Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 31 декабри соли 2020, №704
Барномаи давлатии рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Хатлон барои солҳои 2021-2025
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Барномаи давлатии рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Хатлон барои солҳои 2021-2025 (минбаъд - Барномаи мазкур) бо дарназардошти шароиту дурнамои рушди иқтисодиёти кишвар мутобиқи вазифаҳое, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Хатлон муайян кардаанд, дар доираи татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 таҳия гардида, мақсадҳои миёнамуҳлати рушди иқтисодию иҷтимоии вилоят дар соҳаҳои нигаҳдории тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, инчунин таъмини фаъолияти босамари муассиса ва ташкилотҳои тандурустӣ ва хадамоти иҷтимоиро фаро мегирад.
2. Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд: "Шароити паҳншавии пандемияи коронавирус дар ҷаҳон ва зиёд шудани шумораи бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла илтиҳоби шуш тақозо менамояд, ки шумораи муассисаҳои тандурустӣ дар вилоят зиёд ва сатҳи таъмини онҳо бо таҷҳизоти зарурии муолиҷавӣ баланд бардошта шавад. Илова бар ин, таъмини муассисаҳои тандурустӣ бо кадрҳои баландихтисос, сатҳи дониши касбии хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии тиббӣ, аз ҷумла доир ба истифодаи таҷҳизоти ҳозиразамони тиббӣ ва ташхису табобати як қатор бемориҳо беҳбудиро тақозо мекунад".
2. ТАҲЛИЛИ ВАЗЪИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛӢ
3. Таҳлилҳо собит менамоянд, ки татбиқи барномаҳои қабулгардидаи миллии сатҳи ҷумҳуриявию маҳаллӣ боиси беҳтар гаштани сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва паст шудани сатҳи беморшавии аҳолӣ гардид. Дар вилоят дар панҷ соли охир бемориҳои домана, вараҷа, сурхча, сулфакабудак, гепатит, сил, камйодӣ, бемориҳои диареяи кӯдакон, камғизоӣ, камхунӣ якчанд маротиба коҳиш ёфтаанд. Дар соли 2020 назар ба солҳои 2013 - 2015 бемориҳои сироятӣ 1,5 маротиба кам ба қайд гирифта шудаанд. Ҳамзамон, пешгирии бемориҳои диабети қанд, саратон, дил, вируси норасоии масунияти одам/бемории пайдошудаи норасоии масуният (ВНМО/БПНМ), нашъамандӣ вусъат ёфта, баҳри пешгирӣ ва табобати чунин бемориҳо чораҳои мушаххас андешида шуданд. Натиҷаи татбиқи босамари барномаҳои соҳавӣ ба паст гардидани нишондиҳандаҳои беморшавӣ ва фавти беморон мусоидат кард.
4. Бемории сироятии COVID-19 монанди минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон асари худро гузошт. Ҳарчанд ки шумораи сироятёфтагон зиёд набуд, лекин қисме аз сокинони вилоят низ ба ин маризии хавфнок гирифтор шуданд. Тадбирҳои саривақтии аз ҷониби Ҳукумати мамлакат андешидашуда, аз ҷумла ба роҳ мондани назорати ҷиддӣ дар сарҳади давлатӣ, маҳдуд кардани рафтуомади шаҳрвандон ба кишварҳои хориҷӣ, дастгирии амиқ ва ҳамаҷонибаи кормандони соҳаи тиб аз тарафи давлат ва ҷомеа, таъмини муассиса ва ташкилотҳои тандурустӣ бо доруворӣ ва лавозимоту маводи ҳифзкунандаи фардӣ ва тадбирҳои дигари оҷилӣ боис гардиданд, ки шиддати хуруҷи аз ҳад зиёди ин беморӣ дар кишвари мо ба зудӣ пешгирӣ карда шавад.
5. Вилояти Хатлон ба ҳолати моҳи январи соли 1991 ҳамагӣ 1 миллиону 817 ҳазор аҳолӣ дошт. Моҳи январи соли 2020 ин шумора ба 3 миллиону 350 ҳазор нафар расид, яъне дар даврони истиқлол аҳолии вилоят қариб ду баробар (184%) афзуда, он 36,0% шумораи умумии аҳолии Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Аз ин шумора 17,2% аҳолӣ шаҳрнишин мебошад. Зичии миёнаи аҳолии вилоят ба 136,2 нафар дар як километри мураббаъ баробар аст. Шаҳри Бохтар бо 72,900 нафар аҳолӣ тақрибан 100 км дуртар аз пойтахти Тоҷикистон, шаҳри Душанбе ҷойгир шуда, маркази маъмурии вилоят ба ҳисоб меравад.
