Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 январи соли 2021, № 1762 "Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВА БА КОДЕКСИ ТАНДУРУСТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

23 декабри соли 2020, № 285 

қабул карда шуд.

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

25 январи соли 2021, № 122

ҷонибдорӣ карда шуд.

Моддаи 1. Ба Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 2017 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2017, №5, қ. 1, мод. 270) тағйиру иловаи зерин ворид карда шаванд:

1. Дар қисми 1 моддаи 60 калимаҳои "мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаҳои тандурустӣ ва маориф" ба калимаҳои "мақоми ваколатдори давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм" иваз карда шаванд.

2. Ба моддаи 64 қисми 3 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"3. Фаъолияти илмӣ дар соҳаи тандурустӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм бо ҷалби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ назорат карда мешавад.".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                         Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе

29 январи соли 2021, № 1762

 

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЯ И ДОПОЛНЕНИЯ В КОДЕКС ЗДРАВООХРАНЕНИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

Принят постановлением МН МОРТ

от 23 декабря 2020 года, №285

Одобрен постановлением ММ МОРТ

от 25 января 2021 года, №122

Статья 1. Внести в Кодекс здравоохранения Республики Таджикистан от 30 мая 2017 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2017 г., №5, 4.1, ст. 270) следующие изменение и дополнение:

1. В части 1 статьи 60 слова "уполномоченными государственными органами в сферах здравоохранения и образования" заменить словами "уполномоченным государственным органом по надзору в сфере образования и науки".

2. Статью 64 дополнить частью 3 следующего содержания:

"3. Научная деятельность в области здравоохранения контролируется уполномоченным государственным органом по надзору в сфере образования и науки с привлечением уполномоченного государственного органа в сфера здравоохранения.".

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

 от 29 января 2021 года, №1762