Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 аз 3 апрели соли 2021, № 117

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 03 апрели соли 2021, №117

Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 (минбаъд-Барнома) барномаи амали миёнамуҳлат мебошад, ки ба афзалиятҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 асос ёфта, бо мақсади баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот аз навъҳои парваришёбанда, ҳамчунин маводи тухмӣ ва шинонидашаванда амалӣ мегардад.

2. Яке аз ҳадафҳои олии сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин таъмини амнияти озуқавории мамлакат буда, барои ноил гардидан ба он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ тадбирҳои ҳамаҷониба андешида мешаванд.

3.Таъмин намудани хоҷагиҳои кишоварзии мамлакат бо маводи тухмии сертификатсияшудаи мутобиқкунонидашуда ба омилҳои биотикӣ ва абиотикии навъҳои растанӣ бо ирсияти устувор яке аз вазифаҳои афзалиятнок дар рушди соҳаи кишоварзӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии мамлакат ба ҳисоб меравад.

4. Тухмипарварӣ яке аз самтҳои муҳимтарини соҳаи кишоварзӣ ба шумор рафта, дар истеҳсолоти кишоварзӣ мавқеи асосиро ишғол менамояд. Зиёд намудани майдони кишти тухмипарварии ибтидоии зироатҳои кишоварзӣ, истифодаи тухмиҳои сертификатсияшуда дар хоҷагиҳои ҷумҳурӣ ба афзун намудани ҳосилнокӣ ва зиёд гардидани истеҳсоли зироатҳои кишоварзӣ мусоидат мекунад.

5. Мақсади асосии Барнома амалӣ намудани сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди селексияи растанӣ ва тухмипарварӣ дар мутобиқат бо меъёрҳои стандартҳои байналмилалиро ифода намуда, баҳри иҷрои масъалаҳои беҳтар намудани фаъолияти мақомоти давлатии соҳаи тухмипарварӣ, рушди селексияи растанӣ, санҷиш, бақайдгирӣ ва ҳифзи навъҳои растанӣ, назорати сифат ва сертификатсияи тухмӣ, назорати фитосанитарӣ ва карантини растаниҳо, истеҳсол, коркард ва маркетинги тухмӣ, тайёр намудани кадрҳо ва бозомӯзии мутахассисони соҳа, таъмини амнияти тухмӣ ва таъсиси фондҳои давлатии тухмӣ пешбинӣ гардидааст.

6. Ҳадафи асосии баровардани навъҳои нави растанӣ аз таъмини деҳқонон бо навъҳои нисбатан серҳоси ли дорои сифатҳои хуби истеъмолидошта ва ба шароити маҳал мутобиқ буда, иборат мебошад.

2. ТАҲЛИЛИ ВАЗЪИ КУНУНИИ СОҲАИ ТУХМИПАРВАРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

7. Бо мақсади рушди селексияи растанӣ ва тухмипарварӣ дар ҷумҳурӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016, №438 Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 тасдиқ гардида, дар рафти амалисозии он шароит фароҳам омад, ки ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ ва устувор гардидани соҳаи тухмипарварӣ зиёд гардад.

8. Амалигардонии Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 дар доираи маблағҳои имконпазири ҷудошудаи буҷети давлатӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва кумакҳои техникӣ, сармояи корхонаҳои худмаблағгузор ва хоҷагиҳои тухмипарварӣ, новобаста аз шакли моликияташон ва истеҳсолкунандагони тухмӣ таъмин гардидааст.

9. Дар марҳилаи иҷрои Барномаи мазкур як қатор корҳои назаррас ба анҷом расонида шуданд, аз ҷумла: - беҳтар намудани фаъолияти мақомоти давлатии соҳаи тухмипарварӣ; - мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии муассисаҳои илмӣ, хоҷагиҳои махсуси тухмипарварӣ, санҷиш, бақайдгирӣ ва ҳифзи навъҳои растанӣ, назорати сифат ва сертификатсияи тухмӣ, назорати фитосанитарӣ ва карантини растаниҳо, рушди селексияи растанӣ; - истеҳсол, коркард ва маркетинги тухмӣ; - тайёр намудани кадрҳо ва бозомӯзии мутахассисони соҳа; - таъмини амнияти тухмӣ; - таъсиси фондҳои давлатии тухми; - панҷ нуқтаи назоратии озмоишгоҳҳои ташхисии сифати тухмии Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маҷмӯи таҷҳизоти озмоишӣ барои ташхиси сифати тухмиҳои воридшаванда ва муҳофизати растанӣ дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Исфара, Конибодом, Ҷайҳун ва Мастчоҳ таъмин карда шудааст.

10. Дар баробари корҳои анҷомдодашуда бо мақсади афзун намудани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ ва устувор гардидани соҳаи тухмипарварии ҷумҳурӣ маҳз бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воридоти тухмии гурӯҳҳои суперэлита, элита ва репродуксияи якуми навъҳои зироатҳои кишоварзӣ аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шуданд.

