Тартиби таъсис ва фаъолияти шӯроҳои ҳавзавии дарёҳо аз 31 декабри соли 2020, № 681

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 31 декабри соли 2020, № 681

тасдиқ шудааст

Тартиби таъсис ва фаъолияти шӯроҳои ҳавзавии дарёҳо

1. Тартиби таъсис ва фаъолияти шӯроҳои ҳавзавии дарёҳо масъалаҳои таъсисдиҳӣ ва фаъолияти шӯроҳои ҳавзавии дарёҳоро муқаррар мекунад.

2. Шӯроҳои ҳавзавии дарёҳо бо мақсади мусоидат ба идоракунии самараноки захираҳои об ва ҳамоҳангсозии фаъолияти ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор дар ҳудуди минтақаҳои ҳавзавӣ ҳамчун мақомоти машваратию маслиҳати таъсис дода мешаванд.

3. Шӯроҳои ҳавзавии дарёҳо таҳияи тавсияҳоро вобаста ба самтҳои зерин амалӣ менамоянд:

- тартиби муқаррар ва муайян кардани нишондиҳандаҳои ҳадафноки сифати об дар объектҳои об;

- ташкил намудани номгӯи чорабиниҳои хоҷагии об ва чорабиниҳои ҳифзи объектҳои об;

- муайян кардани лимитҳои гирифтани захираҳои об аз объектҳои об ва лимитҳои партофти обҳои партов тибқи меъёрҳои сифат дар ҳудуди ҳавзаҳо ва зерҳавзаҳои дарёӣ, бо дарназардошти шароити гуногуни обнокӣ; - таъмини бехатарии истифодабарии шабакаҳои хоҷагии об;

- муайян намудани нишондиҳандаҳои ҳадафноки асосии коҳиш додани оқибатҳои ногувори обхезиҳо ва дигар намуди таъсири ногувори об, ҳамчунин оид ба ташкили номгӯи чорабиниҳо, ки барои ноил гардидан ба ин нишондиҳандаҳо нигаронида шудаанд;

- маблағгузории амалигардонии чорабиниҳои пешбинишуда дар соҳаи хоҷагии об аз ҳисоби манбаъҳои гуногун ва ташкили механизмҳои ҷалби маблағҳои ғайрибуҷетӣ, ки қонунгузорӣ манъ накардааст;

 - амалигардонии дигар чорабиниҳои ба истифодабарии оқилона ва ҳифзи объектҳои об нигаронидашуда.

4. Шӯроҳои ҳавзавии дарёҳо аз ҷониби Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати 5 сол дар ҳайати раисҳо, ду муовини он ва аъзо, ки фаъолияти худро ройгон анҷом медиҳанд, таъсис дода мешаванд. Муовинони раисони шӯроҳои ҳавзавии дарёҳо бо қарори аксарияти аъзои шӯроҳои ҳавзавии дарёҳо ба муҳлати як сол бо пешниҳоди раисони шӯроҳои ҳавзавии дарёҳо интихоб карда мешаванд.

5. Ба ҳайати шӯроҳои ҳавзавии дарёҳо намояндагони мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин ташкилотҳо, намояндагони истифодабарандагони об ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ шомил мешаванд.

6. Ба шӯроҳои ҳавзавии дарёҳо намояндагони Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ шомил карда мешаванд.

7. Ҳайат ва шумораи таркибии шӯроҳои ҳавзавии дарёҳоро Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи пешниҳоди мақомоти дахлдор, ташкилотҳо, истифодабарандагони об ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ тасдиқ менамояд.

8. Раисони шӯроҳои ҳавзавии дарёҳо роҳбарони раёсатҳои захираҳои оби минтақаи ҳавзавии дахлдори Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд.

