ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИР БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ВАЗЪИ ҲУҚУҚИИ ВАКИЛИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӯҲИСТОНИ БАДАХШОН, ВИЛОЯТ, ШАҲРИ ДУШАНБЕ, ШАҲР ВА НОҲИЯ"
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
28 октябри соли 2020, № 207
қабул карда шуд.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
9 декабри соли 2020, № 96
ҷонибдорӣ карда шуд.
Моддаи 1. Моддаи 24 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия" аз 13 декабри соли 1996 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1996, №23, мод. 348; с. 2008, №12, қ. 2, мод. 995; с. 2013, №7, мод. 541, №12, мод. 906; с. 2017, №5, қ. 1, мод. 289; с. 2020, №1, мод. 17) дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Моддаи 24. Ҳуқуқи аз воситаи нақлиёти ҷамъиятӣ ройгон истифода кардани вакили Маҷлиси вакилони халқ
Вакил ҳуқуқ дорад дар ҳудуди воҳиди маъмурию ҳудудии дахлдор бо пешниҳоди шаҳодатнома аз нақлиёти ҷамъиятӣ (ба истиснои таксӣ) ройгон истифода намояд. Тартиби пӯшонидани хароҷот барои истифодаи ройгон аз хизматрасонии нақлиётиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе 17 декабри соли 2020,№ 1750