11. Айни замон бо дарназардошти муқаррароти қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июли соли 2009, № 413 ва тағйир ба қарори мазкур аз 29 декабри соли 2018, №611 дар шабакаи хоҷагиҳои махсуси тухмипарварӣ 90 хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ), кооперативи истеҳсолӣ, тиҷоратӣ, хоҷагии ҷамоавӣ ва ҷамъиятҳои саҳомӣ фаъолият доранд, ки ба минтақа ва хоҷагиҳои махсуси истеҳсолкунандаи тухмии зироатҳои кишоварзӣ шомил гардидаанд. Дар ҷумҳурӣ 46 хоҷагӣ ба парвариши пахтаи тухмӣ, 13 хоҷагӣ ба парвариши пахтаи тухмӣ ва тухмии ғалладона, 1 хоҷагӣ ба парвариши пахтаи тухмӣ ва тухмии сабзавот, 9 хоҷагӣ ба парвариши тухмии ғалладона, 16 хоҷагӣ ба парвариши тухмии картошка, 2 хоҷагӣ ба парвариши тухмии юнучқа ва 3 хоҷагӣ ба парвариши тухмии сабзавот машғуланд.

12. Пайгирии (мониторинги) хоҷагиҳои махсуси тухмипарварӣ нишон дод, ки дар солҳои охир дар натиҷаи хуб ба роҳ мондани фаъолияти тухмипарварӣ ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ нисбатан беҳтар гардидаанд. Ҳамзамон, то ҳол хоҷагиҳои тухмипарварӣ талаботи хоҷагиҳои истеҳсолиро бо тухмии сертификатсияшуда пурра таъмин карда наметавонанд ва қисми хоҷагиҳо аз тухмиҳои шартӣ истифода мебаранд, ки ин боиси паст гардидани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ гардида истодааст.

13. Дар ин давра селексионерони ватанӣ барои рӯёнидани як қатор навъҳои арзишноки зироатҳои сабзавотӣ 4 навъи қаламфур бароварда, ба хоҷагиҳои тухмипарварӣ барои афзун намудани тухмӣ барои истеҳсол пешкаш кардаанд. Айни замон таҷрибаи хоҷагиҳои деҳқонӣ барои гирифтани тухмии зироатҳои сабзавотӣ ва полизӣ баланд гардида, аз ин ҳисоб дар кишт васеъ истифода гардида истодааст. Арзёбӣ нишон дод, ки истеҳсоли тухмии сабзавотҳо тадриҷан афзоиш ёфта, дар натиҷа дар чор соли охир ҳосилнокӣ ва истеҳсоли маҳсулоти сабзавотӣ мутаносибан 5,8 - 6,4 фоиз зиёд гардидааст.

14. Бо ҷалби сармояи ватанию хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ оид ба рушди соҳаи тухмипарварӣ дар доираи кумакҳои техникӣ 98,7 тонна тухмии ҷав, 17,4 тонна тухмии юнучқа, 4,3 тонна тухмии эспарсет, 25,9 тонна тухмии гандум, 0,2 тонна тухмии лаблабуи хӯроки чорво, 22,4 тонна тухмии ҷуворимакка, 93,3 тонна пунбадонаи тухмӣ ва 120 тонна картошкаи тухмӣ ба хоҷагиҳои кишоварзӣ дастрас карда шудааст.

15. Барои нигоҳ доштани дастовардҳо ва амалисозии мақсаду вазифаҳои дар пеш гузошташуда ва бо назардошти вазъи имрӯзаи соҳаи тухмипарварӣ дар ҷумҳурӣ, ки ба талаботи истеҳсолот пурра ҷавобгӯ набудан, зарурати таҳияи Барномаи мазкур ба миён омадааст.

3. ТУХМИПАРВАРИИ ЗИРОАТҲОИ АСОСӢ

§1. Пахтакорӣ

16. Як қатор мушкилиҳои соҳаи пахтакорӣ сабаби коҳишёбии ҳосилнокӣ ва даромаднокии пахта гардида истодаанд, зеро пахта зироати заҳматталаб буда, ҳавасмандии истеҳсолкунандагони маҳсулот коста шуда истодааст. Барои рушди соҳаи пахтакорӣ ва ба соҳаи пуриқтидори саноатию кишоварзӣ табдил додани он, истеҳсоли маҳсулоти аълосифати дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир, фароҳам овардани шароити иқтисодӣ, молиявӣ ва ҷалби сармояи хориҷию дохилӣ зарур аст. Яке аз сабабҳои паст будани ҳосилнокии пахта, пеш аз ҳама ба қадри кофӣ таъмин набудани пахтакорон бо тухмиҳои сертификатсияшуда мебошад.

17. Дар таррақиёти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахши кишоварзӣ нақши ҳалкунандаро бозида, соҳаи пахтакорӣ мақоми хоса дошта, барои расидан ба ҳадафи чоруми стратегии саноатикунонӣ ва аз мамлакати аграрию саноатӣ ба саноатию аграрӣ гузаштан замина мегузорад. Шароити боду ҳавои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои руёнидани ҳосили баланду нахи хушсифати навъҳои пахтаи маҳиннах ва миёнанах мусоидат менамояд. Пахта яке аз муҳимтарин зироатҳои стратегӣ ба ҳисоб рафта, баланд бардоштани ҳосилнокии он вазифаи аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад. Дар ҳолати кишти тухмии сертификатсияшудаи навъҳои пахта, риояи пурраи агротехника, афзун намудани ҳосилнокии он бидуни зиёд намудани майдони кишт то ба 500 ҳазор тонна пахта ба даст овардан мумкин аст.