9. Раисони шӯроҳои ҳавзавии дарёҳо:

- рӯзномаи ҷаласаҳои шӯроҳои ҳавзавии дарёҳоро тартиб медиҳанд;

- кори шӯроҳои ҳавзавии дарёҳоро ташкил мекунанд ва дар ҷаласаҳои онҳо раисӣ менамоянд;

- протоколҳои ҷаласаҳои шӯроҳои ҳавзавии дарёҳоро имзо менамоянд;

- оид ба тағйир додани ҳайати шӯроҳои ҳавзавии дарёҳо таклифҳо пешниҳод менамоянд;

- маълумот оид ба фаъолияти шӯроҳои ҳавзавии дарёҳо ва қарорҳои шӯроҳои ҳавзавии дарёҳоро ба роҳбарони мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин ба тарафҳои дигари манфиатдор ирсол менамоянд;

- вазифаҳоро байни муовинони худ ва аъзои шӯроҳои ҳавзавии дарёҳо тақсим менамоянд.

10. Муовинони раисони шӯроҳои ҳавзавии дарёҳо бо супориши раисони шӯроҳои ҳавзавии дарёҳо:

- баргузории ҷаласаҳои шӯроҳои ҳавзавии дарёҳоро ташкил намуда, дар онҳо раисӣ менамоянд;

- шӯроҳои ҳавзавии дарёҳоро дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ намояндагӣ менамоянд.

11.Ҷаласаҳои шӯроҳои ҳавзавии дарёҳо тибқи нақшаҳои фаъолияти шӯроҳои ҳавзавии дарёҳо, ки шӯроҳои ҳавзавии дарёҳо онҳоро тасдиқ менамоянд, вале на камтар аз як маротиба дар ним сол гузаронида мешаванд. Дар ҳолати зарурат ва бо ташаббуси на камтар аз се як ҳиссаи аъзои шӯроҳои ҳавзавии дарёҳо метавонанд ҷаласаҳои ғайринавбатии шӯроҳои ҳавзавии дарёҳоро таъин карда шаванд.

12. Ба ҷаласаҳои шӯроҳои ҳавзавии дарёҳо намояндагони ташкилотҳо ва ҳамчунин иттиҳодияҳои ҷамъиятие, ки ба ҳайати шӯроҳои ҳавзавии дарёҳо шомил нестанд, метавонанд даъват карда шаванд.

13. Макони баргузории ҷаласаи навбатии шӯроҳои ҳавзавии дарёҳо дар ҷаласаҳои шӯроҳои ҳавзавии дарёҳо муайян карда мешавад ва дар қарори шӯроҳои ҳавзавии дарёҳо дарҷ карда мешавад.

14. Ҷаласаҳои шӯроҳои ҳавзавии дарёҳо дар сурате салоҳиятдор шуморида мешаванд, ки дар онҳо на камтар аз нисфи аъзои шӯроҳои ҳавзавии дарёҳо иштирок дошта бошанд.

15. Аъзои шӯроҳои ҳавзавии дарёҳо ҳуқуқи ваколати худро ба шахсони дигар ва ё ба дигар аъзои шӯроҳо вогузор карданро надоранд. Дар ҳолати дар ҷаласа иштирок надоштан, аъзои шӯроҳои ҳавзавии дарёҳо ҳуқуқ доранд, ки андешаи худро оид ба масъалаҳои баррасишаванда тариқи хаттӣ пешниҳод намоянд.

16. Қарорҳои шӯроҳои ҳавзавии дарёҳо бо аксарияти шумораи овозҳои аъзои шӯроҳои ҳавзавии дарёҳо, ки дар ҷаласа ҳузур доранд, инчунин аъзои шӯроҳои ҳавзавии дарёҳо, ки дар ҷаласа иштирок надоранд, аммо фикри худро дар шакли хаттӣ изҳор намудаанд, қабул карда мешаванд. Ҳангоми баробар будани овозҳо, қароре қабулшуда ҳисобида мешавад, ки ба он раисикунандаи ҷаласа овоз додааст. Андешаи аъзои шӯроҳои ҳавзавии дарё, ки зидди қарори қабулшуда овоз додаанд, дар шакли хаттӣ дарҷ гардида, ба қарорҳои шӯроҳои ҳавзавии дарёҳо замима карда мешаванд. Қарорҳои дар ҷаласаҳои шӯроҳои ҳавзавии дарёҳо қабулшуда бо протоколҳое, ки аз ҷониби раисони шӯроҳои ҳавзавии дарёҳо ва ё муовинони дар ҷаласа раисикунанда ба имзо расидаанд, ба расмият дароварда мешаванд.

