Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 31 декабри соли 2020, № 706
Барномаи ҷорӣ намудани низоми идоракунии дороиҳои роҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2024
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Барномаи ҷорӣ намудани низоми идоракунии дороиҳои роҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2024 (минбаъд - Барнома) бо мақсади ноил шудан ба ҳадафҳои пешбининамудаи Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва ҷорӣ намудани системаи зеҳнии идоракунии дороиҳои роҳ таҳия гардидааст.
2. Афзалиятҳои асосии ҷорӣ намудани низоми идоракунии дороиҳои роҳ ин мавҷудияти заминаи меъёрии ҳуқуқӣ барои таҳия ва ворид намудани технологияҳои муосири иттилоотию коммуникатсионӣ дар бахши роҳу нақлиёт, инчунин дар доираи ҳамкории самаранок бо шарикони рушд иҷро намудани қисматҳои ҷудогонаи он мебошад.
3. Барнома дар чаҳорчӯбаи Созишномаи грантии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёгии Рушд оид ба сохтмони роҳи автомобилгарди Нуробод - Обигарм (долонҳои 2, 3 ва 5 Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ), ки дар он қабули нақшаи чорабиниҳо барои ворид намудани низоми идоракунии дороиҳои роҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, таҳия гардидааст.
4. Дар назар дошта мешавад, ки иҷрои чорабиниҳои Барнома дар доираи лоиҳаҳои кумаки техникӣ ва молиявии берунаи амалкунанда оид ба ворид намудани низоми идоракунии дороиҳои роҳ таъмин карда мешавад.
2. АРЗЁБИИ ҲОЛАТИ КУНУНӢ ВА АСОСНОКУНИИ БАРНОМА
5. Роҳҳои автомобилгард яке аз соҳаҳои муҳимтарин ва стратегии кишвар ба ҳисоб рафта, дар қонеъ гардонидани талаботи иқтисодиёти ҷумҳурӣ ба интиқоли бору мусофирон нақши асосӣ дорад.
6. Дар ҷумҳурӣ зиёда аз 26645 километр роҳҳои автомобилгард мавҷуд аст, ки 14339 километри он бо 2232 пул ва 17969 новадон дар тавозуни муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди сохтори Вазорати нақлиёт қарор дошта, 12306 километр ҳамчун роҳҳои байнихоҷагӣ ва соҳавӣ мутааллиқи идораю ташкилотҳои дигар мебошанд.
7. Дар даврони соҳибистиқлолӣ ҳолати роҳҳои автомобилгарди ҷумҳурӣ ба куллӣ тағйир ёфта, Тоҷикистон бо амалӣ намудани яке аз ҳадафҳои стратегии рушд, яъне раҳоӣ ёфтан аз бунбасти коммуникатсионӣ комёб гардид. Дар ин давра зиёда аз 2768 километр роҳ, 5 нақб ва 403 пул бо истифодаи технологияи замонавӣ ва мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ сохта ва таҷдид карда шуданд. Ҳамзамон баҳри таҳкимбахшии иқтидори техникии муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард бо ҷалби сармоягузории дохилӣ ва хориҷӣ зиёда аз 600 техникаю таҷҳизоти пуриқтидори замонавӣ ворид гардидаанд ва ҳоло дар тавозуни муассисаҳоии давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард, дар маҷмӯъ 1619 адад техника, таҷҳизоти нигоҳдории роҳҳо ва нақлиёти автомобилӣ мавҷуд аст. Арзиши умумии дороиҳои роҳ ба 2566,0 миллион сомонӣ баробар мебошад, ки он 7,9 маротиба нисбат ба соли 2012 (325,8 миллион сомонӣ) зиёд мебошад.
8. Назорат ва хизматрасонии ҳамаи иншоот ва таҷҳизоти болозикр танҳо тариқи равандҳои автоматикунонидашуда самарабахш мебошанд. Иқтидори истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди босуръати соҳаҳои гуногун, аз ҷумла низоми идоракунии дороиҳои роҳ дар як қатор давлатҳо ба таври васеъ истифода шуда истодаанд ва натиҷаҳои самарабахш доранд.