6. Дар панҷ соли сипаригашта соҳаи тандурустии вилояти Хатлон ба навсозии заминаҳои захиравию клиникӣ, инчунин таҷдиди системаи маблағгузорӣ ва ташаккули кумаки табобатию профилактикӣ самт гирифт. Ба инкишофи соҳа афзоиши суръати иқтисодӣ, таваҷҷуҳи ҳамаҷонибаи роҳбарияти кишвар нисбат ба вазифаҳои афзалиятноки рушди иҷтимоӣ, инчунин саҳми самарабахши ҷомеаи байналмилалӣ ва шарикон оид ба рушд дар таъмини ҳифзи солимии аҳолии ҳама минтақаҳои кишвар, аз ҷумла вилояти Хатлон шароити мусоид фароҳам овард.
7. Дар натиҷаи азму талоши панҷсолаи охир инфрасохтори муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии вилоят рушд ёфта, дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии босифати тиббӣ беҳтар гардид, сатҳи фавти модару кӯдак, гирифторшавии аҳолӣ ба бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ паст рафт.
8. Протоколҳои клиникии замонавӣ ва стандартҳои дигари кумаки тиббӣ татбиқ гардиданд. Аксарияти таваллудхонаҳо мавриди азнавсозӣ ва муҷаҳҳазгардонӣ бо таҷҳизоти муосир қарор гирифта, ҳамчун муассисаи дорои "муносибати хайрхоҳона нисбат ба кӯдакон" соҳиби сертификат гаштанд.
9. Дар солҳои 2015-2020 дар вилоят дар тибби амалия як қатор амалҳои нав, аз қабили ҷарроҳӣ ҳангоми нуқсонҳои модарзодии дил, амалиёти пайвандсозии гурда ва намудҳои дигари муосири ташхису табобати беморон ҷорӣ карда шуд.
10. Бо мақсади таъмин намудани муассисаҳо ва ташкилотҳои тандурустӣ бо табибон ва кормандони миёнаи тиб Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ва як қатор коллеҷу омӯзишгоҳҳои тиббӣ таъсис дода шуданд.
11. Маблағгузории буҷетӣ, ғайрибуҷетӣ, дастгирии молиявии ҳамкорон оид ба рушд ва музди меҳнати кормандони тиб дар вилоят мунтазам боло рафта истодааст.
12. Шумораи умумии кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоят ба ҳолати 1 январи соли 2020 35 031 нафар, аз ҷумла кормандони соҳаи тандурустӣ 34 272 нафар, кормандони ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 759 нафарро ташкил менамоянд. Дар муассисаҳо ва ташкилотҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои вилоят 34 272 корманд фаъолият менамояд, аз ҷумла:
- 3759 табиб;
- 18322 корманди миёнаи тиб;
- 7153 корманди хурди тиб;
- 309 корманди ғайритиббӣ;
- 4904 кормандони дигар.
13. Таъминнокӣ бо табибон дар вилоят 11,6 ба 10 000 аҳолӣ буда, аз нишондиҳандаи миёнаи ҷумҳурӣ қариб 2 маротиба пасттар мебошад. Дар баробари ин, таъминнокӣ бо кормандони миёнаи тиб 54,8 ба 10 000 аҳолӣ буда, он ба нишондиҳандаи миёнаи ҷумҳурӣ баробар мебошад. Дараҷанокии касбии табибон 65,1% ва кормандони миёнаи тиббӣ 52,1% мебошад. Дар муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Тоҷикистон" ва филиалҳои он ҳамасола бештар аз 800 табиб ва корманди миёнаи тиб аз вилояти Хатлон барои баланд бардоштани савияи дониши худ аз курсҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисос мегузаранд, вале ин нишондод нокифоя буда, ҳамагӣ 18,3% талаботро қонеъ менамояд. Дар вилоят ҳоло 23 номзади илми тиб ва 2 доктори илмҳои тиб фаъолият доранд.
