит барои қонеъгардонии эҳтиёҷоти хонандагони боистеъдод, таҳсилоти босифат, муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ тавассути иштирок ва ғолибияти хонандагон дар олимпиадаҳои байналмилалӣ, кашфиётҳои нави илмӣ;

- такмили фаъолияти равоншиносони муассисаҳои таълимӣ барои хонандагони боистеъдод дар самти омӯзиши хусусиятҳои хоси кӯдакони боистеъдод.

2. ТАҲЛИЛИ ВАЗЪ ДАР СОҲАИ МАОРИФ ДАР САМТИ КОР БО ХОНАНДАГОНИ БОИСТЕЪДОД

7. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи дарёфт ва рушди истеъдодҳо ҳамчун самти афзалиятноки соҳаи маориф эътироф шудааст. Бо мақсади дарёфт ва рушди истеъдодҳо дар кишвар бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2014, №353 Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2015-2020 қабул гардида буд, ки барномаи мазкур дар самти ташаккули ҳаракати олимпӣ, дарёфт ва рушди истеъдодҳо нақши муҳим гузошт. Дар асоси қарори мазкур бо қарорҳои раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо 72 маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо таъсис дода шуд. Бо таъсис ёфтани марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо, мактабҳои президентӣ, литсей ва гимназияҳо барои хонандагони боистеъдод шароити мусоиди таълимию тарбиявӣ муҳайё гардида, ҳамзамон барои дарёфти хонандагони боистеъдод ва омода намудани онҳо ба олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ корҳои назаррасе ба сомон расонида шуд.

8. Бо муҳайё гардидани шароити мусоиди таълимӣ дар муассисаҳои таълимӣ, хусусан мактабҳои президентӣ ва литсейҳо барои хонандагони боистеъдод дастовардҳои хонандагон дар олимпидаҳои байналмилалӣ ба маротиб афзуд. Агар хонандагони кишвар дар соли 2011 дар озмун ва мусобиқаҳо 96 ҷоиза гирифта бошанд, пас дар соли 2016 шумораи ҷоизаҳо ба 133 адад афзуд. Дар доираи татбиқ гардидани барномаи мазкур соли 2019 хонандагони кишвар дар 31 олимпиадаи байналмилалӣ, ки дар давлатҳои Россия, Қазоқистон, Беларус, Тайланд, Малайзия, Руминия, Италия, Ҳиндустон, Латвия, ИМА, Исроил, Маҷористон, Англия, ӯзбекистон, Фаронса, Африқои Ҷанубӣ, Озарбойҷон ва Кореяи Ҷанубӣ баргузор гардиданд, фаъолона иштирок намуда, сазовори 251 медал, аз ҷумла 67 медали тилло, 66 медали нуқра ва 118 медали биринҷӣ гардиданд.

9. Роҳандозии ҳарчи бештари озмун ва олимпидаҳои фаннӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳаракати олимпӣ такони ҷиддӣ дод. Агар дар соли 2010 дар ҷумҳурӣ танҳо 1 олимпиадаи фаннӣ баргузор шуда, дар он 943 хонанда иштирок намуда бошад, пас дар соли 2016 шумораи олимпиадаҳо ба 4 адад бо иштироки 1164 хонанда расид ва дар соли 2019 бошад, дар 21 олимпиада 2370 хонанда иштирок намуд.

10. Дар рафти татбиқи Барнома теъдоди олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ зиёд гардида, барои зинаҳои 2 ва 3-юми таҳсилот олипиадаҳои фаннӣ ба роҳ монда шуд. Айни замон шумораи умумии олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ 24 ададро ташкил менамояд, аз ҷумла:

- олимпиада аз фанни математика ба номи Умари Хайём;

- олимпиада аз фанни технологияи иттилотӣ ба номи Ал-Хоразмӣ;

- олимпиада аз фанни физика (астрономия) ба номи Абурайҳони Берунӣ;

- олимпиада аз фанни химия ба номи Закариёи Розӣ;

