ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ВАЗЪИ ҲУҚУҚИИ УЗВИ МАҶЛИСИ МИЛЛӢ ВА ВАКИЛИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
28 октябри соли 2020, № 201
қабул карда шуд.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
9 декабри соли 2020, № 95
ҷонибдорӣ карда шуд.
Моддаи 1. Ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 6 августи соли 2001 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2001, №7, мод. 517; с. 2003, №12, мод. 689; с. 2004, №12, қ. 1, мод. 698; с. 2005, №7, мод. 397; с. 2006, №3, мод. 145; с. 2007, №7, мод. 654; с. 2011, №12, мод. 831, мод. 832; с. 2012, №8, мод. 812; с. 2016, №7, мод. 601; с. 2017, №7-9, мод. 564) тағйироти зерин ворид карда шаванд:
1. Дар ном ва матни моддаи 25, матни моддаи 30 калимаҳои "бепул" ва "бепуле" мувофиқан ба калимаҳои "ройгон" ва "ройгоне" иваз карда шаванд.
2. Дар моддаи 25:
- қисми якум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон ҳуқуқ доранд бо пешниҳоди шаҳодатномаи узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нақлиёти роҳи оҳан, ҳавоӣ, обӣ ва автомобилии мусофирбари шаҳрӣ, наздишаҳрӣ ва ноҳиявӣ (ба истиснои такси) ройгон истифода намоянд. Шахсе, ки узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки маъюби гурӯҳи якуманд, ҳамроҳӣ мекунад, чунин ҳуқуқро дорад. Тартиби пӯшонидани хароҷот барои истифодаи ройгон аз хизматрасонии нақлиётиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.";
- қисми панҷум хориҷ карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе 17 декабри соли 2020,№ 1749
КОНСТИТУЦИОННЫЙ ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИИ В КОНСТИТУЦИОННЫЙ ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О ПРАВОВОМ СТАТУСЕ ЧЛЕНА МАДЖЛИСИ МИЛЛИ И ДЕПУТАТА МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН"
Принят постановлением МН МОРТ
от 28 октября 2020 года, №201
Одобрен постановлением ММ МОРТ
от 9 декабря 2020 года, №95
Статья 1. Внести в статью 25 конституционного Закона Республики Таджикистан "О правовом статусе члена Маджлиси милли и депутата Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан" от 6 августа 2001 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2001 г., №7, ст. 517; 2003 г., №12, ст. 689; 2004 г., №12, ч. 1, ст. 698; 2005 г., №7, ст. 397; 2006 г., №3, ст. 145; 2007 г., №7, ст. 654; 2011 г., №12, ст. 831, ст. 832; 2012 г., №8, ст. 812; 2016 г., №7, ст. 601; 2017 г., №7-9, ст. 564) следующие изменения:
1. Часть первую изложить в следующей редакции:
"Член Маджлиси милли и депутат Маджлиси намояндагон на территории Республики Таджикистан пользуются правом бесплатного проезда на городском, пригородном и районном железнодорожном, воздушном, водном и автомобильном пассажирском транспорте (за исключением такси) по предъявлению удостоверения члена Маджлиси милли и депутата Маджлиси намояндагон. Лицо, сопровождающее члена Маджлиси милли и депутата Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан - инвалида первой группы, имеет такое же право. Порядок покрытия расходов на бесплатное пользование транспортными услугами определяется Правительством Республики Таджикистан.".
2. Часть пятую исключить.
Статья 2. Настоящий конституционный Закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 17 декабря 2020 года, №1749