Тартиби пешниҳоди имтиёзҳои андозӣ ва гумрукӣ аз 31.12.2020, № 670

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замима

ба қарори Ҳукумати

 Ҷумҳурии Тоҷикистон

 аз 31 декабри соли 2020, № 670

Тартиби пешниҳод ва арзёбии самаранокию мақсаднокии имтиёзҳои андозӣ ва гумрукӣ

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.04.2022 № 187)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.04.2022 № 187)

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Тартиби пешниҳод ва арзёбии самаранокию мақсаднокии имтиёзҳои андозӣ ва гумрукӣ (минбаъд - Тартиб) объект, мақсад ва талабот барои пешниҳоди имтиёзҳо, инчунин баҳодиҳӣ ва назорати самаранокии имтиёзҳои пешниҳодшуда ва (ё) пешниҳодшавандаро муайян ва танзим менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.04.2022 № 187).

2. Мафҳумҳои асосии дар Тартиб истифодашаванда:

- имтиёзҳо (хароҷоти андозӣ) - бартариятҳое, ки мутобиқи қонунгузорӣ ба андозсупорандагон пешниҳод мешаванд, аз ҷумла додани имконияти напардохтан ё дар ҳаҷми камтар ё дар муҳлатҳои нисбатан дертар ҳисоб намудан ва супоридани андозҳо ва пардохтҳо;

- имтиёзҳои пешниҳодшуда - имтиёзҳое, ки дар доираи кодексҳои андоз ва гумрук, созишномаҳои сармоягузорӣ ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли молиявӣ муқаррар гардидааст;

- имтиёзҳои пешниҳодшаванда - имтиёзҳое, ки бо ташаббуси мақомоти ваколатдори соҳавӣ ва (ё) субъектҳои дигар пешбинӣ мегарданд;

- самаранокии имтиёзҳо - баҳогузории натиҷаи татбиқи имтиёзҳо дар раванди фаъолияти молиявию иқтисодии андозсупорандагон;

- мақоми ваколатдор - мақоми давлатии пешбарандаи сиёсати андоз;

- мақомоти ваколатдори соҳавӣ - мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор ҷиҳати баҳодиҳии самаранокии имтиёзҳо ваколатдор шудаанд.

2. МАҚСАД АЗ ПЕШНИҲОДИ ИМТИЁЗҲО

3. Мақсади асосии пешниҳоди имтиёзҳо:

- таъмини ҳавасмандгардонии молиявию иқтисодии андозсупорандагон ҷиҳати рушд додан ва васеъ намудани доираи фаъолияти соҳаҳои афзалиятнок;

- таъсиси ҷойҳои кории нав, баланд бардоштани фонди музди меҳнат, ҳавасмандгардонӣ ва беҳтар намудани сатҳи иҷтимоии кормандон;

- фароҳам овардани шароити мусоиди иқтисодӣ барои рушди истеҳсолот ва ҷалби сармоя;

- дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар ҳалли мушкилиҳои хусусияти иҷтимоидошта.

4. Мақоми ваколатдор баҳодиҳии ҷамъбастии самаранокии имтиёзҳоро дар асоси баҳодиҳии аз ҷониби мақомоти андоз, гумрук ва мақомоти ваколатдори соҳавӣ пешниҳодшуда мегузаронад, агар сатҳи баҳодиҳии самаранокии имтиёзҳои ҳисобкардашуда баробар ба як ва ё зиёда аз як бошад.

5. Баҳодиҳии самаранокии имтиёзҳои амалкунандаи қонунгузорӣ аз ҷониби мақомоти андоз, гумрук ва мақомоти ваколатдори соҳавӣ тибқи Тартиб гузаронида мешавад.

6. Лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки пешниҳоди имтиёзҳоро дар бар мегирад, мутобиқи Тартиб бояд аз ҷониби мақомоти ваколатдори соҳавӣ ё субъекти ташаббускор мавриди таҳлил қарор дода шавад.