14. Дар баробари дастовардҳои назарраси панҷсолаи охир дар соҳаи тандурустии вилоят ҳанӯз ҳам мушкилот мушоҳида мегарданд, аз ҷумла:
- норасогии табибони дорои таҳсилоти олӣ ва миёнаи тиббӣ;
- инфрасохтори заифи моддию техникии муассисаҳои табобатию профилактикӣ ва нокифоягии воситаҳои сармоягузорӣ ҷиҳати мукаммалсозии саривақтии онҳо;
- мавҷудияти душвориҳо дар дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии тиббӣ, алалхусус дар сатҳи муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва мақсаднок истифода нагардидани имкониятҳои тибби оилавӣ;
- истифодаи бештари сохторҳои серхарҷи госпиталӣ дар ташхису табобати беморони нақшавӣ ва нокифоя ба роҳ мондани истифодаи имкониятҳои сохторҳои муосири алтернативии бистаринамоӣ (статсионарҳои рӯзона, марказҳои ҷарроҳии дармонгоҳӣ, хосписҳо, муассисаҳои дигари тавонбахшӣ);
- дуруст истифода нагардидани системаи иттилоотии идоракунии тандурустӣ, ки дар заминаи DHIS2 (барномаи иттилоотии тандурустии маҳаллӣ) таъсис дода шудааст;
- сатҳи нокифояи дастрасӣ ба маводи дорувории ҳаётан муҳим ва таҷҳизоти тиббӣ;
- душвориҳо дар таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолии вилоят;
- ба талаботи ҳозиразамон ҷавобгӯ набудани ҳамкориҳои байнисоҳавӣ ҷиҳати паст кардани хатарҳои экологӣ ва иҷтимоии ҳолатҳои ҳаётан муҳим;
- дар сатҳи паст қарор доштани масъалаҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим.
3. МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ БАРНОМА
15. Барномаи мазкур дурнамои кӯтоҳмуддати рушди соҳа барои панҷ сол буда, он барои татбиқи стратегияву барномаҳои миллии рушд дар вилояти Хатлон пешбинӣ шудааст.
16. Мақсади Барномаи мазкур ин беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии босифат, саривақтӣ ва баландихтисоси тиббӣ тавассути навсозии инфрасохтори дахлдори тандурустӣ дар самтҳои гуногуни соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Хатлон ба шумор меравад.
17. Вазифаҳои асосии барнома инҳоянд:
- беҳтар намудани нишондиҳандаҳои солимӣ, самаранокии фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дар ин замина коҳиш додани нишондиҳандаҳои фавти модару кӯдак дар вилоят;
- ташаккули механизми идоракунии соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо;
- рушди кумаки аввалияи тиббию санитарии ба принсипҳои тибби оилавӣ асосёфта;
- тақвият додани чорабиниҳои пешгирии бемориҳо, маъюбшавӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати тиббӣ ва масъулияти аҳолӣ вобаста ба масъалаҳои саломатӣ;
- пурзӯр намудани заминаи моддию техникии муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ;
- тавонбахшии тиббию иҷтимоии маъюбон.
4. САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ АМАЛИСОЗИИ БАРНОМА
§ 1. Самти афзалиятноки зинаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ
18. Бо мақсади хубтар ва сифатан беҳтар расонидани кумаки тиббӣ ба шаҳрвандон шароити мусоид фароҳам оварда, дар панҷсолаи наздик аз ҳисоби маблағҳои ҷумҳуриявию маҳаллӣ бо ҷалби сармояҳои соҳибкорон ва ташкилотҳои хориҷӣ дар солҳои 2021-2025 на кам аз 100 иншооти нави кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва санитарию эпидемиологӣ бунёд карда мешаванд.
19. Мутобиқи Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020 ва Нақшаи стратегии таҷдиди муассисаҳои тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2011-2020 дар назар аст, ки барномаҳои амудии марказҳои махсусгардонидашуда (аз ҷумла, ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона, эмгузаронӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим, мубориза бар зидди бемории сил, солимии репродуктивӣ) дар шаҳру ноҳияҳо ба муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ҳамгироӣ гардида, марказҳои номбурда танҳо дар шаҳри Душанбе, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳои Хатлону Суғд, ҳамчун марказҳои шаҳрию вилоятӣ оид ба гузаронидани корҳои дастурию методӣ, мониторинг ва баҳодиҳии рафти амалисозии барномаҳои амудӣ фаъолият менамоянд.
§ 2. Самти афзалиятноки зинаи дуюми бистаринамоӣ
20. Дастрасии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолии шаҳру ноҳия, хусусан дар маҳалҳои дурдасти аҳолинишини вилоят бо назардошти истифодаи имконияту захираҳои тибби фосилавӣ, хизматрасонии сайёр, аз ҷумла маҷмӯъҳои нақлиёт, қатораҳо ва авиатсияи санитарӣ таъмин карда мешавад.
