Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 январи соли 2021, № 5 "Дар бораи грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2021 - 2025"

Санаи амалкуни: 29.04.2024

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2021 - 2025

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.03.2022 № 131, аз 29.04.2024 № 257)

Мутобиқи моддаи 13 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Аз соли 2021 то соли 2025 120 гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол ба андозаи 5000000 (панҷ миллион) сомонӣ барои дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон, ки 10 дарсади он барои лоиҳаҳои ба иқлим алоқаманд ҷудо карда мешаванд, таъсис дода шавад, аз ҷумла (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.03.2022 № 131, аз 29.04.2024 №257):

- 20 грант ба андозаи 60000 (шаст ҳазор) сомонӣ;

- 20 грант ба андозаи 50000 (панҷоҳ ҳазор) сомонӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.04.2024 № 257);

- 20 грант ба андозаи 45000 (чилу панҷ ҳазор) сомонӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.04.2024 № 257);

- 20 грант ба андозаи 40000 (чил ҳазор) сомонӣ (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.03.2022 № 131аз 29.04.2024 №257);

- 20 грант ба андозаи 30000 (сӣ ҳазор) сомонӣ (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.03.2022 № 131);

- 20 грант ба андозаи 25000 (бисту панҷ ҳазор) сомонӣ (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.03.2022 № 131аз 29.04.2024 № 257).

2. Қоидаҳои ҷудо намудани грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2021-2025 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории грантҳ ои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар доираи маблағҳои буҷети дар соли 2021 пешбинишуда таъмин карда, маблағҳои заруриро дар буҷети ҷумҳуриявӣ барои солҳои 2022-2025 пешбинӣ намояд.

4. Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалигардонии қарори мазкур чораҳои зарури андешида, ҳар сол ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                   Эмомалӣ Раҳмон

 аз 28 январи соли 2021, № 5

 ш. Душанбе