Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 31 декабри соли 2020, №702
Барномаи тайёр намудани кадрҳои тиббӣ барои давраи то соли 2030
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Барномаи тайёр намудани кадрҳои тиббӣ барои давраи то соли 2030 (минбаъд-Барнома) бо мақсади беҳтар намудани таъминотнокии ташкилотҳо ва муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, муассисаҳои таълимию илмии тиббӣ бо мутахассисони баландихтисоси тиббӣ тибқи талаботи бозори меҳнат, барои беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои тиббӣ таҳия гардида, барои амалӣ кардани яке аз самтҳои афзалиятноки Консепсияи ислоҳоти соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2002, №94) мусоидат менамояд.
2. Бо дарназардошти вазъияти махсуси норасоии кадрҳои тиббӣ дар минтақаҳои алоҳидаи кишвар, ҳамзамон мавҷудияти вобастагии сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ аз сифати тайёр кардани онҳо, гузаронидани ислоҳот бо мақсади ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани хизматрасониҳои тиббӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи солимии аҳолӣ, тайёр кардани кадрҳои тиббӣ самти афзалиятноки соҳаи тандурустӣ ба ҳисоб рафта, ҳалли ин масъала таваҷҷуҳи махсусро талаб менамояд.
3. Таҳлил нишон медиҳад, ки дар он минтақаҳое, ки сатҳи таъмини аҳолӣ бо табибон паст мебошад, шумораи довталабони дохилшуда ва донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии тиббӣ кам ва баръакс дар шаҳру ноҳияҳое, ки сатҳи таъминоташон бо табибон нисбатан баланд аст, шумораи довталабони дохилшуда ва донишҷӯён зиёд аст. Чунин ҳолат дар оянда низ ҷиҳати аз байн бурдани номутаносибии ҷуғрофии таъмини аҳолӣ бо табибон монеа эҷод мекунад, ки он андешидани чораҳои заруриро талаб менамояд.
4. Теъдоди ҳарсолаи кадрҳои тиббии тайёркардашуда бо дар назар доштани ислоҳоти соҳаи тандурустӣ ва афзоиши аҳолӣ, эҳтиёҷоти кишварро таъмин карда наметавонад ва зиёд намудани нақшаи солонаи қабулро дар муассисаҳои таълимии тиббӣ тақозо менамояд. Омили дигаре, ки мустақиман ба сифати тайёр намудани кадрҳо таъсир мерасонад, ин вазъи муассисаҳои таълимӣ, мавҷудияти заминаи моддию техникӣ ва маводи таълимӣ, инчунин шумораи омӯзгорони дорои дараҷаю унвони илмӣ ва сатҳу сифати касбии онҳо мебошад.
5. Инчунин, тайёр кардани мутахассисони касбии кори иҷтимоӣ бо мақсади таъмини минбаъдаи рушди кори иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасонии иҷтимоӣ, ки ба истифодабарандагон пешниҳод мешаванд ва мутобиқ намудани онҳо ба стандартҳои ҷаҳонӣ мувофиқи мақсад мебошад.
6. Айни ҳол, масъалаҳои рушди заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимию илмӣ, иқтидори кадрии онҳо, беҳтар кардани сифати тайёр намудан ва бозомӯзии кадрҳои тиббӣ ва баланд бардоштани сатҳи касбии кормандони педагогӣ ниҳоят мубрам ба шумор мераванд.
7. Бо мақсади беҳтар намудани таъмини муассисаҳои соҳаи тандурустии кишвар бо мутахассисони тиббӣ, пурқувват гардонидани заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ ва илмии тиббӣ як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия ва қабул карда шудаанд, ки дар кори ба низом даровардани қабули шаҳрвандони ҷумҳурӣ барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти касбии олии дохилӣ ва хориҷи кишвар аз рӯи талаботи иқтисодиёти миллӣ ба кадрҳо бешубҳа саҳми назаррас доранд.