- олимпиада аз фанни биология ба номи Абӯалӣ Сино;

- олимпиада аз фанни география ба номи Носири Хусрав;

- олимпиада аз фанни ҳуқуқ ба номи Куруши Кабир;

- олимпиада аз фанни таърих ба номи Бобоҷон Ғафуров;

-олимпиада аз фанни забон ва адабиёти тоҷик ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ;

- олимпиада аз фанни забони русӣ ба номи Александр Пушкин;

- олимпиада аз фанни забони англисӣ ба номи Уилиям Шекспир;

- олимпиада аз фанни забони давлатӣ;

- олимпиада аз фанни адабиёти рус:

- олимпиада барои наврасон аз фанҳои табиӣ-риёзӣ (барои синфҳои 5-6);

- олимпиадаи барои наврасон аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ (барои синфҳои 5-6);

- олимпиада барои наврасон аз фанҳои табиӣ-риёзӣ (барои синфҳои 7-8);

-олимпиадаи барои наврасон аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ (барои синфҳои 7-8);

- олимпиадаи даставӣ аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ (барои синфҳои 9-10);

- олимпиадаи даставӣ аз фанҳои табиӣ-риёзӣ (барои синфҳои 9-10);

- олимпиадаи даставии хонандагони мактабҳои президентӣ ва литсейҳо барои хонандагони боистеъдод аз фанҳои табиӣ-риёзӣ;

- олимпиадаи даставии хонандагони мактабҳои президентӣ ва литсейҳо барои хонандагони боистеъдод аз фанҳои ҷамъиятӣгуманитарӣ;

- олимпиадаи "Spelling Bee";

- олимпиадаи лоиҳавӣ-ихтироъкорӣ "INTEX";

- олимпиада оид ба шоҳмот байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ.

11. Ҳамасола бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти истеъдодҳо ва инкишофи қобилияти эҷодӣ, дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, рушди илмҳои табиӣ-риёзӣ, ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба корҳои илмӣ - тадқиқотӣ ва ихтироъкорӣ гузаронидани озмунҳои "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст", "Тоҷикистон - Ватани азизи ман" ва "Илм фурӯғи маърифат" ба роҳ монда мешаванд.

12. Давра ба давра барои хонандагони боистеъдод муассисаҳои таълимӣ таъсис ёфта, барои онҳо шароити таълимию тарбиявӣ муҳайё мегардад. Агар дар ҷумҳурӣ то соли 2010 як мактаби президентӣ фаъолият менамуд, айни замон 9 мактаби президентӣ, 7 литсей ва гимназия барои хонандагони боистеъдоди мақоми ҷумҳуриявидошта, инчунин 75 гимназия бо фарогирии 53308 хонанда ва 71 литсей бо фарогирии 89190 хонанда фаъолият менамоянд. Мактабҳои президентӣ, гимназия ва литсейҳо дарёфт ва рушди хонандагони боистеъдодро таъмин намуда, барои рушди хонандагони боистеъдод корҳои зиёдеро ба анҷом расониданд.

13. Муассисаҳои мазкур дар ҳаракати олимпӣ нишондиҳандаҳои хуб дошта, хонандагони ин муассисаҳои таълимӣ дар соли 2019 дар олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ - 37,9 фоиз ва байналмилалӣ - 60,1 фоиз ҷойҳои ифтихориро ба даст овардаанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди моликияти зеҳнӣ, ҷустуҷӯ ва дарёфти истеъдодҳои нав, тарбияи кадрҳои боистеъдод корҳои зиёде ба анҷом расонида шудааст. Татбиқи босамари "Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2015-2020" дар ташаккул ва мукаммал гардонидани заминаи меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи маориф, механизмҳои иқтисодӣ ва ташкиливу идоравӣ дар самти дарёфт ва ташаккули малакаҳои хонандагони боистеъдод нақши муҳим гузошт.