7. Дар сурати аз ҷониби вазорату идораҳои соҳавӣ ва (ё) субъектҳое, ки бо ташаббуси онҳо ва (ё) нисбати онҳо имтиёзҳо муқаррар гардидааст (пешбинӣ мегардад), пешниҳод нашудани маълумот дар бораи баҳодиҳии самаранокии имтиёзҳо (асосноккунии мавҷудияти таъсири мусбии имтиёзҳо) мақоми ваколатдор барои бекор (рад) намудани чунин имтиёзҳо тибқи тартиби муқарраргардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (вазорату идораҳои соҳавӣ) хулоса пешниҳод менамояд.

3. НАМУДИ ИМТИЁЗҲО ВА ТАЛАБОТ БАРОИ ПЕШНИҲОД НАМУДАНИ ОНҲО

8. Имтиёзҳо дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо риояи талаботи Тартиб пешниҳод карда мешаванд.

9. Барои мақсадҳои амалигардонии Тартиб имтиёзҳо ба намудҳои зерин тақсим карда мешаванд:

- аз андозбандӣ истисно намудани унсурҳои алоҳидаи андозбандишаванда;

- озодкунӣ аз пардохти андозҳо ва пардохтҳои гумрукӣ (пурра, қисман ва ё ба муҳлати муайян);

- паст намудани меъёри андоз ва пардохтҳои гумрукӣ;

- намуди дигари имтиёзҳое, ки қонунгузорӣ пешбинӣ намудааст.

10. Баҳодиҳии имтиёзҳо аз рӯи андозҳои дахлдор дар муҳлати на кам аз 12 моҳи пайдарпай гузаронида мешавад, агар дар Тартиб ҳолатҳои дигар муқаррар нагардида бошанд.

11. Агар сатҳи баҳодиҳии самаранокии имтиёзҳо мутобиқи банди 5 замимаи 9 ба ҳамин Тартиб ҳисобкардашуда камтар аз як ҳосил гардад, имтиёзҳо бесамар арзёбӣ карда мешаванд.

12. Агар сатҳи баҳодиҳии самаранокии имтиёзҳо мутобиқи банди 5 замимаи 9 ба ҳамин Тартиб ҳисобкардашуда баробар ба як ва ё зиёда аз як ҳосил гардад, имтиёзҳо самаранок арзёбӣ карда мешаванд.

13. Пешниҳоди имтиёзҳои бесамар ва хусусияти инфиродидошта (ба истиснои имтиёзҳои дар доираи созишномаи сармоягузорӣ пешниҳодшаванда) манъ аст, агар қонунгузорӣ тартиби дигареро муқаррар накарда бошад.

14. Баҳодиҳии самаранокии имтиёзҳои дар доираи созишномаҳои сармоягузорӣ пешниҳодшуда (пешниҳодшаванда) тибқи шартҳои дар созишномаҳои сармоягузорӣ пешбинишуда бо риояи Тартиб, аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сармоягузорӣ амалӣ карда шуда, натиҷаи он ба мақоми ваколатдор пешниҳод карда мешавад. Дар сурати баҳодиҳии ҷамъбастӣ бесамар арзёбӣ гардидани имтиёзҳо ва дар сатҳи дахлдор иҷро нагардидани шарту талаботи созишномаи сармоягузорӣ мақоми ваколатдор барои бекор (рад) намудан ва ё тамдиди муҳлати амали созишномаи сармоягузорӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сармоягузорӣ) хулоса пешниҳод менамояд.

4. ТАШКИЛИ РАВАНДИ БАҲОДИҲИИ САМАРАНОКИИ ИМТИЁЗҲО

15. Баҳодиҳии самаранокии имтиёзҳо дар се марҳила анҷом дода мешавад:

