Қонуни ҷумҳурии тоҷикистон аз 29 январи соли 2021, № 1769 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН"

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

2 декабри соли 2020, № 264

қабул карда шуд.

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 25 январи соли 2021, № 129

ҷонибдорӣ карда шуд.

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон" аз 9 декабри соли 2004 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2004, №12, қ.1, мод.699; с.2008, №10, мод.805, мод.817; с.2013, №12, мод.896; с.2015, №3, мод.215 с.2018, №1, мод.28) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Ба моддаи 1 сархати дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"- гурӯҳи номуайяни истеъмолкунандагон - доираи васеи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки муайян ва ба мурофиа ҷалб намудани онҳо ба сифати даъвогар, инчунин муҳокимаи масъалаҳои ҳуқуқу уҳдадории онҳо ҳангоми баррасии парвандаҳо имконнопазир мебошад;".

2. Ба моддаи 3 сархатҳои сеюм, шашум ва ҳафтум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

"- ба гирифтани чеки мол, чеки хазинадорӣ ва ё дигар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохти маблағи мол (кор, хизматрасонӣ);

- ба иваз намудани моли дорои сифати номатлуб;

- ба бартараф намудани нуқсон ва камбудии мол (кор, хизматрасонӣ);".

3. Ба қисмҳои дуюм, сеюм ва панҷуми моддаи 6 пеш аз калимаи "иҷрокунанда" калимаи "истеҳсолкунанда," илова карда шавад.

4. Дар қисми шашуми моддаи 18 калимаи "истеҳсолкунанда" ба калимаҳои "фурӯшанда (истеҳсолкунанда)" иваз карда шуда, пас аз калимаи "фурӯшанда" калимаи "(истеҳсолкунанда)" илова карда шавад.

5. Ба моддаи 22 пас аз калимаҳои "ба истеҳсолкунанда" калимаҳои "ва ё фурӯшанда" илова карда шаванд.

6. Дар моддаи 38:

- ба қисми дуюм сархати сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"- ба мақомоти дахлдор маводро нисбат ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба маҷбурӣ ситонидани ҷаримаҳо пешниҳод менамояд;";

- қисми сеюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Мақоми зиддиинҳисорӣ ҳангоми ошкор намудани ҳолатҳои вайронкунии ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва халалдор гардидани манфиати гурӯҳи номуайяни истеъмолкунандагон, ба мақомоти ваколатдори соҳавӣ ва ё суд оид ба боздошт ё қатъ намудани фаъолияти истеҳсолкунандагон, иҷрокунандагон ё фурӯшандагони мол (кор ва хизматрасонӣ), инчунин соҳибкорони инфиродӣ барои дағалона вайрон кардани ҳуқуқҳои бо қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқарраршудаи истеъмолкунандагон, ки боиси марг ё бемориҳои оммавӣ, заҳролудшавии одамон мегардад, муроҷиат менамояд.";

- қисми панҷум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Мақоми зиддиинҳисорӣ ҳангоми ошкор кардани далелҳои вайрон гардидани Қонуни мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар мавриди номуайян будани гурӯҳи истеъмолкунандагон дар бораи ба буҷети давлатӣ гузарондани даромаде, ки дар натиҷаи вайрон гардидани ҳуқуқи истеъмолкунанда ба даст омадааст, қарор қабул менамояд.".

7. Дар қисми якуми моддаи 39 калимаҳои "мақомоти назорати санитарию эпидемиологӣ, мақомоти экспертиза ва сертификатсияи маҳсулоти фармасевтӣ ва молҳои таъиноти тиббӣ" ба калимаҳои "мақомоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, мақомоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ" иваз карда, калимаҳои "захираҳои табиӣ ва" хориҷ карда шаванд.

8. Сархати ҳафтуми қисми дуюми моддаи 42 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"- дар бораи боздошти амал, бекор ё беэътибор донистани санадҳои мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ки хилофи санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи соҳаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон мебошанд, ба мақомоти ваколатдор, прокуратура ё суд муроҷиат намоянд;".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                      Эмомалӣ Раҳмон

 ш. Душанбе

29 январи соли 2021, № 1769

 

 

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О ЗАЩИТЕ ПРАВ ПОТРЕБИТЕЛЕЙ"

Принят постановлением МН МОРТ

от 2 декабря 2020 года, №264

Одобрен постановлением ММ МОРТ

от 25 января 2021 года, №129

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан "О защите прав потребителей" от 9 декабря 2004 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2004 г., №12, ч.1, ст.699; 2008 г., №10, ст.805, ст.817; 2013 г., №12, ст.896; 2015 г., №3, ст.215; 2018 г., №1, ст.28) следующие изменения и дополнения:

1. Статью 1 дополнить абзацем вторым следующего содержания:

"- неопределённый круг потребителей - широкий круг физических и юридических лиц, личность которых невозможно определить, и привлечь в процесс в качестве истцов, а также решить вопрос об их правах и обязанностях при рассмотрении дел;".

2. Статью 3 дополнить абзацами третьим, шестым и седьмым следующего содержания:

"- получение товарного чека, кассового чека или другого документа, подтверждающего оплату товара (работ, услуг);

- замену товара ненадлежащего качества;

- устранение недостатков и нехватки товаров (работ, услуг);".

3. В статье 6:

- часть первую после слова "изготовитель" дополнить словом ", исполнитель";

- части вторую, третью и пятую перед словом "исполнитель" дополнить словом "изготовитель,".

4. В части шестой статьи 18 слова "изготовителю" заменить словами "продавцу (изготовителю)" и после слов "продавец" дополнить словом "(изготовитель)".

5. Статью 22 после слова "изготовителю" дополнить словами "или продавцу".

6. В статье 38:

- часть вторую дополнить абзацем третьим следующего содержания:

"- представляет соответствующим органам материалы в отношении физических и юридических лиц о принудительном взыскании штрафов;";

- часть третью изложить в следующей редакции:

"Антимонопольный орган в случае выявления нарушений прав потребителей и нарушения интересов неопределенного круга потребителей, обращается в уполномоченный отраслевой орган или в суд по приостановлению или прекращению деятельности производителей, исполнителей или продавцов товаров (работ и услуг), а также индивидуальных предпринимателей, за грубое нарушение прав потребителей, установленных законом и другими нормативными правовыми актами, повлекшие смерть или массовые заболевания, отравления людей.";

- дополнить частью пятой следующего содержания:

"Антимонопольный орган при выявлении фактов нарушения настоящего Закона физическими и юридическими лицами, в случае неопределенности круга потребителей, принимает решение о передаче доходов, полученных в результате нарушения прав потребителя, в государственный бюджет.".

7. В части первой статьи 39 слова "орган санитарно эпидемиологического надзора, орган по экспертизе и сертификации фармацевтической продукции и товаров медицинского назначения," заменить словами "орган государственного санитарно-эпидемиологического надзора, орган государственного надзора здравоохранения и социальной защиты населения" и слова "и природных ресурсов" исключить.

8. Абзац седьмой части второй статьи 42 изложить в следующей редакции:

"- обращаться в уполномоченный орган, прокуратуру или в суд о приостановлении действия, об отмене или о признании недействительными актов центральных исполнительных органов государственной власти, местных органов государственной власти и органов самоуправления поселков и сёл, противоречащих нормативным правовым актам, регулирующим область защиты прав потребителей;".

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от  29 января 2021 года, №1769