Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 январи соли 2021, № 1757 "Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи истеҳсолоти иҷро"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ИСТЕҲСОЛОТИ ИҶРО"

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

20 январи соли 2021, № 312

қабул карда шуд.

Бо қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси

Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 25 январи соли 2021, № 117

ҷонибдорӣ карда шуд.

Моддаи 1. Ба қисми 1 моддаи 97 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи истеҳсолоти иҷро" аз 20 марти соли 2008 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2008, №3, мод.192; с.2010, №7, мод.543; с.2012, №7, мод.717; с.2019, №1, мод.9, №6, мод.315) пас аз калимаи "дорад" калимаҳои "ва хизмати ҳарбии ҳатмии мӯҳлатнокро (ба истиснои занон, инчунин мардоне, ки билети ҳарбӣ доранд, ба ғайр аз онҳое, ки хизмати ҳарбиро дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ адо кардаанд) адо карда бошад" илова карда шаванд.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад. Муқаррароти моддаи 1 Қонуни мазкур нисбат ба шаҳрвандоне, ки то мавриди амал қарор додани он корманди мақомоти иҷро мебошанд, татбиқ намегардад.

Президенти  

Ҷумҳурии Тоҷикистон                      Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе

29 январи соли 2021, № 1757

 

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ДОПОЛНЕНИЯ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "ОБ ИСПОЛНИТЕЛЬНОМ ПРОИЗВОДСТВЕ"

Принят постановлением МН МОРТ

от 20 января 2021 года, №312

Одобрен постановлением ММ МОРТ

от 25 января 2021 года, №117

Статья 1. Часть 1 статьи 97 Закона Республики Таджикистан "Об исполнительном производстве" от 20 марта 2008 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2008 г., №3, ст.192; 2010 г., №7, ст.543; 2012 г., №7, ст.717; 2019 г., №1, ст.9, №6, ст.315) после слова "образование" дополнить словами ", прошедшее обязательную срочную военную службу (за исключением женщин, а также мужчин, имеющих военные билеты, кроме лиц, проходивших военную службу в составе мобилизационного призывного резерва)".

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования. Положения статьи 1 настоящего Закона не применяются к гражданам, являющимся работниками органов исполнения до вступления его в силу.

Президент

Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

 г. Душанбе,

от 29 января 2021 года, №1757