2. ТАҲЛИЛИ ВАЗЪ
8. Айни ҳол, дар сохтори соҳаи тандурустӣ шумораи умумии табибон 19080 нафар ва кормандони миёнаи тиббӣ 53982 нафарро ташкил медиҳад. Таъминот бо табибон ба 10000 аҳолӣ дар ҷумҳурӣ 20,9 нафар ва бо кормандони миёнаи тиббӣ 59,1 нафарро ташкил медиҳад. Таҳлили болозикр аз кам будани теъдоди табибон ва кормандони миёнаи тиббӣ нисбат ба ҷумҳуриҳои ҳамсоя, аз ҷумла ӯзбекистон (мутаносибан 26,2 ва 106,3), Қирғизистон (мутаносибан 21,9 ва 37,0) ва Қазоқистон (мутаносибан 42,2 ва 96,7) шаҳодат медиҳад.
9. Дар 25 беморхонаҳои минтақавӣ ва 121 марказҳои саломатии деҳоти ҷумҳурӣ аз ҳад зиёд нарасидани табибон мушоҳида мешавад. Дар деҳот ва ноҳияҳои дурдасти ҷумҳурӣ мутахассисони соҳаи наркологӣ, рӯҳӣ, сил, техникаи тиббӣ, эндокринолог, табибони оилавӣ, рентгенолог ва патологоанатомон намерасанд. То 1 январи соли 2020 тибқи ҷадвали воҳидҳои корӣ дар ҷумҳурӣ 4265 воҳиди кории табибон ва 2358 воҳиди кории кормандони миёнаи тиббӣ холӣ мебошанд.
10. Талабот ба кадрҳои тиббӣ тибқи меъёрҳои амалкунанда барои давраи то соли 2030, ки дар ҷадвали 1 оварда шуда, бо дарназардошти афзоиши табиии аҳолӣ ва ҷудо намудани воҳидҳои кории иловагӣ метавонад тағйир ёбад. Маълумоти пешниҳодгардида ҳамчунин маълумот оид ба эҳтиёҷоти шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриро ба табибон ва кормандони миёнаи тиббӣ бо дар назар доштани воҳидҳои кории холӣ дар бар мегирад.
11. Нишондиҳандаҳои таъминот бо табибон ва кормандони миёнаи тиббӣ ба 10000 аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ гуногун ва хеле фарқкунанда буда, мувофиқан аз 6,5 нафар то 83,3 нафар ва аз 23,5 нафар то 99,5 нафарро ташкил медиҳад. Таъминот бо табибон ба 10000 аҳолӣ аз ҳама зиёд дар шаҳри Душанбе 83,3 нафар ва дар вилояти Суғд 19,3 нафар, аз ҳама кам дар вилояти Хатлон 11,6 нафар ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 12,3 нафар мебошад. Ин нишондиҳанда вобаста ба кормандони миёнаи тиббӣ низ нобаробарии ҷуғрофиро нишон медиҳад. Таъминотнокӣ бо кормандони миёнаи тиббӣ ба 10000 аҳолӣ аз ҳама зиёд дар шаҳри Душанбе 99,5 нафар ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 88,2 нафар ва аз ҳама кам дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 38,7 нафар ва вилояти Хатлон 54,8 нафар мебошад. Дараҷанокии табибон дар ҷумҳурӣ 58,4 фоизро ташкил медиҳад. Дараҷанокии касбӣ дар вилояти Хатлон (65,1%) ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (64,8%) нисбат ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (58,4%), шаҳри Душанбе (58,4%) ва вилояти Суғд (58,4%) мебошад. Дараҷанокии кормандони миёнаи тиббӣ дар ҷумҳурӣ 45,0 фоизро ташкил медиҳад. Дараҷанокии баландтарини касбӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (67,9%) ва аз ҳама камтар дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (34,7%) мушоҳида мешавад.