14. Яке аз вазифаи афзалиятноки давлат дар соҳаи маориф таъсиси низоми муассири таҳсилот, муҳайё намудани шароит барои таълиму тарбия, дарёфт, дастгирӣ ва рушди хонандагони боистеъдод мебошад. Иқтисодиёти муосир ба мут ахассисоне, ки дониши амиқ ва қобилияти навоварӣ доранд, ҳарчи бештар эҳтиёҷ дорад. Барои ҳалли масъалаҳои мазкур ва барои дарёфти истеъдодҳое, ки дорои қобилияти фавқулодда мебошанд, зарурати ташаккули фаъолияти марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо ба миён меояд.

15. Сарфи назар аз тадбирҳои андешидашуда, мушкилот дар самти дарёфт ва рушди истеъдодҳо ба таври зарурӣ ҳал нагардидааст. Ин ҳам бошад, ба таври кофӣ мавҷуд набудани дастурҳои методӣ, адабиёти илмии кор бо хонандагони боистеъдод, мавҷуд набудани кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ дар марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо, ки барои рушди қобилияти эҷодии хонандагони боистеъдод ва гузаронидани таҷрибаҳои амалӣ монеа эҷод мекунад.

16. Бояд зикр кард, ки ғолибияти хонандагон дар олимпиадаҳои байналмилалӣ аз гузаронидани корҳои амалӣ ва озмоишгоҳӣ аз фанҳои экология, география, технологияи иттилоотӣ, физика, химия, биология вобастагии калон дорад. Аммо мавҷуд набудани озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази муосири фаннӣ дар марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои амалигардонии қобилиятҳои эҷодии хонандагони боистеъдод ва омодагии онҳо ҷиҳати иштирок дар олимпиадаҳои байналмилалӣ мушкилӣ эҷод менамояд.

17. Дастовардҳои хонандагон дар олимпиадаҳои байналмилалӣ назаррас аст, аммо барои ба даст овардани дастовардҳои бештар ҳанӯз монеаҳо мавҷуд мебошанд. Хонандагони кишвар дар олимпиадаҳои байналмилалӣ дар ҳалли масъалаҳои назариявӣ натиҷаҳои баланд нишон дода, баробари хонандагони давлатҳои мутараққӣ дар руйхати иштирокчиёни олимпиада қарор мегиранд, аммо дар қисмати иҷрои корҳои амалӣ аз сабаби надоштани таҷрибаи кофии корҳои озмоишгоҳӣ мавқеашонро аз даст медиҳанд. Дар ин замина таъмини озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази муосири таълимӣ, илмию тадқиқотӣ ва ба роҳ мондани корҳои таҷрибавӣ-амалӣ (лабораторӣ) яке аз масъалаҳои муҳим дар самти кор бо хонандагони боистеъдод мебошад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки дар оянда дар навбати аввал диққати ҷиддӣ ба харидории озмоишгоҳҳои муосири таълимӣ равона карда шавад.

18. Заминаи моддӣ-техникии марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо дар сатҳи зарурӣ ба талаботи муосир ҷавобгӯй набуда, таъминоти онҳо бо воситаҳои муосири техникии таълим ба таври кофӣ ба роҳ монда нашуда, асбобҳои аёнии таълимӣ ба миқдори зарурӣ дастрас нестанд.

19. Дарёфт ва ошкор намудани истеъдоди кӯдакон маҳз аз зинаи таҳсилоти томактабӣ оғоз ёфта, ин зинаи таҳсилот барои ташаккули минбаъдаи онҳо заминаи асосӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, муассисаҳои таҳсилоти томактабиро зарур аст, ки дар раванди таълим ва тарбияи томактабӣ ба масъалаҳои дарёфти кӯдакони боистеъдод ва рушди ҳамаҷонибаи онҳо диққати ҷиддӣ зоҳир намоянд.