18. Айни замон дар ҷумҳурӣ 124 корхонаи коркарди шакли моликияташон гуногуни пахта фаъолият менамоянд, ки қисми зиёди онҳо ба тайёр намудани пунбадонаи тухмии ба талаботи стандарти давлатӣ ҷавобгӯ таваҷҷуҳ зоҳир намекунанд. Дар бештари мавридҳо ҳангоми коркарди ашёи хоми пахта ба омехташавии тухмии навъҳои гуногун ва осебдидани пунбадонаи тухмӣ роҳ дода мешавад. Ҳангоми кишт бо сабаби паст будани сифати навъӣ ва киштбобии тухмӣ, хоҷагидорон аз меъёр зиёд тухмӣ (то 80-110 кг/га) кишт менамоянд, ки ин боиси хароҷоти иловагӣ гардида, ба арзиши аслии маҳсулот таъсири манфии худро мерасонад. Барои бештар ба даст овардани даромади соф хоҷагиҳои пахтакорро зарур аст, ки кишти пунбадонаи тухмии луччакро бо меъёри 20-25 кг/га ба роҳ монанд. Бо мақсади истеҳсоли тухмиҳои сертификатсияшуда ва пешгирӣ намудани омехташавии тухмиҳо, дар ҳар як минтақа ё дар заминаи корхонаҳои коркарди аввалияи пахта ташкил намудани хатҳои технологии махсуси коркарди тухмии пахта зарур мебошад.

§2. Зироатҳои ғалладонагӣ

19. Гандум зироати муҳими ғизоӣ ва стратегӣ буда, барои ноил гардидан ба амнияти озуқавории кишвар нақши бузург мебозад ва қариб дар тамоми хоҷагиҳои ҷумҳурӣ парвариш карда мешавад. Дар ҷумҳурӣ кишти зироатҳои ғалладона аслан дар заминҳои аз боришот таъмин ва қисман таъмин гузаронида мешавад. Шароити иқлими ҷумҳурӣ имконият, дод ки бо истифодаи навъҳои беҳтарин, тухмии сертификатсияшуда ва технологияи пешқадами парвариши зироатҳои ғалладона ҳосили дилхоҳ руёнида мешавад.

20. Сабаби асосии паст гардидани ҳосилнокӣ ва риоя нагардидани технологияи парвариши зироатҳои ғалладонагӣ аз ҷониби хоҷагиҳои тухмипарварӣ дар он аст, ки хоҷагиҳои мазкур барои истеҳсоли тухмиҳои сертификатсияшуда заминаи моддию техникиро надоранд. Яке аз омилҳои дигаре, ки солҳои охир ба ҳосилнокии ғалладонигиҳо таъсир расонида истодааст, ин тағйирёбии иқлим мебошад. Ҷиҳати ҳалли масълаи мазкур олимони соҳаро зарур аст, ки навъҳои нави серҳосили ба тағйирёбии иқлим мутобиқро офарида, дар истеҳсолот ҷорӣ намоянд. Дар ҳолати маҳдудияти васеъ намудани майдони кишт дар заминҳои корами обӣ танҳо бо роҳи баланд бардоштани ҳосилнокӣ, гузаштан ба технологияҳои муосири парвариш, самаранок истифода бурдани заминҳои обёришаванда, аз як замин ба даст овардани ду ҳосили дон (гандум ва зироатҳои дигар), рӯёнидани ҳосили миёнаи гандум на кам аз 50 с/га дар ҷумҳурӣ имконпазир мегардад.

§ 3. Картошкапарварӣ

21. Картошка ҳамчун зироати муҳими истеъмолӣ дар минтақаҳои водигӣ, доманакӯҳӣ ва кӯҳии Тоҷикистон дар баландиҳои қариб то 2000-2600 метр аз сатҳи баҳр парвариш меёбад. Барои парвариши ҳосили баланд ва тухмии сертификатсияшудаи ин зироат алалхусус қитъаҳои кӯҳию доманакӯҳӣ, ки шароитҳои иқлимии мусоиду хокҳои ҳосилхез доранд, мувофиқ мебошанд. Дар айни замон барои пурра қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти рузафзуни аҳолии ҷумҳурӣ бо картошка шароитҳои агроиқлимии водиҳо низ имкониятҳои васеъ доранд. Ин раванд бо роҳҳои васеътар амалӣ шудани кишти тирамоҳии (баҳорӣ) барвақтӣ ва тобистонаи картошка, ки мавсими давомноки гармии аввали баҳории водиҳо ба он мусоидат мекунад, амалӣ мегардад.

22.Дар заминаи хоҷагиҳои тухмипарварии самташон картошкапарварӣ дар доманакӯҳ ва минтақаҳои кӯҳӣ бунёди анборхонаҳо барои захираи тухмӣ ва сохтмони сардхонаҳои замонавӣ барои нигоҳдории тухмӣ зарур аст. Вазъи кунунии тараққиёти ҷумҳурӣ, афзоиши талаботи аҳолии мамлакат ба картошка, зарурати содироти картошкаи барвақтӣ ба хориҷи кишвар ва ҳарчи бештар бо кор таъмин намудани аҳолии деҳот тақозо менамоянд, ки ин соҳа рушд дода шавад.

23. Бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ дар муассисаҳои илмӣ ва минтақаҳое, ки ба истеҳсоли картошкаи нахусттухмии солим махсус гардонида шудаанд, таъсиси озмоишгоҳҳои биотехнологӣ ва таъминоти онҳо бо таҷҳизотҳои замонавӣ барои пешбурди корҳои селексионӣ дар соҳаи картошкапарварӣ зарур мебошад. Бинобар ин, дар доираи Барнома олимони соҳаро зарур аст, ки ҷиҳати ба роҳ мондани истеҳсоли тухмии беҷирм тадбирҳои зарурӣ андешанд.

§4. Зироатҳои равғандиҳанда

24. Рушди парвариши зироатҳои равғандиҳанда ба ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар замина мегузорад. Фароҳам овардани шароити мусоиди амалисозии сиёсати давлат оид ба баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ дар бозори дохилию хориҷӣ равона гардида, ба афзун намудани ҳаҷми содирот, ҳамчунин коҳиш ёфтани ҳиссаи молҳои истеъмолӣ ва хизматрасонии воридотӣ мусоидат менамояд.

25. Парвариши зироатҳои техникию равғандеҳ, аз қабили пахта, зағир, маъсар, офтобпараст, чормағзи заминӣ, кунҷид, лӯбиёи чинӣ ва рапс аз ҷиҳати иқтисодӣ самаранок буда, дар таъминоти аҳолии кишвар бо равғани истеъмолихудӣ ва ҳамчун хӯроки серғизои соҳаи чорводорӣ муҳим арзёбӣ мегардад. Аз таҳқиқоти илмӣ бармеояд, ки парвариши навъҳои серҳосили зироатҳои дорои равғаннокии баланд ва риояи талаботи агротехнологӣ ба гирифтани ҳосили фаровон мусоидат мекунад ва аз ҷиҳати иқтисодӣ фоидаовар мебошад. Бинобар ин, танҳо дар сурати мустаҳкам кардани робитаи илму истеҳсолот, баровардани навъҳои ба тағйирёбии иқлим ва касалию зараррасонҳо тобовари тухмии сертификатсияшуда, парвариши навъҳои серҳосили зироатҳои техникию равғандиҳанда, риояи қоидаҳои агротехникии парвариши онҳо, ба даст овардани ҳосили баланд ва истеҳсоли миқдори дилхоҳи равғани истеъмолии худӣ муяссар мегардад.

§5. Зироатҳои хӯроки чорво

26. Дар Тоҷикистон имконияти фаровон барои истеҳсол намудани тухмии сертификатсияшудаи зироатҳои хӯроки чорво, аз ҷумла юнучқа, ҷуворимакка, чойҷуворӣ, алафи судонӣ, лаблабуи хӯроки чорво, қатраборон (эспарсет) ва ғайраҳо мавҷуд мебошад. Юнучқа яке аз зироатҳои серҳосилу маъмули емию хошокӣ аст, ки дар соҳаи кишоварзӣ васеъ истифода бурда мешавад. Юнучқа нисбат ба аксар зироатҳои емию хошокӣ нисбатан серғизо мебошад. Дар солҳои охир навъҳои юнучқаи ватании "Вахш-300", "Вахш-416", "Вахш-429", "Вахш-471" ва хориҷии навъҳои "Тимбале", "Лузелле" ва "Мелиса" минтақабоб гардида, дар истеҳсолот ҳосили дилхоҳ дода истодаанд.

§6. Зироатҳои сабзавотӣ

27. Шароити агроиқлимии ҷумҳурӣ барои парвариши қариб тамоми намудҳои зироатҳои сабзавотӣ, ҷиҳати таъмини аҳолӣ ва гирифтани ҳосили баланд имконият медиҳад. Барои ба даст овардани ҳосили баланди зироатҳои сабзавотӣ дар заминҳои кушод ва гармхонаҳо ба тайёр намудани хок, сифати тухмӣ, киштгардон, истифодаи нуриҳо, риояи агротехникаи парвариш, тайёр намудани ниҳолхонаҳо, парвардахонаҳо барои парвариши парвардаи сабзавот, усулҳои гуногуни шинондану нигоҳубини дурусти кӯчатҳои сабзавотӣ, иҷрои тадбирҳои мубориза бар зидди касалию зараррасонҳо ва беҳтар намудани заминаи моддию техникии парвариши онҳо аҳамияти ҷиддӣ додан лозим аст. Яке аз самтҳои муҳимми баланд бардоштани сифати тухмӣ ва ҳосилнокии зироатҳои сабзавотӣ ин ба роҳ мондани парвариши он дар майдонҳои истеҳсолӣ бо истифода аз технологияҳои муосир мебошад. Нишондиҳандаҳои ҳисоби афзоиши давра ба давраи истеҳсоли гурӯҳҳои тухмӣ ва талаботи хоҷагиҳои мамлакат ба тухмии зироатҳои афзалиятнок вобаста аз меъёри кишт ба Барнома замима мегарданд (замимаҳои 1 ва 2).

