Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 январи соли 2021, № 1752 "Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВА БА КОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

20 январи соли 2021, № 306

қабул карда шуд.

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

25 январи соли 2021, № 112

ҷонибдорӣ карда шуд.

Моддаи 1. Ба қисми якуми моддаи 53 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 25 июли соли 2005 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2005, №7, мод.398; с.2006, №3, мод.141; с.2007, №5, мод.350, №7, мод.652; с.2008, №12, қ.1, мод.981; с.2009, №5, мод.314; с.2011, №3, мод.150, №6, мод.428; с.2012, №8, мод.810; с.2013, №7, мод.497, мод.498, №12, мод.876; с.2014, №3, мод.139, №12, мод.820; с.2016, №3, мод.125; с.2017, №5, қ.1, мод.267; с.2019, №6, мод.308; Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 декабри соли 2020, №1725) пас аз калимаҳои "забони давлатиро донад," калимаҳои "хизмати ҳарбии ҳатмии мӯҳлатнокро (ба истиснои занон, инчунин мардоне, ки билети ҳарбӣ доранд, ба ғайр аз онҳое, ки хизмати ҳарбиро дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ адо кардаанд) адо карда бошад ва" илова карда шаванд.

Моддаи 2. Қонуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад. Муқаррароти моддаи 1 Қонуни конститутсионии мазкур нисбат ба шаҳрвандоне, ки то мавриди амал қарор додани он корманди мақомоти прокуратура мебошанд, татбиқ намегардад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон       Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе 29 январи соли 2021, № 1752