21. Барои дастрасӣ ва таъмини саривақтии ёрии таъҷилии тиббӣ ба беморон ва осебдидагон шабакаи зерстансияҳои ёрии таъҷилии тиббӣ зиёд карда мешавад.
22. Бо дарназардошти дурнамои афзоиши шумораи аҳолии вилояти Хатлон татбиқи санадҳои дахлдори соҳавӣ вобаста ба таҷдиди муассисаҳо, ихтисори шумораи катҳо боздид гардида, нақшаҳои мукаммалсози муассисаҳои бистаринамоӣ таҳия карда мешаванд. Дар баробари ин, ҷараёни ҳамгироии муассисаҳои монопрофилӣ (соҳавӣ) идома дода мешавад. Ҷиҳати татбиқи усулҳои муосири ташхису табобат дар марказҳои шаҳру ноҳияҳо барқарорсозӣ/сохтмони зиёда аз 10 беморхона/шуъбаи замонавии бисёрсоҳавии дорои таҷҳизоти ҳозиразамони ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ бо теъдоди 200-300 кат бо ҷалби маблағҳои буҷетию саховатмандон, инчунин бо истифодаи механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ анҷом дода мешавад.
§ 3. Самти афзалиятноки зинаи сеюми хизматрасонӣ
23. Бо дарназардошти истифодаи самараноки инфрасохтори мавҷуда барои дастрасии бетаъхир ва таъмини хизматрасонии тиббии дорои усулҳои муосири ташхису табобат бояд имкониятҳои муассисаҳои тандурустии ҷумҳуриявӣ, хусусан муассисаи давлатии "Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии Данғара" ва муассисаи давлатии таълимии "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон" васеъ истифода бурда шаванд.
24. Алгоритмҳои хизматрасонии беморони аз шаҳру ноҳияҳои вилоят ба усулҳои муосири ташхису табобат ниёздошта боздид гардида, бештар дар муассисаи давлатии "Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии Данғара" ва муассисаҳои махсусгардонидашуда ҷойгир карда шаванд. Дар ин замина хизматрасонӣ тавассути ташкили "корвонҳои саломатӣ", муоина ва ташхис тавассути телетиб ва бригадаҳои ҷарроҳии сайёр вусъат дода мешавад.
25. Бо мақсади рушди тибби ба усулҳои илмии ташхису табобат асосёфта дар заминаи муассисаи давлатии таълимии "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон" сохтмони клиникаи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон шурӯъ мешавад.
§ 4. Самтҳои афзалиятноки амнияти санитарию эпидемиологӣ
26. Бо мақсади рушди иқтидор ва захираҳои кадрии соҳаи назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, пешгирӣ ва назорати бемориҳои сироятӣ, заҳролудшавӣ аз ғизо самтҳои афзалиятноки фаъолият дар панҷ соли оянда муайян гардида, чорабиниҳои зеринро дар бар мегиранд:
- таъминот бо мутахассисон, бахусус соҳавӣ (эпидемиологҳо, духтурони санитарӣ, вирусологҳо);
- таъмини марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ бо таҷҳизот ва техника;
- давра ба давра зиёд намудани маблағгузории соҳаи санитарию эпидемиологӣ;
- мукаммалнамоии савияи дониши роҳбарони муассисаҳои тандурустии вилоят оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва риояи ҳатмии реҷаи санитарию эпидемиологӣ тибқи қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ.
§ 5. Самтҳои афзалиятноки иттилоотонии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
27. Соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии вилоят имрӯз ниёз ба иттилооти саривақтӣ оид ба ташхису табобати беморон, таъмини хизматрасонии тиббии фосилавӣ, назорати диспансерии электронии беморони аз ҷиҳати иҷтимоӣ муҳим ва коркарди электронии тамоми маводи ба соҳаи тандурустию ҳифзи иҷтимоӣ мансубдоштаи шаҳрвандони алоҳидаро дошта, бояд дар доираи воридсозӣ ва рушди тандурустии рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда шавад.
28. Чорабиниҳои зарурӣ дар ин самт аз ҷониби Гурӯҳи кории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи фармоиши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 феврали соли 2020, №99 бо ҷалби ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Сифат Иннотех Инвест" тавассути истифодаи васеъ аз механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар доираи Тафоҳумнома (Меморандум) бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони вазорату идораҳои алоқаманд оғоз гардида, дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо кумаку дастгирии молиявию техникии шарикони рушд амалӣ карда шаванд.