12. Ҳамин тавр, дар низоми банақшагирӣ ва омода кардани кадрҳо мушкилоти нобаробарии ҷуғрофӣ аз рӯи ихтисос ва шуғл, инчунин нобаробарии ташкилӣ (дар доираи як шаҳр ё як ноҳия теъдоди зиёди кормандони тиббӣ ва норасоии онҳо дар муассисаҳои шаҳру ноҳияҳои дигар) ба мушоҳида мерасад.
13. Мутахассисони дорои таҳсилоти олии тиббӣ ва фарматсевтӣ дар ҷумҳурӣ дар муассисаҳои давлатии таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаҳои он, факултетҳои тиббию фарматсевтии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва мутахассисони дорои таҳсилоти миёнаи касбии тиббӣ ва фарматсевтӣ бошанд, дар 25 коллеҷҳои тиббии ҷумҳурӣ (15 давлатӣ ва 10 ғайридавлатӣ) тайёр карда мешаванд.
14. Теъдоди донишҷӯён дар муассисаҳои давлатии таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино 10509, Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон 1467 ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 2649 нафарро ташкил медиҳад. Дар коллеҷҳои тиббии ҷумҳурӣ 49160 донишҷӯ, аз ҷумла дар коллеҷҳои давлатӣ 34530, аз ин шумора дар гурӯҳҳои мақсадноки коллеҷҳои тиббӣ 1797 ва коллеҷҳои ғайридавлатӣ 14630 нафар таҳсил менамояд. Дар соли таҳсили 20192020 шумораи хатмкардагони муассисаҳои давлатии таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино 1500 нафар, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 668 нафар ва коллеҷҳои тиббии ҷумҳурӣ 11056 нафар, аз ҷумла коллеҷҳои давлатӣ 9346, коллеҷҳои ғайридавлатӣ 1710 ва дар гурӯҳҳои мақсаднок 1183 нафарро ташкил медиҳад.
15. Бозомӯзӣ, ихтисосгирии аввалия ва такмили ихтисоси кормандони тиббӣ дар муассисаҳои давлатии таълимии Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаҳои он, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, муассисаҳои давлатии "Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ", "Маркази ҷумҳуриявии илмии хун", "Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии кори ҳамширагӣ", "Пажӯҳишгоҳи тиббии профилактикии Тоҷикистон", "Пажӯҳишгоҳи экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон", "Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон", "Маркази шаҳрии ёрии таъҷилии тиббӣ"-и шаҳри Душанбе, Маҷмааи тандурустии Истиқлол, "Маҷмааи таълимию таҷрибавии кори иҷтимоӣ ва инноватсияҳо", Корхонаҳои воҳиди давлатии "Маркази миллии ташхису табобат ва таълимӣ", "Маркази ҷумҳуриявии тибби халқӣ", Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ гузаронида мешаванд. Ҳамагӣ дар соли 2019 9811 мутахассиси соҳа курсҳои бозомӯзӣ, ихтисосгирии аввалия ва давраҳои такмили ихтисосро гузаштаанд, ки дар муқоиса ба соли 2009 5,3 маротиба зиёд мебошад.
