Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 апрели соли 2021, № 1771 "Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2021"

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

31 марти соли 2021, № 347

қабул карда шуд.

Моддаи 1. Ба моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021" аз 20 ноябри соли 2020 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2020, №11, мод. 846) қисми 18 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"18. Воридоти маҳсулоти озуқа, сӯзишвории дизелӣ ва бензин аз ҷониби Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда, аксиз ва боҷи гумрукӣ озод карда мешавад.".

Моддаи2. Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2021 мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                           Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе

6 апрел соли 2021, № 1771

 

 

 

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ДОПОЛНЕНИЯ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О ГОСУДАРСТВЕННОМ БЮДЖЕТЕ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН НА 2021 ГОД"

Принят постановлением МН МОРТ

от 31 марта 2021 года, №347

Статья 1. Дополнить статью 15 Закона Республики Таджикистан "О Государственном бюджете Республики Таджикистан на 2021 год" от 20 ноября 2021 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2020 г., №11, ст. 846) частью 18 следующего содержания:

"18. Импорт продовольствия, дизельного топлива и бензина со стороны Агентства по государственным материальным резервам при Правительстве Республики Таджикистан в объеме, утверждённом Правительством Республики Таджикистан, освобождается от уплаты налога на добавленную стоимость, акцизов и таможенной пошлины.".

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие с 1 января 2021 года.

Президент

Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 6 апреля 2021 года, №1771