4. НИЗОМИ САНҶИШ ВА БАҚАЙДГИРИИ НАВЪҲО

28. Бо мақсади танзими фаъолияти низоми санҷиш, бақайдгирӣ ва ҳифзи навъҳои растанӣ қабули тартиби дохил ва хориҷ кардани навъҳо ба/аз Феҳристи давлатии навъҳо ва пешбурди он нақши зарурӣ дошта, барои сари вақт гузаронидани санҷиши расмии дурагаҳо, навъҳои зироатҳои кишоварзӣ ва дарахтони мевадиҳандаи навъҳои ватанию хориҷӣ дар стансия ва қитъаҳои давлатии навъсанҷии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мусоидат мекунад. Татбиқи низоми санҷиши навъҳои растанӣ бо меъёрҳои дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи навъҳои растанӣ" муқарраргардида, яъне навин будан, фарқкунандагӣ, ҳамгунӣ, устуворӣ ва аломатҳои арзишноки хоҷагидорӣ, ки ҳифзи қонунии навъро таъмин менамояд, муҳим шуморида мешавад. Бақайдгирии навъи растанӣ, пеш аз ҳама, бо мақсади ба кишоварзон тавсия намудани навъҳои беҳтарину нисбатан серҳосил ва ба шароити ҷумҳурӣ мутобиқшаванда равона карда шудааст.

29. Ҷиҳати мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии стансияҳо ва қитъаи давлатии навъсанҷии дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фаъолияткунанда ва рушди минбаъдаи соҳа, зарурати бо техника, мошинолоти кишоварзӣ ва таҷҳизоти озмоишгоҳӣ таъмин намудани онҳо ба миён омадааст.

5. ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ТУХМӢ, ТАЪСИСИ ФОНДҲОИ ДАВЛАТӢ ВА СУҒУРТАВИИ ТУХМӢ

30. Вазорати кишоварзӣ механизми фонди давлатии тухмиро дар таҳрири нав таҳия намудааст, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июли соли 2020, №441 тасдиқ шудааст. Тибқи талаботи қарори мазкур таъсиси фонди давлатии тухмӣ, гардиши тухмии зироатҳои кишоварзӣ дар истеҳсолот ва хоҷагиҳои махсуси тухмипарварӣ ва хоҷагиҳои дигари кишоварзӣ муайян карда шудааст. Ҳамзамон, татбиқи механизми мазкур имконият медиҳад, ки дар ин самт хоҷагиҳои махсуси тухмипарварӣ, новобаста аз шакли моликияташон, дар оянда имконияти тухмиафзункунӣ, такрористеҳсолкунӣ ва фурӯши тухмиро пайдо намуда, бо ин роҳ хоҷагиҳои дигарро бо тухмиҳои сертификатсияшуда таъмин намоянд.

31. Барнома таҳия намудани фонди суғуртавии тухмиро дар назар дорад. Дар он хариди тухмиҳои сертификатсияшуда аз дохил ва хориҷи кишвар, нигоҳдорӣ, истифодабарии мақсадноки тухмӣ аз тарафи субъектҳои хоҷагидорӣ, гардиши фонди давлатии тухмӣ, ҷудо намудани тухмӣ ба хоҷагиҳои аз офатҳои табиӣ зарардида ва омилҳои дигаре, ки ба рушди соҳаи тухмипарварӣ мусоидат менамояд, ба инобат гирифта мешавад. Тартиби истифодабарии фонди суғуртавии тухмиро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ муқаррар менамояд.

6. НИЗОМИ НАЗОРАТИ СИФАТ ВА СЕРТИФИКАТСИЯКУНОНИИ ТУХМӢ

32. Дар асоси назорати навъ дар қитъаҳои санҷишӣ, назорати кишти тухмӣ дар саҳро ва ташхиси озмоишгоҳии тухмиҳо сертификати сифати тухмӣ дода мешавад. Айни замон аксар тухмии ба бозор воридшаванда ба стандартӣ давлатӣ мутобиқат намекунанд, ки ин аз назорати суст шаҳодат медиҳад. Аз ин рӯ, таи солҳои охир дар бозори тухмӣ тухмиҳои ба талаботҳои стандарт ҷавобгӯ набудаи навъҳои аз санҷиши давлатӣ нагузашта, маҷмӯи тухмиҳои воридшавандаи бетамға ва шубҳанок зиёд шудааст. Ҳар як маҷмӯи тухмӣ ҳангоми фурӯш бояд дар борҷомаю воситаҳои борбандии он тамғаи муқарраршуда дошта бошанд. Барои пешгирии ин ҳолат таъмини дурусти тартиби сертификатсияи тухмӣ метавонад нақши муҳимро бозад. Мақоми ваколатдорро зарур аст, ки тартиби сертификатсияи тухмиро тибқи талаботи қонунгузорӣ пурра амалӣ намояд. Ҳангоми ошкор гардидани ҳолатҳои қонунвайронкунии соҳаи тухмипарварӣ чораҳои ҷидии маъмурӣ андешад.

33. Ба Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан тухмиҳои гибридии сабзавотҳо, ҷуворимакка, полизиҳо ва зироатҳои ороишӣ ворид мешаванд. Аз ҷумҳурии мо умуман ба миқдори кам тухмӣ содир мегардад, ки асосан тухмии юнучқа, зироатҳои сабзавотӣ ва ороишӣ мебошанд. Бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда зарур аст, ки истеҳсоли тухмӣ барои содирот зиёд карда шуда, бо ба роҳ мондани истеҳсоли тухмиҳои гибридӣ дар дохили кишвар, воридоти чунин тухмиҳо кам карда шавад. Тавозуни воридоти тухмӣ нисбати содирот бояд дар сатҳе қарор гирад, ки ба таъминоти дохилии тухмӣ ва амнияти тухмии кишвар таъсири манфӣ нарасонад.