16. Тайёр намудани кадрҳои илмии соҳаи тандурустӣ дар 17 муассисаи илмию таълимӣ ба роҳ монда шудааст. Айни ҳол 170 доктори илми тиб, 721 номзади илми тиб, 8 аъзои вобаста ва 5 аъзои пайвастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолият доранд. Дар аспирантура аз рӯи ихтисосҳои гуногун 171 мутахассис ва докторантура 57 мутахассис таҳсил мекунанд. Докторантони PhD 39 нафар мебошанд. Имрӯз дар ҷумҳурӣ тайёр кардани докторони илми тиб аз рӯи ихтисосҳои ҷарроҳ, ҷарроҳии кӯдакона, бемориҳои сироятӣ, дарунӣ ва кӯдакона, гастроэнтерология, стоматология, анестезиологияреаниматология, саратоншиносӣ, гигиена, тандурустии ҷамъиятӣ ва эпидемиология, инчунин докторони PhD аз рӯи ихтисос (тибқи низомномаи Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва номзадҳои илми тиб аз рӯи ихтисосҳои пӯст ва узвҳои таносул, эндокринология, бемориҳои асаб, сироятӣ, дарунӣ, кӯдакона, саратоншиносӣ, ҷарроҳии кӯдакона, анестезиологияреаниматология, стоматология, эпидемиология, гигиена, тандурустии ҷамъиятӣ, физиология, анатомияи одам, фармакология, фармакологияи клиникӣ ва технологияи саноати доруворӣ ба роҳ монда шудааст. Норасоии кадрҳои дорои дараҷа ва унвони илмӣ аз рӯи ихтисосҳои генетикаи тиббӣ, сил, дил, бемориҳои рӯҳӣ, геронтология ва гериатрия, анатомия ва физиологияи паталогӣ, андрология, осебшиносӣ, наркология, нефрология, офталмология, трансплантология ва узвҳои сунъӣ, ҷарроҳии дилу рагҳо, ташхиси озмоиши клиникӣ, заҳршиносӣ, пулманология, патоморфология, комбустиология, тибби судӣ, вирусология ва иммунология ба назар мерасад.
3. МАҚСАД, САМТ ВА ВАЗИФАҲОИ БАРНОМА
17. Мақсадҳои асосии Барнома:
- беҳтар намудани вазъи таъмини муассисаҳои соҳаи тандурустӣ бо табибон ва кормандони миёнаи тиббӣ ва бартараф намудани норасоии ҷуғрофии мутахассисони тиббӣ;
- ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани раванди сифати тарбияи кадрҳои тиббӣ;
- банақшагирии омодасозӣ ва идоракунии захираҳои кадрӣ;
- додани имтиёз ба довталабони шаҳру ноҳияҳои бо мутахассисони тиббӣ камтаъмин ҳангоми супоридани имтиҳонҳои дохилшавӣ;
- зиёд намудани теъдоди шахсони дорои дараҷаи илмӣ дар муассисаҳои таълимию илмии соҳаи тандурустӣ ва ба роҳ мондани тарбияи кадрҳои тиббӣ аз рӯи ихтисосҳое, ки дар муассисаҳои таълимию илмии ватанӣ омода карда намешаванд;
- беҳтар намудани заминаи моддию техникӣ ва иқтидори кадрии муассисаҳои таълимию илмии соҳаи тандурустии кишвар;
- ба эҳтиёҷоти кадрии соҳаи тандурустӣ мутобиқ гардонидани воҳидҳои корӣ дар муассисаҳои тиббии мамлакат;
- такмили низоми таҳсилоти баъдидипломии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар муассисаҳои таълимию илмӣ бо назардошти сатҳи беморшавӣ ва самтҳои афзалиятноки соҳа;
- ба роҳ мондани сиёсати кадрӣ бо роҳи ҷорӣ намудани низоми муттасили касбӣ;
- ҳавасмандгардонии молиявию касбӣ, беҳтар кардани шароити меҳнат ва тақвияти дастгирии манфиатҳои мутахассисон баҳри ба кор ҷалб кардан ва нигоҳ доштани кадрҳои тиббӣ;
- ноил гардидани таносуби дахлдори теъдоди табибон ва кормандони миёнаи тиббӣ;
- такмили стандарҳои давлатии таҳсилоти тиббӣ ва фарматсевтӣ, барномаҳои таълимии нав мутобиқи талаботи Федератсияи умумиҷаҳонии таҳсилоти тиббӣ;
- баланд бардоштани рақобатпазирии хатмкунандагони муассисаҳои таълимии тиббӣ дар бозори меҳнати ҷаҳонӣ;
- омодасозии кадрҳо аз рӯи ихтисосҳои нави соҳаи тандурустӣ, таҳияи барномаҳои таълимии нав барои чунин ихтисосҳо;
- рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи таҳсилоти тиббӣ, мубодилаи омӯзгорон ва донишҷӯён, эътирофи дипломҳо.
