Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 январи соли 2021, № 1751 "Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ СУДҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"

 

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

20 январи соли 2021, № 304

қабул карда шуд.

 

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

25 январи соли 2021, № 111

ҷонибдорӣ карда шуд.

 

Моддаи 1. Ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 26 июли соли 2014 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2014, №7, қ.1, мод.380; с.2015, №7-9. мод.698; с.2016, №7, мод.603; с.2018, №2, мод.62) иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Ба қисми 2 моддаи 12 пас аз калимаҳои "забони давлатиро донад," калимаҳои "хизмати ҳарбии ҳатмии мӯҳлатнокро (ба истиснои занон, инчунин мардоне, ки билети ҳарбӣ доранд, ба ғайр аз онҳое, ки хизмати ҳарбиро дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ адо кардаанд) адо карда бошад ва" илова карда шаванд.

2. Ба қисми 2 моддаи 108 пас аз калимаҳои "забони давлатиро донад," калимаҳои "хизмати ҳарбии ҳатмии мӯҳлатнокро (ба истиснои занон, инчунин мардоне, ки билети ҳарбӣ доранд, ба ғайр аз онҳое, ки хизмати ҳарбиро дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ адо кардаанд) адо карда бошад ва" илова карда шаванд.

Моддаи 2. Қонуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад. Муқаррароти моддаи 1 Қонуни конститутсионии мазкур нисбат ба шаҳрвандоне, ки то мавриди амал қарор додани он судя ё коромӯз-судя мебошанд, татбиқ намегардад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон             Эмомалӣ Раҳмон

 

ш. Душанбе

29 январи соли 2021, № 1751

 

 

КОНСТИТУЦИОННЫЙ ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ДОПОЛНЕНИЙ В КОНСТИТУЦИОННЫЙ ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О СУДАХ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН"

Принят постановлением МН МОРТ

от 20 января 2021 года, №304

Одобрен постановлением ММ МОРТ

от 25 января 2021 года, №111

Статья 1. Внести в конституционный Закон Республики Таджикистан "О судах Республики Таджикистан" от 26 июля 2014 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2014 г., №7, ч.1, ст.380; 2015 г., №7-9, ст.698; 2016 г., №7, ст.603; 2018 г., №2, ст.62) следующие дополнения:

1. Часть 2 статьи 12 после слов "владеющее государственным языком" дополнить словами ", прошедшее обязательную срочную военную службу (за исключением женщин, а также мужчин, имеющих военные билеты, кроме лиц, проходивших военную службу в составе мобилизационного призывного резерва)".

2. Часть 2 статьи 108 после слов "владеющее государственным языком," дополнить словами "прошедшее обязательную срочную военную службу (за исключением женщин, а также мужчин, имеющих военные билеты, кроме лиц, проходивших военную службу в составе мобилизационного призывного резерва),".

Статья 2. Настоящий конституционный Закон ввести в действие после его официального опубликования. Положения статьи 1 настоящего конституционного Закона не применяются к гражданам, являющимся судьями или стажерами-судьями до вступления его в силу.

Президент

Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

 от 29 января 2021 года, №1751