7. РУШДИ СЕЛЕКСИЯ ВА ТУХМИПАРВАРИИ ЗИРОАТҲОИ КИШОВАРЗӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

34. Дар Барнома мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии хоҷагиҳои таҷрибавии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳи Шоҳтемур, хоҷагиҳои махсуси тухмипарварӣ ва хоҷагиҳои хусусӣ дар назар дошта шудааст, ки ин ба пешбурди корҳои селексионӣ ва тухмипарварӣ дар баровардани навъҳои нави зироатҳои кишоварзӣ, рушди тухмипарварии ибтидоӣ, тухмиафзункунӣ, ҳамкориҳои олимон бо хоҷагиҳои тухмипарварӣ, такмил додани тухмипарварии тиҷоратӣ барои рушди минбаъдаи соҳа мусоидат мекунад. Муассисаҳои илмӣ ва хоҷагиҳои тухмипарварию ниҳолпарварӣ барои дар истеҳсолот васеъ ҷорӣ гардидани навъҳои нави серҳосилу ояндадор, ташкили самараноки тухмипарварии онҳо дар ҳамбастагии зич фаъолият намоянд. Тавре маълум аст, солҳои охир ба ҷузъ аз институтҳо ва марказҳои давлатӣ хоҷагиҳо ва шахсони алоҳида низ барои селексияи навъҳои растаниҳо мароқ зоҳир намуда истодаанд. Аз ин рӯ, бо мақсади эҷоди фазои рақобатпазиру озод дар соҳаи селексияи растаниҳо дар Барнома дастгирии ҳамаи селексионерони ватанӣ ба назар гирифта шудааст. Барои рушди селексияи хусусӣ низ дар кишвар заминаи мусоид фароҳам оварда мешавад ва он метавонад барои рушди соҳаи кишоварзӣ ҳиссаи арзанда гузорад.

8. ИСТЕҲСОЛ, КОРКАРД ВА МАРКЕТИНГИ ТУХМӢ

35. Соҳаи тухмипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд аз ҷиҳати иқтисодӣ самаранок ва фоидаовар гардад. Танҳо дар ҳамин ҳолат рушди тухмипарварии давлатӣ ва хусусӣ имконпазир гардида, кафолати тухмипарварии босамар ва рақобати озоди навъҳоро дар бозор таъмин менамояд.

36. Соҳаи тухмипарварӣ ҳамчун ҷузъи пайвандкунандаи селексия ва маҳсулоти молӣ дар асоси фурӯши маҳсулот, ки ба пайдо намудани даромади бештар мусоидат мекунад, рушд меёбад. Аммо бе дастгирии давлатӣ бунёд ва барқарорсозии заминаи моддию техникии соҳа, қафомонии мавҷударо бартараф кардан ғайриимкон аст. Дар маҷмӯъ низоми тухмипарварӣ дар Тоҷикистон фаъолият менамояд, аммо он ба захираҳои кадрӣ, воридоти технологияҳои замонавӣ ва аз бозори тухмӣ берун кардани тухмиҳои пайдоишашон номаълум (таъмини асосҳои ҳуқуқии фаъолият дар бозори тухмӣ) ба дастгирии давлатӣ ниёз дорад. Аксарияти кишоварзон маҷбур мешаванд, ки барои кишт тухмиро аз ҳосили ҷамъоваришуда ҷудо намоянд, ки ин ба сифати тухмӣ таъсири манфӣ мерасонад.

37. Мувофиқи тавозуни замин ташкилотҳои тобеи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон 6362,6 гектар замини кишоварзӣ, аз ҷумла замини корам2387,9 гектар (1927,7 гектар замини обёришаванда), боғот - 1171,8 гектар, токзор166,5 гектар, тутзор -20,9 гектар ва чарогоҳ 2615,4 гектарро ташкил медиҳад. Бо мақсади афзун намудани тухмии гурӯҳҳои супер-суперэлита, суперэлита ва элитаи зироатҳои кишоварзӣ ташкилотҳои тобеи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳи Шоҳтемур ва ташкилотҳои дигаре, ки ба тухмипарварӣ машғуланд, аз ҳамаи имкониятҳо истифода бурда, майдони кишти тухмипарварии ибтидоиро зиёд намоянд, зеро талаботи хоҷагиҳои ҷумҳурӣ ба тухмии сертификатсияшуда сол аз сол зиёд шуда истодааст. Вобаста ба ин, бо мақсади рушди соҳа бояд ба ду раванди асосӣ аҳамияти аввалин дода шавад:

1) фароҳам овардани асосҳои ҳуқуқие, ки барои пайдоиши марказҳои селексионӣ-тухмипарварии нав ва дастгирии хоҷагиҳои амалкунанда асос мегузоранд;

2) мукаммал ва мақсаднок гардонидани равандҳо ва сатҳи дастгирии молиявии давлатии соҳаи селексия ва тухмипарварӣ.