20. Айни замон, барои муассисаҳои томактабӣ дастурҳои илмӣ - методӣ, маводи аёнии таълимӣ, нақша ва барномаҳои махсуси таълимиву тарбиявӣ, механизмҳои самарабахши ошкор намудани истеъдоди кӯдакон ба таври мукаммал таҳия нашудааст. Дар баробари ин, зарур аст, ки дар муассисаҳои томактабӣ кӯдакони қобилияти махсусдошта ба гурӯҳҳои алоҳидаи лаёқатмандӣ ҷудо гардида, кор бо онҳо аз рӯи нақша ва барномаҳои таълимии алоҳидаи дорои мундариҷаи мураккабдошта ба роҳ монда шавад.

21. Дар баъзе шаҳру ноҳияҳо муассисаҳои таълимии махсусгардонидашуда барои хонандагони боистеъдод, аз ҷумла литсей ва гимназияҳо мавҷуд набуда, ё ба таври нокифоя фаъолият менамоянд. Аз ин рӯ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бояд муассисаҳои таълимӣ барои хонандагони боистеъдод, аз ҷумла литсей ва гимназияҳоро таъсис диҳанд. Ҳамчунин, пеш аз ҳама зарур аст, ки тартиби қабули хонандагон ба литсей, гимназия ва мактабҳои президентӣ бо дар назар доштани қобилият ва истеъдодҳои хонандагон (қабули хонандагон тавассути озмун барои дарёфти хонандаи боистеъдод) такмил дода шавад.

22. Мавҷуд набудани нақша, барномаҳои таълимии дахлдор, китобҳои дарсии дорои мундариҷаи мураккаб барои хонандагони боистеъдод ва дастурҳои методию маводи дидактикӣ норасоии ҷиддӣ дар им самт ба шумор меравад. Мактабҳои президентӣ, литсей ва гимназияҳо фаъолияти худро аз рӯи нақша, барнома ва китобҳои дарсии барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ омодагардида, ба роҳ мондаанд. Барои ин муассисаҳои таълимӣ зарур аст, ки нақша, барномаҳои таълимӣ ва адабиёти дарсии дорои мундариҷаи баланди илмию методии ҷавобгӯй ба талаботи донишандӯзии хонандагони боистеъдод таҳия гардад. Барои ташаккули тафаккури дақиқ ва хулосабарориҳои мантиқӣ зарур аст, ки барномаҳои таълимӣ аз фанни мантиқ омода гардад. Таъмини ин муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорони дорои малакаи баланди касбӣ, хусусан дар синфҳои таълимашон ба забони русӣ ва англисӣ яке аз муҳимтарин мушкилоти соҳа маҳсуб мегардад.

3. НАТИҶАҲОИ ЧАШМДОШТ АЗ ТАТБИҚИ БАРНОМА

23. Дар натиҷаи татбиқи Барнома дар низоми маорифи ҷумҳурӣ дар самти кор бо хонандагони боистеъдод заминаи ҳуқуқӣ, илмиву методӣ ва шароитҳои мусоид барои рушди инфрасохтори муассисаҳои таълимӣ фароҳам оварда мешаванд, аз ҷумла:

- заминаи меъёрии ҳуқуқӣ ва илмию методӣ барои кор бо кӯдакони боистеъдод таҳия карда мешавад;

- барномаҳои таълимию методии таҳсилоти томактабӣ барои кӯдакони боистеъдод таҳия мегардад;

- барнома ва воситаҳои таълимӣ барои дарёфт ва рушди кӯдакони боистеъдод таъмин гардида, ҳамчунин чорабиниҳо дар сатҳи дахлдор ба роҳ монда мешавад;

- фарогирии кӯдакони боистеъдод ба таҳсилоти томактабӣ дар ҷумҳурӣ афзоиш меёбад;

- заминаи моддию техникии муассисаҳои томактабӣ таъмин карда мешавад;

- кӯдакони боистеъдод ба гурӯҳҳои махсуси лаёқатмандӣ ҷалб шуда, барои ин кӯдакон муассисаҳои томактабии равиявӣ таъсис дода мешавад;

- низоми фаъоли идоракунӣ дар соҳаи маориф дар самти дарёфт ва рушди хонандагони боистеъдод пурзӯр гардида, истеъдодҳои нав ташаккул ёфта, ба пешрафти соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар мусоидат менамоянд;

- заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ таҳким ёфта, маблағгузории фаъолияти онҳо беҳтар мегардад;

- барои гирифтани таҳсилоти босифат ва рақобатпазир, ки ба натиҷаҳо нигаронида шудааст, шароити мусоиди таълимию тарбиявӣ фароҳам оварда мешавад;

- низоми таълими муассисаҳои таълимӣ барои хонандагони боистеъдод таҷдид гардида, стандарт, нақша ва барномаҳои амиқи фаннӣ таҳия ва қабул мегарданд ва сифати дониши хонандагон ба талаботи барномаҳои таълимии байналмилалӣ мутобиқ карда мешавад;

- китобҳои дарсии мундариҷаи мураккабдошта барои хонандагони мактабҳои президентӣ, литсей ва гимназияҳо таҳия ва сифати таълим баланд мегардад, ҳамчунин, барои рушди соҳаи маориф шароит фароҳам оварда мешавад;

- низоми самарабахши арзёбии сифати таҳсилот ташаккул меёбад;

- дар муассисаҳои таълимии барои хонандагони боистеъдод ҳар чоряк ҷиҳати дарёфти хонандагони боистеъдод арзёбии сифати дониш гузаронида мешавад;

- дастгирии омӯзгороне, ки дар муассисаҳои таълимӣ ва марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо бо хонандагони боистеъдод кор мекунанд ва дар амалишавии қобилиятҳои эҷодии онҳо саҳм доранд, тақвият меёбад;

- дастгирии давлатӣ ва механизмҳои ҳавасмандгардонии кормандони педагогии муассисаҳои таълимӣ барои хонандагони боистеъдод тақвият меёбад;

- фаъолияти илмию методӣ, инноватсионӣ ва ихтироъкорӣ дар соҳаи маориф вусъат меёбад;

- механизмҳои нави маблағгузории соҳаи маориф таҳия гардида, давра ба давра маблағгузории муассисаҳои таълимии барои хонандагони боистеъдод ва марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо меафзояд;

- низоми пардохти музди меҳнати омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ барои хонандагони боистеъдод ва марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо такмил ёфта, давра ба давра сатҳи он баланд бардошта мешавад;

- низоми дарёфт, рушд ва ҳавасмандгардонии хонандагони боистеъдод тақвият меёбад;

- омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ ва марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо тахассуси худро пайваста такмил медиҳанд ва технологияҳои нави педагогӣ, иттилоотӣ ба роҳ монда мешавад;

- барои рақобатпазирии хонандагони кишвар дар арсаи байналмилалӣ омӯзиши фанҳои табиӣ-риёзӣ бо забони русӣ ва англисӣ ба роҳ монда мешавад;

- синфҳои таълимашон бо забонҳои русӣ ва англисии муассисаҳои таълимӣ барои хонандагони боистеъдод бо омӯзгорони касбӣ таъмин мегарданд;

- истифодаи самараноки технологияи инноватсионии таълимӣ ҷорӣ карда мешавад;

- истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар раванди таълим тавсеа меёбад;

- дар низоми муассисаҳои таълимӣ барои хонандагони боистеъдод ва марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо фаъолияти инноватсионӣ тавассути таъсиси паркҳои технологӣ ҷоннок мегардад;

- дар муассисаҳои таълимӣ барои хонандагони боистеъдод утоқҳои методӣ ва равонӣ барои кор бо хонандагони боистеъдод ташкил карда мешавад;

- муассисаҳои таълимӣ барои хонандагони боистеъдод бо воситаҳои аёнию дидактикӣ таъмин карда мешаванд;

- барои омодагии дастаҷамъонаи хонандагони боистедод ба олимпиадаҳои байналмилалӣ истироҳатгоҳҳои таълимии беруназшаҳрӣ ташкил мегардад;