18. Амалисозии Барнома самтҳои зеринро дар бар мегирад:
- ҳавасмандгардонии мутахассисони тиббӣ баҳри беҳтар намудани иқтидори кадрии муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, махсусан дар шаҳру ноҳияҳои бо кадрҳои тиббӣ камтаъмин;
- омодасозии ҳарсолаи мутахассисони баландихтисос ва кадрҳои илмии тиббӣ тибқи эҳтиёҷот дар муассисаҳои таълимию илмии дохил ва хориҷи кишвар;
- зиёд намудани нақшаи қабули довталабон ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии тиббии ҷумҳурӣ тибқи талаботи ҷомеа ва бо дар назар доштани афзоиши табиии аҳолӣ;
- дар зинаҳои баъдидипломӣ (интернатура, ординатура (резидентура), магистратура) тибқи талабот тайёр намудани кадрҳои тиббӣ, махсусан аз рӯи ихтисосҳое, ки мутахассисон намерасанд;
- дар заминаи муассисаҳои таълимии тиббӣ таъсис додани кафедра ва ё курсҳо оид ба ихтисосҳои тиббие, ки айни замон тайёр намудани онҳо дар хориҷи кишвар амалӣ гардида истодааст;
- дар оянда ба роҳ мондани раванди омӯзиши кадрҳои тиббӣ аз рӯи ихтисосҳое, ки имконияти тайёр кардани онҳо алҳол дар ҷумҳурӣ мавҷуд нест;
- фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати мустаҳкам гардонидани заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимии тиббии ҷумҳурӣ барои зиёд намудани имкониятҳои қабул ва тайёр кардани кадрҳои тиббӣ;
- такмили муҳтавои таҳсилоти олии заминавии тиббӣ дар ҷумҳурӣ, ки омодасозии табибони бисёрсамтаро пешбинӣ менамояд;
- аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба таври ғайринавбатӣ ҷудо намудани қитъаҳои замин барои сохтмони манзил, ҳавасмандгардонии молиявию касбӣ, беҳтар гардонидани шароити меҳнат ва тақвияти дастгирии манфиатҳои мутахассисони ҷавони соҳаи тиббӣ, махсусан дар деҳот.
19. Вазифаҳои асосии Барнома аз инҳо иборат аст:
- ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи тандурустӣ ва маориф бо мақсади такмили низоми баъдидипломӣ ва беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои тиббӣ;
- таҳия ва амалисозии низоми банақшагирӣ ва тайёр кардани кадрҳои тиббии ба талабот ҷавобгӯ, ки барои коҳиши нобаробарии ҷуғрофӣ, нобаробарӣ аз рӯи ихтисосҳо ва шуғл имкон медиҳад;
- андешидани тадбирҳои мушаххас ҷиҳати такмили механизми тақсимоти хатмкунандагон ва ба ҷойи кор ҳозиршавии мутахассисони ҷавон;
- ҷалб намудани иттиҳодияҳои корфармоён барои ҳалли мушкилот дар тайёр кардани кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи имрӯза дар тамоми зинаҳои таҳсилот;
- таҳияи механизми ҳавасмандгардонии ба кор ҷалб намудани ҷавонон ба муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои бо мутахассисони тиббӣ камтаъмин;
- бо тартиби муқарраргардида тайёр кардани кадрҳои илмӣ дар хориҷи кишвар бо дар назар доштани ихтисосҳое, ки имконияти тайёр кардани онҳо дар дохили кишвар вуҷуд надорад;
- рушд ва такмили минбаъдаи низоми тайёр кардани кадрҳои тиббӣ дар кишварҳои хориҷӣ бо мақсади тарбияи онҳо дар заминаи муассисаҳои илмию таълимии кишвар;
- дар заминаи муассисаҳои таълимию илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳила ба марҳила ба омӯзонидани кадрҳои тиббӣ гузаштан аз рӯи ихтисосҳое, ки тайёр кардани онҳо айни ҳол аз сабаби набудани имконият дар хориҷи кишвар амалӣ карда мешавад;
- баланд бардоштани сатҳи касбии омӯзгорон ва роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии тиббию фарматсевтӣ бо роҳи такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии онҳо;
- таҳкими заминаи моддию техникӣ ва кадрию омӯзгории муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии тиббию фарматсевтӣ;
- фароҳам овардани шароити мусоид ва истифодаи самараноки имкониятҳои ҷавонони болаёқат дар рушди илми тиб ва соҳаи тандурустӣ.