9. Баҳри автоматикунонии равандҳои идоракунии дороиҳои роҳ бо дастгирии шарикони рушд солҳои охир як қатор чорабиниҳо, аз қабили пешниҳоди миқдори муайяни таҷҳизоти иттилоотию коммуникатсионии муосир ва рушди махзанҳои иттилоот гузаронида шудаанд.
10. Бо дастгирии Бонки Умумиҷаҳонӣ барномаи махзани маълумот дар соҳаи роҳ таҳия ва санҷиш карда шуд. Вале ин махзани маълумот дорои амалиётҳои хеле маҳдуд буда, такмили минбаъдаро барои мувофиқат кардан ба низоми идоракунии дороиҳои роҳ талаб мекунад. Ин талабот беҳтар намудани махзани маълумотро барои коркарди маълумоти пурра оид ба тамоми иншооти роҳ, аз ҷумла сатҳи роҳ, пул ва новадон, нақб ва иншооти зиддитармавӣ, ки бо истифода аз воситаҳои нақлиёт ва таҷҳизоти замонавӣ барои таҳқиқоти роҳ ҷамъоварӣ карда мешавад, талаб менамояд.
11. Инчунин бо дастгирии Бонки Умумиҷаҳонӣ таҷҳизоти ченкунии шиддатнокии ҳаракат дар ҷараёни васлу истифодабарӣ қарор дорад, ки истифодаи он ҳатмӣ буда ва он дорои низоми идоракунии дороиҳои роҳ, аз ҷумла барои банақшагирӣ ва маблағгузории дороиҳо мавқеи муайян дорад.
12. Аз ҷониби Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Ҳукумати Япония дар доираи лоиҳаи "Рушди иқтидор барои пешгирӣ намудани офатҳои табиӣ дар роҳҳои автомобилгард" барномаи пилотии бақайдгирии офатҳои табиӣ дар роҳҳои автомобилгард барои як қатор офатҳои табиӣ ба роҳ монда шудааст, ки он низ қисми ҷудонопазири низоми идоракунии дороиҳои роҳ буда, мутобиқкунии минбаъда ва ҷорӣ намудан дар ҳамаи минтақаҳо ва барои ҳамагуна навъи офатҳои табииро тақозо мекунад.
13. Айни замон ҷамъоварии маълумот дар соҳаи роҳ аз ҷониби муассисаҳои давлатӣ оид ба нигоҳдории роҳҳо дар асоси арзёбии визуалӣ гузаронида мешавад, ки чунин раванди иҷрои корҳо маҳдудияту камбудиҳои зиёд дорад. Муассисаҳо маълумотро оид ба ҳолати роҳҳо тибқи арзёбиҳои солона тавассути ҳисоби тахминии шумораи нақлиёт ва ҳисоби ноҳамвории роҳҳо, бо истифодаи шумораи маҳдуди воситаҳои ченаккунӣ мегузаронанд. Маълумот ба қитъаи мушаххаси роҳ мутааллиқ набуда, бо дар назар доштани қобилияти шахсии корманди масъул баҳогузорӣ карда шуда, дар марҳилаҳои минбаъда тафтишу тасдиқи маълумот мушкил мебошад. Ба ғайр аз ин, маълумоти ҷамъшуда бо махзани маълумот алоқаманд набуда, ба таври мунтазам нигоҳ дошта намешавад.
14. Бо мақсади амиқтар ва зудтар ҷамъоварӣ намудани маълумот таҷҳизоти таҳқиқоти роҳ харидорӣ карда мешавад. Таҷҳизоти таҳқиқоти роҳ барои ҷамъоварии маълумот дар бораи шабакаи роҳҳои байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, ки таҳти назорати Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, истифода хоҳад шуд. Тамоми таҷҳизоту техникаи дар доираи Барнома харидшаванда ба меъёру стандартҳои талаботи бехатарии экологӣ ва техникӣ, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шудааст, ҷавобгӯ хоҳад шуд.
