Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 январи соли 2021, № 1764 "Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ МАВОДИ ДОРУВОРӢ ВА ФАЪОЛИЯТИ ФАРМАСЕВТӢ"

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

2 декабри соли 2020, № 262

қабул карда шуд.

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 25 январи соли 2021, № 124

ҷонибдорӣ карда шуд.

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ" аз 6 августи соли 2001 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2001, №7, мод. 499; с. 2003, №12, мод. 700; с. 2007, №5, мод. 375; с. 2008, №6, мод. 467; с. 2012, №7, мод. 711; с. 2018, №5, мод. 282) иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Ба моддаи 3 қисми панҷум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Бақайдгирии давлатии содакардашудаи доруворӣ ва молҳои тиббӣ - бақайдгирии доруворӣ ва молҳои тиббии ҳангоми гузаронидани амалиётҳои ҳарбӣ, бавуҷудоии ҳолатҳои фавқулода, хуруҷи эпидемия ва дигар ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур истифодашаванда, ки талабот ба ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда сабук ва муҳлати баррасии онҳо кам карда мешавад.".

2. Ба моддаи 20 қисми дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Бақайдгирии давлатии содакардашудаи доруворӣ ва молҳои тиббӣ, ки барои истифода дар амалиётҳои ҳарбӣ, ҳолатҳои фавқулода, хуруҷи эпидемия, пешгирӣ ва табобати бемориҳои дар натиҷаи таъсири омилҳои номусоиди кимиёвӣ, биологӣ, радиатсионӣ дучоршуда пешбинӣ шудаанд, бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ анҷом дода мешавад.".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                             Эмомалӣ Раҳмон

 ш. Душанбе

29 январи соли 2021, № 1764