29. Дар давоми солҳои 2021-2025 бояд тамоми муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ бо таҷҳизоти компютерӣ ва дастгоҳҳои нусхабардории техникӣ муҷаҳҳаз гардида, ба шабакаи интернетӣ пайваст карда мешавад.
§ 6. Самтҳои афзалиятноки системаи маблағгузорӣ
30. Системаи маблағгузории соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дорои чунин самтҳои афзалиятнок мебошад:
- бо дарназардошти талаботи барнома ҷудо намудани маблағҳо ҷиҳати рушди соҳа аз буҷети ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ барои ташхису табобати ҳар як бемор дар асоси принсипи маблағгузории сарикасӣ ва пардохт аз рӯи натиҷаи табобат;
- истифодаи шаклҳои нави идоракунию хоҷагидорӣ, хизматрасонии музднок, маблағгузории саховатмандон, сармоягузорони дохилию хориҷӣ;
- ба низом даровардани хизматрасонии тиббии беморон дар муассисаҳои тандурустӣ;
- дастгирии ҳамаҷонибаи сохторҳои хусусӣ ҳамчун манбаи иловагии маблағгузории рушди соҳа;
- такмил додан ва васеъ намудани амалигардонии Барномаи кафолатҳои давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои дигари вилоят.
5. САМАРАНОКИИ АМАЛИСОЗИИ БАРНОМА
31. Сифати хизматрасонии тиббию иҷтимоии аҳолии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон тавассути пурзӯр намудани иқтидори кадрӣ, ташаккул додани инфрасохтор, мукаммал кардани сохтори муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ бо такя ба рушди тибби оилавӣ ва тақвият бахшидани корҳои маърифатию ташвиқотӣ беҳтар карда мешавад.
6. МАБЛАҒГУЗОРИИ БАРНОМА
32. Маблағгузории Барномаи мазкур дар доираи маблағҳои ҳамасола аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ пешбинишуда ва манбаъҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ карда мешавад.
7. МЕХАНИЗМИ МОНИТОРИНГ ВА НАТИҶАҲОИ ПЕШБИНИШАВАНДА
33. Мониторинг дар асоси назорати мунтазами нишондиҳандаҳои интихобгардида, ки ба стандарту талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошанд ва ба иттилооти сифатноку боэътимод ва стандартонидашуда вобастагӣ доранд, анҷом дода мешавад.
34. Мониторинги амалисозии Барномаи мазкур ба зиммаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вогузор мегардад.
35. Амалисозии саривақтии чорабиниҳои дар Барномаи мазкур пешбинигардида барои расидан ба натиҷаҳои зерин имкон медиҳад:
- таҳкими системаи чораҳои давлатие, ки ба рушди кумаки тиббию санитарии камхарҷ мусоидат менамоянд;
- ворид намудани системаи фоиданоки тайёркунӣ ва такмили ихтисоси мутахассисон дар самти тибби оилавӣ, бо доштани малака ва дониш дар тахассусҳои алоқаманд ва лаёқати васеъ намудани ҳаҷм ва намуди хизматрасониҳои тиббидошта баҳри фаъолият дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии шакли нав;
- гузаронидани дигаргунсозии сохтори кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва пурзӯр намудани он бо роҳи рушди тибби оилавӣ;
- ҳамгироии барномаҳои амудӣ дар шаҳру ноҳияҳо бо муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ;
- таъмин намудани самти сарфакории захираҳои муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, истифодаи сарфакоронаи захираҳои кадрӣ ва молӣ;
- аз нав тақсим намудани кумаки тиббӣ аз статсионар ба кумаки амбулаторӣ, баланд намудани истифодаи кумаки камхарҷи статсионариро ивазкунанда ва бартараф намудани намудҳои бисёрхарҷи (статсионарӣ ва таъҷилӣ) кумаки тиббӣ;
- таъмини талаботи аҳолӣ бо кумаки тиббию санитарии дастрас ва бетаъхир ва баланд намудани самаранокӣ ва сифати он (ташхис, табобат ва чораҳои барқароркунанда) дар давраи то ва баъди госпиталӣ;
- таъсиси заминаи боэътимод ҷиҳати беҳтар намудани нишондиҳандаҳои вазъи солимии аҳолӣ, паст намудани бемориҳои корношоямии муваққатӣ, авлавияти баромадани кормандон аз маъюбӣ, муроҷиат ба стансияи ёрии таъҷилии тиббӣ ва кам намудани сатҳи бистарикунонӣ ва давомнокии марҳилаи он;
- баланд намудани сатҳи санитарию беҳдоштии аҳолӣ.
Замима