15. Модули таҳлил ва банақшагирии маълумот бо дастгирии Бонки Умумиҷаҳонӣ ҳамчун як қисми махзани маълумот таҳия карда шудааст. Он бо истифодаи як қатор алгоритмҳои махсус барои Тоҷикистон тарҳрезишуда барои муайян намудани ҳолати роҳҳо, эҳтиёҷоти нигоҳдорӣ ва барқарорсозӣ таҳия гардидааст. Алгоритм барномарезӣ гардид, вале аз сабаби набудани маълумот дар бораи ҳолати роҳҳо то ҳол истифода нагардидааст. Озмоиш нишон дод, ки алгоритми мавҷуда на ҳамаи дороиҳои роҳро (аз ҷумла нақб, пулҳо, иншоотҳои зиддитармавӣ, новадон ва ғайра) инъикос карда метавонад ва алгоритм ба такмилдиҳии назаррас ниёз дорад.
16. Татбиқи низоми идоракунии дороиҳои роҳ ба баланд бардоштани сатҳи устувории маблағгузории нигоҳдории роҳҳо мусоидат менамояд, ки ин ба муътадил намудани ҳолати шабакаи роҳҳо ва ҳатто хеле беҳтар намудани он имконият фароҳам меорад. Низоми идоракунии дороиҳои роҳ пешгӯии ҳолати ояндаи шабакаи роҳҳоро таъмин намуда, ба беҳтар намудани корҳои нигоҳдорӣ мусоидат мекунад ва имкон медиҳад, то ин ки сатҳи маблағгузории лозима барои дар ҳолати хуб нигоҳ доштани тамоми шабакаҳои роҳи автомобилгардии байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ муайян карда шавад.
3. АФЗАЛИЯТҲОИ БАРНОМА
17. Афзалиятҳои асосии Барнома:
- баланд бардоштани сифат ва самаранокии соҳаи роҳу нақлиёт дар асоси ташкил ва рушди низомҳои иттилоотӣ;
- ҷамъоварӣ, коркард ва таҳлили маълумоти дақиқ дар бораи тамоми намуди дороиҳои роҳ бо истифода аз технологияҳои муосир;
- таъсиси механизми самараноки ташаккули буҷет барои корҳои нигаҳдории роҳу иншоотҳо;
- ҷамъоварии маълумоти дақиқ дар бораи шабакаи роҳҳо, аз ҷумла аз ҳисоби хариди таҷҳизот барои таҳқиқоти муфассали сатҳи роҳҳо;
- таҳияи махзани маълумот оид ба роҳҳои автомобилгард барои коркард, нигаҳдорӣ ва идоракунии маълумоти ҷамъоваришуда;
- таҳияи низомҳои таҳлили маълумот ва банақшагирӣ барои омода намудани барномаҳои сесола ва нақшаҳои кории солона барои нигоҳдории роҳ;
- муайян намудани сатҳи мувофиқи маблағгузории нигоҳдории роҳҳои автомобилгард барои таъмин намудани маблағгузории кору амалиётҳои банақшагирифташуда;
- гузаронидани таҳлил, арзёбӣ ва таҳқиқот бо мақсади муайян намудани манбаъҳои иловагӣ барои таъмини корҳои нигоҳдории роҳҳои автомобилгард дар солҳои оянда;
- гузаронидани омӯзишҳои назариявӣ ва амалӣ бо кормандони дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои Вазорати нақлиёт ва дигар вазорату идораҳои дахлдор;
- назорати кори техника ва таҷҳизоти роҳдорӣ бо истифода аз технологияҳои муосир;
- таҳияи низоми амнияти иттилоот, ки истифодаи қонунӣ ва бехатарии технологияҳои иттилоотию коммуникатсиониро таъмин менамояд.
18. Барои ноил гардидан ба мақсадҳои Барнома таъмини амалисозии як қатор вазифаҳо, ки самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб мераванд, зарур аст:
- таъсиси гурӯҳи мақсаднок оид ба таъмини амалисозии Барномаи мазкур ва нақшаи чорабиниҳо;
- таъсиси воҳиди алоҳидаи доимоамалкунанда дар сохтор ё назди Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини кори устувори низоми идоракунии дороиҳои роҳ дар дурнамои дарозмуддат, ки дар доираи Созишномаи грантии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёгии Рушд оид ба сохтмони роҳи автомобилгарди Нуробод - Обигарм (долонҳои 2, 3 ва 5 Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ) пешбинӣ шудааст;
- таъмини мониторинг, таҳлил, арзёбии раванди амалисозии Барнома;
- насби таъминоти барномавии иҷозатномадори муосир;
- таъмин ва истифода бурдани таҷҳизоти электронӣ барои ҷамъоварӣ ва коркарди маълумот дар соҳаи ҳаракат дар роҳ ва нақлиёт;
- муайян намудани эҳтиёҷот ба муҷаҳазгардонии техникӣ барои мутобиқат ба талаботи техникии муосир;
- таҳкими ҳуҷраи махсусгардонидашудаи серверӣ ё ҷойгир намудани манбаъҳои иттилоот дар заминаи марказҳои мавҷудаи коркарди иттилоот.