- робитаи падару модарон бо муассисаҳои таълимӣ барои хонандагони боистеъдод мустаҳкам гардида, масъулияти падару модарон ва муассисаҳои таълимӣ дар тарбия ва таълими кӯдакони боистеъдод баланд бардошта мешавад;

- заминаи моддию техникии марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо таъмин гардида, маблағгузории фаъолияти онҳо беҳтар мегардад;

- марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо бо бинои алоҳидаи дорои заминаи муосири таълимию тадқиқотӣ ва воҳиди корӣ таъмин гардида, фаъолияти онҳо густариш меёбад;

- давра ба давра маблағгузории марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо афзуда, пардохти музди меҳнати омӯзгорон ва роҳбарони маҳфилҳо барои таълими амиқи фанҳо зиёд карда мешавад;

- аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мустақилияти молиявии марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳои вилоят ва шаҳру ноҳияҳо таъмин гардида, озмун ва олимпиадаҳои гуногун ба роҳ монда мешавад;

- марказҳои дарёфт ва рушди истеъдоҳо бо озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази муосири таълимӣ ва кабинетҳои фаннӣ таъмин гардида, бо гузаронидани корҳои таҷрибавӣ дастовардҳои хонандагон дар олипиадаҳои байналмилалӣ зиёд мегарданд;

- барои иштироки хонандагони боистеъдод дар олимпиадаҳои байналмилалӣ шароити мусоид фароҳам оварда мешавад;

- ҳамасола ғолибони олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ва омӯзгорони онҳо ҳавасманд гардонида мешаванд ва фарогирии хонандагон дар марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо афзоиш меёбад;

- шабакаи марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо ва муассисаҳои таълимӣ барои хонандагони боистеъдод тавассути зиёд намудани иқтидори фарогирии хонандагони боистеъдод васеъ карда мешавад;

- ҷиҳати иштироки хонандагони боистеъдод дар олимпиадаҳои байналмилалӣ заминаҳои моддӣ- техникӣ ва илмӣ-методии марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо таҳким бахшида мешавад.

4. МАНБАЪҲОИ МАБЛАҒГУЗОРИИ БАРНОМА

24. Сарчашмаҳои асосии маблағгузории Барнома маблағҳои ҳамасола аз буҷети давлатӣ барои рушди соҳа ҷудошуда, сармоягузориҳои соҳибкорони ватанӣ ва грантҳои фондҳои байналмилалӣ, тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад. 25. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо ҳамасола дар доираи маблағҳои барои соҳаи маориф пешбинигардида ва дигар сарчашмаҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, маблағгузории Барномаи мазкурро ба нақша мегиранд.

5. АМАЛИШАВИИ БАРНОМА

26. Амалишавии Барнома барои дарёфт ва рушди истеъдоҳо, аз ҷумла барои ҳавасмандгардонии иштироки хонандагони болаёқат дар
озмун ва олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ замина мегузорад. 

27. Амалишавии Барнома аз ҷониби мақомоти зерин ба роҳ монда мешавад:

1) Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- амалишавии Барномаро таъмин менамояд;

- фаъолияти вазорату идораҳои дахлдорро оид ба ҷараёни амалишавии Барнома ҳамоҳанг месозад;

- дар доираи ваколатҳои худ барои амалишавии Барнома санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия менамояд;

- ҳар сол тибқи тартиби муқарраргардида оид ба дақиқ намудани амал ва чорабиниҳои минбаъда дар доираи Барномаи миёнамуҳлати хароҷоти давлатӣ ҷиҳати маблағгузории самтҳои афзалиятнок таклифҳо пешниҳод менамояд.

2) вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ:

- иҷрои талаботи Барномаро таъмин менамоянд;

- ҳамасола барои иҷрои чорабиниҳои амалигардонии Барнома ҳангоми таҳияи лоиҳаи буҷети ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ маблағгузориро ба нақша мегиранд.

Замимаи 2

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 апрели соли 2021, №113

Нақшаи чорабиниҳои амалигардонии Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021-2025

Нақша