17. Тавсияҳои шӯроҳои ҳавзавии дарёҳо ҳангоми таҳияи нақшаҳои ҳавзавӣ оид ба идоракунии захираҳои об ба инобат гирифта мешаванд.

18. Шӯроҳои ҳавзавии дарёҳо ҳуқуқ доранд, ки тибқи тартиби муқарраргардида маводи ба ваколати онҳо дахлдоштаро талаб намоянд. Тавсияҳои шӯроҳои ҳавзавии дарёҳо ба мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ки ваколатҳоро дар самти истифода ва ҳифзи объектҳои об амалӣ менамоянд, фиристода мешаванд.

19. Таъмини ташкилию техникии фаъолияти шӯроҳои ҳавзавии дарёҳо, аз ҷумла дар шабакаҳои иттилоотии истифодаи умум ҷойгир намудани маълумот оид ба таъсиси шӯроҳои ҳавзавии дарёҳо, сана ва макони баргузории ҷаласаи шӯроҳои ҳавзавии дарёҳо, рӯзномаи ҷаласа, қарорҳои шӯроҳои ҳавзавии дарёҳоро раёсатҳои захираҳои оби минтақаи ҳавзавии дахлдори Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд.

20. Дастурҳои кории шӯроҳои ҳавзавии дарёҳо дар ҷаласаҳои шӯроҳои ҳавзавии дарёҳо тасдиқ карда мешаванд.

 

Утвержден

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 31 декабря 2020 года, №681

Порядок создания и деятельности бассейновых советов рек

1. Порядок создания и деятельности бассейновых советов рек устанавливает вопросов создания и деятельности бассейновых советов рек.

2. Бассейновые советы рек создаются в целях содействия эффективному управлению водными ресурсами и координации деятельности всех заинтересованных сторон в пределах бассейновых зон в качестве консультативно - совещательных органов.

3. Бассейновые советы рек осуществляют разработку рекомендаций по:

- порядку установления и определения целевых показателей качества воды в водных объектах;

- формированию перечня водохозяйственных мероприятий и мероприятий по охране водных объектов;

- определению лимитов забора (изъятия) водных ресурсов из водных объектов и лимитов сброса сточных вод, соответствующих нормативам качества, в границах речных бассейнов и подбассейнов с учетом различных условий водности;

- обеспечению безопасной эксплуатации водохозяйственных систем;

- определению основных целевых показателей уменьшения негативных последствий наводнений и других видов негативного воздействия вод, а также по формированию перечня мероприятий, направленных на достижение этих показателей;

- финансированию осуществления намеченных мероприятий в сфере водного хозяйства за счет различных источников и формированию механизмов привлечения внебюджетных средств, непротиворечищие законодательством;

- осуществлению других мероприятий, направленных на рациональное использование и охрану водных объектов.

4. Бассейновые советы рек создаются Министерством энергетики и водных ресурсов Республики Таджикистан на 5 лет в составе председателей, двух его заместителей и членов, которые осуществляют свою деятельность на безвозмездной основе. Заместители председателей бассейновых советов рек избираются решением большинства членов бассейновых советов рек на один год по представлению председателей бассейновых советов рек.

5. В состав бассейновых советов рек входят представители центральных органов государственной власти, местных исполнительных органов государственной власти и органов самоуправления поселков и сел, а также организаций, представители водопользователей и общественных объединений.

6. В бассейновые советы рек включаются представители Министерства энергетики и водных ресурсов Республики Таджикистан, Министерства сельского хозяйства Республики Таджикистан, Комитета по охране окружающей среды при Правительстве Республики Таджикистан, Комитета по чрезвычайным ситуациям и гражданской обороне при Правительстве Республики Таджикистан, Агентства мелиорации и ирригации при Правительстве Республики Таджикистан, Главного управления геологии при Правительстве Республики Таджикистан, Службы по государственному надзору за безопасным ведением работ в промышленности и горному надзору при Правительстве Республики Таджикистан и Службы государственного санитарноэпидемиологического надзора.