- марҳилаи аввал - барӯйхатгирии (инвентаризатсияи) имтиёзҳо гузаронида шуда, феҳристи имтиёзҳои пешниҳодшуда мутобиқ ба шакли замимаи 1 ба Тартиб таҳия карда мешавад. Ҳангоми пешбинӣ намудани имтиёзҳои нав, қатъ гардидани имтиёзҳо ё тағйир ёфтани имтиёзҳои амалкунанда дар феҳрист тағйироти дахлдор ворид карда мешавад. Пешбурди феҳристи имтиёзҳои пешниҳодшуда аз ҷониби мақоми ваколатдор амалӣ карда мешавад; - марҳилаи дуюм - мақоми ваколатдор маблағи андозҳо ва пардохтҳоеро, ки бинобар сабаби пешниҳод намудани имтиёз ба буҷет ворид нагардидааст (ворид намегардад), дар асоси баҳодиҳии самаранокии имтиёзҳои аз тарафи мақомоти андоз ва гумрук анҷомдодашуда муайян менамояд; - марҳилаи сеюм - мақоми ваколатдор маблағи аз ҳисоби пешниҳоди имтиёзҳо ба буҷет вориднагардидаро бо маблағи самаранокии умумӣ аз ҳисоби пешниҳоди чунин имтиёзҳо муқоиса менамояд.

16. Ҳангоми таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли навбатии молиявӣ натиҷаи баҳодиҳии ниҳоии самаранокии имтиёзҳо ба инобат гирифта мешавад.

17. Баҳодиҳии самаранокии имтиёзҳо дар асоси таҳлили нишондиҳандаҳои зерин, ки мақомоти андоз, гумрук ва вазорату идораҳои соҳавӣ аз субъектҳои хоҷагидории аз имтиёз бархурдоршуда (нишондиҳандаҳои воқеӣ) ва ё бархурдоршаванда (нишондиҳандаҳои дарназардошташуда) дастрас менамоянд, гузаронида мешавад:

1) шумораи кормандон;

2) шумораи ҷойҳои нави корӣ, ки дар натиҷаи истифодаи имтиёзҳо таъсис дода шудааст;

3) фонди музди меҳнат;

4) музди меҳнати миёна;

5) арзиши воситаҳои асосӣ, ки тибқи қоидаҳои баҳисобгирии муҳосибӣ ва андозӣ ҳисоб карда шудааст;

6) миқдори намудҳои маҳсулоти истеҳсолшуда, иҷрои корҳои анҷомдодашуда, хизматрасониҳои соли молиявии тақвимӣ;

7) даромади умумӣ;

8) фоида (зарар); 9) даромаднокӣ (фоиданокӣ), ки ҳамчун қиёси фоида ба даромади умумӣ муайян карда мешавад;

10) маблағи андози бидуни истифодаи имтиёзҳо муайянкардашуда;

11) маблағи андози бо истифода аз имтиёзҳо ҳисобкардашуда;

12) ҳаҷми маблағи озоди пас аз истифодаи имтиёзҳо дар ихтиёри андозсупоранда боқимонда;

13) самтҳои истифодаи маблағи озоди аз татбиқи имтиёзҳо дар ихтиёри андозсупоранда боқимонда, ҳамагӣ ва аз ҷумла:

- барои рушди фаъолияти субъекти хоҷагидорӣ, таъмини шуғл, нигоҳдорӣ ва зиёд намудани ҷойҳои корӣ, баланд бардоштани фонди музди меҳнат ва нишондиҳандаи музди меҳнати миёна;

- барои эҳтиёҷоти иҷтимоӣ;

- барои барқарорсозии объектҳои иҷтимоӣ;

- барои мақсадҳои дигар.

18. Мақомоти андоз, гумрук ва мақомоти ваколатдори соҳавӣ дар баробари дастрасии маълумот таҳлили ибтидоии самаранокии имтиёзҳоро дар асоси Тартиб гузаронида, инчунин тибқи методикаи баҳодиҳии самаранокии имтиёзҳо, ки дар замимаи 9 Тартиб пешбинӣ гардидааст, бо роҳи гузаронидани амалҳои зерин хулосагузорӣ менамояд:

- баҳодиҳии самаранокии буҷетии имтиёзҳо мутобиқи замимаи 2 Тартиб;

- баҳодиҳии самаранокии иҷтимоии имтиёзҳо мутобиқи замимаи 3 Тартиб;

- баҳодиҳии самаранокии иқтисодии имтиёзҳо мутобиқи замимаи 4 Тартиб;