38. Сертификатсияи ҳатмии тамоми тухмиҳо (чи барои фурӯш ва чи барои истифодаи худӣ) ва тамғазании онҳо ба воситаи мақоми ваколатдор ба роҳ монда шуда, манбаи ягонаи маълумот дар бораи гардиши тухмиҳо бояд ташкил карда шавад. Таҳлил ва мутобиқсозии тамоми санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳавӣ зарур шуморида мешавад. Баланд бардоштани сатҳи ҷавобгарӣ барои вайрон кардани қонунгузорӣ дар ҳолати гардиши тухмиҳо, ҳимояи ҳуқуқи муаллифон ва моликияти зеҳнӣ дар самти селексия муҳим мебошад. Ин амал ба баланд бардоштани талабот ба тухмиҳои сертификатсияшуда асос мегузорад ва ба баландшавии сатҳи даромади муассисаҳо ва хоҷагиҳои ба тухмипарварии аввалия машғулбуда мусоидат намуда, имконият медиҳад, ки муассисаҳои илмӣ маблағгузориро ба ин самти илм зиёд намоянд.

39. Яке аз равандҳои баландбардории рақобатпазирии селексия ва тухмипарварии ватанӣ ин таҳияи механизми маблағгузории якҷояи давлатӣ ва бахши хусусӣ баҳри бунёди марказҳои хусусии селексия ва тухмипарварии зироатҳои алоҳида (маркази селексионии пахта, ғалладонагиҳо ва зироатҳои дигар) мебошад.

40. Маркетинги давлатӣ ва дастгирии содироти тухмиҳои дар бозори минтақавӣ рақобатпазир, ба монанди пӯшонидани хароҷот ҳангоми бақайдгирии навъҳои ватанӣ берун аз кишвар, ба уҳда гирифтани иштирок дар намоишҳои тухмӣ дар хориҷӣ кишвар ба раванди муносибатҳо ва рушди соҳа мусоидат менамояд.

9.ТАЙЁР НАМУДАНИ КАДРҲО ВА БОЗОМцЗИИ МУТАХАССИСОНИ СОҲА

41. Яке аз мушкилоти асосии соҳаи тухмипарварии мамлакат нарасидани кадрҳои баландихтисос ва ҳавасманд набудани селексионерон мебошад. Дар Барнома тайёр намудани мутахассисони ҷавон ва бозомӯзии кадрҳои соҳаи селексия ва тухмипарварӣ дар дохили мамлакат ва хориҷи кишвар, ҳамчунин ҷалб намудани мутахассисони ҷавон бо роҳи баланд бардоштани манфиати онҳо пешбинӣ шудааст.

42. Мақомот ва муассисаҳои таълимиро зарур аст, ки барои омода намудани мутахассисон бо донишу малакаи муосир ҷидду ҷаҳд намуда, воситаҳои ҳавасмандкунии селексионеронро ба роҳ монанд. Дар баробари институтҳои ҷамъиятӣ тайи солҳои охир аз ҷониби якчанд хоҷагиҳои тухмипарварӣ ҳавасмандии назаррас барои селексияи зироатҳо дида мешавад, ки бамиёноии бахши хусусӣ дар селексия мебошад. Дар ин раванд мақомотро зарур аст, ки барои эҷоди муҳити солими рақобатпазир кӯшиш намуда, бо ин васила заминаи рушди селексияи ватаниро таъмин намоянд.

43. Бо ҷалби созмонҳои байналмилалӣ мустаҳкам намудани ҳамкориҳо бо марказҳои байналмилалии соҳа, ширкатҳои селексионӣ ва институтҳои илмии хориҷи кишвар барои дастрасӣ ба манбаъҳои генетикӣ ва омода намудани кадрҳоро ба роҳ мондан зарур мебошад. Вазорати кишоварзӣ ҳамкориро дар ин самт бо институтҳои илмии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), марказҳои Гурӯҳи машваратии байналмилалии таҳқиқоти кишоварзӣ (CGIAR), ба монанди СИММИТ (Маркази байналмилалии беҳтарнамоии навъҳои ҷуворимакка ва гандум) ва ИКАРДА (Маркази байналмилалии таҳқиқоти кишоварзӣ дар манотиқи хушкзамин), ҳамчунин ташкилоти озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид СММ (ФАО) муҳим медонад.

10. АМАЛИГАРДОНИИ БАРНОМА

44. Барои ноил гардидан ба ҳадафҳои Барнома ва татбиқи стратегия ва сиёсати Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон оид ба рушди соҳаи тухмипарварӣ иҷрои вазифаҳои зерин дар назар дошта шудааст:

-гузаронидани аттестатсияи хоҷагиҳои тухмипарварӣ бо дарназардошти аз шабакаи тухмипарварӣ хориҷ намудани якчанд хоҷагиҳо ва ба ҷойи онҳо ворид намудани хоҷагиҳои дигаре, ки нишондиҳандаи баланди истеҳсолӣ ва хоҳиши тухмипарварӣ доранд;

- таҳия ва ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани шабакаи нави хоҷагиҳои тухмипарварӣ;

- ташкил намудани тухмипарварии ибтидоӣ бо истеҳсоли тухмиҳои гурӯҳҳои супер-элита, элита ва репродуксияи якум дар хоҷагиҳои таҷрибавии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур;

- мустаҳкам намудани заминаи моддию техникӣ ва иқтидори илмии пажӯҳишгоҳҳои тадқиқотӣ дар соҳаи селексия ва тухмипарварии ибтидоии зироатҳои афзалиятнок - пахта, гандум, картошка, сабзавот, зироатҳои хӯроки чорво ва ғайраҳо;