7. Состав и численность бассейновых советов рек утверждается Министерством энергетики и водных ресурсов Республики Таджикистан по представлениям соответствующих органов, организаций, водопользователей и общественных объединений.

8. Председателями бассейновых советов рек являются руководители управлений водных ресурсов соответствующих бассейновых зон Министерства энергетики и водных ресурсов Республики Таджикистан.

9. Председатели бассейновых советов рек:

- формируют повестку дня заседаний бассейнового совета реки;

- организуют работу бассейновых советов рек и председательствуют на их заседаниях;

- подписывают протоколы заседаний бассейновых советов рек;

- вносят предложения по изменению состава бассейновых советов рек;

- направляют информацию о деятельности бассейновых советов рек и решения бассейновых советов рек руководителям центральных органов исполнительной власти, местных исполнительных органов государственной власти и органов самоуправления поселков и сел, а также другим заинтересованным лицам;

- распределяют обязанности между своими заместителями и членами бассейновых советов рек.

10. Заместители председателей бассейновых советов рек по поручению председателей бассейновых советов рек:

- организуют подготовку и председательствуют на заседаниях бассейновых советов рек;

- представляют бассейновые советы рек в местных исполнительных органах государственной власти, органов самоуправления поселков и сел и общественных организациях.

11. Заседания бассейновых советов рек проводятся в соответствии с планами деятельности бассейновых советов рек, утверждаемыми бассейновыми советами рек, но не реже одного раза в полугодие. В случае необходимости и по инициативе, поддержанной не менее чем одной третью членов бассейновых советов рек, могут быть назначены внеочередные заседания бассейновых советов рек.

12. На заседания бассейновых советов рек могут приглашаться представители организаций, а также общественных объединений, не входящих в состав бассейновых советов рек.

13. Место проведения очередного заседания бассейновых советов рек определяется на заседаниях бассейновых советов рек и отражается в решениях бассейновых советов рек.

14. Заседания бассейновых советов рек считаются правомочными, если на них присутствуют не менее половины членов бассейновых советов рек.

15. Члены бассейновых советов рек не вправе делегировать свои полномочия другим лицам, в том числе другим членам бассейновых советов рек. В случае отсутствия членов бассейновых советов рек на заседании, они имеют право представить свое мнение по рассматриваемым вопросам в письменной форме.

16. Решения бассейновых советов рек принимаются простым большинством голосов членов бассейновых советов рек, присутствующих на заседании, так и отсутствующих, но выразивших свое мнение в письменной форме. При равенстве голосов, принятым считается решение, за которое проголосовал председательствующий на заседании. Мнение членов бассейнового совета реки, голосовавших против принятого решения, излагается в письменной форме и прилагается к решениям бассейновых советов рек. Решения, принимаемые на заседаниях бассейновых советов рек, оформляются протоколами, которые подписываются председателями бассейновых советов рек или их заместителями, председательствовавшими на заседании.

17. Рекомендации бассейновых советов рек учитываются при разработке бассейновых планов по управлению водными ресурсами.

18. Бассейновые советы рек имеют право запрашивать в установленном порядке материалы, относящиеся к их полномочиям. Рекомендации бассейновых советов рек направляются в соответствующие центральные органы государственной власти, местные исполнительные органы государственной власти и органы самоуправления поселков и сел, осуществляющие полномочия в области использования и охраны водных объектов.

19. Организационно-техническое обеспечение деятельности бассейновых советов рек, в том числе размещение в информационных системах общего пользования информации о создании бассейновых советов рек, дате и месте проведения заседаний бассейновых советов рек, повестке дня, решениях бассейновых советов рек, осуществляется соответствующими управлениями водных ресурсов бассейновых зон Министерства энергетики и водных ресурсов Республики Таджикистан.

20. Регламенты работ бассейновых советов рек утверждаются на заседаниях бассейновых советов рек.