19. Таъмин намудани ҳифзи низоми иттилоотӣ аз дахолати тасодуфӣ ё барқасдона, аз ҷумла:
- таҳия ва ҷорӣ намудани расмиёти пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои садама дар низомҳои иттилоотӣ ва нақшаи барқарорсозии низоми иттилоотӣ баъд аз садама дар соҳаи роҳу нақлиёт;
- таҳияи нақшаҳои самараноки нусхабардории эҳтиётии махзани маълумот.
4. МАРҲИЛАҲОИ АСОСИИ АМАЛИСОЗИИ БАРНОМА
20. Таҳия ва такмили махзани маълумот дар соҳаи роҳ тибқи Барнома аз ҷониби гурӯҳи мақсадноки Вазорати нақлиёт, ки дар оянда ҳамчун воҳиди алоҳидаи сохторӣ барои ҷорӣ намудани низоми идоракунии дороиҳои роҳ бо дастгирии машваратчиёни байналмилалию маҳаллӣ бо ҷалби ширкати маҳаллӣ, ки дастгирии хизматии махзани маълумотро дар солҳои наздик таъмин мекунад, амалӣ карда мешавад.
21. Дар марҳилаи таҳия, ҷорикунӣ ва такмили низоми идоракунии дороиҳои роҳ ҳамоҳангсозӣ ва ҳамгирогардонии барномаҳои Бонки Умумиҷаҳонӣ оид ба насб ва истифодабарии ченкунии шиддатнокии ҳаракат дар роҳҳои автомобилгард, Агентии ҳамкории байналмилалии Япония оид ба баҳисобгирии ҳолатҳои фавқулода ва оқибати онҳо дар роҳҳои автомобилгард, инчунин дигар чорабиниҳо ва лоиҳаҳои бо шарикони рушд дар ин самт амалишаванда анҷом дода мешавад.
22. Бо истифодаи маълумоти роҳ, ки дар соли 2021 ва дар солҳои минбаъда ҷамъоварӣ хоҳад шуд, алгоритмҳои мавҷудаи банақшагирӣ озмуда ва арзёбӣ карда мешаванд. Вобаста ба натиҷаҳои арзёбӣ ва эҳтиёҷот алгоритми мутобиқ ба ҳадафҳои Барнома таҳия, барномарезӣ, санҷиш ва мавриди амал қарор дода мешавад ва ё гузариш ба таъминоти барномавии дигар барои идоракунии ҳолати роҳ қарор қабул карда мешавад.
23. Дар солҳои 2022 ва 2023 воҳиди идоракунии низоми идоракунии дороиҳои роҳ ва машваратчӣ усули интихобшудаи таҳлили маълумот ва банақшагириро барои таҳияи барномаҳои сесола ва нақшаҳои солонаи корӣ истифода мебаранд. Машваратчӣ барои кормандони низоми идоракунии дороиҳои роҳ ва шуъбаю ташкилотҳои дахлдори Вазорати нақлиёт оид ба истифодаи усулҳои банақшагирӣ дар ҷои корӣ дарсҳои назариявӣ ва амалӣ мегузаронад. Барномаҳои ниҳоии корӣ дар ҳамкории наздик бо шуъбаҳои дахлдори Вазорати нақлиёт баррасӣ ва ҷамъбаст карда мешаванд.
24. Таҳияи низоми идоракунии дороиҳои роҳ барои арзёбии беҳтари эҳтиёҷот ба нигоҳдорӣ ва барқарорсозии роҳҳо ба роҳҳои афзалиятнок, ки ба истифодабарандагони роҳ фоидаи бисёртар меоранд, равона кардани маблағҳои мавҷуда имконият фароҳам меорад.
