Замима
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 25 феврали соли 2021, №26
Тартиби таҳия, мувофиқа ва тасдиқи қоидаҳои истифодаи обанборҳо
1. Тартиби таҳия, мувофиқа ва тасдиқи қоидаҳои истифодаи обанборҳо (минбаъдТартиби мазкур) тартиби таҳия, мувофиқа ва тасдиқи қоидаҳои истифодаи обанборҳоро муайян менамояд.
2. Қоидаҳои истифодаи обанборҳо қоидаҳои истифодаи захираҳои оби обанборҳо, ки реҷаи истифодаи онҳо, аз ҷумла реҷаи обпуркунӣ ва аз об холикунии обанборҳоро муайян менамояд ва қоидаҳои истифодаи техникӣ ва ободонии обанборҳо, ки тартиби истифодаи қаъру соҳилҳои онро муқаррар мекунад, дар бар мегиранд.
3. Дар ҳолате, ки агар реҷаи истифодаи якчанд обанбор, силсилаи обанборҳо ё низоми хоҷагии об кори алоҳидаи обанборҳоро инкор кунад, қоидаҳои истифодаи обанборҳои зикргардида, силсилаи обанборҳо ё низоми хоҷагии об таҳия карда мешавад.
4. Таҳия, мувофиқа ва тасдиқи қоидаҳои истифодаи обанборҳое, ки номгӯи онҳо мутобиқи моддаи 75 Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, аз ҷониби Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
5. Таҳияи қоидаҳои истифодаи обанборҳои зикргардида тибқи дастурҳои методӣ оид ба таҳия намудани қоидаҳои истифодаи обанборҳо, ки аз ҷониби Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор таҳия ва тасдиқ карда мешаванд, ба роҳ монда мешавад.
6. Таҳия, мувофиқа ва тасдиқи қоидаҳои алоҳидаи истифодаи захираҳои об ва қоидаҳои истифодаи техникӣ ва ободонии обанборҳо дар алоҳидагӣ иҷозат дода мешавад.
7. Барои обанбори тарҳрезишудаистода (сохташудаистода) лоиҳаи қоидаҳои истифодаи он аз ҷониби фармоишгари сохтмони обанбор дар якҷоягӣ бо ҳуҷҷатҳои лоиҳавии сохтмони он таҳия карда мешавад.
8. Фармоишгари обанбори сохташудаистода ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қоидаҳои истифодабарии ин обанборро дар муҳлати на дертар аз 4 моҳ то ба истифода додани обанбор пешниҳод менамояд.
9. Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи натиҷаи баррасии лоиҳаи қоидаҳои истифодаи обанборҳо дар ҳолати зарурӣ барои ба номгӯй ворид намудани обанбори сохташаванда ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳои дахлдор пешниҳод менамояд.
10. Мувофиқа ва тасдиқи қоидаҳои истифодаи обанбори зикргардида аз тарафи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Тартиби мазкур баъд аз воридкунии он ба номгӯй амалӣ карда мешавад.
11. Ҳангоми давра ба давра пур намудани обанбор то сатҳи меъёрии дамхӯрдаи об таҳия, мувофиқа ва тасдиқи қоидаҳои муваққатии истифодаи чунин обанбор тибқи Тартиби мазкур амалӣ карда мешавад.
12. Лоиҳаи қоидаҳои истифода барои ҳар яке аз обанборҳое, ки ба номгӯй дохил карда шудаанд, бояд аз ҷониби Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин бо соҳибмулки обанбор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ки дар ҳудуди онҳо чунин обанборҳо ҷойгир шудаанд, мувофиқа карда шаванд.
13. Истифодаи обанборҳое, ки ба номгӯйи обанборҳо ворид карда нашудаанд, тибқи қоидаҳои намунавии истифодаи обанборҳои аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшуда ба роҳ монда мешавад.