4. АМАЛИСОЗИИ БАРНОМА
20. Амалисозии Барномаи мазкур андешидани маҷмӯи чорабиниҳои хусусияти ҳуқуқӣ, молиявӣ, идоракунӣ ва такмили низоми тарбияи мутахассисони тиббӣ ва фарматсевтиро тақозо менамояд.
21. Нақшаи амалисозии Барнома бо дарназардошти вазъ ва имконоти ҷумҳурӣ таҳия карда шудааст.
22. Амалӣ намудани Барнома ҷалби вазорату идораҳои дахлдор, муассисаҳои таълимию илмии кишвар, корхонаҳои давлатию ғайридавлатӣ ва иттиҳодияҳои корфармоёнро барои ҳалли масъалаҳои бо ҷойи кор таъмин кардани хатмкардагони муассисаҳои таълимии тиббӣ бо дарназардошти талаботи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ талаб менамояд.
23. Низоми мониторинг ва арзёбӣ қисми муҳими Барнома ба шумор рафта, бо нишондиҳандаҳои миқдорӣ ва сифатии зерин арзёбӣ карда мешавад:
- нишондиҳандаи таъминотнокии шаҳру ноҳияҳо, вилоятҳо ва ҷумҳурӣ бо табибон ва кормандони миёнаи тиббӣ нисбат ба 10000 аҳолӣ;
- беҳтар намудани дараҷанокии табибон ва кормандони миёнаи тиббӣ дар муассисаҳои соҳаи тандурустӣ;
- фоизи ба ҷои кор рафта расидани хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии тиббӣ;
- теъдоди шахсони ба бозомӯзӣ ва такмили ихтисос фарогирифташуда;
- теъдоди шахсони дар хориҷи кишвар тайёркардашуда, аз рӯи ихтисосҳои тиббие, ки дар муассисаҳои таълимию илмии ватанӣ омода карда намешаванд;
- ба роҳ мондани тарбияи кадрҳо аз рӯи ихтисосҳое, ки то қабули барнома дар муассисаҳои таълимию илмии хориҷӣ тайёр карда мешуданд;
- теъдоди мутахассисони рисолаҳои илмӣ ҳимоякарда;
- номгӯи ихтисосҳои илмӣ дар муассисаҳои таълимию илмӣ.
5. МАНБАЪҲОИ МАБЛАҒГУЗОРӢ
24. Маблағгузории Барномаи мазкур аз ҳисоби маблағҳои ҳамасола дар буҷети давлатӣ пешбинишаванда бо мақсади тайёр намудани кадрҳои тиббӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо, ташкилотҳое, ки аз ҳисоби маблағҳои худ кадрҳоро тайёр мекунанд, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, инчунин аз Фонди махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тайёр намудани мутахассисон дар давлатҳои хориҷӣ амалӣ карда мешавад.
Ҷадвали 1
Замимаи 2
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 31 декабри соли 2020, №702
Нақшаи амалисозии Барномаи тайёр намудани кадрҳои тиббӣ барои давраи то соли 2030
Ҷадвал