25. Барнома дар солҳои 2021-2023 аз ҷониби машваратчии байналмилалӣ дар ҳамкорӣ бо Вазорати нақлиёт ва Вазорати молия гузаронидани таҳлили сатҳи кунунии маблағгузории соҳаи нигоҳдории роҳҳоро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади муайян намудани шарту усулҳои барои Тоҷикистон мувофиқ ва бо истифода аз имкониятҳои низоми идоракунии дороиҳои роҳ муайян ва пешниҳод кардани чораҳои зарурӣ барои таъсис додани фонди нигоҳдории роҳҳо ва сарчашмаҳои маблағгузории он пешбинӣ менамояд.
26. Таъсис додани фонди нигоҳдории роҳҳо низ дар доираи Созишномаи грантии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёгии Рушд оид ба сохтмони роҳи автомобилгарди Нуробод - Обигарм (долонҳои 2, 3 ва 5 Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ) дар соли 2024 пешбинӣ шудааст.
27. Барнома инчунин гузаронидани чорабиниҳоро ҷиҳати муайян сохтани қитъаҳои роҳҳое, ки метавонанд ба системаи толлингӣ гузаронида шаванд, пешбинӣ менамояд. Интизор меравад, ки машваратчии байналмилалӣ дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо истифода аз имкониятҳои низоми идоракунии дороиҳои роҳ таҳлил, таҳқиқот ва арзёбӣ гузаронида, таклифҳоро барои баррасӣ ва муҳокима пешниҳод намояд.
28. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтори афзалиятноки маблағгузории нигоҳдории роҳҳоро вобаста аз имкониятҳои иқтисодии кишвар муайян менамояд.
5. САРЧАШМАҲОИ МАБЛАҒГУЗОРИИ БАРНОМАИ МАЗКУР
29. Хароҷоти зарурӣ барои нигоҳдории роҳҳо пас аз амалигардонии Барнома аз ҳисоби манбаъҳои мавҷуда маблағгузорӣ карда хоҳад шуд, ки дар дурнамои дарозмуҳлат ба ислоҳоти маблағгузории нигоҳдории роҳҳо мусоидат менамояд.
30. Ба арзиши амалисозии нақшаи чорабиниҳои пешкашгардида оид ба ҷорӣ намудани низоми идоракунии дороиҳои роҳ ҷузъҳои зерин дохил мешаванд:
- хароҷот барои ҷалби машваратчиён (аз ҷумла мутахассисони байналмилалӣ ва маҳаллӣ);
- арзиши хариди таҷҳизот ва таъминоти барномавӣ;
- хароҷоти минбаъдаи истифодабарии низоми идоракунии дороиҳои роҳ, вақте ки Вазорати нақлиёт барои кори низом комилан ваколатдор мешавад.
31. Маблағгузории амалисозии аксарияти чорабиниҳои Барнома аз ҳисоби лоиҳаҳои кумаки техникӣ ва сармоягузории шарикони рушд, бо дарназардошти саҳми буҷети давлатӣ мутобиқи созишномаҳо амалӣ карда мешавад.
6. НАТИҶАҲОИ ПЕШБИНИГАРДИДАИ АМАЛИСОЗИИ БАРНОМА
32. Амалӣ намудани Барнома фаъолияти давлатро дар самти беҳтар намудани нигоҳдории роҳҳои автомобилгард куллан тағйир дода, ба ҳадафҳои муайяннамудаи ҳуҷҷатҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқат менамояд.
33. Дар назар аст, ки дар натиҷаи иҷрои нақшаи чорабиниҳои Барномаи мазкур баланд бардоштани самаранокӣ дар самтҳои зерин таъмин хоҳад шуд:
- самаранокии низоми идоракунии дороиҳои роҳ;
- зиёд намудани муҳлати истифодабарии дороиҳои роҳ ва таъсис додани низоми самараноки идоракунии дороиҳои роҳ ;
- истифодаи мақсадноки маблағгузории давлатӣ;
- рушди иқтидори иттилоотию коммуникатсионии мақомоти давлатӣ барои хизматрасонии минбаъдаи электронӣ ба аҳолӣ ва ташкилотҳои давлатию ғайридавлатӣ ва дар ин замина ташкил намудани ҷузъҳои иқтисодиёти рақамӣ ва ҳукумати электронӣ.
Замима