- ҳисобкунии маблағи андозҳо ва пардохтҳои гумрукӣ, бо дар назар доштани истифодаи имтиёзҳо ва маблағҳои эҳтимолии аз ҳисоби истифодаи имтиёзҳои дар ихтиёри андозсупоранда боқимонда мутобиқи замимаи 5 Тартиб;

- баҳодиҳии ҷамъбастии талафоти буҷет аз ҳисоби татбиқи имтиёзҳо мутобиқи замимаи 6 Тартиб;

- баҳодиҳии ҷамъбастии самаранокии фаъолияти ҳар як категорияи андозсупоранда ва соҳаи фаъолият ҳангоми истифодаи имтиёзҳо мутобиқи замимаи 7 Тартиб;

- баҳодиҳии самаранокии ҳар як имтиёз аз рӯи категорияи андозсупоранда дар маҷмӯъ ва дар алоҳидагӣ мутобиқи замимаи 8 Тартиб.

19. Натиҷаи баҳодиҳии самаранокии имтиёзҳои аз ҷониби мақомоти ваколатдори соҳавӣ анҷомдодашуда ҳар сол то 1 майи баъди соли ҳисоботӣ ба мақоми ваколатдор пешниҳод карда мешавад.

20. Мақоми ваколатдор натиҷаи баҳодиҳии самаранокии имтиёзҳоро баррасӣ намуда, оид ба бекор намудани имтиёзҳои бесамар ва ё тамдид намудани муҳлати истифодаи имтиёзҳои самаранок, инчунин пешбинӣ намудани имтиёзҳои навбатӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод менамояд.

21. Ҳисоботи дар рафти баҳогузории самаранокии имтиёзҳо истифодашаванда дар заминаи ҳисоботи андозӣ, оморӣ, молиявӣ, инчунин маълумоти дигар асос меёбад.

22. Ҳангоми гузаронидани баҳодиҳӣ бартарият ба ҳисоботи андозию молиявӣ дода шуда, дар сурати мавҷуд ва ё дастрас набудани маълумот ҳисоботи оморӣ ва иттилооти дигар истифода мешаванд.

23. Маблағи аз ҳисоби пешниҳоди имтиёзҳо ба буҷет вориднагардида дар асоси маълумоти аз ҷониби мақомоти андоз, гумрук ва мақомоти ваколатдори соҳавӣ мувофиқи методикаи баҳодиҳии самаранокии имтиёзҳо мутобиқи замимаи 9 Тартиб пешниҳодшуда муайян карда мешавад.

5. ҲИСОБ ВА НАЗОРАТИ ИМТИЁЗҲО

24. Субъектҳои хоҷагидор, ки аз имтиёзҳо бархӯрдоранд ва мувофиқан маблағи озоди аз истифодаи имтиёзҳо боқимондаро истифода менамоянд, уҳдадоранд, ҳисоби алоҳидаи чунин имтиёзҳо ва маблағҳоро ба роҳ монанд.

25. Мақомоти андоз, гумрук ва мақомоти ваколатдори соҳавӣ уҳдадоранд, шакли ҳисобот ва пешбурди ҳисоби имтиёзҳоро аз ҷониби субъектҳои хоҷагидор дар асоси қонунгузории соҳавӣ ва мутобиқ ба муқаррароти Тартиб таҳия ва таъмин намоянд.

6. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

26. Тартиби мазкур нисбат ба амалиётҳои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, дигар мақомоти давлатӣ ва хизматрасониҳои молиявӣ, ки хароҷоти андозӣ эътироф намегарданд, татбиқ намешавад.

Замима 1-9

Замима

ба қарори Ҳукумати

 Ҷумҳурии Тоҷикистон

 аз 31 декабри соли 2020, № 670

Тартиби пешниҳоди имтиёзҳои андозӣ ва гумрукӣ

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Тартиби пешниҳоди имтиёзҳои андозӣ ва гумрукӣ (минбаъд - Тартиб) объект, мақсад ва талабот барои пешниҳоди имтиёзҳо, инчунин баҳодиҳӣ ва назорати самаранокии имтиёзҳои пешниҳодшуда ва (ё) пешниҳодшавандаро муайян ва танзим менамояд.