- дар баробари бахши ҷамъиятӣ инкишоф додани селексияи хусусии растаниҳо ва ҷорӣ намудани низоми ҷамъоварии ҳаққи муаллифии селексионерон;

- бо мақсади истеҳсоли тухмиҳои сертификатсияшуда ва пешгирӣ намудани омехташавии тухмиҳо дар ҳар як минтақа дар заминаи корхонаҳои пахтатозакунӣ ташкил намудани хатҳои махсуси коркарди тухмии пахта, ки таҳти назорати доимии Вазорати кишоварзӣ қарор дода мешавад;

- ташкили хоҷагиҳои тухмипарварии элитӣ дар заминаи хоҷагиҳои мавҷудаи тухмипарварӣ ва ниҳолхонаҳо ва мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии онҳо;

- ташкил намудани истеҳсоли тухмиҳои гурӯҳи суперэлита ва элитаи зироатҳои афзалиятнок дар хоҷагиҳои таҷрибавии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ва стансияҳои муассисаи давлатии "Комиссияи давлатии озмоиши навъи зироатҳои кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳо" бо мақсади зиёд намудани миқдори тухмии гурӯҳҳои суперсупер элита, супер- элита ва элита дар асоси бастани қарордодҳо байни селексионер ва истеҳсолкунандагони тухмӣ;

- баланд бардоштани ҳавасмандии хоҷагиҳои тухмипарварии элитӣ бо мақсади зиёд намудани истеҳсоли тухмиҳои сертификатсияшуда бо роҳи пешниҳод намудани субсидияҳо аз буҷети давлатӣ.

45.Тағйир додани самти дастгирии давлатии соҳа ба ҳавасмандгардонии талабот ба тухмӣ, таҷҳизот барои нигаҳдорӣ, коркарди тухмӣ, таҷҳизот ва техника барои корҳои селексионӣ нигаронида шуда, ки он бояд ба 3 самт равона гардад:

- дастгирии марказҳои селексионӣ-тухмипарварӣ барои шуъбаҳои селексионии институтҳои илмию таҳқиқотӣ, кафедраҳои махсусгардонидашудаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ва марказҳои селексионӣ дар минтақаҳо, харидорӣ намудани маҷмӯи пурраи техникаҳои хурдҳаҷм, таҷҳизоти озмоишгоҳӣ ва таъмин намудани онҳо ба фонди замин ба мақсади пешбурди корҳои селексионӣ ва тухмипарварии ибтидоӣ. Додани субсидия ба ин марказҳо барои хариди мошинолоти махсуси хурдҳаҷм, бунёди озмоишгоҳ ва таҷҳизот барои он, бунёди гармхонаҳои ба корҳои селексионӣ равонашуда ва таҷҳизоту фитотронҳо барои онҳо. Ин субсидияҳо бояд на кам аз 70 фоиз хароҷотро дар бар гиранд;

- дастгирии хоҷагиҳои тухмипарварӣ, субсидиякунонӣ, бунёд ва аз нав таҷҳизонидани корхонаҳои тухмитайёркунии рақобатпазир дар ҳаҷми на кам аз 50 фоизи хароҷот. Фароҳам овардани шароит барои гирифтани қарзҳои имтиёзнок (то 5 фоизи солона) ба ин мақсад;

- дастгирии истеҳсолкунандагон, субсидиякунонии хариди тухмиҳои суперэлита то 50 фоиз, тухмиҳои элита то 30 фоиз. Бо мақсади рушди тухмипарварии саноатӣ субсидиякунонии харидории тухмиҳои репродуксионӣ (R1 ва R2) аз 10 то 20 фоиз зарур мебошад. Раванди субсидиякунонии хариди тухмиҳо бояд марҳила ба марҳила бо интихоби минтақаи пилотӣ амалӣ шавад.

46. Дастгирии рушди соҳаи тухмипарварии тиҷоратӣ бо роҳи пешниҳод намудани қарзҳо, ҷалби кумакҳои грантӣ ва сармояи хориҷӣ ба соҳа ва муҳайё намудани шароит барои рақобати солими бахшҳои хусусӣ ва давлатии тухмипарварӣ амалӣ гардонида мешавад.

11. МАНБАЪҲОИ МАБЛАҒГУЗОРИИ БАРНОМА

47. Маблағгузории Барнома барои рушди соҳаи тухмипарварӣ бо роҳи пешниҳод намудани маблағҳо аз буҷети давлатӣ, худмаблағгузорӣ, қарзҳои бонкӣ, лоиҳаҳои грантӣ ва сармоягузорӣ, маблағҳои истеҳсолкунандагони тухмӣ ва манбаъҳои дигаре, ки қонунгузорӣ манъ накардааст амалӣ карда мешавад (замимаи 3).

48. Ҳаҷми умумии хароҷоти Барномаи мазкур барои давраи солҳои 2021-2025 ба маблағи 20079 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла аз буҷети давлатӣ 4532 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби манбаъҳои ғайрибуҷетӣ 15547 ҳазор сомонӣ дар назар дошта шудааст.

 

Нақша

 

Приложение 1

 к постановлению Правительства

Республики Таджикистан

от 3 апреля 2021 года, №117

Программа развития отрасли семеноводства в Республике Таджикистан на 2021-2025 годы

* Программа